Главная / Илм / ТУДАРИ

ТУДАРИ

Тудари — ин тухми гиёхест баргаш дароз, бепоя, шоххои он сурхи сахт ва бо андак хоре; самараш дар гилофе, ки борику нозук аст. Тухмаш аз тухми наск кучактар, андак пахн. Муаллифони «Махзан-ул-адвия» ва «Мухити аъзам» кайд кардаанд, ки ин се навъ аст: сурх, зард ва сафед. Вале сохиби «Ихтиёроти бадеи» шаходат медихад, ки ин чор навъ аст: зард, сафед, сурх, гулгун. Тухми сафеди он аз кисмхои сурх ва зарди он андак калонтар ва пахнтар аст.

Мизочи тухмаш дар дарачаи дувум гарм ва дар якум тар аст. Хислатхои шифобахши он: хосиятхои хамаи кисмхояш хам кариб ба якдигар наздиканд. Агар бихуранд, иштихо меоварад, куввати бохро афзун мегардонад, олоти мардиро ба харакат меоварад, баданро фарбех мекунад; агар дар узвхои дохили сина ва шикам сарди афзуда бошад, ба ислох медихад; ранги руйро сурх мегардонад, пусти баданро пок менамояд, моддахои савдовиро аз бадан дафъ мекунад, овозро мекушояд; сурфаеро, ки сабабаш зиёд шудани хун дар рохи нафас бошад, шифо мебахшад, инчунин сурфаи хушкро дафъ месозад.

Агар онро дар сирко пухта бихуранд, аъзои баданро фарбех мекунад, ранги руйро соф мегардонад. Тухмашро куфта, бо об хамир карда, аз ру гузошта банданд, саратони дохилиро тахлил медихад ва барад (жировик)-ро нест мекунад, варамхои сахтро мегардонад. Агар инро махин соида, бо асал даромехта, ба чашм бикашанд, захми онро шифо мебахшад ва чашмро аз риму чирк пок месозад. Куфтаи онро бо асал хамир карда, лесида бихуранд, ахлоти часпаки узвхои даруни сина ва шушро пароканда менамояд.

tudari-300x225Инро дар об чушонида, он обро бо шароб даромехта бинушанд, захрхои гуногуни дар бадан дохилгаштаро дафъ мекунад. Тухми онро як шабонаруз дар об тар карда, баъд дар хамон об чушонида, сони полида соф карда, дар халтача баста, дар магзи хамир гирифта, дар зери оташ пухта бихуранд, ахлоти гафси часпаки дар даруни сина ва шуш бударо ба воситаи кай ва дар намуди балгам дафъ мекунад; варамхои сахти пушти гуш, пистон ва хояхоро тахлил медихад, азияти давохои котилро дафъ месозад.

Микдори як бор хурдан барои дафъ кардани захр аз бадан аз 10,5 то 17,5 грамм аст. Дар дигар холат микдори як бор дар як руз хурдан аз 7 то 10,5 грамм аст. Гиёхи ин растаниро бихуранд, дарунро мебандад ва варамхои дохилиро мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …