Главная / Гуногун / ТУДАИ ХОКИСТАР

ТУДАИ ХОКИСТАР

Ин вокеа дар Амрико не, дар Европа не ва на дар Африка, балки дар мамлакати мо, дар худи шаірамон ба вукуъ омадааст. Шахсе ки сухан аз хусуси у меравад, сохибдиплом Катабеки Кабир мебошад.

Ба шумо маълум бод, ки Худо ба у комати мавзуну симои зебо ато намуда, фазлу камолро лоик надидааст. Лекин сад афсус, ки савод надошта бошад хам, курсиеро банд мекард. Баробари сохибкурси буданаш боз шугли навис-навис хам дошт. Худро нависанда метарошид. Бо тахаллуси Чахони эчод менамуд, вале то хол ягон асараш руи чопро надида буд. Боре хамкораш Рачаб уро масхаракунон «Эй Чахони, Чахони!» мегуфт, ки хамзамон сардори идора даромад. Сардор ба сари Рачаб дуг зад:

– Ин чи номаъкули?!

– Хеч чиз… хамту… репетитсия, – андаке саросема шуда, базур гурунгос зад Рачаб.

– Э, руят сиёх! – чашмони сардор ба у духта шуд. – Ин чо театр не-ку?! Хайр, Чахони кист?

– Ман! – зуд чун мактаббача аз чояш хеста, бо ифтихор нидо намуд Катабек.

Сардор лахзае ба андеша рафт. Баъд ба руи Катабек чиддиёна назар духту пурсид:

– Чаро чунин тахаллусро интихоб карди?

– Бо нияти нек, – дархол чавоб дод Катабек. – Нияти нек, ними давлат. Рузе мерасад, ки асархои ман машхури чахон мешаванд.

– Машхури чахон мешави? – ба гушхояш бовар накарда, пурсид сардор.

– Бале! – бо катъият нидо зад Катабек.

Сардор хайрон-хайрон ба у нигарист:

– Охир, чи тавре мегуянд: “Гап дар салла не, дар калла”.

– Бале, хамин тавр! – бо хамон катъият посух дод Ктабек.

Каме лол монд сардор ва баъд пурсид:

– О, магар барои ин хамин насабат – Кабир кифоя нест?

– Харгиз! – нидо зад Катабек. – Кабир ин ними чахон аст. Ман машхури тамоми чахон хохам шуд. Чи, оё шумо ба ин шаку шубха доред?

– Не, не, заррае!

Чи хам мегуфтанд?!

Аз руи ин навис-нависаш хар руз бо занаш – урра! – чангу чанчол, даст ба гиребон.

– Ин шуглатро парто! – талаб мекард хамсараш.

– Бехтараш туро мепартоям! – паст намеомад Катабек.

Окибат токати занаш ток шуд: «Э, марги ту барин нависанда!» – гуён, хонаро тарк кард. Пас аз ин кавлу касам хурд, ки аз бахри навис-навис мебарояд. Ха, тамоман! Лекин одамизод хуб беор мешудааст. Ходисаи оилавайрони сабак нашуд. Касамро шикаст. Боз хамон ахмади порина.

– Ин шугли бад охир туро мекушад, – сахт карда, гуфт як хамкораш.

Вале у пушти ману табари кассоб гуфту гашт.

Ба ин кор у бисту панч сол машгул шуд. Дар ин муддат вай чони чанд сармухаррирро ба нуги бини овард ва онхо: «Аз бало хазар!» – гуён, хикояхояшро чоп карданд. Дар бисту панч сол биступанч хикоя чоп кард. Вай онхоро гун оварда: «Бисту панч пораи дил» – ном нихода, ба нашриёт бурд. Хонданду:

– Дар ин чо на дил хасту на порааш, – гуфтанду рад карданд.

Вай асаби шуда, бархост:

– Чоп намекуни?!

– Не…

– Бе хазл? – аз шиддати газаб ларзид у.

– Бе хазл.

Вай инони ихтиёр аз даст дода:

– Ин ту бедил! – гуён, хикояхояшро бардошта, назди раиси нашриёт даромад. Ва аз бом тароша афтидаги барин гуфт:

– Аз нохияи мо ягон нависанда нест.

– Рост? – раис бо диккат ба у нигарист. – Намедонистам.

– Медонед, медонед. Аммо худро ба нодони мезанед…

– Гапи бехуда.

– Гапи рост. Бо айби шумо китобхои онхо чоп намешавад.

– Бо айби мо?

– Бале, бо айби шумо!

– Чи-и?! Худоё, аз тухмати нохак нигах дор!

– Нохак не, хак! Ха, сад фоиз хак. Барои он ки шумо китобашонро чоп намекунед. Бахилед хамаи шумо. Сиёхдилед…

– О, мо китобро аз руи нохия не, аз руи арзиши бадеияш ба нашр мерасонем.

– Ха, шумо гуфтани, ки дар нохияи мо хама бесаводу беакланд?!

– Астагфирулло! Ман чи мегуям, ин чи мегуяд! Ман хеч гох ин хел нагуфтам. Дар нохияи шумо одамони бофазлу доно бисёранд.

– О, бале! Яке аз онхо ман хастам. Ха, чоряк аср каламкаши намуда, муи сарамро сафед кардам.

– Бузурги ба акл аст, на ба сол!

Вале у аз асп нафуромад. Хар руз бо раиси нашриёт – урра! – чангу чанчол, хафту хашт.

– Беруи ба эбаш! – сабри сарвари корхона сар рафт. – Дигар наё!

– Китобамро чоп кунед, намеоям. Китобам, ки чоп шуд, Исо хам ба рохи худу Мусо хам. Шумо маро надидед, ман шуморо. Мешавад?

Раиси интишорот мурги посухта барин гирди кабинет ду-се бор канотак зад: «Ин чи хел махлук-а? Чонамро ба халкам расонд-ку. Хар руз бо у сурху сафед мешавам».

Раис ба руи у нигарист. Башарааш яз яхи тарма хам хунуктар намуд.

«Не, як бори дигар ин башараро бинам, ё сактаи дил мешавам ё чинни».

– Сукут – аломати ризо?! – аз чояш хест Катабек.

Рохбари идора бо сарчунбони «ха» гуфту бо даст ишора кард, ки тезтар дафъ шав.

Ноилоч китобашро чоп карданд.

Агар уро ин вакт медидед, ин мардак девона шудааст, мегуфтед. Китобро мебусид, руи миз монда, аз дур тамошо мекард. Савдоихо барин механдид, мегирист, дар як чо нишаста наметавонист. Мехост ин лахза болу пар бароварда, ба осмон барояду аз хамон баланди ба тамоми олам гуяд:

– Эй, одамон, ман нависанда!

Рузи дигар вай тамоми магозахои китобро гашт, то бубинад, ки китобашро чи хел мехаранд.

Аммо…

Дар ягон магоза китобашро надид. Ба сари сардори идораи “Китоб” рафт.

– Китоби ман кани?!

– Дар анбор.

– Ман китобро хуни чигар хурда барои анбори ту нанавиштаам?!

Сардор дид, ки биринч оббардор нест, ваъда дод, ки худи пагох китобро ба фуруш мебарорем. Катабек фахмид, ки китобаш танхо ба як магоза дода шуда будаасту ба он касе нигох намекунад. Аз магоза бо лабу лунчи овезон баромад. Як дам истод. Ох кашид. Ногох чашмаш ба сояаш афтод. Он шабехи маймун, гуё уро суз медод. Дилаш бештар хичил гашт.

Дар хона мурги посухта барин канотак мезад. Монда шуд. Нишаст. Паси сар хорид. Гами китоб майнаашро парма мекард.

– Эх, навиштан як бало, – бо алам мегуфт худ бо худ. – Чопаш ду бало, пахнкуниаш се бало.

Ногох ягона ошнояш Содабек ба ёдаш расид. Ба чурааш занг зада, аз чопи китобаш мужда расонд.

– О, табрик, табрик, – хурсанд шуд Содабек. – Якто бо соядаст медодагисти?

– Ягон дона надорам, – гамгинона ох кашид у. – Бовар кун.

– Чи, аз нашриёт надоданд?

– Доданд. Дах дона. Тала карданд. Бовар кун. Ха, дар магоза хаст, гирифта биё, соядаст аз ман. Тез рав, ки боз тамом нашавад. Ба чизи нагз талабот калон-дия.

Аён гашт, ки Содабек он кадар хам содда набудааст.

– Чи, чи? – бо шитоб пурсид Содабек. – Нашунида истодаам… Чи мегуи? Такрор кун. Чх?.. Алло?! Алло?!

Сипас гуд-гуди телефон баланд шуд. Вай чанд бор занг зад. Телефони чурааш банд буд. Гушакро бо кахр ба чояш гузошт. Чиликашро ба гушаш тикконда, сахт ларзонд.

Рузи дигар куртаи нав пушид, галстук баст, костюм ба бар кард.

– Хонаю палос, одаму либос, гуфтаанд, – гузаронд аз дил ва худашро гуё шах бошад, орову торо дод.

Куча ва дарахтони шинос барояш ба тарзи дигар чилва доштанд. Насимаки серуне сару руяшро сила менамуд. Гуё ин кучаву дарахтонро нав медид, ки бо хавас ба онхо чашм медухт. Голибона кадам мезад ва гумон мекард, ки хама бо хавас ба у менигаранд. Табъаш чок буд ва ин табъчокии худро пинхон дошта натавониста, хаёле зери лаб табассум карда мемонд.

Дар магозаи китоб китоб бисёр буд. Вале харидорон ба чашм намерасиданд. Фурушанда хам наменамуд.

– Ягон милиса хам нест-е! – гуфт у ва мушт ба руи пештахта зад.

Чавони чингиламуи кулчаруе давида баромад.

– Ин чи бемаззаги?! – шавкун бардошт Катабек.

– Бубахшед, ман китобхои нодаркорро чудо мекардам…

– Бас! – боздошт уро Катабек. – Хо-о, ана хамон китоби хушруйро дихед, – китоби худашро нишон дод Катабек. – Руяш чудо зебо, дарунаш чи хел бошад?!

– Бо чону дил, мархамат.

– Китоби хуб аст?

– Надонам, – китф ба хам кашид фурушанда.

– Чи хел намедонед?! – руй турш кард Катабек. – Магар шумо ин китобро нахондаед?

– Не, нахондам, – рости гапро гуфт фурушанда.

– Чи, чашм, хату савод нест?!

– Хаст, – гуфт фурушанда хичолатмандона. – Вакт нест.

– Чи?! – дар газаб шуд Катабек. – Вакт нест?! Ба дигар корхо вакт меёбед-а? Ба китир-китир, бусо-бус вакт хаст-а?! Ба китобхони вакт нест?! Ман дар сину соли ту кариб хазор китоб хонда будам.

Баъд у ба ду марде ки нав ба магоза ворид шуда буд, нигариста гуфт:

– Ох, ин чавонхои навруид-е! Мегуянд, ки: “Навруид – бало руид!” Рост! Инхо дар дигар корхо бало! Наход ки хамин хел як китоби оличаноба нахонед.

– Бубахшед, – узр пурсид фурушанда. – Хазл кардам. Хондам…

– Ана, ин гапи дигар, – якбора хурсанд шуд Катабек. – Хуш, чи хел?

– Аниктараш, танхо як сахифаашро хондам.

– Танхо як сахифаашро хонди?

– Ха.

– Барои чи?

– Дигар хонда натавонистам.

– Чи хел? Чаро? Барои чи?

– Росташро гуям, китоби намешудаги. Бисёр фач.

Катабек як кад парид. Чисму чонаш ба ларза даромад. Аз андомаш дахшат меборид.

– Чи-и-и?! Худат фач! Очат фач! Отат фач! Фахмиди, сагира?!

Фурушанда, ки чи гуфтанашро намедонист:

– Ман… ман… ман фикри худамро гуфтам, – изхор кард у.

– Э фикрат аз сарат монад! – дастак зад Катабек. – Хонда натавони, нах назан! Хондан хам хунар аст. Фач мешуд, чоп намекарданд.

– Э, холо як чизхое чоп мекунанд, ки хара хандаву буза гиря.

– Шуд! Ман мегирам ин китоба, – гуфт у ва даст ба киса андохт. Сипас ба пешонааш зад:

– Гур фаромушхотири шавад-е!

– Ха, чи шуд, амак?

– Пулро дар хона фаромуш кардаам. Хайр хеч гап не, пагох омада мегирам. Боз хаст? Боз охираш набошад, ки харанду бекитоб монам.

– Не, – гуфт фурушанда. – Анбор пур. Холо ягонта нафурухтем.

Ин суханон ба калби у чун корд халид.

Сари хам, маъюсу малул кадам мезад. «Ин шугли бад охир туро мекушад». Ин суханони собик хамкораш дар гушхояш садо доданду вучудаш ларзид. Ва у ба худ омада, ба акибаш назар афканд. Гуё собик хамкораш аз пасаш меомад.

Ба гушаш магалу шакун расид. Нигарист, ки магоза. Дар пешайвонаш лавхаи «Сафар-сентр» задаги. Ба дарун сар халонд. Магоза чунон пуродам буд, ки у беихтиёр нидо намуд:

– Эха! Асо чи – равро партои, рост меистад!

Баъд аз як мард пурсид, ки:

– Ин чи гап?

– Инхо хама бизнесмен, яъне чаллобхои пештара. Молхоро аз ин магоза арзон харида, бурда киммат мефурушанд.

– Эх-ха, ана гапу мана кор! Ох, кошки ба магозаи китоб рафта, китоби маро хамин хел талош карда мехариданд, – охи сард кашиду гуфт у.

– Хуй бародар, чи аз мох фаромади? О, дар ин замона ки китоб мехарад? Бечора мардум орде намеёбанд, ки хамир шуранд.

– Э, чи ин кадар орд-орд мегуи: чанд сол боз бе орд ягон одам намурд-ку! Э, аёнро чи хочат ба баён! Як ба афту башараат нигар. Китоб намехони, ки бенури.

Он шаб гами китобаш уро пинак рафтан намонд.

Рузи дигар боз бахри таргиби китобаш баромад. Шахр зебою дилкаш буд. Кучахо сабзу хуррам. Дар ду тарафи куча чуйча частухезкунон равон. Буи гуворои гиёху гулхо ба димог зада, синаро аз шавку шоди пур карда, хаёли касро, ба сари орзую ниятхои гуворо мекашид. Аммо хамаи ин ба назари у безавку нур метофт. Вай сархаму малул кадам мезад.

– Их-е, даюс!

– Аъ?! – як кад парид у. – Ки даюс?

Вале муйсафед ба у ахамият надода, бадкахрона хари лавандашро «их-е, даюс!» – гуён, хала мезаду мерафт.

– Ох, ох! Ана, ин мавзуи хикоя, – гуфт у ва зуд аз киса каламу когаз бароварда, чизе навишт.

Охиста, боэхтиёт, гуё ба он чо ба дузди медаромада бошад, ба мачозаи китоб наздик шуд. Охиста гарданашро ёзонда, калла кашида, аз тиреза ба даруни магоза нигарист. Не, фурушандаи дируза наменамуд. Ба чои у як духтараки нозукандоми хандонру паси пештахта меистод. Хурсанд шуд. Зуд худро ба магоза гирифт. Ва бо чашми мехр китобхои дар раф бударо мепалмосид. Нигохаш дар китоби худаш карор гирифт. Шавк дар дилаш тугён мекард.

– Хо-о, духтари зебо?!

– Лаббай?

– Хо-о, ана хамон китоби хушруйро дихед, – китоби худашро нишон дода, илтимос кард аз фурушанда. – Руяш чудо зебо, дарунаш хам зебо будагист?

– Надонам, – китф ба хам кашид фурушанда.

– Чи хел намедонед?! – руй турш кард Катабек. – Магар шумо ин китобро нахондаед?

– Не, кани вакти китобхони, – чавоб дод духтар хичолатмандона.

– Эх-ха, ана гапу мана кор! О, ту китобдор. Хондан вазифаат. Бояд бихони ва дигаронро таргиб куни. О, ту китобдор шуда нахони, аз дигарон чи гила. Айб! Ха, айб!

Духтарак “Чавоби ахмак – сукут!» – гуён, дам назад.

– Хм-м, – лабонашро макида, мад кашид Катабек ва китобро кушод.

Вай китобро варак мезаду гох-гох бо гушаи чашм суи магозабудагон назар медухт. Дилаш чун мурги банди кафас частухез дошт. Зери лаб ким-чихо гуфта, гур-гур мекард.

– Хм-хм… – мегуфт вай, сар чунбонда.

Хомушии том хукмфармо буд. Катабек яхи хомуширо шикаста, бо овози баланд гуфт:

– О, китоби нагз, оличаноб будааст!

Чанд касе ки дар магоза буд, ба у нигарист. Чун дид, ки диккати одамон банди харфи уст, гуфт:

– Бисёр гаронвазн, пуртаъсир. Суханони пайгамбарона!

Чавонмарде барои чилави хандаашро гирифтан руй ба дигар су тофт.

Катабек «о, афсус, пулама дар хона фаромуш кардаам, набошад дуто мехаридам. Хайр пагох омада мехарам» гуфтани буд, ки фурушандаи дируза хамзамон ба пешвозаш баромад.

Фурушанда уро шинохта, дар лабонаш табассум гул кард:

– Дар хакикат хонандаи ашадди будаед. Шумо барин китобдуст имруз тухми анко. Шуморо ба китоби сурх даровардан лозим.

Катабек дид, ки хама ба у менигаранд китобро харид ва гайри ихтиёр аз дахонаш баромад:

– Охир, чунин китобро нахондан гунох аст.

– Бехуда нагуфтаанд, ки: «Кадри зар заргар бидонад, кадри чавхар – чавхари!» – хитоб намуд фурушанда ва афсусомез биафзуд: – Эх, агар хама шумо барин мебуданд, олам гулистон мешуд.

Баробари шунидани ин суханон беихтиёр фукаш боло шуду сандуки синааш худ аз худ пеш дамид ва нафахмид, ки чи хел лукма партофт:

– Боз якто дихед, як ошнои заршинос дорам. Ба у тухфа мекунам.

– Ха, китоб бехтарин тухфа! – ба у китобро дода, гуфт фурушанда.

Бо вучуди нею нестони зиёд фурушанда уро то дари баромад гуселонид.

– Хайрият, ба ин китоб як харидор ёфт шуд, – пас гашта, гуфт фурушанда.

– О, у худаш муаллифи хамин китоб. Худаш нахарад, ки мехарад.

– Чи?! – фурушанда ба чавонмард зехн монд. – Вай муаллифи хамин китоб?

– Ха-а.

– Э, не-е! Рост?!

– Ха, у чанд руз боз ибрати шахси нишон медихад. Вале касе ба у пайрави намекунад.

– Э, марги хамин хел нависандаги?!

Чанд руз паси сар шуд. Вазъият тагйир наёфт. Хафта, мох сипари гашт. Боз хамон ахвол. Катабек ноумед шуд. Пажмурд.

– Сад афсус! Китобхон намонд, – мегуфт у ва гаранг-гаранг, бахудаву бехуда дар кучахо мегашт.

Рузе нохост ба садамаи наклиёт афтод. Се мох дар табобатхона хобид. Баромадан замон ба магозаи китоб шитобид. Онро нашинохт. Магоза либоси нав ба бар дошт. Дар пештокаш ба чои лавхаи «Китоб» «Фирмаи Шамсу Камар»-ро хонд. Ба магоза даромада, чо ба чо шах шуда монд. Аз китоб ному нишон набуд. Магоза пуропури шароб. Ха, хазору як намуд. Ранги баранг.

– Худоё! – беихтиёр нидо кард у.

– Аз кадомаш дихам амак?

– Китобхо кани?

– Чи?! – руй турш кард чавон. – Китобхо?

– Ха.

– Ана! – ба суе ишора намуд чавон.

Катабек он су нигарист. Китобхоро дар як кунчаки магоза чо карда буданд, ки базур ба назар мерасиданд.

– Худоё! Замоне китобхоро сузонданд. Имруз бо онхо семичкаву нос мепечонанд. Ана, акнун шароб онхоро танг кардааст, – гуфт у ва ба фурушанда руй овард:

– Чаро ба ин рох додед?

– Ха, чи кор кунем буд?

– Мубориза!

– Чи?! Холо чинни нашудаем. Аз ин ба мо бештар фоида мерасад.

– Шарм доред, шарм! – дод зад Катабек. – Чи, шумо бо шароб халка тарбия мекунед?!

– Ха, – кох – кох хандид чавон.

– Не, шумо бо шароб майнаи халка захролуд мекунед! – девонаавзо дод зад у ва ба чавон дарафтод. Чавон ба андешае, ки у хазл дорад, дар ибтидо чандон мукобилият накард. Вале чун ду тугмааш канда шуд, якто зад уро. Ха, хамаги якто зад. Ва Катабек чун туби футбол парида, аз магоза берун афтод. Ва ба гушаш гур-гури одамон расид.

– Зарбаи аката диди?! Як удараш кардам, туб барин парид!

– Э, ту бало! Хубаш карди!

Катабек ба худ омада, пойхояшро базур кашолакунон ба хона расид. Худро болои диван хаво дод. Ва як хафта ба худ наомад. Рузи хаштум хест. Вале губори гаму андух чехраашро тарк накарда буд. Сигарет оташ дод. Телевизор монд. Як марди базеби фабех сухан мекард. Вай дар бораи фарханг ваъз мегуфт.

– Сад дарег, ки дар наздам нести?! Хафаат мекардам!

– Мо мефахмем, ки бе фарханг чомеа бако надорад, – мегуфт мард аз оинаи нилгун.

Катабек безобита шуд. Сигарети дасташро бо кахр ба гушае хаво доду берун баромад Пойхояш беихтиёр уро суи магозаи китоб бурданд. Аз пайроха ба кучаи калон, ки магоза дар он вокеъ буд, тоб хурда, дид, ки одамон дартозанд. Дар тааччуб афтод. Ва аз яке пурсид:

– Кучо шитоб дори?

– Ба сухтор, – наистода посух дод чавон.

Катабек хам баробараш давида, боз пурсид:

– Чи хел сухтор?

– Магоза месузад.

– Кадом магоза?

– Магозаи «Шамсу Камар”.

Як махшаре буд назди магоза. Хурду калон дар даву тоз бо сатил об пошида, забонахои харису носери оташро паст кардани мешуданд. Катабек зехнаш кунд, сараш гич, шах шуда монд. Танхо гушхояш кушода буданд.

– Об пош!..

– Тез бош!..

– Эхтиёт шав!..

– Чунб!..

«Ба-аб! Ба-а-аб!»

Садои мошини оташнишон уро як кад паронд. Сухторнишонхои бадкахру бадгазаб мурги посухта барин худро ба чор тараф мезаданд, ба якдигар фармон медоданд ва гуё ба кори худ шуруъ карда буданд. Вале – хайхот! – вактро дар ихтиёр надоштанд. Магоза пок-покиза сухт. Ба чои он як туда хокистар боки монду халос.

Катабек тамоман бехол шуд. Хайрону харосон монд. Дир-дир меларзид, гуё уро сармо зада бошад.

– Ох, захмати биступанчсолаам, – чашмони Катабек сиёхи зад, бехолона якпахлу афтод.

Холо у намедонист, ки аз сигарети бехудона партофтааш хонааш оташ гирифта, месухт.

Хар ду бари руяш сип-сиёх буд аз дуду хокистар.

 17 январи соли 1999

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

azob

Азоб додани банда

Порсое бар яке аз худовандони неъмат гузар кард, ки бандаеро дасту пой баста, укубат хаме …