Главная / Илм / ТОВУС дар Канзи Шифо (Китоб)

ТОВУС дар Канзи Шифо (Китоб)

tovusТовус парандаест, машхур ба зебои ва хушранг бо рангхои гуногун, думаш бисёр дароз ва чун бардорад, чатри мегардад, хусусан думи нари он бисёр дароз ва пархои зебо дорад. Мизочи гушташ дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: гушташ бисёр сахт ва бадхазм, хурдани он хилти (моддаи) гализ дар бадан пайдо мекунад, вале ба меъда кувват мебахшад. Гушташро бе масолехи дигар шурбо карда бихуранд, дарди пахлу ва зот-ул-чанб (варами пардахои даруни сина)-ро шифо мебахшад.

Хурдани гушт ва чарбуи он бохро кави мегардонад. Гушташро бо судоб шурбо пухта бихуранд, дарди меъдаро, ки аз хунуки ходис шуда, кулинч (колит), бодхои гализ ва дарди бугумхоро дору мешавад. Равгани онро бар камар, закар ва макъад (махрачгох) бимоланд, бохро кувват мебахшад.

Чарбуашро об карда, бо об, судоб ё бо асал даромехта бимоланд, кулинч ва дарди меъдаро ба ибро меоварад. Хунашро бо анзарут ва намак даромехта бимоланд, решхои бадфиоли раддиро, ки хурандаи узв гашта бошанд, шифо мебахшад. Саргинашро бимоланд, догхои пустро пок мекунад, озаххоро хушк карда мерезонад. Устухонашро сухта, бо асал сиришта бимоланд, доги кунчидакро дафъ менамояд, ранги песро дигар месозад.

Захрри товусро ба кадри як грамм ба танхои ё бо сиканчабину (сиркоасал) оби гарм биёшоманд, барои боздоштани пешоб ва манъ кардани исхоли хунини кухна давои хубест. Агар инро бо сирко даромехта бимоланд, газидани чонварони захрнок ва захмхоро шифо мебахшад, догхои пустро дафъ мекунад; бо анзарут сиришта ба чашм бимоланд, гули чашмро дур месозад. Агар захраашро сухта бипошанд, дахани чарохатхоро ба хам оварда сихат мебахшад. Ин сухтаи онро ба дандои бимоланд, онро сахт ва мустахкам мегардонад ва аз чирк пок месозад.

Мегуянд, ки чун дунболаи онро дар куза андохта, бисузонанд, аз 450 грамми он кариб 4,5 грамм фулуззе монанди тилло хосил мешаванд. Хамин фулузро чун сурма ба чашм кашанд, гули чашм ва хамаи беморихои чашмро дафъ мекунад. Мизочи гушташ бисёр гарм аст ва инро бо хазмкунандаи таом занчабил, мурч, зира ва гайра бихуранд, ислох мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …