Главная / Гуногун / ТО НАСУЗИ, НАЯФРУЗИ

ТО НАСУЗИ, НАЯФРУЗИ

Зани миёнакади гандумгун аз дари иттиходия баромада, лахзае таваккуф намуд, баъд гиребони палтои хокистаррангашро бардошта, рох ба суи маркази шахр пеш гирифт. У маъюсу музтариб, бо сари хам рох мерафт. Гаму гусса дилашро фишор медод. Намедонист, ки хасраташро ба ки кунад.

– Наход партофта равад? – чандин бор худ ба худ суол кард зан.

Барфи реза меборид. Бод заррахои онро бози дошта, ба чапу рост меафканд, ба сару ру мезад. Барфрезахо ба руяш мисли сузан мехалиданд. Зан ба барфи сард ва хамлахои он тан намедод. Якта-якта кадам партофта пеш мерафт. Ба дилаш хар гап меомад. Пеши назараш симои Садбарг намоён мешуд. Пагохи чунин вокеа руй дод. Ба сех даромада чашмаш ба Садбарг афтод, ки дар ихотаи духтарон рост истода когазеро алвонч медод.

Аз чи бошад, ки ба хавфу изтироб афтод. Ва суи онхо шитобид.

– Хуш, чи мочаро? – пурсид хавотиромез Мавчуда.

– Садбарг аз кор меравад, – баробар гав карданд чанд духтар, – аллакай варакаи аз коррави хам гирифтааст.

Дилаш чиззи карда монд. Муддате гуё карахт шуд. Вакте ки шогирд корхонаро тарк мекунад ва устод намедонад, сахт мерасад. Дилат сиёх мешавад, гумон мекуни, ки дарди ноаёне ба пайкарат рох ёфтаасту анамана туро аз пой меафтонад. Не, фирори шогирд на танхо барои Мавчуда, балки барои хар як устод ногувор ва андуховар аст.

– Набошад чи?! Хак дорам! – шухикунон мегуфт Садбарг. – Хар кас коргар шуда метавонад, ман ягон чои шавкангез меёбам. Ин чо дилгир. Коргар коргар аст, шахсияти одди, космонавт не…

– Вакте ки ба асп наъл мезаданд, буз хам пояшро бардошта истод, – сухани уро бурида киноя зад духтараки ситорагарм.

– Чи? – чашмонашро калон кушода пурсид Садбарг. – Ту маро буз гуфтани?

– Космонавт не, мегуи? – Мавчуда изтиробу хаячонашро фуру бурд.

Холо зухури эхсосот хеч мумкин набуд, зеро чашми духтарон ба дахони устод буд, ки у чи чавоб медиханд?

– Лекин ту хак хасти, – гайричашмдошт гуфт Мавчуда.

Духтарон аз ин гапи у дар тааччуб монда, кунчковона ба у  чашм духтанд.

– Рост, коргар хар кас шуда метавонад, – бо хушлафзи суханашро идома дод Мавчуда. – Лекин устоди кори худ, чи хеле ки мегуянд «шахси панч панчааш хунар» на хар кас шуда метавонад. Ягон вакт дар бораи космонавт хам хоханд гуфт, ки касби одди. Ин кори вакт. Лекин касби дузандаги сад сари сол вучуд дорад, хисоби дузандахо бешумор, вале Икбол – холаи моро на танхо дар иттиходия, балки дар чумхурият хама медонад. У солхои душвор ба иттиходия омада, ба сахтию кахти токат кард. Хама чизро ёфт. Хизмати халол кард. Обру ёфт. Се маротиба депутати Шурои Олии СССР интихоб шуд. Мукофотхои бисёре дорад, ки навишта гиред, як дафтар пур мешавад. Байни коргарон у – космонавт. Хамаи мо назди хунари волои у сари таъзим фуруд меоварем. Аз ин мебарояд, ки мавкеи шахсро чои кору вазифааш не, балки садокату бурдбори ва мехнатдустиаш муайян мекунад. Яъне, мухимаш, ки шуда кор кардан не, чи хел кор кардан аст. Дилат мусузад ё курдуд…

– Аз Садбарг – курдуд! – хандид духтаре.

Духтарон тахсинкорона магал бардошта ба чойхои худ рафтанд.

– Ту Садбарг, бехтараш ин когазро руст карда мон, – ба у ишора карда гуфт Мавчуда ва илова кард:

– Касби мо шавки беандоза металабад. Мегуянд-ку: «…шавк агар дар дил надори,  синачунбони чи суд?»…

Мавчуда нохост дарк кард, ки калима ба калима суханони устодаш – Сауле Амонкуловаро такрор кард. Охир аз он айём чи кадар вакт сипари шуд!

Хотира – чизи ачиб, аз дурихо ин ё он ходисаро ба ёдат меорад. Лахзае у худро тамоман кучак дид. Дар мактаби миёнаи раками 2 мехонду гох-гох ба Иттиходияи 50-солагии СССР меомад. Нахустин бор дар хамин чо ба кор кабул шуд, дуст пайдо кард. Устои пуртачриба ва рузгордида Сауле Амонкулова ба синну сол аз Мавчуда хеле калон бошад хам, дусти у шуд ва зери каноташ гирифт. Барои у бо чунин устод кор кардан хам мушкил афтоду хам осон. Ин як мактаби махорате буд барояш. Хислатхои нек дошт устодаш. Бечорахол, боандеша, накукор, гамгусор, дардошно. Шабу руз бахри рушди хунари дузандаги, камолоти шогирдон чонкани мекард.

Боре Мавчуда пурсид:

– Ин хама гаму ташвиш ба шумо чи лозим?

У чавоб дод:

– Бегами ба нокоми мебарад. Ки нокоми мехохад?

Мавчуда дилсузона гуфт:

– Охир гами бисёр одама бармахал пир мекунад.

У чавоб дод:

– Одам чисман пир шавад хам гапе не, рухан пир нашавад. Дил бояд чавон бошад.

Мавчуда ихтиёри худро ба дасти устодаш дода буд, гапи вай барои у конун буд, барояш  баландтар амре аз амри вай набуд. Лекин у ба вай хайрхох буд.

Рузи аввал гуфта буд:

– Касби мо шавки беандоза металабад, худро пурра ба он бахшида тавони, комёб мешави.

Ин панди устод барояш фонусе гардид, ки рохашро минбаъд мунаввар месохт. Аз мушкилоти касби интихобкардааш натарсид, хамвора ба омузишаш шугл дошт. Баъзе дугонахояш ба душворихо тоб наоварда, иттиходияро тарк карданд. Садокатмандиаш ба кор торафт меафзуд ва мустахкам мешуд. Омузори пурдон сахтгири мекард, уро обутоб медод. Як амалиётро то бист бор ичро мекард ва хар бор устод айбе, иллате меёфт. Лек бо ин махдуд намешуд. Роху равиши рафъи нуксро меомухт. Вай хамаги панч мох хунар омухт. Чун диданд, ки дури максуди коргари чавон тез ба каф меояд, ба имтихон омодааш  карданд. Рузи санчидани донишу махорат фаро расид. Ва у бо шаш устоди нозуксанч ру ба ру омад. Ва ачабо, ки ба зиёда аз бист саволи онхо чавоби каноатбахш дод. Баъд санчиши амали сар шуд. У ба чену чоки матоъ пардохт. Овозе шунида намешуд. Нафасхо гуё ях баста буданд. Яхи хомуширо садои кайчи шикаст. Пас овози мошини дарздузи гул-гула андохт. Хуллас, санчиши донишу махорати дузандаи чавон ба охир расид. Ба у бахои аъло гузоштанд. Раиси комиссия уро ба кори мустакилона фотиха дода гуфт:

– Ту дузандаи хуб мешави. Рохат сафед бод!

Мавчуда бенихоят хурсанд буд, рухсорахояш ранги шафакро гирифта буданд. Аммо, у медонист, ки хануз донишу малака, тачрибааш кам. Донишу тачрибаро бештар аз зиндаги омухтан лозим, – худ ба худ меандешид у. Мавчуда шавхар кард. Сохиби се фарзанд шуд. Рузгори бомаром огуши гарму нарми худро ба руи у боз кард. Мавчуда барои осудахолию хушнудии одамон мехнат, чахду чадал мекард, мубориза мебурд. Вале медид, ки махсулоташон дар магозахо зери чанг хоб аст. Харидор надорад. Яъне сифаташон паст аст. Ва у дар мачлиси   умуми ин масъаларо кундаланг монд.

– Барои чи дар тани ягонтаатон либосхои духтаи худамонро намебнам? – чидди суол партофт у. Ва дид, ки хозирон ба дахони у дида духта, гушу хуш шуданд, шердилтар шуда илова намуд: – Шарм медорем. Чунки зебо нестанд. Барои чи ба баровардани чунин либосхои номуносиб шарм намедорем? Барои чи намунаи тачрибавии либосхо бисёр хушрую дилкаш аст, аммо вакти ба истехсоли умуми сар кардан аз намунаи аввалааш чизе боки намемонад? Махсулоти аз конвейер баромада бояд бо намунаи тачрибави монанд бошад-ку? Ва бо исрори онхо технологхо хазору як илова медароранд. Ба ин бояд нукта гузошта шавад. Хамаи намудхои либосхои нави ба шурои бадеи пешбаришуда бояд бе ягон тагйирот ба истехсолот чои шавад. Шуъбаи сифат аз болои сифати махсулот бояд назорати катъи барад. Ба замми ин бояд хар як коргар масъулиятро хис кунад. Коргари дилсуз, коргари хакики хеч гох ба махсулоти бесифат рох намедихад.

Таклифхои Мавчуда кабул шуданд. Баъзе хамкоронаш ба у суханхои кинояомез мегуфтанд. Мавчуда пеш аз хама худаш амалиётхои мураккабро ба зима гирифта, амалан исбот кард, ки агар майлу хохиш дошта боши ба максад мераси.

Хамин тавр рузхо паси хам сипари  мешуданд, тачрибаи кориаш мукаммалтар мегардиду махорати касбиаш сайкал меёфт. Вай пайваста адабиётхои мавчударо мутолиа карда донишу фахмиш ва чахонбинии худро васеъ менамуд. Ба техникуми индустриалии пойтахт дохил шуд. Бе чахонбинии фарох одами бомаданият шудан амри махол аст.

Чунон ки Шамсиддин Шохин мегуяд:

                Зинхор, ба хирфати падар куш

                Дар дидаи мардум аз хунар чуш.

                Оини хирад ба даст овар,

                Мохии хунар ба шаст овар.

                Хар чо ки рави, писанд ои,

                Пеши хама сарбаланд ои.

«Хунар чу мушк бувад, мушк кай нихон гардад». Баробари тахсил кахрамонона мехнат карда нишондихандахои баландтарин ба даст овард. Хар соаташ ду соат, хар басташ ду баст! Ба вай бахт ёр гашта буд. Бо аклу хирад ва фаросати худ бисёр касонро коил кард. Акнун дар хозираш уро баиззату эхтиром Мавчуда-хола мегуфтаги шуданд. Он рузхо у аз хурсанди ба пусташ намегунчид. Бале, у хушбахт буд. Ва ин дарахти бахтро  бо дастони хеш парварид.

Баъдтар барои Мавчуда санчиши нави бузургу масъулиятнок сар шуд. У шогирд гирифт. Ва ин санчишро хам ба хуби паси сар кард. Хоксори, фурутани, одамдусти, гамхори ба дигарон, поквичдони, мехнатдусти барин хислатхо, ба шахсияти вай хосанд. Вай мисли як кабил мураббияхо як-ду амалиётро нишон дода – саломат бошед! – намегуяд. Пеш аз хама шогирдонашро одамгари меомузад. Ва хатман пас аз кор духтаронро ба хонаи худ мебарад. Шавхару фарзандонаш ба ин одат кардаанд. Дар ороиши дастурхон ёри медиханд ва ба дигар хучра мегузаранд. То ки сухбати худро идома диханд. Аксарияти духтарон кордусту баору номусанд. Лекин дили баъзеашон бекарор. Кас ба онхо нагзи мехохад, онхо намехоханд. Токат кунанд ба хама чиз сохиб мешаванд. Хеч кас аз дузандаги хор нашудааст. Ана имруз Садбарг худро нишон дод. Гурезон. Ба кучо? Аз худ  рохи гурез нест. Охир аз неки неки намечуянд.

…Банохост садои сигнали мошин дар бехи гушаш баланд шуд.

– О чарогак сурх, ба кучо мешитобед! – гуфт касе бо буди овозаш ва аз дасташ дошта кафо кашид.

– Мебахшед, ба хаёл рафтам, – гунахкорона сар чунбонд Мавчуда.

Бесаброна интизори гузариши мошинхо шуд. Чарогак сабз гашт, аз чорраха гузашт. Боз Садбарг пеши руяш омад. Ва ин дам  сафархояшро ба ёд овард. Чи кадар давлатхоро дид – Англия, Италия… Ва дар хама чо ба чуз беэътиноии чамъият нисбати кисмати инсон чизе надид. Дар сарзамини мо чавоне ба кор ояд, хама ба у дасти мадад дароз мекунанд: касб меомузанд, аз ахволи оилавиаш хабардор мешаванд. Ин чун коида!

Мавчуда худро аз давраи чавонон дур кашида наметавонад.

– Дигаронро намедонам, лекин барои ман аз тарбияи чавонон канорачуи кардан маънии намак хурда дар намакдон туф карданро дорад, – андешамандона мегуяд у. – Инсон бояд номи неку кори нек ба нишон бимонад. Шогирд давоми умри устод аст. То насузи, наафрузи гуфтаанд. Имруз шогирдони у Дилбар Расулова, Чинигул Гафурова, Гулбиби Азизова, Фотима Назарова, Наргис Бобоева устоди касби худ шудаанд ва мехнат барои онхо талаботи ботини гардидааст. Рузи дигар Мавчуда Садбрагро ба гушаи сурх бурд. Ру ба руяш нишаст. Халимона чашм ба руяш духт. Нигоххо даромехтанд. Нигохаш дард дошту ин дард ба дили Мавчуда низ гузашт. Шогирду устод сухбати самимие оростанд ва баъд аз он гуё комати Садбарг болотару чехрааш осуда шуд. Онхо чи гуфтанд ба хардуи худашон маълум буд.

*       *       *

Мавчуда чун одат чашми руз накафида ба сех омад. Дар сех сукути пурасроре хукмфармо буд. Мошинхои дарздузии бешумор, ки дар ду басти кори лахзае карор надоштанд, холо меосуданд. Ногох чашмаш ба духтари ношиносе, ки дар тан куртаи атлас дошт, афтод. Хуши духтарро мошини дарздузи дуздида буд.

– Монда набошед, духтарам!

Духтар як кад парид. Кафо гашт.

– Ассалому алейкум, – боодобона салом дод ва бо хичолат гуфт: – Ба андеша рафтам.

Мавчуда бо кушодаруи ва мехрубонии ба худ хосаш табассум карда гуфт:

– Хеч кисса не, агар хато накунам, Шумо Ситора Курбонова хамту не?

– Бале, – хурсанд шуд духтарак.

– Акнун, духтари ширин, биёед дурустакак шинос шавем: Фамилияи ман Махмудова, номам Мавчуда. Мавчуда-хола гуфтан гиред. Хуш ки бошад шароит хуб, вале кори осон  ваъда намекунам. Пешаки огох мекунам барои дузанда шудан ба бисёр мушкилихо даст ба гиребон шудан лозим меояд. То имконият хаст ба Шумо дасти ёри дароз мекунем. Сони, нидо кард:

– Садбарг, ин чо биё. Имруз ин мехмон ба ихтиёри ту, пагох боз худам бо у кор мекунам!

– Хуб шудааст, апаи Мавчуда, – гуфт Садбарг.

15 декабри соли 1991

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …