Главная / Гуногун / ТОЧИКИСТОН: ЭССЕ, ТАЪРИХ ВА ИМРУЗ

ТОЧИКИСТОН: ЭССЕ, ТАЪРИХ ВА ИМРУЗ

Чумхурии Точикистони шурави кишвари ба таври сунъи сохтаи болшавикон аст. Солхои пеш аз вукуъи инкилоби коммунисти кисми сарзаминхои Осиёи Миёна аллакай аз суи Имперотории Рус забт шуда буданд.

Дар натичаи маглубиятхои пайдарпай, амири Бухоро мачбур шуда буд, ки 23 июни соли 1868, мувофики ахдномаи Зира- булок бекигарихои Самарканд, Панчекат, Катта-Кургон ва Ур- гутро ба Русия супорад.

Солхои 1864-1875 русхо дар натичаи чангхои пайдарпай шахрхои Тошканд ва Хучандро забт карда, дар нихоят соли 1876 бо забти Куканд, хонигарии онро бархам дода, бо зури сарзаминашро пурра ба кишвари худ хамрох карда буданд.

эссе дар бораи точикистон
Эссе дар бораи точикистон

Хукумати Русияи подшохи ба заминхои хосилхези Осиёи Миёна хамчун ба манбаи таъмини корхонахои кишвараш бо ашёи хоми кишоварзи нигох мекард ва дар аввалин фурсати муносиб бо хар роху восита заминхои минтакаро гасб ва ба кишвари худ хамрох мекард.

Чанги Императории Рус бо Туркия дар солхои 1877-1878 идомаи гасби сарзаминхои Осиёи Миёнаро ба таъхир гузошта бошад хам, кисмати бокимондаи Аморати Бухоро ва хонигарии Хоразм дар холи дастнигар аз Имперотории Рус ба сар мебур- данд. Амири Бухоро расман мустакил бошад хам, бе ичозати императори рус кадаме бардошта наметавонист. Мувофики хамон ахдномаи «Зирабулок», амир муваззаф буд, ки тамоми сиёсати хоричияшро бо давлати рус мувофика кунад. Муноси- бати хакиронаи амири Бухоро дар мукобили Имперотории Русро Ахмади Дониш дар «Рисолаи мангития»-и худ бо танзи сазовор хуб тасвир кардааст.

Аз рузхои аввали инкилоб болшавикхо дар он кисмати бузурги Осиёи Маркази, ки чузъи Имперотории Рус буд, Чум- хурии мухтори Туркистони шуравиро таъсис доданд.

Соли 1920 артиши сурх бо бахонаи ёри ба инкилобиёни махалли, Аморати Бухоро ва хонигарии Хоразмро хам забт карда, Чумхурихои халкии шуравии Бухоро ва Хоразмро таъ- сис дод, ки ин вокеа дар китоби «Фитнаи инкилоби Бухоро»-и устод Мухаммадчон Шакури муфассал ба калам дода шудааст.

сухан дар бораи точикистон
Сухан дар бораи Точикистон

Солхои 1924-1925 таксимоти худуди-милли гузаронда, чумхурихои милли ташкил карда шуд, ки баъдан ин ходиса ба но- ми «табартаксим» маъруф шуд. Масъулон гохе аз руйи гараз, гохе нодонии чугрофиву этники, дар таксими худуд он кадр ба харчу марч рох доданд, ки халкхои тули асрхо дар якчояги зиндаги дошта, дар ду суи марзхои чумхурихои навташкил монданд. Масалан, водии Зарафшон, ки мардумони бумии он – точикон дар тули хазорсолахо, аз саргахи руди Зарафшон то Самарканду Бухоро якчоя зиндаги мекарданд, дар ду суи марз, ним дар Чумхурии Точикистону ним дар Узбакистон монданд. Худи табиат ин водиро тарзе офаридааст, ки кисматхои поёнобу болооби он факат дар якчоягиву хамоханги метавонанд барои зист мувофик бошанд. Таксимоти марзи нохияхои Панчекат, Айни ва Масчои имрузаро дар худуди Чумхурии Точикистон ва навохии поёноби Зарафшонро дар худуди Узбакистон мукаррар кард.

Вале, бо вучуди ин, дар тули хафтод соли хокимияти шурави тамоми фаъолияти ичтимои-иктисодии се нохияи болооби ин води, ки ба Точикистон дохил буданд, ба Самарканду Бухо- рову Марв – марказхои табии-таърихии минтака, ки акнун ба чумхурихои Узбакистону Туркманистон шомил мешуданд, вобаста буд, зеро аз чихати чугрофи осонтарин ва наздиктарин роххо ба хамин шахрхо васл буданд.

Ин «табартаксим» дар бадани хамаи халкхои минтака ча- рохати хамеша хуншор гузошт ва гайр аз ин ки хамзистии таби- ии мардумро халалдор кард, зери муносибати байни ин халкхо бомби замони хам гузошт, ки баъдан мо шохиди таркишхояш шудем.

Назарияи марксизм-ленинизм бунёди атеисти дошт ва са- рони инкилоби сурх бо такя ба иттилои чамъовардаи пажу- хишгарони каблии рус точиконро хамчун мазхабитарин кавми махалли ва душмани идеолочии худ мешинохтанд. Аз тачрибаи таърихи огох буданд, ки фарханги ин миллат мисли дарахти муктадирест, ки решахо ва шоху баргаш тамоми сохахои зин- дагиро печонда гирифтааст ва хар ки ба ин сарзамин омадааст, дар нихоят дар ин фарханг хазм ва ахли он шудааст. Ба ин сабаб, бехтарин гузинаро барои худашон хамкори бо пантур- кизм, ки он замон дар минтака нуфуз пайдо карда буд, дониста, вучуди миллати точикро инкор ва марказхои фархангии онро ба шахрхои музофоти дар хайати чумхурихои дигар табдил до- данд. Босаводону нухбагонашро нобуд карданд, хаташро тагйир доданд, то аз гузаштаи худ огохи надошта бошад. Оммаро та- вассути барномахои «махви бесаводи» ба хати нав «саводнок» намуда, пайваста талкин мекарданд, ки «шумо дар гузашта хеч будед». Ин барномахо саводи сатхи дихад хам, кобилияти анде- ша ва тахлилро намедод, аз ин сабаб мардум бо укдаи хакорат ва худкамбини бузург мешуданд. Биноан табиист, ки одамон аз асли худ хабар надоштанд, ба хамаи ин хазён бовар мекарданд ва касе савол намедод, ки агар мо хеч будем, ин хама шоиру нависандаву мутафаккир ва ин фарханги беназир аз кучост?! Аз хамин метавон хулоса баровард, ки «табартаксим», тагйири хат ва барномахои заифи мактабхои точикии Шурави махсус ва бо хадафхои гаразнок рохандози шуда буданд.

Манфиати турктозонаи пантуркистон низ дар он мархала бо манфиати исломхаросонаи болшавикон мувофик омад. Пан- туркистон аз фурсати муносиб истифода карда, номи миллати бумиёнро тагйир доданд ва фарханги хазорсолахо офаридаи сохибони ин сарзаминро ба номи худ навиштанд, ки то хол касе аз гасбгарони ин сарзамин ин найрангро ба кор набурда буд.

Дар натичаи ин таксимоти ноинсофона, ба мо точикон аз сарзамини пахновару хосилхези бобоиямон як гушаи дурдасту нообод ва кухистонии он расид, ки имруз бо номи ЧумхурииТочикистон шинохта мешавад. Вале хатто хамин кухпораи нообод низ ба осони ба даст наомад, барои ба даст овардани ин як порча за- мин, барои сохтани кишвар барои сохибони аслии ин марзу бум, фарзандони фарзонаи миллати ман чонбозихо карданд ва нихоят аксаран бо иттихоми миллатчиги курбон шуданд.

Ачибаш ин буд, ки минтакахои ба точикон додашуда гуё махсус интихоб шуда буданд. Як порча аз водии Фаргона, пор- чаи дигар аз водии Зарафшон ва як порча аз Бухорои шарки, ки табиатан ба воситаи куххо аз хам чудо буда, байни хам рохи бевосита надоштанд. Дар тули солхои хокимияти шурави хам байнашон рохи хуб сохта нашуд ва ин минтакахо шомили як кишвар бошанд хам, дар асл дар холати аз хам гусаста зиндаги мекарданд, ки яке аз сабабхои асосии адами вахдати милли ва рушди марази махалгарои дар Точикистон шуд.

Хадафи асосии дастандаркорон махалхоро дар инзиво гу- зошта, аз байн бурдани забони форсии точики буд. Сабаби забони худро хуб хифз карда тавонистани мардуми болооби Зарафшон он буд, ки Самарканд ва Бухоро шахрхои точикон буданд ва забону фарханги худро нигох дошта буданд. Вале дар кисмати водии Фаргонаи Точикистон, ки аз чихати чугрофи ба кисматхои дигари Точикистони ба таври сунъи сохташуда рох надошт ва бештар бо Тошканд ва дигар шахрхои Узбакистон равуо дошт, таъсири забони узбаки бамаротиб бештар буд ва ба забони мардум садама зад.

Аз шахрхои хазорсолахо ба мардуми ман тааллукдошта, аз марказхои сиёсию ичтимои ва адабию фархангии таърихи- ямон, ки заминаи асосии ташаккули миллати вохиди точик буданд, яке хам ба мо нарасид. Дар натича, барои кишвари ба таври сунъи барои мо точикон сохташуда, як дехаро пойтахт интихоб намуданд.

Рисолатхои пойтахт хеле мухим буда, он созандаи хувияту фарханг, тафаккури милли, вахдати сокинони махаллу музо- фотхои мухталифи кишвар аст. Шахри Душанбе дар замони Шурави ба маънии томи ин сухан пойтахти миллии точикон нашуд, он бештар як шахри руси буд ва аз ин сабаб рисолатхои мазкури худро ба пурраги ичро карда натавонист. Ин буд, ки дар ин кишвари ба таври сунъи ва бадтарин навъ сохташуда, ягонаги ва вахдати милли ба вучуд наомад ва ин чиз дар сол- хои аввали истиклол яке аз сабабхои асосии сар задани чанги шахрвандии хонумонсуз дар кишвар гардид.

Гарчанде солхои 70-80-ум нишонахои умедбахши дар Ду- шанбе ба хам омадани намояндагони минтакаву махалхои гу- ногуни Точикистон ба мушохида мерасид, аммо бо касофати фурупошии Иттиходи Шурави ва чанги шахрванди дар солхои 90 ин раванд катъ гардид ва нотамом монд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …