Главная / Гуногун / ТИРУ КАМОН (Хикоя)

ТИРУ КАМОН (Хикоя)

 

Он руз у якбора чанд сол калонтар шуд.

Гуё дар як он ба воя расид.

Кудак рафту болиг баргашт.

Хандон, бегам, бедарду алам рафту гирёну гамзада, бо дарду алам омад.

Сарфарозу сарболо, бо руи сурх аз дар баромаду сархам бо руи чун пахта сап-сафед аз дар даромад.

Гунохи падар агарчи захр набуд, дар дили босафои у захм гузошт.

Гавхар пас аз рубучини хона хост сари дарзаш нишинад. Аммо касе ин азми уро боздошт.

– Комрон!?

Комрон фахмид, ки хато кард: бояд дар куча мегашт, хам вактро мегузаронд, хам худро ором мекард. Вай ба падараш чорчашма нигарист, аммо ба руи модараш нигариста натавонист. Гуё гунохро падараш нею у содир карда бошад.

Мехкуб, гунгу кар, сараш хам, дида ба замин.

Модараш хайратзада, ду чашм ба у, дилаш дар такопу.

– Чони ширин, ба ту чи шуд?! Чаро суям нигох намекуни?!

Овози тарсолуди модар уро ба худ овард. Ташвишу тахлукаи модарро дарк намуд. Бояд чизе бигуяд, модарашро ором кунад. Аммо чогхояш сахт ба хам часпидаанд. Танхо садои тапиши дилаш мебарояд. Вай лаб мегазад, ки тапиши дилашро боздорад. Аммо дилаш баландтар садо медихад.

– Чаро баргашти?

Чавоби ин савол гарон аст, мехохад модараш дар ин бора чизе напурсад. Ба чашмхои модараш наменигарад. Модараш хассос аст, дарди нихонии уро аз каъри чашмонаш хонданаш мумкин. Кушид аккалан худро хушхол бигирад. Лекин ин ба у муяссар нагашт. Охир, чи тавр мешавад, ки якбора гуё хеч вокеае нашуда бошад, аз гам ба шоди гузари?

– Мохтоби шаби торам! Дар кошу чашми зебоят садка! Бигу, чи шуд? Чаро гап намезани? – илтичо мекард модар.

У хамоно мехкуб, ёрои гап задан надошт.

Модар панчахои нарму мулоими худро ба сари писараш бурд, сила кард, навозиш намуд.

– Ё тобат… э, не, не… гур забонам шавад. Тавба! Ман чихо мегуям?

Вай боз хам мехкуб, сархам, дида ба замин.

– Ё… ё бо ягон духтарак-а?

Модар ба захми аз падар расида намакоб чаконд. Дили аз хасрат моломолаш якбора тагуру шуд. Хори гулугираш кард.

– Чи-и? – вай якбора ба забон омаду гирён шуд. Ва тозон ба хонаи хобаш рафт. Модар аз пасаш омад. Дар ру ба руяш дикак нишаст.

– Бубахш, чони ширин. Шухи кардам, ба худо, ки шухи… – гуфт модар ва гап дар дахонашу гиря дар гулуяш дармонд. – Охир чи шуд?… Бигу… дилам мекафад?!

Дилаш ба модараш сухт, рахмаш омад. Дигар хомуши маъни надошт. Ва у ба забон омад:

– Не, не , хич чи…

– Дуруг нагу.

Вале у бори аввал дуруг гуфт.

– Тренерамон касал, – гуфт у бо як азоб ва бо чунин овози гирифта, ки худаш хам овозашро базур шинохт.

– Ха-а, – охи сабук кашид модараш ва ба чашмонаш нигариста, тасаллояш дод: – Гам нахур, писарам. Хайр, хеч гап не. Тани гарм бе дард не, мегуянд. Дард мехмон меояду меравад.

– Рост? – худро хурсанд вонамуд карда, зураки табассум кард Комрон. – Сихат мешаванд?

– Ха, дарди бедармон нест, – хотирчамъ кард уро модараш ва худаш хам таскин ёфту аз пешонаи писараш бусида, пас гашта ба сари дарз нишаст.

Комрон тез пушаймон шуда, лаб газид, таассуф хурд. Руяш алав гирифт. Ба ман чи шуд? Чаро ин тур кардам? Чаро дуруг гуфтам? Ё росташро гуям буд? Не, не, модараш ин зарбаро намебардорад! Атсаи модар уро ба худ овард. Модараш дуругро бад мебинад. Дуруг бе фуруг аст, мегуяд. Боз як гапи дигар хам дорад. Ба ёд оварда натавонист. Назди модараш рафт.

– Оча?

– Лаббай.

– Як гап хаст-ку, шумо онро дуст медоред, тез-тез ба забон меоред… Хо дар… Ха, дуруги ким-чи, бех аз рости ким-чи…

– “Дуруги маслихатомез, бех аз рости фитнаангез”, – табассуми ширин кард модараш.

– Ха, ана хамин, – гуфт Комрон. – Хамин гап гапи кист?

– Ин маколи халки, чони ширин, – чавоб дод модараш.

Комрон боз савол дод:

– Халк хато намекунад-а?

– Не, чони ширин, – гуфт модараш. – Хато намекунад.

Вакти модар бенихоят танг буд. То соати чор бояд куртаро духта тайёр кунад. Мавзуна ба зодрузи дугонааш бояд бо куртаи нав мерафтааст. Маст набоши.

Комрон ба тиреза нигарист. Ва хамзамон дар чорчубаи тиреза хамон лахзаи “Чонакам!” – гуён, аз лабони зан бусаи давомдор ситондани падараш падид омад. Ботинаш ба тугён омад, безобита шуд. “Не, не, хеч гох!…” Мижа зад. Лавхаи тиреза гум шуд. Нигохашро аз тиреза канда, ноаён ба модараш чашм духт. Гесувонаш сип-сиёх, чашмонаш шахло, рухсорахояш гулгун. Лабонаш нафису ёкутранг. Муи катрониаш ба руи сафедаш бисёр мезебад. Вай бори аввал ба чехраи модараш дуру дароз чашм духт.

“Ох, ин кадар зебост модарам!”

Ин дам модараш нигохи уро хис карда, сар бардошту табассум намуд. Раддаи дандонхои садафвор сафеди бечирм ва зичаш ачаб зебо тофтанд. Ха, модараш зебост, яктост! Кору бор, рафтору гуфтораш хам зебост. Дузанда, пазанда… Вокеан хам Гавхар аст модараш. Пас чаро падараш ба у хиёнат мекунад? Чавоб намеёбад. Аз “чаро” халоси надошт. Ва боз хамон эхсоси гарон вучудашро пахш кард. Ва худ нафахмида монд, ки чи тавр баланд “Чаро?!” – гуфта монд.

– Чи чаро? – аз кори худ чашм наканда, пурсид модараш.

– А… ха… чаро овози мошинаатон ин кадар баланд? Аз шарак-шаракаш гуши одам кар мешавад.

– Тамоми аъзои бадани ин бечора кок шудаги, – хандид модараш. – Равган кардан лозим.

– Чаро намекунед? – беихтиёр пурсид Комрон.

– Отат доим “равган меорам” гуфта, ваъда медиханду аз ёдашон мебароранд, – гуфт модараш бо табассуми фарох.

Ин суханон чунон самимона садо доданд, ки вучуди Комронро газаб фаро гирифт. Аммо мухри хомуши бар лаб зада, аз кори модараш чашм намеканд.

Ногох модараш аз кор бозистоду суоломез ба Комрон дида духт. Ба у чи шуд? Ин хел одат надошт-ку? Бо у чак-чак мекард, уро механдонд. Вале холо мурги дилаш гуё мурда буд.

Дили Комрон ба изтироб омад.

Модар ба чашмони у дида духт. Нигохаш хам тамоман дигар? Чун нигохи дигар кудакон бегаму бепарво не. Дар чашмонаш як андухи ба кудак хос набудае вучуд дошт. Ачабо! Чашмони уро хеч гох чунин надида буд. Ё чашмони у хамеша хамин хел буду вай ахамият намедод? Ин холати фарзанд модарро чун насими сард дар бахор ба ташвиш андохт. Кучо шуд табассумхои ширинаш? Кучо шуд чашмхои баркпошаш? Ногох чун барк бетобии тренери писараш ба ёдаш зад.

– Э, хуши парешонам дар гур, – хандид модараш ва тамоман ба кори худ дода шуд. Писарашро фаромуш кард. Комрон фурсатро ганимат дониста, охиста-охиста ва бесадо аз наздаш дур шуд.

 

II

 

Офтоб гайб зад. Хона берангу танг гашт. Комрон худро чун паррандаи дар кафас эхсос намуд. Хаёлот уро домангир шуд. Гамаш якбора фузуд. Дару деворро гуё бо гаму андух андова кардаанд. Дам ба дам манзараи дидааш ба ёдаш меомаду дилаш такуру мешуд. “Наход, ки падараш… Не, бовар намекунам! – дар дил нидо мекард у. – Бовар намекунам!” Ва бештар пеши худ хайрон мемонд. Магар ин хамаро дар хоб дид?

– Не, буд, – баланд гуфт у худ ба худ. – Бо чашмам дидам, бо гушам шунидам.

Аз тиреза насимаке ба хона ворид шуда, пардаи харирро алвонч медод. Гуё вай хам бо забони худ такрор ба такрор “ха, буд, буд!” – гуён, садо медод.

Бале ин хама хоб не, хакикат буд, хакикати талх.

Вай шоду хушхол ба машк мерафт. Нохост чашмаш ба падараш афтид. Вай дар даст гулдастаи калони зебое дошт. Бетокатона ба чор су чашм медавонд. Касеро интизор буд. Баногох “Зебо!” – гуён, даст афшонд. Зане суи у шитофт. Комрон такки истод. Гуё мехкубаш карданд. Табассум аз лабонаш парид. Лахзае худро гум кард. Хайкал шуд… ба худ омад. Хомушу ночунбон, чорчашма ба онхо менигарист.

Зан беибо худро ба огуши падараш андохт. Падараш хам беибо занро сахт огуш кард. “Чонакам!” – гуён, аз лабонаш бусаи давомдор ситонид.

Комронро барк мезанад. Хайкал мешавад, хайкали сангин. Яке ба худ меояд. Аз нав чон мегирад. Бисёр мехост, ки “ота-а-ачон!” гуфта, фарёд занад. Вале, аз чи бошад, нафасаш дар гулу печид.

Падараш. Зани бегона. Бусу канор.

“Не, не! Боз не! Ин номумкин аст! Ин мард падари ман нест! Падари ман… падари ман…”

Сад афсус…

Вай мехохад чашмонашро пушад, то ин хамаро набинад. Вале чашмонаш пушида намешаванд ва мебинад, хамаашро мебинад.

Падараш бо зани ношинос гуё як чону як тан шуда, чун чуфти кабутар, парвозкунон назди мошин рафтанд. Падараш саросема дари мошинро кушод, даст пеши бар занро шинонд. Сипас худаш нишаст. Мошин гуё норозиёна гур-гур карду рохи шуд. Ва аз худ дуди сиёх боки монд. Он хам гоз-гоз зуд парешон гашт.

Вале Комрон чун саги сари рох сарду лолу хомуш меистод. Сару руяш гарки обу арак шуда, тамоми баданаш чун барги бед меларзид. Ба у чунин намуд, ки падарашро чодугаре бурд. Абадан бурд. Ва у падараи азизашро бебозгашт аз даст дод. Ва дар ин олами беканор у монду модари муштипараш. Дигар хеч кас! Лахзае хисси вахмангез вучудашро пахш кард. Руяш тафс мебаровард, дилаш сахт-сахт зада, нафасаш танги мекард.

– Чи шуд, ёри лозим?

Пурсиши марде уро ба худ овард.

– Не, рахмат, лозим не, – гуфт у ва беихтиёр кафо гашт. Ба рох рафтан мадор надошт. Сараш чарх зад. Чашмонашро пушида, лахзае истод. Худро ба даст гирифт. Сипас ба рох даромад. Пойхояш дир-дир меларзиданд, зонухояш худ ба худ кат шуда, пешпо мехурд. Ноилоч руи хараки канори рох нишаст. Чизе сари синаашро мефушурд. Дар синааш нахустин захм пайдо мешавад. Онро падараш боки гузошт.

Дар як нафас ба тамоми бадани у тафс давид. Вай ба деворхои хона чашм давонд. Гуё ки дар онхо чавоб навишта шуда бошад. Наход модари уро сар дода, ба он зан расад? Он гох модараш бешавхару у бепадар мемонад. Аз ин фикр Комрон ба дахшат афтод. Вучудашро ларза фаро гирифт.

Ачабо, чаро ин ходиса руй дод? Падараш чаро ба он зан дил дод? Модараш чи кор кард? Магар аз у кутахие сар зад? Хазору як савол дар сараш чарх мезад, аммо ба ба хеч кадоме посухе набуд.

Баъд вучудашро як эхсоси шармолуде фаро гирифт. Худашро сарзаниш кард. Вай чихо мегуяд? Чаро дар хакки падараш ин хел гумонхои бадро раво мебинад? Шояд вай зан хамкор, хамкурс ва ё хамсинфаш буд? Ё… хайр, ки медонад? Раваду… Не, у маъшукааш. Охир “чонакам” гуфт-ку, аз лабонаш бусид-ку?!

Хама чо сокиту хомуш. Гуё барои андешида, ба кароре омадан лахзаи дилхохе мухаё шуда буд. Чи бояд кард? Чаро чунин рузи талху ногувор насибаш гашт? Кошки ба лагер мерафт? Ин хамаро намедиду, намесухт. Не, нагз ки нарафт! Ё ба такдир тан дихад? Ба хамааш чашм пушад? Фаромуш кунад? Гуё хеч чиз набуд? Ё ба модараш гуяд? Вай андеша мекард, ки гуяд ё нагуяд? Гуяд чи мешаваду нагуяд чи мешавад? Ба ки гузашт кунад? Ба падар? Ба модар? О, ин чабр ба модар-ку?! Ботинаш ба тугён омад. Безобита гашт. Тарсу харос фарояш гирифт. Вучудашро ба ларза овард. Дилаш дог-дог сухт. Ашки сузон бари руяш шорид. Ва голиб омад эхсоси фарзанди. Дастболо шуд мехру бузургии модар.

Назди тиреза рафта, ба берун нигарист. Берун торик, чизе наметобад. Дар чорчубаи тиреза хамон лахзаи “Чонакам!” – гуён, аз лабони зан бусаи давомдор ситондани падараш падид омад. Боз ботинаш ба тугён омад, безобита шуд. “Не, не, хеч гох!…” Атсаи модар уро ба худ овард. Мижа зад.         Лавхаи тиреза гум шуд.

Агар ба касе бугзи дил кафонад, дарду аламаш сабук мешавад. Вале у ба ки дарду хасрат кунад? Ин сирро ба хеч кас гуфта намешавад.

У боз ба давру пеш чашм давонд. Аз чой бархост. “Ачиб, хозир отам чи кор карда истода бошад? – фикр кард у. – Эхтимол дар хонаи хамон зан бошад. Ха, холо уро огуш карда, бусида истодагист…”.

Иктидори тахайюли у аз ин беш кор накард. Хар кадар падарашро бо чи кор машгул буданашро тасаввур кардани шуд, натавонист.

Ха, чора дидан лозим. Лекин чи чора?

– Эх, агар суратгирак медоштам, сурати онхоро мегирифтам. Он гох?!. Ха, суратгирак ёфтан лозим.

Ва хамин вакт зодрузаш ба ёдаш расиду як андоза хушхол гашт.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …