Главная / Гуногун / ТИФЛИ ЗИРАК 

ТИФЛИ ЗИРАК 

Накл мекунанд, ки ин вокеа дар айёми туфулияти Абуали ибни Сино руй дода будааст. Як руз, вакте ки Абуали ибни Сино дар гахвора бо руи кушода мехобидааст, модараш ангуштарини тиллоиашро гум кардааст. Вай аз канизаки хонаи худ бадгумон шуда, уро ба дошному маломат зери зарби калтак гирифтааст. Хар дафъа, ки модар канизакро мезадааст, тифл бекарор мешудааст ва бо овози баланд гирья  мекардааст.

Забони точикиАз байн якчанд вакт гузаштааст. Дар ин муддат Абуали ибни Сино рохравак шуда, забон баровардааст. Як бегох вай ба модараш, ки дар хона хамрохаш ру ба ру нишаста будааст, гуфтааст:

– Очачон, дар вакти гахвораги будани ман шумо ангуштаринатонро гум карда будед ва гумон доштед, ки ин кори канизак аст. Бо ин гумони бад хар гох, ки шумо канизаки бечораро азоб медодед, ман ноором мешудам ва дод зада гриья мекардам. Забон надоштам, ки аёнро ба шумо баён кунам. Канизак бегунох аст ва ангуштарини шуморо у нагирифтааст. Хакикати хол ин тавр мебошад: рузе ман дар гахвора бо руи кушода мехобидам, ки шумо дар назди обрез даст мешустед. Худи хамон вакт ангуштарин аз дастатон баромада ба обрез афтода буд. Аммо шумо аз вокеа хабар надоштед ва баъд аз он, ки бохабар шудед, ба канизак дарафтодед ва уро нохак гунахкор  кардед.

Модар аз суханони кудакаш хайрон мондааст ва ба хизматгор фармудааст, ки у лои обрезро берун кунад.

Хизматгор ин амрро  фавран ба чо овардааст. Баъд модар лойро аз гирбол гузаронидааст ва ангуштаринашро дарьёфт кардааст.

Аз хамон руз эътиборан падару модар ба фарзандашон таваччухи махсус зохир мекардаги ба таълиму тарбияи у озим гаштаанд.

 

 

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …