Главная / Гуногун / ТИЧОРАТИ МИЁНРАВИ ВА БАРК

ТИЧОРАТИ МИЁНРАВИ ВА БАРК

Иктисоди шурави дар умум ва саноат хамчун як чузъи он ба таври хос амал мекард. Корхонаву муассисахои истехсоли мувофики фармоиш махсулот тавлид мекарданд ва ба кимати арзиши асли онро ба давлат месупурданд. Дар иваз давлат маоши кормандон ва хазинахои истехсолотро мепардохт ва махсулотро аз тарики сохаи савдо ба фуруш мебаровард. Давлат аз фуруш молиёт мегирифт ва сохахои ичтимои, аз кабили маориф, тандурусти, фарханг ва гайраро маблаггузори мекард, ки барои шахрвандон бепул буд.

Одамон ба маоши гирифтаашон чизхои мавриди ниёзашонро, ки факат дар хамин низом тавлид шудааст, мехариданд, ки дар асл як низоми табдили мол буд. Яъне тавлидкунанда моли худро намефурухт, фоида ба даст намеовард, дар бозор умуман иштирок намекард, балки мувофики накшаи фармоиш мол истехсол мекард.

Колхоз махсулоти кишоварзи тавлид карда, ба давлат месупурд, корхонахои саноати молхои саноатии мавриди ниёзро истехсол карда, низ ба давлат месупурданд ва дар ивазаш ба колои истехсолкардаи хамдигар дастраси пайдо мекарданд. Онхо бо хам мустаким робита надоштанд. Хар кадом дар дохили низоми худ, ки аз Маскав то минтакахо силсилаи амуди дошт, амал мекарданд. Низоми савдои давлати хамчун робита дар байни онхо буд. Бо пошхурии Шурави хусусияти миёнравии давлат дар байни ин вохидхо аз байн рафта бошад хам, як муддат корхонахо бо инерсияи пешина аз хисоби захирахои худ махсулот тавлид мекарданд, вале аз сабаби он, ки робитахо бо кабулкунандахо гусаста буд, махсулот дар анборашон монда буд ва шадидан ба миёнрав ниёз доштанд.

Як вакт ба муассисаи «Барки Точик» масолехи сохтмони фурухтем. Онхо дар пардохт мушкил мекашиданд ва гуфтанд, ки дар руёндани карзхояшон аз корхонахо мушкил доранд. Зеро он вактхо анбори корхонахо пур аз махсулот бошад хам, онхо наметавонистанд онро мисли кабл ба Русияву Украина ва чумхурихои дигар, ки ин махсулот барои онхо тавлид мешуд, бифиристанд, робитахои иктисоди гусаста буду бисёре аз он корхонахо хам аз кор монда буданд. Давлат хам дигар хазинахои истехсоли, аз чумла пули баркро пардохт намекард ва корхонахо дар назди «Барки Точик» карздор шуда монда буданд. «Барки Точик» барои пардохти карзаш ба мо нома дод ва мо ба ивази карзи дар пеши мо доштааш, аз яке аз корхонахо махсулоти тайёрро гирифта, фурухтем ва гайриинтизор фоидаи бештар хам ба даст овардем. Хамин тавр, ман ором-ором вориди ин навъи тичорат, яъне миёнрави барои пардохти карзи барки корхонахо ба ширкати «Барки Точик» шудам. Яъне, бар асоси дархости «Барки точик», мо молхои мавриди ниёзи онро таъмин мекардем, ин муассиса пеши мо карздор мешуд ва ба мо фехристи корхонахои карздорашро медод. Мо аз корхонахо руйхати молхои мавчудашонро мегирифтем ва пас аз омухтани талаботи бозор ба он молхо, аз «Барки Точик» дархости нома барои хисоббаробаркунии сетарафа мекардем ва бар асоси ин нома махсулоти ин корхонахоро гирифта, ба фуруш ва содироти он мепардохтем. Ин хамкори миёни мо ва ин корхонахо, ки голибан корхонахои шахри Душанбе ва баъзе корхонахои Хучанд буданд, хеле дуру дароз ва пурмахсул идома кард.

Махсулоти ин корхонахо гуногун буданд ва хачми кор хеле боло буд. Аз ин сабаб, баъзан аз шиносхо даъват мекардем, то дар фуруши ин коло хамкори кунанд ва барои худашон хам фоида ба даст оранд. Масалан, боре як корхона, ки тавлиди дучархаро ба рох монда буд, ба мо ба ивази карзи баркаш ду вагон дучарха дод, ки тамоми донишчуёни шинос дар вактхои холияшон тули чанд мох дар бозорхо дучарха мефурухтанд. Бо ин рох хам кори мо мечархид, хам онхо пули хубе ба даст мео- варданд. Бори дигар як анбор тухми мургро ба хамин минвол гирифта, фурухтем. Дар хамин асно Абдулхаким Донишгохи пизишкиро тамом карда бошад хам, ба касби пизишки машгул нашуд. Он замон пизишкон музди кории ночизе дарёфт ме- карданд ва гайр аз ин, у вазифаи худаш медонист, ки ба ман ёри кунад. У хохиши маро, ки мехостам ба пизишки машгул шавад, рад карда, бо исрор дар ширкат ба кор огоз кард ва ба зуди барои ман такягох ва шарики хубе шуд.

Гардишхои калон ба вучуд омада бошад хам, пули ба даст овардаамон зуд курбашро гум мекард. Нарх дар бозор ба таври рузафзун боло мерафт, таваррум дар мох метавонист сад дар сад боло равад. Масалан, агар имруз як дона нон 10 сум истад, баъд аз як мох нархи он 20 сум ва хатто бештар хам мешуд. Тамоми кушиши маро ин таваррум ночиз мекард, пули кор- кардаам баъд аз муддате ба хоки сиёх баробар мешуд.

Ин чо бояд як масъалаи мухимро барраси кунам, ки ба ояндаи кишвар таъсири амик гузошт. Дар натичаи таваррум ва ислохоти моли маоши кормандон ба мизони хандаовар паст шуд. Нафароне буданд, ки хатто маошашон ба чор сомони дар мох расида буд. Маоши кормандони сохахои ичтимои, омузгорон ва пизишкон хатто ба хурду хурокашон кифоят на- мекард. Одамон аз хисси миннатдори барои хизматашон ба онхо ёри мекарданд. Охиста-охиста ин ёрдамхо хусусияти хамешаги ва муназзам гирифта, ришваро дар ин сохахо бунёди кард.

Маоши кормандони макомоти кудрати низ аз маоши кор- мандони ичтимои бештар набуд. Онхо кудрати дар дасташон бударо хамчун абзор истифода карда, аз мардум ришва ё пора меситонданд. Чун кормандони сохахои ичтимои ва макомоти кудрати аксари дастандаркоронро ташкил мекарданд, падидаи фасод дар чомеа роич гашт, як чизи маъмули шуд ва имрузхо ришва надодан гайриоди менамояд. Ин чо хонандаи борикбин хатман ба ёди матлаби роич шудани харомхури дар чомеа меафтад. Бале, барои фасод дар афкори чомеа бистари муносиб густурда шуда буд. Мутаассифона, ин падидаи барои кишвар хатарнок ниходина шуда, доге дар пешонии кишвар ва монеаи бузурге дар рохи рушди он шудааст.

Дар робита бо фасодзадагии ин сохахо тазоди ачибе чой афтодааст. Маоши кормандони онхо холо хам хеле боло нест. Вале ба ин нигох накарда, барои дохил шудан ба риштахои ин сохахо дар донишгоххо ракобат сахт аст. Донишчуён медонанд, ки баъд аз хатми донишгох маоши расмияшон ба рузгузарони кифоят намекунад ва аз кабл ба умеди ришваву пораанд. Яъне ин падидаи нангин чузъи афкори умуми шуда, дигар касе на аз додан ва на аз гирифтани пора шарм намекунад.

Дар ин муддат давлат се маротиба ислохоти пули гузаронд. Бори аввал аз пули шурави ба рубли руси, бори дувум аз рубли руси ба рубли точики ва дар нихоят аз рубли точики ба сомони гузаштем. Хар як аз ин ислохот ба кори мо зарба мезад. Ди- гар ба махзи ба даст омадани пул, онро ба арзи хоричи, хона, мошин ва гайра табдил медодам, вале хамон хам на хамеша муяссар мешуд. Доим сари он меандешидам, ки чи гуна гар- дишро бо арз ба рох монам, то ки аз ин таваррум халос шавам.

Як руз хамкурсам Комронро вохурдам ва чун гуфт, ки дар ширкати пахтафурушии он замон маъруфи «Зафаробод» кор мекунад, ман зуд ба у пешниходи хамкори додам.

Мо бо Комрон дар факултаи шаркшиносии донишгох, у дар шуъбаи забони араби, ман – урду баробар хондаем. Вале баъди ба Хинд рафтани ман, Комрон як сол пеш аз ман Донишгохро хатм карда буд ва мо такрибан ду-се сол хамдигарро надида будем. Комрон, фарзанди устоди фарзона Сорбон, фарди хеле орому ботамкин ва кобили эътимод аст. Дар тули ин солхои душвор хамеша яке аз такягоххои ман будааст ва умедворам, ки ман хам барояш чунин сифатро адо карда бошам.

Анбори яке аз корхонахои бузурги шахри Душанбе аз кисм- хои зарурии корхонахои пахтатозакуни пур буд, вале чун фар- моишгари каблияш дигар маблаггузори намекард, ин махсулот руи дасташ монда буд. Ана хамин кисмхои эхтиётиро ман ба Комрон пешниход кардам, зеро раиси ин корхона аз мо хоста буд, ки махсулоташро бигирем ва карзашро пеши ширкати «Барки Точик» соф кунем.

Вакте ман ба Комрон дар бораи миёнравиям байни «Барки Точик» ва корхонахо накл кардам, Комрон аз ман хост, то карзи колхозеро хам, ки бо онхо кор мекард, дар назди «Барки точик» пардохт бикунем. Ин кор барои мо аслан мушкил набуд. У дар хусуси карзи он колхоз нома овард, мо хам ба «Барки Точик» нома навиштем, то карзи он хочагиро аз хисоби мо кам кунанд. Ба хамин сурат, карзи ин колхоз дар назди «Барки Точик» сифр шуд ва хочаги аз мо карздор шуд.

Рузе Комрон боз хамрохи раиси хамон колхоз ба наздам омада гуфт, ки вакти кишту кор асту маблаггузори аз суи шир- каташон дер мешавад ва хеле хохиш кард, то барои колхоз маводи сухт бидихем. Дасти мо боз буд ва ба микдори хостааш маводи сухт хам барояш додем. Хамин тавр, карзи колхоз дар назди мо бештар шуд. Раиси колхоз ваъда медод, ки карзи моро пардохт мекунад, вале чун пул надошт, наметавонист ин корро анчом бидихад. У як микдор пахта дошт ва ба умеди фурухтани он буд, то ин ки карзхои моро бидихад. Чун ба фуруши он муваффак нашуд, рузе ба мо пешниход кард, ки дар ивази карзаш он пахтаро бигирем. Ман, ки аслан бо пахта сарукор надоштам, гуфтам, ки ман пахта нафурухтаам ва хеч тачрибаву иртибототе хам дар ин замина надорам ва бехтар аст худаш пахтаашро бифурушаду пули моро бидихад.

Дар хамин асно, рузе ману Комрон ба Хучанд барои бас- тани карордоди он кисмхои эхтиёти парвоз доштем ва дар ин парвоз ду мехмони хоричи хам буданд, ки мехмони раиси ширкати «Зафаробод» будаанд ва у моро дар фурудгох бо онхо шинос карда буд. Яке аз онхо Ричард Лорин ва дигари Чон Стед ном дошт. Ричард раиси шуъбаи свиссии ширкати амрикоии «Данавант» ва Чон корманди аршади он ва масъули равобит бо Осиёи Миёна будааст.

Ман, ки забони инглисиро балад будам, бо ин мехмонон сухбат кардам ва зимни сухбат фахмидам, ки онхо барои хари- дани пахта омадаанд ва тичораташон пахта аст. Ман ба онхо хикоят кардам, ки як колхоз ба мо дар ивази карзе, ки дорад, пахта пешниход мекунад, вале мо тачрибаи фуруши пахтаро надорем. Онхо бо исрор хохиш карданд, ки он пахтаро бигираму ба онхо бифурушам. Карзи колхоз, ки руёнданаш мушкил шуда буд, ман ин фурсатро мусоид ёфтам, зеро хисобам бо он колхоз баробар мешуд. Мо ба тавофук расидем ва онхо аз Тошканд барои барраси ва намунагири коршинос фиристоданд. Тарзи кори пахтафуруши чунин аст, ки кабл аз хамлу накли он, бояд намунабардори ва шиносои шавад. Мо он пахтаро фурухтем ва хисобамонро бо колхоз баробар кардем. Ин вохури ва ингли- сидонии ман сабаб шуд, ки ором-ором мо кадами аввалро дар мухимтарин бахши иктисоди кишвар – тичорати пахта гузорем.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …