Главная / Чамъият / ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНИ

ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНИ 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1996, № 24, мод. 408; соли 1998., № 10. мод.76; соли 1999,  № 6, мод. 166; соли 2000, № 11, мод. 521; соли 2001, № 7 , мод. 481; соли 2004, № 2, мод. 39; соли 2006, №4, мод. 197, КЧТ аз 22.07.2013с. №1014)

Конуни мазкур фаъолияти ташкилотхои телевизион ва радиошунавониро дар худуди Чумхурии Точикистон танзим намуда, шароити амали хукуки, иктисоди, ичтимои ва ташкилии онхоро, ки ба истифода аз озодии сухан, хукуки шахрвандон барои дарёфти ахбори комилу очил ва хаккони, ба мухокимаи озоду ошкори хаводиси чамъияти равона шудааст, муайян менамояд.

smotret-tajikistan

БОБИ 1. КОИДАХОИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхуми асоси

Дар Конуни мазкур мафхуми асоси зерин истифода мешаванд:

– абонент – шахси хукуки ё вокеи, ки барномахои телевизион ва радиоро кабул мекунад;

– нашр (нашри намоиши телевизион ва гуфтори радио) – ба ма­софаи муайян пахн намудани ахбори овози ва (ё) тасвири тавассути шабакахои алока, ки теъдоди номахдуди воситахои телевизиону радио кабул мекунанд;

– шабакаи нашри барнома – мачмуи воситахои техникие, ки барои пахн намудани барномахои телевизион ва радио пешбини шудаанд;

– пахш – ба масофаи муайян интикол додани барномахои теле­визион ё радио тавассути воситахои техникии алока;

– пахши мустакимпахш намудани барномахои телевизион ва радио бе сабти пешакии онхо;

– интиколи пахш – тавассути воситахои иловагии телевизиону ра­дио пахш кардани барномахо ба максади зиёд намудани масофаи кабули онхо;

– ташкилоти телевизион ва радиошунавони  – шахсияти хукукест, ки барои истехсол ва (ё) пахши барномахои телевизиону радио ва асархои аудиовизуали ичозатнома дорад;

– воситахои пахшкунии телевизион ва радио – пахш ва кабули хар навъ аломати сигналхои тасвири ва сабти тавассути воситахои электромагнитии алокаи кайхони, нокили, оптики, радиои;

– воситахои техникии пахши барномахо – мачмуи тачхизоти радиоэлектрони ва техникие, ки тавассути онхо барномахо ба истифодабарандагон расонида мешаванд;

– махсулоти аудиовизуали асархои аз силсилахо кадрхои ба хам алокаманде иборат буда (видиотасвирхои овоздор ё беовоз), ки барои дидану шунидан бо ёрии воситахои мувофики техники тахия гардидаанд (аудивидеофилмхо, кинофилмхо, намоишномахо, реклама, барномахои консерти ва гайра).

 

Моддаи 2. Доираи амали конуни мазкур

Конуни мазкур ба хамаи намудхои ташкилотхои телевизион ва радиошунавони, сарфи назар аз шакли ташкилию хукукиашон, ба истиснои телевизион ва радиошунавонии махсуси махдуд (истехсоли, технологи, таълими ва маъмури), дустдорони алокаи радиои, радиоспорт ё дигар намудхои алока, ки дар асоси даъвати фарди ё барои пахни ахбори махсус сурат мегиранд ва барои истифодаи умуми равона нашудаанд ва барои кирои (про­кати) гайримавчии маводи видео ва аудио дар муассисоти мухталиф хос нестанд татбик мешавад.

Конуни мазкур нисбат ба пахш ва истехсолкунандагони асари аудиовизуали, ки дар Чумхурии Точикистон таъсис шудаанд, аммо барои берун аз худуди он таъсисёфтагон танхо дар кисмати ба пахши иттилооти онхо дар  Чумхурии Точикистон дахлдошта татбик мегардад.

Мукаррароти Конуни мазкур барои эфири телевизион ва радиошунавони ба пурраги хангоми ба амал баровардани телевизион ва радиошунавони бо истифода аз шабакахои кабели, нокили, спутники, бисёрканалаи раками, компютери, аз чумла шабакаи байналмилали (интернет) ва дигар шабакахо татбик мегардад, агар дар конун тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.

 

Моддаи 3. Принсипхои фаъолияти ташкилотхои телевизион ва радиошунавони

Принсипхои фаъолияти ташкилотхои телевизион ва радиошунавони дар Чумхурии  Точикистон инхоанд:

– вокеънигори;

– хакикатнигори;

– хукуки шахрвандон барои кабули ахбор;

– озодона иброз намудани фикру акида;

– эхтироми меъёрхои умумибашарии ахлок;

катъиян риоя намудани одоби касби.

 

Моддаи 4. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи телевизион ва радиошунавони
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи телевизион ва радиошунавони ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.( КЧТ аз 22.07.2014с. №1014)

 

Моддаи 5. Ваколатхои давлат дар сохаи телевизион ва радиошунавони

Давлат сиёсати сохаи телевизион ва радиошунавони ва асосхои конунгузории ичрои онро муайян намуда, фаъолияти вазоратхо, идорахо, дигар макомоти хокимияти ичроияро дар ин соха хамоханг месозад, барои таъмини моддиву техникии ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавони маблаг чудо мекунад, хифзи ичтимои ва хукукии кормандони ин сохаро таъмин менамояд, ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистонро ичро карда, иштироки онро дар созмонхои байналмилали ташкил менамояд, хамкорихои байналмилалиро дар сохаи телеви­зион ва радиошунавони амали мегардонад.

 

Моддаи 51. Танзими давлати ва назорат дар сохаи телевизион ва радиошунавони

Танзими давлати ва назорат дар сохаи телевизион ва радиошунавони аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон ба воситаи Кумитаи  телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон амали мегардад.

Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар доираи салохияти худ вазифахои зеринро анчом медихад:

– тахия ва таъмини амали намудани сиёсати давлати дар сохаи  телевизион ва радиошунавони;

–  назорат чихати ичрои талаботи Конуни мазкур аз чониби ташкилоти  телевизион ва радиошунавони;

–  назорат аз болои барномахо ва ахбори телевизиону радио, ки аз эфир пахш мешаванд ва аз болои сифати техникии пахш;

–  вазифахои дигари бо конун пешбинишуда.

Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистонро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

 

Моддаи 6. Манъи дахолат ба фаъолияти эчодии ташкилотхои те­левизион ва радиошунавони

Дахолати макомоти давлати, макомоти ичроияи  махаллии хокимияти давлати, шахсони мансабдори онхо, хизбхои сиёси, созмонхои чамъияти ва шахсони вокеи ба фаъолияти эчодии ташкилотхои телевизион ва радиошунавони, хамчунин сензура давлати ва таъкиб барои танкид манъ аст.

Макомоти махаллии хокимияти давлати хукуки тагйир додан ва дигар намудани   сохтори  ташкилотхои давлатии  телевизион ва радиошунавониро надоранд.

 

Моддаи 7. Мачмуи ташкилотхои телевизион ва радиошунавони

Мачмуи ташкилотхои телевизион ва радиошунавонии Чумхурии Точикистонро ташкилотхои телевизион ва радиошунавонии давлати ва гайридавлати ташкил медиханд.

 

Моддаи 8. Ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавони

Мачмуи ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавони дар Чумхурии Точикистон аз телевизион ва радиошунавонии чумхурияви, телевизион ва радиошунавонии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва радиошунавонии нокилии дигар шахру нохияхои чумхури иборатанд, ки аз хисоби бучет маблаггузори мешаванд.

Ба ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавони хукуки бартари доштан дар истифодаи шабакахои давлатии телевизион ва радиошунавони дода мешавад.

 

Моддаи 9. Вазифахои асосии ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавони

Вазифахои асосии ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавони инхоянд:

– сари вакт огох намудани шунавандагони радио ва тамошобинони телевизион аз хаводиси чамъиятию сиёси ва дигар вокеоти Чумхурии Точикистон ва хоричи он, пахн намудани ахбори расми, санадхои макомоти хокимияти конунгузор, ичроия ва хокимияти суди, ки ба таблиги расми хукук доранд;

– тахия ва пахш кардани барномахои иктисоди, публисисти, фархангию маърифати, таълими, шавкангез, варзиши;

– инъикоси рамзи давлатии Чумхурии Точикистон;

– мусоидат ба тахкими робитахои байналмилалии Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 10. Ташкилотхои гайридавлатии телевизион ва радиошунавони

Ташкилотхои гайридавлатии телевизион ва радиошунавони ташкилотхое мебошанд, ки мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон сабти ном гардида, дар асоси ичозатномаи (литсензияи) бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон додашуда аз хисоби худмаблаггузори фаъолият менамоянд.

 

БОБИ 2.  ТАРТИБИ ТАЪСИС, ИЧОЗАТНОМАДИХИ ВА КАТ КАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТХОИ  ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНИ

 

Моддаи 11. Таъсисдихи ва бакайдгирии давлатии ташкилотхои телевизион ва радиошунавони

Ташкилотхои телевизион ва радиошунавони мувофики тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон барои шахси хукуки муайян  намудааст, таъсис меёбанд.

Бакайдгирии давлатии ташкилотхои телевизион ва радиошунавони, кайди бахисобгирии намояндаги ва филиалхои онхо мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бакайдгирии давлатии шахси хукуки» амали карда мешавад.

 

Моддаи 12. Ичзозатномадихии  фаъолияти  сохаи телевизи­ону  радио

Ичозатномадихи ба ташкилот барои фаъолият дар сохаи телевизиону радио мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад.

 

Моддаи 13. Катъ намудани фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавони

Фаъолияти ташкилоти телевизион ва радиошунавони бо карори муассисон (шарикмуассисон) ё суд катъ мегардад ва дар ин бора ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон хабар дода мешавад.

 

БОБИ 3. ТАШКИЛ ВА НАВЪХОИ ПАХШИ  ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

 

Моддаи 14. Огози нашри барномахо

Ташкилоти телевизион ва радиошунавони хак дорад, ки нашри барномахоро аз вакти гирифтани ичозатнома (литсензия) огоз намояд.

Сохиби воситахои техникии пахш ё ташкилоти истифодабарандаи онхо хак надорад ин воситахоро ба ихтиёри ташкилотхои телевизион ва радиошунавоние вогузорад, ки онхо ичозатнома (литсензия) надоранд.

Сохиби ичозатнома (литсензия) хак надорад шабакаи пахши барномаро ба шахсони дигар ичора дихад, хамчунин барномахоро берун аз худуди дар ичозатнома (литсензия) зикршуда пахн намояд.

Ташкилотхои телевизион ва радиошунавони пахши барномахоро тавассути воситахои техники худи ё ичорагирифта амали мегардонад.

 

Моддаи 15. Нишонахои нашр

Ташкилоти телевизион ва радиошунавони вазифадор аст, ки хар руз номвадигар  маълумотхои рамзии худ (сароханг, нишона)-ро эълон намояд.

 

Моддаи 16. Хукук ва тартиби истифодаи шабакахои нашр

Тартиби истифодаи шабакахои нашри барномахои телевизион ва радиошунавониро Кумитаи телевизион ва радиои  назди Хукумати Чумхурии Точикистон  дар мувофика бо  Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон муайян месозад.

Ташкилотхои телевизион ва радиошунавони баъди гирифтани ичзозатнома (литсензия) хукук доранд, ки аз мавчхои барои пахши барномахо муайян гардида истифода намоянд, хамчунин воситахои техникии пахши барномахоро тибки карордод бо сохибонашон молики, ихтиёрдори ва ис­тифода кунанд.

 

Моддаи 17. Намоиши телевизиони ва радиошунавони тавассути спутник

Намоиши телевизиони ва радиошунавони тавассути спутник дар Чумхурии Точикистон бо максадхои зерин истифода мешавад:

– дар худуди Чумхурии Точикистон ё минтакахои алохидаи он пахн кардани барномахои ташкилотхои телевизион ва радиошунавонии бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд гирифташуда;

– табодули барномахо байни ташкилотхои телевизион ва радиошунавонии Чумхурии Точикистон бо мамолики дигар.

Тартиби пахши барномахоро тавассути спутник Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон  дар мувофика бо  Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 18. Нашри барномахо тавассути кабел (сим)

Шабакаи нашри барномахо тавассути кабел (сим) бо ичозати макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати  ташкил мешавад. Тарти­би истифодаи ин шабакахоро Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар мувофика бо Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон .

Ташкилоте, ки сохиби шабакаи бисёрбарномави аст, вазифадор мебошад, ки ба абонентхои худ барномахои телевизион ва радиошунавонии давлатиро бирасонад.

 

Моддаи 19. Забони барномахои телевизион ва радио

Ташкилотхои телевизион ва радио барномахоро ба забони давлати, инчунин ба забонхои дигар пахш мекунанд.

 

Моддаи 20. Хукук ба дарёфти маълумот

Ташкилотхои телевизион ва радиошунавони, кормандони онхо барои пешбурди фаъолияти хеш тибки мукаррароти конунгузории мавчудаи Чумхурии Точикистон хукук доранд, ки аз макомоти давлати, иттиходияхои шахрвандон, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо маълумоти заруриро гиранд. Шахсони мансабдор, ки ба ташкилоти телевизион ва радиошунавони маълумот медиханд, барои хаккони будани он чавобгаранд.

Бахсхо ба сабаби риоя карда нашудани талаботи ин модда аз чониби суд барраси мегардад.

 

Моддаи 21. Нашри иттилооти расми ва дигар хабархои хатми

Ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавони вазифадоранд, ки изхороти расмии Президенти Чумхурии Точикистон, Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Хукумати Чумхурии Точикистон ва Суди Конститутсионии Чумхурии Точикистонро дар тамоми худуди мамлакат мунташир намоянд.

Ташкилотхои телевизион ва радиошунавони, новобаста аз шакли моликияташон, хукук надоранд, ки аз интишори хабархо рочеъ ба холатхои фавкулодда даст кашанд. Хукуки истифодаи телевизион ва радиошунавони ба ин максад дар дасти макомот ва шахсони мансабдоре мебошад, ки салохияти халли масъалахоро дар шароити холатхои фав­кулодда доранд.

 

Моддаи 22. Истифодаи телевизион ва радиошунавони дар давраи маъракахои интихоботи

Тартиби истифодаи телевизион ва радиошунавониро дар давраи маъракахои интихоботи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси тибки конунгузории мавчудаи Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 23. Додани вакт дар барнома барои суханрони ва изхороти расми

Пахши барнома аз чаласахои якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, чаласахои Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз чониби ташкилотхои телевизион ва радиошунавонии давлати дар асоси хачми умумии барномахо ва маблаггузории умуми сурат мегирад.

Пахши барнома аз ичлосияи Мачлисхои вилояти ва дигар мачлисхои махалли аз чониби ташкилотхои телевизион ва радиошунавонии давлати дар асоси шартномаи байни сатххои муайяни мачлис ва ташкилоти телевизион ва радиошунавони сурат мегирад.

Ташкилотхои телевизион ва радиошунавонии давлати бо талаби Президенти Чумхурии Точикистон, Раиси Мачлиси милли ва Раиси Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Сарвазири Чумхурии Точикистон ва Раиси Суди Конститутсионии Чумхурии Точикистон, барои изхороти расми оид ба масоили мухими хаёти давлат вакт чудо мекунанд.

 

Моддаи 24. Истифодаи  реклама дар ташкилотхои телевизион ва радиошунавони

.Истифодаи  реклама дар ташкилотхои телевизион ва радиошунавони  мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи реклама» амали карда мешавад.

 

Моддаи 25. Кароргоххои мухбирон

Ташкилотхои телевизион ва радиошунавони хак доранд тибки мукаррарот дар худуди Чумхурии Точикистон ва хоричи он кароргоххои мухбирон таъсис диханд, ки ин кароргоххо вохидхои сохтории (филиали) ташкилоти телевизион ва радиошунавони буда, манфиатхои онро пуштибони мекунанд.

 

Моддаи 26. Намояндаги

Ташкилотхои телевизион ва радиошунавони хак доранд, ки дар назди макомоти давлати ва иттиходияхои шахрвандон хайатхои эчоди ва кормандони алохидаро намоянда таъин намоянд. Тартиби намоянда таъин кардани хайатхои эчоди ва кормандони алохидаи ташкилотхои телевизион ва радиошунавониро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

 

Моддаи 27. Нигахдории барномахои  телевизион ва радио

Ташкилотхои телевизион ва радиошунавони ухдадоранд, ки сабти аудио ва видеои барномахоро баъд аз интишорашон то як мох махфуз доранд ва онхоро ба кайд гирифта, дар он мавзуъ мазмуни мухтасар, рузи интишор, вакти огозу анчоми он, ному насаби муаллифон, мухаррири барномаи телевизион ва радиоро зикр намоянд.

Тартиб, мухлат ва шартхои муддати зиёд нигох доштани барномахои телевизион ва радиоро, ки кадру кимати бадеи, таърихи, фарханги ва кадру киммати дигар доранд, Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

БОБИ 5. ХУКУК ВА ВАЗИФАХОИ ТАШКИЛОТХОИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИОШУНАВОНИ ВА

КОРМАНДОНИ ОНХО

 

Моддаи 28. Хукуки ташкилотхои телевизион ва радиошунавони

Ташкилотхои телевизион ва радиошунавони метавонанд барномахои телевизиону радио истехсол намоянд ё аз барномахою махсулоти аудиовизуалии дигар ташкилотхое, ки ичозатнома (литсензия) доранд, истифода баранд.

Ташкилотхои телевизион ва радиошунавони барои эчоди барномахо (филмхо) хукуки муаллифи доранд, хамчунин ба онхо тибки карордодхои ба имзорасида хукуки муаллифи дода мешавад.

Ташкилоти телевизион ва радиошунавони хак дорад, ки ба дигар ташкилотхо, шахсони хукуки ва вокеии Чумхурии Точикистон ва хоричи он инхоро ичозат дихад:

– пахши мустакими (интиколи пахш) барномахои (филмхои) худ, тасвиру овоз ё фурухтани сабтхои барномахо (филмхо), ки моли он аст, хамчунин сабти асархои мусики ва адаби-драмави, ки онхоро ташкилоти телевизион ва радио дар студия ё муассисахои театри сабт намудааст.

Бе розигии ташкилоти телевизион ва радиошунавони барномахои (филмхои) вай дар холатхои зерин истифода мешаванд:

– барои истифодаи порчахои мухтасар—на зиёдтар аз 5 дакика аз хар барнома (филм);

– ба максадхои тарбияви дар муассисахои таълими.

Ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавони муносибатхои худро бо дигар корхона, муассиса, ташкилот  дар асоси шартнома ба рох мемонанд.

Ташкилоти телевизион ва радиошунавони хак надорад:

– маълумоти дорои сири давлати ё асрори дигари конуннан махфуз, ахбору маводе, ки  зуран сарнагун сохтан ё тагйир додани сохтори конститутсиони, ташкили гуруххои мусаллах даъват мекунад, шаъну шарафи давлат, Президент ва шахрвандонро  паст мезанад, чанг зулму зуровари, терроризм ва экстремизро дар хама гуна зухуроташон, хусумати нажодию милли, махалгарои, бартарият ва оштинопазирии дини ё мазхаби, фахшу фучурро таблиг мекунад, ахлоки чомеаро мекохонад, ба содир намудани дигар кирдори чинояти мусоидат мекунад, пахш намояд; 

– махсулоти телевизион ва радио ва видеоро бе ичозати сохибонашон нусхабардори кунад, намоиш дихад ва фурушад.

Дар сурати бе ичозат истифода гардидани махсулоти худ ташкило­ти телевизион ва радиошунавони хак дорад товони зарареро, ки дар натичаи поймол шудани хукукаш дидааст, талаб намояд.

 

Моддаи 29. Ухдадории ташкилоти телевизион ва радиошунавони

Ташкилоти телевизион ва радиошунавони ухдадор аст:

– ахбори хаккониро пахн намояд;

– ба пахш ва кабули барномахои ташкилотхои телевизион ва радиошунавонии дигар мамониат накунад;

– талаботи маъёрхои давлатии технология ва хусусиятхои техникии телевизион ва радиошунавониро риоя намояд;

– абонентхоро пешаки аз тагйири барномахои телевизион ва радио, хамчунин оид ба шароити интишори онхо вокиф намояд.

 

Моддаи 30. Хукук ва ухдадорихои кормандони ташкилотхои теле­визион ва радиошунавони

Хукук ва ухдадорихои кормандони ташкилотхои телевизион ва радиошунавониро низомномаю оинномахои ин ташкилотхо муайян мекунанд.

 

Моддаи 31. Хифзи ичтимоии кормандони ташкилотхои давлатии телевизион  ва радиошунавони

Кормандони ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавонии Чумхурии Точикистон  хангоми ичрои вазифаи хидматии худ аз чониби давлат химоя карда мешаванд.

Дар сурати хангоми ичрои вазифаи хидмати халок гаштани корман­дони ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавонии Чумхурии Точикистон  ба оилахояшон ва ё меросхуронашон кумакпулии яквакта дар хачми дах маоши солонаи шахси халокшуда аз руи вазифаи охирини хидматиаш дода мешавад. Ба меросхурон ба андозаи маоши миёнаи курбоншудагон нафакаи гум кардани саробон  таъин мегардад.

Дар сурати хангоми ичрои вазифаи хидмати мачрух шудани корманди ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавонии Чумхурии Точикистон, ки ба ин васила имкони идома додани фаъолияти касбиашро аз даст додааст, ба вай кумакпулии яквакта дар хачми панч музди солонаи кор аз руи вазифаи охирини хидматии у дода мешавад.

Агар корманди ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавонии Чумхурии Точикистон  хангоми ичрои вазифаи хидмати чарохати дигар бардошта бошад, ба  у кумакпулии яквакта дар хачми панч маоши миёнаи якмохаашон дода мешавад.

Тартиби пардохти маблагхои дар моддаи мазкур зикршударо Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 32. Маблаггузории  ташкилотхои  давлатии телевизион ва радиошу­навони

Ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавони аз хисоби бучети  давлати  маблаггузори карда мешаванд.

Манбаъхои даромади иловагии ташкилотхои давлатии телевизион ва радиошунавони хамчунин инхо буда метавонанд:

– пардохти хакки абоненти:

– фаъолияти рекламави ва тичорати;

– барномахои фармоиши телевизион ва радио;

тахия ва истехсоли барномахои телевизиону радио ва видеофилмхо;

– нашри рузнома, мачалла, бюллетенхои иттилооти ва китобхо;

– истехсол, фуруш ва  кирояи (прокати) кассетахои сабти овозу тасвир;

– ташкили спектаклхо, консертхо ва дигар чорабинихои намоишии пулаки;

– фаъолияти иктисодии хоричи ва навъхои дигари фаъолият, ки конун пешбини кардааст;

– маблагхои спонсорхо, макомоти давлати, фондхои хайрия ва фондхои дигари чамъияти, хамчунин шахрвандони алохида.

 

БОБИ   V

ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ДАР СОХАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА

РАДИОШУНАВОНИ

 

Моддаи 33. Хамкории байналмилалии ташкилоти телевизион ва радиошунавони

Хамкории ташкилоти телевизион ва радиошунавони бо шарикони хоричи дар асоси шартномахои имзошудаи байналмилалии Чумхурии Точикистон ё дар асоси шартномахои мустаким сурат мегиранд.

Фаъолияти иктисодии хоричии ташкилотхои телевизион ва радиошунавони тибки мукаррароти Конун «Дар бораи фаъолияти иктисодии хоричии Чумхурии Точикистон» ва шартномахои байналмилалии дахлдор сурат мегирад.

 

Моддаи 34. Фаъолияти намояндагони ташкилотхои телевизион ва радиошунавонии хоричи дар худуди Чумхурии Точикистон

Фаъолияти мухбирони хоричии телевизион ва радиошунавони аз тарафи Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон дар мувофика бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Вазъи хукуки ва фаъолияти касбии намояндагони ташкилотхои телевизион ва радиошунавонии хоричиро дар Чумхурии Точикистон Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

 

БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 35. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки  барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.(КЧТ аз 22.07.2013с. №1014)

 

Моддаи 36. Асосхои аз чавобгари озод намудан

Ташкилоти телевизион ва радиошунавони, кормандони он барои пахн намудани маълумоте, ки ба маълумоти вокеи мутобикат надорад, дар холатхои зерин аз чавобгари озод карда мешаванд:

– агар ин маълумот дар ахбори расми интишор ёфта бошад;

– агар маълумот аз агентихои давлати ё маркази матбуоти макомоти давлати ва макомоти иттиходияхои шахрвандон гирифта шуда бошад;

– агар маълумот хангоми пахши мустаким бар хилофи нияти муаллифон пахн шуда бошад;

– агар ин маълумот тавассути васоити дигари ахбори омма нашр шуда бошад ва зимнан манбаи он зикр гардида бошад.

 

 

       Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                   Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  14 ноябрисоли 1996

№382

 

 

 

 

 

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди мавриди амал карор додани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи телевизион ва радиошунавони»

 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1996, №24, мод.409)

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

1.Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавони» аз рузи расман нашр шуданаш мавриди амал карор дода шавад.

  1. Карори Хукумати Чумхурии Точикистон ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавони» мувофик гардонида шавад.

 

 

Раиси Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                                                 С. РАЧАБОВ

ш. Душанбе 14 декабри соли 1996

№ 382 а                                 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …