Главная / Гуногун / ТАЪРИХИ УМУМИ – КИТОБИ ДАРСИ БАРОИ СИНФИ 8

ТАЪРИХИ УМУМИ – КИТОБИ ДАРСИ БАРОИ СИНФИ 8

Хонандагони синфн 8-ум дар синфи 7-ум таърихи навро аз охирхои асри XV то миёнаи асри XIX омухта, хуб фахмидаанд, ки дар асрхои ин давра муносибатхои сармоядорй ташаккул ёфтаанд ва бо хамин асрхои миёна ба охир расида, давраи нав cap мешавад. Нерухои истехсолкунандаи мамлакатхои пешкадами чахон тараккй карда, ба тагйирёбии сохта иктисодию сиёси ва ичтимоии онхо шароити мусоид фарохам оварданд.

Китоби таърих синфи 8Дар ин давра сиёсати хоричии мамлакатхои ба рохи сармоядорирафта комилан тагйир ёфт. Ин давлатхо беш аз пеш ба забти мустамликахо мепардохтанд, то ки манбаъхои арзони ашёи хому нерухои корй ва бозорхои кулайи молфуруширо ба даст дароранд. Хамин тарик, мамлакатхои мутараккии сармоядорй Осиё, Африка, Америкам Лотинй чазирахо ва роххои мухимтарини бахриро зуран аз худ мекунанд.

Аз назари пешрафти нерухои истехсолкунандаю муносибатхои истехсоли ва сиёсати дохилию хоричии давлатхои сармоядорй таърихи нав ба ду мархала таксим мешавад. Мархалаи аввал огози сармоягундори номида шуда, он тахминан то миёнахои асри XIX давом кардааст. Мархалаи дуюми таърихи нав сармоядории инхисорй (монополиста) номида шудааст, ки он аз миёнаи асри XIX огоз ёфта, бо анчомёбии Чанги якуми чахони ба охир расидааст. Китоби дарсии мазкур хамин мархалаи таърихи навро дар бар гирифтааст.

Дар ин мархала дар хаёти иктисодию сиёси ва ичтимоии мамлакатхои пешкадами чахон навгонихои зиёде ба амал омадаанд. Аз он чумла ташкилёбии империяхои мустамликавй ва ширкатхои пуриктидори инхисорй, пурзуршавии ракобат дар байни ширкатхову банкхо ва марказонида шудани онхо, ракобати шадиди мамлакатхои империалисти барои ба даст даровардани манбаъхои арзони ашёи хом ва бозорхои молфуруши, галабаи муносибатхои бозоргони, ба рохи демократа дохил шудани як катop мамлакатхои сармоядорй, ташаккули муассисахои демократии давлатхои мутамаддин, пайдо шудани табакахои нави чамъияти – коргарони кирояву буржуазия ва галабаи инкилобхои буржуазию демократи. Дар баробари ин дар империяхои мустамликави харакатхои миллию озодихохи вусъат ёфта, онхоро сол то сол заифтар мегардониданд.

Дар мархалаи нави таърихй давлатхои империалиста дар сиёсати хоричиашон якка-якка ба максадхои империи худ ноил шуда наметавонистанд. Аз хамин сабаб гурухбанднхои харбию сиёсии “Антанта” ва “Итифоки Сегона” ташкил меёбанд. Максади онхо аз нав таксим кардани чахони аллакай таксим кардашуда буд. Солкой 1914-1918 чанги байни ин ду паймон ба амал омада, талафоти бузурги то хол диданашудаи чонию моли ба бор овард.

Дар давраи дуюми таърихи нав тараккиёти мамлакатхои чахон як хел сурат нагирифт. Нисбат ба давлатхои дигар давлатхои Европа хеле пеш рафта буданд. Иёлоти Мутахидаи Америка низ ба онхо расида гирифта буд. Лекин давлатхои Осиё ва Африка хануз мархалаи то сармоядориро аз cap мегузарониданд. Мамлакатхои Америкаи Лотинй бошанд, акнун ба давраи сармоядорй ворид мешуданд. Тобеият ба мамлакатхои абаркудрат имконият намедод, ки мамлакатхои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинй тезтар таракки карда, ба мамлакатхои пешкадами Европа ва ИМА расида гиранд.

Империяхои мустамликавй дар мустамликахои худ сиёсати горатгаронаро амалй мекарданд. Зарурат ба даромад давлатхои мустамликадорро водор менамуд, ки дар мустамликахояшон корхонахои саноатию роххои окан сохта, муносибатхои пулию молии онхоро ба нафъи худ ба рок монанд. Пешрафти сармоядорй дар мустамликахо ва тарзи идоракунии онхо ба эхтиёчоти сохибони мустамликахо мувофик кунонида шуда буданд.

Дар ин китоби дарсй мавзуъхои дар боло зикрёфта ва масъалахои дигари марбути таърихи нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX ба таваччухи хонандагони синфи 8-ум пешниход карда мешаванд.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

deha-sher

Шеъри дар бораи Деха

Эй дехаи ман, Дехи кухистон, Ман бо ту масрур Ман бо ту хандон, Манзарахоят Завху …