Главная / Гуногун / ТАЪРИХИ РУСИЯ ДАР ИБТИДОИ АСРИ XX

ТАЪРИХИ РУСИЯ ДАР ИБТИДОИ АСРИ XX

Чанги Русияю Чопон. Ба давраи сармоядории инхисори дохил гардидани Русия ба вакте рост омад, ки дар байни мамлакатхои калонтарини сармоядорй барои аз нав таксим кардани чахон зиддиятхо тезу тунд мешуданд. Русия хам дар ин катор меистод. Вай дар Шарки Дур ва хавзаи Укёнуси Ором манфиатхои худро дошт. Лекин ба он Чопони чавони империалисти халал мерасоннд. Ин вакт дар мамлакат бухрони инкилобй хам пухта мерасид. Барой баромадан аз ин бухрон ба мутлакияти рус як чанги зафаровар лозим буд то ки баъди он ба нерухои инкилобии мамлакат зарба занад.

Чопон ба чанги зидди Русия хануз аз солхои 90-ум тайёрй медид. Вай ният дошт, ки ин давлатро аз хавзаи Укёнуси Ором дур партояд ва бо хамин дар Шимоли Чин мавкеи худро мустахкам кунад. Гайр аз ин Чопон мехост, ки Корея ва Манчурияро низ ба даст дарорад.

Вале Русия ба чанги дар пешистода онкадар тайёр набуд. Сохтмони рохи охани Транссибир, истехкомхои кадъаи Порт- Артур, ки онро Русия дар нимчазираи Ляодуни аз Чин ба ичорагирифта месохт, хануз ба охир нарасида буданд. Сохтмони ин иншоот бояд соли 1909 анчом меефт.

Дар хамин вазъият чанг 27 январи соли 1904 бо хамлаи эскадраи Чопон ба дастаи киштихои флоти рус, ки ин вакт дар бандари Чемулпои Корея буд. огоз ёфт. Дар ин мухориба крейсери номии Русия ‘’Варяг” ва канонеркам “Корея” зарари калон дида, дере нагузашта гарк шуданд. Дар яке аз мухорнбахои сахти бахрй сарфармондехи флоти Укёнуси Ороми рус адмирал С. О. Макаров халок гардид.

Моххои май – августа соли 1904 дар Порт-Артур ва Ляолян мухорнбахои калон ба амал омада, ба фоидам чопонихо анчом ёфтанд. Аз Мохи май то Мохи декабри соли 1904 Порт-Артур дар мухосира буд. Мухофизатгарони он баъд аз мудофиаи дуру дароз ва талафоти зиёд мачбур шуданд, ки ба Чопон таслим шаванд.

Мохи феврали соли 1905 баъди дар Мукден шикаст хурдани русхо Николайи II аз хисоби киштихои флоти Балтика эскадра» чадид» киштихоро ороста бар зидди чопонихо фиристонд, вале флоти Чопон онро Мохи майи соли 1905 дар наздикии Сусима торумор кард. Аз ин эскадра танхо 3 киштй тавонист, ки аз мухосираи чопонихо халос шуда то ба шахри русии Владивосток рафта расад. Дар ин мухорнба Русия талафоти калони чони хам дод. Инчунин хазорхо нафар бахрнавардон ба асорат афтоданд.

Дар чанги зидди Чопон Русия шикаст хурд ва мачбур шуд, ки Мохи августи соли 1905 тавассути миёнаравии ИМА дар шахри Портсму  ин мамлакат ба Созишномаи сулхи таслимшави нмзо гузорад.

Чопон дар натичаи галаба бар Русия ба максади худ расид. Русия аз Порт-Артур ва кисми чанубии чазираи Сахалин махрум гардид.

Шикаст дар чанги зидди Чопон бухрони инкилобиро дар Русия боз хам шадидтар гардонид.

Сабаб ва максадхои инкилоби якуми буржуазй-демократии солхои 1905-1907. Ислохоти солхои 60-ум – 70-уми асри XIX харчанд Русияро ба рохи сармоядорй даровард, лекин зиддиягхои сершумори чомеаро бартараф карда натавонист. Бокимондахон феодалй хануз хам дар мамлакат хукмрон буданд ва ислохот масъалаи аграриро то охир ва одилона хал карда на тавонист. Яке аз монеахои асосин пешравии Русия дар дехоти рус мавчуд будани чамоаи дехконй ба шумор мерафт. Чамоаро тарк карда рафтани декконон мумкин набуд. Аз ин ру, онхо барои бархам додани он мубориза мебурданд.

Бухрони иктисодии солхои 1900-1903 захматкашони Русияро боз хам кашолтар кард. Хазорон-хазор коргарон ва табакахои Дигари мехнаткашон бекор монданд. Ин бухрон вазъи сиссию ичтимоин мамлакатро низ беандоза тезу тунд гардонид.

Империяи Русия давлати сермиллат буд. Дар он даххо миллату халкиятхои гуногун сокин буданд ва аз тарафи великоросхо сахт истисмор карда мешуданд. Биноан, халкхои мазлуми империям Русияи подшохй барои озодии худ мубориза мебурданд. Инкилоби дар пешистода дар ин империя занчири зулми мустамликавиро хам шикаста метавонист.

Дар чанги зидди Чопон шикаст хурдани Русия саршавии инкилобро тезонид. Мардум нагз фахмид, ки гунахгорони асосии ин фалокат мутлакият ва дастгохи бехунари давяатию харбии он мебошанд.

Масъалаи аз хама асоситаринн инкилоб бархамзании мутлакияти подшохи ва сохиби замин шудани дехконони безамин ва камзамнн буд.

Огози инкилоб. Якшанбеи хунин. Аксарияти коргарони фабрикаю заводи онвактаи Русия он деккононе буданд, ки бо сабаби бархам хурдани хукуки крепостнойи кори кишоварзиро партофта, ба шахрхо рафта, издихоми бузурги мехнати кирояро ташкил карда буданд. Вале онхо хануз аз рухияи дехконй орй набуданд ва ба “шох – падарчонашон боварй доштанд. Жандармерия аз ин имтифода бурда, бо ёрии гумошгаи махфии худ поп Галон созмони “Мачлиси коргарони руси фабрикаву заводхои шахри Санкт-Петербург”-ро ташкил кард, то ки ба фаъолияти ин табакаи мехнаткашон таъсир расонад ва нагузорад ки вай ба сохти сиёсии мавчуда зиён оварад.

Мувофики маслихати поп Галон пагохии барвакти якшанба 9 январи соли 1905 хазорон нафар петербургихо дар таи либоси идона, бо зану фарзандхояшон, суратхои Николайн II ва худову фариштахо дар даст дуохонон аз дунболи поп Гапон ба суи Касри Зимнстона рахсипор шуданд. Хукуматдорон барон “пешвоз” гирифтани издихом тайёрии пухта дида буданд. Хамин ки мардум ба майдони назди каср ворид гардид, сарбозон ба суй он оташ кушоданд. Дар натича зиёда аз 500 нафар одам куштаю ярадор шуданд. Якшанбеи хунин огози инкилоби буржуазии рус буд.

Рафти инкилоб дар нимаи аввали соли 1905. Баъди якшанбеи хунин мамлакатро мавчи намоишхои эътирозии мардуми ба – шуромада фаро гирифт. Дар Мохи январ зиёда аз 400 хазор нафар одамон корпартой карданд. То аввали бахор дар корпартоихо то 800 хазор кас ширкат варзид. Чунбишхои миллию озодихохона дар гушаю канорхои миллим империя низ ба амал омаданд.

Хукумат вазъи Петербургро нихоят хавфнок дониста, ба он генерал Треповро бо ваколатхои фавкулодда хоким таъйин кард. Дар айни замон дар Петербург ва шахрхои дигари мамлакат хабскунихои оммавии иштирокчиёни инкилоб огоз ёфт. Вале ин хам харакати инкилобиро паст карда натавонист. Аз хамин сабаб хукумати подшохи ба халк ваъдахо медод. Подшох Николайи II кайфияти мардум ва вазъи иктисодию ичтимоии феълии мамлакатро ба хисоб нагирифта наметавонист.

Мохи май мавчи корпартоихо боз хам зиёдтар шуд. I май намоишхои сершумори мехнаткашон ва буржуазия дар зсри шиорхои сисёй гузаштанд. Корпартоии аз хама калон ва дуру дароз. ки он 72 руз давом кард, дар корхонахои бофандагии Иваново-Вознесенск ба амал омад. Дар он то 70 хазор кормандони соха иштирок карданд. Корпартофгагон Шурои вакилони худро интихоб карданд, ки вай аз 151 кас иборат буд. Шуро ваколатдор карда шуд, ки бо сохибони фабрикахо гуфтушунид карда, ба ичрои талабхои захматкашон муваффак шавад.

14 июни соли 1905 бахрнавардони киштии флоти Бахри Сиёх “Княз Потёмкин Таврический” шуриш бардоштанд. Ба он матрос Григорий Вакуленчук рохбари мекард. У аз тарафи афсари сияхкоре парронда шуд. Баъди ин рохбарии шуришро Афанасий Матюшенко ба ухда гирифт. Ба ин киштй танхо як киштии дигари флоти Бахри Сиёх “Георгий Победоносетс” хамрох шуду халос. Баъди сарсонию саргардонихои чандинруза “Потёмкин-и исёнгар 18 июн мачбур шуд, ки ба сохилхои Руминия рафта, ба хукумати ин мамлакат таслим шавад.

Шуриши “Кияз Потёмкин Таврический” ва ошубхо дар артиш нишон доданд, ки лашкар ва флот» Харбин Бахри ба хукумати подшохи содик намебошанд. Таъхир кардан мумкин набуд, вагарна вазъиятн мамлакат боз хам вазнинтар мешуд. Инро подшох Николайи II хуб дарк карда буд.

Манифест 17 октябр. Тирамохи соли 1905 дар корпартоии умумироссияги зиёда аз 2 миллион нафар одамон иштирок карданд. Он шахрхои Санкт-Петербург, Москва, Киев ва шахрхои дигари Русияю музофотхои мустамликавии вайро фаро гирифт. Дар ин вазъият подшох гайр аз гузашт кардан илочи дигар надошт. Ннколайи II мачбур шуд, ки ба “Эъломия” (“Манифест”,-и “17 октябр” имзо гузорад. Дар он даъват карда шудани Думай давлатй. озодихои демократи; озодии сухан, матбуот. мачлисхо, гирдихамоихо, ташкилотхо ва озодии вичдон ваъда карда туда буданд. Ин озодихо дар натичаи муборизаи оммавии хамаи куввахои инкилоби ба даст дароварда шуданд.

Дар арафаи инкилоб ва баъди баромаламн “Эъломия”-и шох нерухои нави сиёси ташкил ёфтанд. Соли 1902 хизби Сотсиалисти Инкилобй (СР, бо ифодаи “эсер” ном бурда мешуд). соли 1903 Хизби Сотсиал-Демократии Коргарони Руссия” (РСДРП,, соли 1904 Демократхои Конститугснонй (КД – бо ифолаи “кадет” ном бурда мешуд) ва мохи октябри соли 1905 Хизби Октябрчиён бо коми “Иттифоки 17-умн Октябр” ба фаъолият шуруъ мекунанд.

Аз “Эъломия”-и 17 октябри подшохи 3 хизб – эсерхо. кадетхо ва октябристхо каноатманд буданд. Ин хизбхо бархам хурдани хокимияти подшохиро шарт ва зарур намешумориданд. Кисми зиёди ахли мехнат низ аз “Эъломия” розй буд. РСДРП бошад, тарафдори то бархамхурии мутлакият давом додан» мубориза буд. Сарфи назар аз мавкеи РСДР11 аксарияти ахолии мамлакат “Эьломия”-и Николай» Н-ро хуб истикбол карданд. Аз ин ру, баъди эълон гардидани он инкилоб ру ба таназзул ниход.

Ду чахон I ва II давлат. Дар охирхои мохи апрели соли 1906 Думай I давлатй даъват карда шуд. Конуни интихоботй интихоботро барон дехконон чорзинаги, барон коргарон сезинаги ва барон дворянхою буржузия дузинаги. яъне нобаробар муайян карда буд. Коидахои намояндаги низ барои табакахои гуногун як хел набуданд. Дворянхо метавонистанд аз хар 2 хазор кас, буржуазия аз хар 4 хазор кас, дехконон аз хар 30 хазор кас ва коргарон аз хар 90 хазор кас 1 вакил интихоб кунанд. Инчунин конун махдудиятхои молумулкй ва синусолн хам дошт. Аз ни ру, на хамаи одамон хукуки интихоботй гирифтанд.

Шурои давлатй хукуки палатам Олии Думаро гирифт. Нисфи аъзои онро худи подшох таъйнн мекард. Лоихаи конунхо танхо баъди тасдики подшох хукуки конунро мегирифтанд. Бинобар ин баьди даъвати Думай I хам Русия давлати хокимияти мутлакдор мондан шрифт. Лекин он аз тарафи Думай давлатй то як дарача махдуд карда шуд.

Думай I давлатй барои подшох ва чонибдорони у гапнодаро баромад. чунки фраксияч трудовикхо бар хилофи манфиатхои помешикхо масьалаи халли заминро ба мухокима пешниход кард. Бннобар ин Николайн II хамчун сарвари давлати феодалй онро “балвогар” номнда, мохи июни соли 1906 пароканда кард.

Ибтидои соли 1907 Думай II давлатй даъват карда шуд. Вале он аз Думай 1 хам гапнодаротар буд. Ин дума дар даврае даъват карда шуд, ки инкилоб аллакай ба шикаст дучор гардида буд. Барой хамин мутлакият бе ягон тарсу харос 30-юми июни соли 1907 Думай 2-ро хам бархам зад.

Инкилоб ва фаъолияти ду думай давлатй нишон доданд, ки дар мамлакат ислохот гузаронидан лозим аст, ки яке аз чузъхои мухимтарини он масъалаи замин мебошад.

Ислохоти аграрии Столипин. То соли 1905 мутлакият чамоаи дехотии русро бо хар рох мухофизат мекард. Он барои ситонидани андоз, сафарбарй ба сарбозй ва аз тарафи помешикон истисмор кардани дехконон воситаи хеле кулай буд. Вале инкилоб нишон дод, ки минбаъд нигох доштани чамоаи дехконй барои мутлакияти Русия хавфи калон дорад. Доирахои пешкадами мамлакат сохти чамоавию патриархалли (падаршохй)-и Русияро хамчун яке аз монеахои асосии пешравии мамлакат медоннстанд. Барои хамин аз хукумати подшохи бархам додани онро талаб мекарданд.

Дар зери сарпарастии яке аз шахсонн мансабдори калони давлати Столипин Комиссиям давлатй лоихаи ислохоти аграриро кор карда баромад ва 9 ноябри соли 1906 Николайи II ба зери амр дар бораи ислохоти аграрй имзо гузошт. Баъдтар Шурои давлатй дар ин бора конун хам баровард. Ин ислохот мувофики санаи аз тарафи подшох тасдиккарда “Конуни 14 июни соли 1910” номида шудааст.

Бо хамин чамоаи дехконии рус бархам хурд. Дехконони аз чамоа озодгардида сохиби замин шуданд. Ислохоти аграрй аз кисмати европавии мамлакат ба гушаю канорхои дурдаст, аз он чумла, ба мустамликахо мучочир кардани дехкононро дар назар дошт. Ин конун бояд дар зарфн 10 сол амалй мегардид.

Ислохоти аграрии Столипин кишоварзиро хам ба рохи сармоядорй даровард. Вай барои камол ёфтани сохибкорй ва муносибатхои бозоргонй дар шахру дехоти Русия шароити мусоид мухайё менамуд. Сарфи назар аз ин суикасди душманони ислохотба чони сарвари ислохоти аграрй Столипин, Чанги якуми чахони ва нихоят табаддулоти болшевикин мохи октябри соли 1917 барон пурра ба амал баровардани ислохоти аграрии соли 1906 эълонкардаи Николай!! халал расониданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …