Главная / Чамъият / ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ НАКЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ НАКЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ

КОНУНИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ НАКЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2015, №7-9, мод. 702)

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро вобаста ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили дар Чумхурии Точикистон танзим менамояд.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ
 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

–  наклиёти автомобили – мачмуи иборат аз воситахои наклиёти автомобили, объектхои инфрасохтори таъмини истифодаи воситахои наклиёти автомобили ва роххои автомобилгард;

 – воситахои наклиёти автомобили – воситахое, ки барои мусофиркашони ва боркашони дар роххои автомобилгарди истифодаи умум ва дигар роххо пешбини гардидаанд (автомобилхои сабукрав, автобусхо, микроавтобусхо, автомобилхои боркаш ва махсус);

сузишвории мухаррик – бензин, сузишвории дизели, гази моеъи табии ва намудхои дигари дорои энергия, ки дар мухаррики дарунсузи воситахои наклиёти автомобили истифода мешаванд;

сифати сузишвории мухаррик – мачмуи хусусиятхои физикию кимиёвии сузишвории мухаррик, ки дарачаи мутобикати онро ба талаботи стандарти давлати ва (ё) шартхои техники нишон медиханд;

таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили – мачмуи чорабинихое, ки ба кохиш додан ва пешгири намудани таъсири манфии наклиёти автомобили ба мухити зист ва саломатии ахоли равона шудааст;

ташкилотхо оид ба хизматрасонии техники – корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, новобаста ба шакли ташкилию хукукиашон, ки ба хизматрасонии техники ва (ё) таъмири воситахои наклиёти автомобили, инчунин азнавтачхизонии онхо бо воситаву тачхизоти иловагии кохишдихандаи гализии моддахои зараровари (ифлоскунандаи) ихрочшуда ва хадди чоизи садо, ларзиш ва таъсироти манфии физики машгул мебошанд;

объектхои  инфрасохтори наклиёти автомобили – корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, новобаста ба шакли ташкилию хукукиашон, ки заминаи истехсоли дошта, ба хизматрасонии техники ва (ё) таъмир ва нигохдории воситахои наклиёт, таъмини онхо бо сузишвории мухаррик, нигохдории борхои тавассути наклиёти автомобили кашонидашаванда, чамъовари, коркард ва нобудсозии партовхои дар натичаи истифода ва нобудсозии воситахои наклиёти автомобили пайдошаванда машгул мебошанд;

гази истифодашуда – омехтаи газхое, ки дар натичаи сухтани сузишвории мухаррик пайдо шудаанд;

захрнокии газхои истифодашуда – нишондихандаи таъсири зиёновари моддахои зараровар (ифлоскунанда) ба инсон, объектхои олами наботот ва хайвонот, ландшафт, ки дар партовхои воситахои наклиёти автомобили чой доранд;

амнияти экологии наклиёти автомобили – холати мухофизатии инсон ва чамъият, инчунин мухити зист аз окибати зараровари истифодаи наклиёти автомобили ба мухити зист ва саломатии ахоли;

таснифоти экологии воситахои наклиёти автомобили – таксимоти воситахои наклиёти автомобили, кисмхои таркибии сохти онхо ва тачхизоти иловаги тибки талаботи экологи дар асоси коидахои амалкунандаи истифодабарии техники.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи таъмини амнияти экологии  наклиёти автомобили 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Вазифахои Конуни мазкур

Вазифахои Конуни мазкур иборатанд аз:

– пешгири, кохиш додан, назорати мачмуии ифлосшавии мухити зист хангоми истехсол, истифода ва нобудсозии наклиёти автомобили, инчунин  пайдошавии партовхо, пасмондахо, дигар таъсироти манфие, ки дар натичаи истифодаи наклиёти автомобили пайдо мешаванд;

– баланд бардоштани сатхи умумии хифзи мухити зист аз таъсири техногени, ки хангоми истехсол ва истифодаи воситахои наклиёти автомобили, инчунин дар натичаи нобудсозии воситахои наклиёти автомобилии истифодашуда ба вучуд меоянд;

– таъмини амнияти истехсол ва истифодаи наклиёти автомобили барои мухити зист ва саломатии ахоли.

Моддаи 4. Принсипхои таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили

Таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили ба принсипхои зерин асос меёбад:

– афзалиятнокии таъмини амнияти экологи хангоми ташаккули сиёсати давлати оид ба наклиёт;

– хифзи саломати, таъмини шароити мусоиди экологи барои хаёт, мехнат ва фарогати инсон;

– хатми будани танзими давлатии фаъолият дар сохаи таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили хангоми истехсол, истифода ва нобудсозии воситахои наклиёти автомобили, инчунин кисмхо ва маводи техникии истифодашаванда;

– дастгирии давлатии иктисоди, танзим ва хавасмандгардонии фаъолият оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили;

– илман асоснок будани карорхои кабулшаванда дар сохаи таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили.

БОБИ 2.

ИДОРАКУНИ ДАР СОХАИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ НАКЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ 

Моддаи 5. Чорабинихо оид ба таъмини амнияти экологии  наклиёти автомобили   

  1. Чорабинихо оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили чузъи таркибии барномахо оид ба хифзи мухити зист ва барномахои максаднок дар сохаи рушди наклиёти автомобили махсуб меёбанд.
  2. Хангоми тахияи накшахои генералии рушди шахрхо, дигар махалхои ахолинишин, инчунин худудхои фарогати чорабинихо оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили ба инобат гирифта мешаванд.
  3. Чорабинихо оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили вобаста ба такмили воситахои наклиёти автомобили ва технологияхо, истифодаи намудхои нави сузишвории мухаррик, инчунин тагйирёбии талабот ба хифзи мухити зист мунтазам аз нав барраси карда мешаванд.

Моддаи 6. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили 

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили мансуб мебошанд:

– татбики сиёсати давлати оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили;

– кабули санадхои меъёрии хукуки оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили;

– муайян намудани макоми ваколатдори давлати оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили;

– маблаггузории назорати давлати оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– мукаррар намудани тартиби умуми ва принсипхои махдудкунии харакати воситахои наклиёти автомобили бо максади таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили;

– амали намудани салохияти дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 7. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи таъмини амнияти экологии  наклиёти автомобили

Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили дохил мешаванд:

– тахия ва амалисозии чорабинихо оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили;

– хамохангсозии лоихаву барномахо, ки ба рушди таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили равона гардида, аз хисоби бучети давлати маблаггузори мешаванд;

– тахияи самтхои афзалиятноки таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили;

– назорати амалисозии чорабинихо оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили;

– амали намудани ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 8. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили 

Макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худ-идоракуниии шахрак ва дехот ваколатхои худро оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамоянд.

Моддаи 9. Омодасозии касбии кормандони рохбари-кунандаи ташкилотхои наклиёти ва ронандагони воситахои наклиёти автомобили  

  1. Рохбарони ташкилотхои наклиёти ухдадоранд барои таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили шахси масъулро таъин ё вобаста намоянд.
  2. Рохбарони чунин ташкилотхо ва шахсони масъул ухдадоранд бо тартиби мукарраргардида аз курсхои махсуси омодаги оид ба масъалахои амнияти экологии наклиёти автомобили гузаранд.
  3. Дар хама муассисахои таълимие, ки ронандагони воситахои наклиёти автомобилиро тайёр мекунанд, барномахои махсуси омузиши оид ба таъмини амнияти экологии наклиёти автомобили чори карда мешаванд.

БОБИ 3.

ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ ВОСИТАХОИ

НАКЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА СУЗИШВОРИИ МУХАРРИК

Моддаи 10. Бамеъёрдарории таъсири воситаи наклиёти автомобили ба мухити зист

Меъёрхои экологии  партовхои воситахои наклиёти автомобили ва сатхи чоизи садои наклиёт, ларзиш ва таъсироти дигари манфии физикии воситахои наклиёти автомобили, инчунин мухлати чори намудани ин меъёрхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 11. Таснифоти экологии воситахои наклиёти автомобили

  1. Воситахои наклиёти автомобилие, ки аз давлатхои дигар ба худуди Чумхурии Точикистон ба мухлати зиёда аз шаш мох ворид карда мешаванд ва барои харакат дар роххои автомобилгард пешбини гардидаанд, ба дарачахои экологи чудо карда мешаванд. Дарачаи экологии воситахои наклиёти автомобили вобаста ба меъёрхои техникии партовхо барои намунаи (модели) мушаххаси воситаи наклиёти автомобили дар лахзаи истехсоли он мукаррар карда мешавад.
  2. Таснифоти экологии воситахои наклиёти автомобили оид ба партовхои моддахои зараровар (ифлоскунанда) мувофики хуччатхои меъёрие, ки ба талаботи амнияти, меъёрхои санитари, хифзи мехнат, экология, стандартхои байналмилалию давлати ва регламентхои техники мутобик мебошанд, мукаррар карда мешавад.
  3. Тартиби анчом додани таснифоти экологии воситахои наклиёти автомобили аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Моддаи 12. Чорахо оид ба кохиш додани таъсири наклиёти автомобили ба вазъи экологи

Бо максади кохиш додани таъсири наклиёти автомобили ба вазъи экологи бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чорахои зерин андешида мешаванд:

– гузаронидани санчиши холати экологии наклиёти автомобили;

– чори намудани шартхои техники ба сузишвории мухаррик;

– ташкили истехсол ва фуруши сузишвории мухаррики аз чихати нишондодхои экологи тоза;

– назорати пайдарпайи сифати сузишвории мухаррик;

– чори намудани технологияи коркарди дубора ё безараргардонии аккумуляторхо;

– амалисозии хизматрасонии техники дар шафати роххо.

Моддаи 13. Талаботи экологи хангоми азнавтачхизонии воситахои наклиёти автомобили

  1. Хангоми азнавтачхизонии воситахои наклиёти автомобили ташкилотхо оид ба хизматрасонии техники дарачаи экологии воситаи наклиёти автомобилиро тибки стандартхо ва меъёрхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон муайян  намуда, номгуи тачхизоти насбшударо, ки гализии моддахои зараровари (ифлоскунандаи) ихрочшуда ва хадди чоизи садо,  ларзиш ва таъсироти манфии физикиро кохиш медихад, нишон медиханд. Ташкилотхо оид ба хизматрасонии техники ухдадоранд хангоми риоя нагардидани мукаррароти мазкур ба таври ройгон камбудихои воситахои наклиёти автомобилро бартараф намоянд.
  2. Сохибони воситахои наклиёти автомобили хангоми истифодаи онхо мутобикати ин воситахоро ба талаботи экологии истифодабари, ки барои хамин  дарачаи экологии воситаи наклиёти автомобили мукаррар гардидааст, таъмин менамоянд.
  3. Тагйир додани сохти воситаи наклиёти автомобили, ки боиси паст шудани дарачаи экологии он мегардад, манъ аст.

Моддаи 14. Таъмини амнияти экологии объектхои инфрасохтори наклиёти автомобили

Таъмини амнияти экологии объектхои инфрасохтори наклиёти автомобили хангоми лоихакаши, чойгирони, сохтмон ва тачдиди онхо, аз чумла худудхои аз чониби экологи осебпазир, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад.

Моддаи 15. Бакайдгирии омилхои экологи хангоми нархгузори ба объектхои инфрасохтори  наклиёти автомобили

  1. Хангоми нархгузори ба объектхои инфрасохтори наклиёти автомобили дар сурати тагйирёбии шакли моликият, инчунин муфлисшави, омилхои экологи ва андозаи зарари расондашуда аз чониби объектхои инфрасохтори наклиёти автомобили  ба мухити зист мутобики нарх ва усулхои тасдикгадидаи хисоб намудани андозаи зарар, дар сурати мавчуд набудани онхо, аз руи харочоти вокеии баркароркунии холати халалдоршудаи мухити зист бо назардошти зарари расондашуда, аз чумла фоидаи аз дастрафта ба назар гирифта мешаванд.
  2. Фаъолияти бакайдгирии омилхои экологи хангоми нархгузори ба объектхои инфрасохтори наклиёти автомобили аз руи натичахои аудити экологи, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад, амали мегардад.

Моддаи 16. Чорахои  зиёд  намудани  дарачаи  экологии  воситахои наклиёти автомобили

  1. Бо максади афзун намудани дарачаи экологии воситахои наклиёти автомобили чихозонидани онхо бо воситаву тачхизоти иловагии кохишдихандаи захрнокии газхои истифодашуда, ки ба мачмуи воситахои ташкилоти истехсолкунанда дохил намешаванд ва ба меъёрхои техникии партовхо таъсир мерасонанд, сурат мегирад.
  2. Чихозонидани воситахои наклиёти автомобили бо воситаву тачхизоти иловагии кохишдихандаи  захрнокии газхои истифодашуда ба таври ихтиёри аз чониби сохибони воситахои наклиёти автомобили сурат мегирад.

Моддаи 17. Ухдадорихои шахсони ба фуруши яклухт ва чаканаи сузишвории мухаррик  машгулбуда

Шахсоне, ки дар асоси ичозатнома ба тахвил, нигохдори ва фуруши яклухт ва чаканаи сузишвории мухаррик машгуланд,  барои риояи  чорахои зерин  ухдадоранд:

– мутобикати сифати сузишвории мухаррик ба талаботи стандарти давлати ва (ё) шартхои техники;

– бо тартиби мукарраргардида гузаштан аз назорати сифати сузишвории мухаррик;

– гузаштан аз санчиши воситахои техники оид ба мутобикат ба меъёрхои техникии мукарраркардашуда ва талаботи байналмилалии амалкунанда.

Моддаи 18. Таъмини амнияти экологии нобудсозии воситахои наклиёти автомобилии истифодашуда, шина ва покришкахои воситахои наклиёти автомобили,  аккумуляторхо ва равганхои мухаррики истифодашуда

  1. Усулхои истифодашавандаи нобудсозии воситахои наклиёти автомобилии истифодашуда, шина ва покришкахои воситахои наклиёти автомобили, аккумуляторхо ва равганхои мухаррики истифодашуда пешгири, кохиш додан ва назорати мачмуии таъсири номатлуби онро ба мухити зист ва саломатии ахоли пешбини менамояд.
  2. Шина ва покришкахои воситахои наклиёти автомобили пас аз анчоми мухлати истифодабари  барои нобудсози ба ташкилоте, ки дар он шина ва покришкахои истифодашудаи воситахои наклиёти автомобили кабул ва (ё) тачзия мегарданд, супорида мешаванд.
  3. Аккумуляторхои истифодашуда пас аз анчоми мухлати истифодабари барои коркард ба ташкилоте, ки чамъоварии марказонидашуда ва (ё) нобудсозии  онхоро анчом медихад, супорида мешаванд.  Ташкилоти мазкур бояд барои амалисозии чунин фаъолият тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологиро дошта бошад. Аккумуляторхои истифодашуда аз партовхои истеъмоли алохида нигох дошта мешаванд.
  4. Равгани истифодашудаи мухаррик аз партовхои истеъмоли алохида чамъ оварда мешавад. Дар фазои кушод сузондани он ё ба системаи корез ва сарчашмахои об партофтани равгани истифодашудаи мухаррик манъ аст. Чамъовари, нобудсози ва чойгиронии равгани истифодашудаи мухаррики дар асоси ичозатнома оид ба чамъовари, истифода, безараргардони, тахвил ва чойгиркунонии партовхои хатарнок анчом дода мешаванд.
  5. Нобудсозии воситахои наклиёти автомобилии истифодашуда, шина ва покришкахои воситахои наклиёти автомобили, аккумуляторхо ва равганхои истифодашудаи мухаррик бо назардошти технологияи муосир тибки меъёру коидахои сохтмон ва санитарии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад.
  6. Тартиби чамъовари, тахвил ва нобудсозии воситахои наклиёти автомобилии  истифодашуда, шина ва покришкахои воситахои наклиёти автомобили, аккумуляторхо ва равганхои мухаррики истифодашударо Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

БОБИ 4.

НАЗОРАТИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ НАКЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ

Моддаи 19. Назорати давлати

  1. Назорати амнияти экологии наклиёти автомобили аз чониби макомоти дахлдори давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар доираи ваколатхояшон анчом дода мешавад.
  2. Тартиби ташкил ва гузаронидани назорати экологи, инчунин санчишхои интихобии мутобикати воситахои наклиёти автомобили ба меъёрхои экологии партовхо, махдудсози ва катъ намудани истифодаи воситахои наклиёти автомобилии дарачахои гуногуни экологиро санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар менамоянд.
  3. Назорати мутобикати воситахои наклиёти автомобилии дар истифода карордошта ба меъёрхои экологии партовхо хангоми бакайдгирии воситахои наклиёти автомобили, инчунин муоинаи давлатии техникии онхо аз чониби макомоти дахлдори давлати анчом дода мешавад.
  4. Назорати сифати сузишвории мухаррик дар нуктахои фуруши сузишвори аз чониби макомоти дахлдори давлати мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар доираи ваколатхояшон анчом дода мешавад.
  5. Макомоти дахлдори давлати ухдадоранд истифодаи воситахои наклиёти автомобилиро дар сурати мутобик набудани онхо ба меъёрхои амалкунандаи экологии партовхо боздоранд.
  6. Амрномаи макомоти дахлдори давлати ва талаботи шахсони мансабдори онхо барои ичро аз чониби шахсони вокеи ва хукуки хатми мебошад.

Моддаи 20. Назорати истехсоли

  1. Назорати истехсоли, аз чумла гузаронидани тахкикоту озмоишхои лаборатори дар чараёни нигохдори, тахвил ва фуруши воситахои наклиёти автомобили, ичрои кору хизматрасони, аз чониби сохибкорони инфироди ва шахсони хукуки бо максади таъмини амнияти экологи ва (ё) безарарии чунин махсулот, кор ва хизматрасони ба мухити зист ва саломатии ахоли амали карда  мешавад.
  2. Назорати истехсоли бо тартиби мукаррарнамудаи коидахои санитари ва стандарти Чумхурии Точикистон амали мегардад.
  3. Шахсоне, ки назорати истехсолиро амали менамоянд, барои саривакти, пурра ва аник будани он масъул мебошанд.

Моддаи 21. Назорати чамъияти

Назорати чамъиятии таъмини амнияти экологии воситахои наклиёти автомобили бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

БОБИ 5.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 22. Хамкории байналмилали оид ба таъмини амнияти экологии воситахои наклиёти     автомобили 

Чумхурии Точикистон хамкории байналмилалиро оид ба таъмини амнияти экологии воситахои наклиёти автомобили мутобики принсипхои мукаррарнамудаи санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон амали менамояд.

Моддаи 23. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти 

Чумхурии Точикистон                                                                     Эмомали РАХМОН

ш. Душанбе, 8 августи соли 2015,

№ 1214

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърхои ошики – Гулчини бехтарин

Шеъри ошики оиди духтари ношинос Ох, ин хат хати як чононест, Ёфтам ногахаш аз байни …