Главная / Илм / ТАВСИФИ ЧАМЪИЯТИ ПАЛЕОЛИТ

ТАВСИФИ ЧАМЪИЯТИ ПАЛЕОЛИТ

Мо дар асоси материалхои археологи инкишофи тадричии куввахои истехсолкунандаи чамъияти давраи палеолити Осиёи Миёнаро мавриди тадкик карор додем. Аммо масъалаи такомули тадричии ичтимоии ин чамъият нихоятдарача мураккаб аст. хатто конуниятхои асосии тараккиёти он дар асархои мутахассисони сотсиология низ ба таври мукаммал омухта нашудааст, мулохиза ва хулосахои пешниходшуда мавзуи бахсу мунозирахои тундутез гардидаанд[1]. Масъалаи оид ба хусусиятхои инкишофи чамъияти ахди палеолити Осиёи Миёна умуман ба миён гузошта нашудааст.

Агар гуем, ки чамъияти инсони бисёртарин кисмати вакти худро дар мархилаи асри санг гузаронидааст – ин сухани умуми хохад шуд. Дар ин маврид чоиз аст, ки барои возехтар ифода ёфтани матлаб киёси борхо истифодашударо биёварем. Инак, шартан фарз кунем, ки тамоми хаёти чамъияти инсони то Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр хамаги як сол давом кардааст. Дар он сурат ба одам табдил шудани маймун дар аввали мохи январ ба вукуъ пайваста, давраи хукмронии палеолит кариб тамоми солро то 25-уми мохи декабр фаро мегирад ва тамоми таърихи чамъияти синфии Осиёи Миёна бахузур дар ним соати охири пеш аз соли нав «гунчоиш» меёбад!

Ташкилоти ичтимои дар палеолити поин хеле сода ва ибтидои буд. Коллективхои аз хама кадим ва нав ташаккулёфтаи одамонро Ф.Энгелс «гала» номидааст[2]. В.И.Ленин паи хам «галаи ибтидои» ва «коммунаи ибтидои»-ро номбар мекунад[3].

aleolit-768x518

Давраи галаи ибтидои давраест, ки чамъияти инсони ташаккул ёфта, асоси асосхои он фарохам меояд. Дар охири палеолити миёна ва боло ташкилоти кабилавии чамъият – коммунахои ибтидои бо тартиби кавмию насаби пайдо мешавад. Ин сохти кавмии модари буд, ки зан дар он мавкеи хеле баландро ишгол мекард[4]. Муносибати оилави дар доираи никохи гурухи сурат мегирифт.

Истехсолот коллективи бошад хам, вале дарачаи куввахои истех-солкунанда нихоят паст буд. «Ин навъи ибтидоии истехсолоти кооперативи ё коллективи, албатта, на окибати умуми кардани воситахои истехсолот, балки натичаи заифии шахсияти чудогона буд»[5]. Куввахои истехсолкунанда дар як чо намонда, ба охистаги такмил меёфт. Тараккиёти беш аз пеши куввахои истехсолкунанда ва ташкилоти чамъияти боиси мураккабшавии шаклхои маданияти инсони мегардид. Бояд гуфт, ки ёд гирифтани тарики хосил кардани оташ, сохтани манзилхои одди, ривочи шикори хайвоноти калон ва ба ин васила гузаштан ба зиндагонии мукими – хамаи ин кадамхои мухими тараккиёти прогрессивии чамъияти инсониро нишон медихад. Чунон ки аз мадфани писарбачаи тешиктоши аён мегардад, дар хамон вактхо аввалин аломатхои русуми дафн, нахустин падидахои дин ба зухур омада будаанд.

[1] Ниг.: масалан: Семёнов Ю.И., 1966; Семёнов Ю.И., 1968; Тер-Акопян Н.Б., 1968; Бутинов Н.А., 1968; Кабо В.Р., 1968 (дар ин асархо фехрасти муфассал ва нигориши таърихи масъала мавчуд аст).

[2] К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асархо, чилди 34, с. 138.

[3] Ниг.: В.И.Ленин. Асархо, чилди 35, с. 111.

[4] Дар таърихнигории совети нуrтаи назари дигар низ мавчуд аст (ниг.: Кабо В.Р., 1968, с. 258–265).

[5] К.Маркс ва Ф.Энгельс. Асархо, чилди 19, с. 404.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …