Главная / Гуногун / ТАШАККУЛИ АДАБИЁТИ  ФОРСИИ ТОЧИКИ

ТАШАККУЛИ АДАБИЁТИ  ФОРСИИ ТОЧИКИ

Асоси адабиёти навини точик дар асрхои IX—X гузошта шудааст. Дар охири асри VШ ва ибтидои асри IX шоъирони дузабонае ба камол расиданд, ки дар баробари шеъри араби гохо ба форсии   дари низ китъахо мегуфтанд. Дар он замон худшиносии мардуми эрони ба хадди баланде расида, кушиши аз нав зинда гардонидани забони пахлави ба назар мерасад. Махз дар асрхои 8—9 мелоди доир ба офариниши дунё, мавчудоти олам, таъриху эътикодоти мазхаби, ривоятхои дини, достонхои асотирии «Бундахишн», «Динкард», ки  комуси мазхаби зардуштист, «Меноки хирад», оид ба шатранч «Мотикони чатранг» ва як силсила асархои дигари мухим ба вучуд омаданд. Аммо, ба сабаби хеле содда ва ба зиндагии навин номувофик будан, ойини зардушти натавонист аз нав эхё гардад.

Маълумоте мавчуданд, ки хануз дар карнхои панчу шаши милоди шеъри форси вучуд доштааст. Мегуянд, ки аз вайронахои Касри Ширин, ки якинан Ширини зани Хусрави Парвиз (590—628) аст, як байти форсии дари пайдо шуда будааст, ки ин аст:

Хижабро, ба кайхон ануша бизи,

Чахонро ба дидор туша бизи!

Дар китобхои тазкира ривоят карда мешавад, ки нахустин касе, ки ба форси девони ашъор доштааст, Бахроми Гур (420—437) будааст. Аз у пори шеъри зеринро меоранд, ки мураккаб аз чахор мисраъ ё ду байт аст:

Манам он шери гала,

Манам он пили яла.

Номи ман Бахроми Гур,

Куниятам Бучабала!

ва ё ду мисраъ ё як байт аст:

Манам он шери гала, манам он пили яла,

Номи ман Бахроми Гур, куниятам Бучабала!

Дар охири асри VIII ва ибтидои карни IX аллакай шоъирони дузабонае ба камол расиданд, ки дар баробари шеъри араби ба форсии   дари низ китъахои манзум мегуфтанд. Яке аз аввалин шоъироне, ки аз у шеъри форси мисол овардаанд, Язид ибни Муфарриг (ваф. 688) буд, ки мисраъхои зерин аз уст:

Об асту набиз аст,

Усороти забиб аст,

Сомия русабид аст…

Яке аз аввалин  порчахои манзуми точики ба калами Абулянбаги (ваф. 824) таъаллук дорад, ки дар вазни шашхичои суруда шудааст:

 Самарканди кандманд,

Бад-инат ки афканд?!

Аз Чоч та бихи,

Хамеша та хахи!

Яъне:

Самарканди ободон,

Туро ба ин хол ки афканд?

Аз Шош ту бехтари,

Хамеша ту хубтари!

Аз ин хам пештар ахолии Балх гумоштаи истилогарони араб дар Хуросон Асад ибни Абдуллоро, ки соли 726 барои фуру нишондани шуриши мардуми Хатлон рафта буду шикаст хурда баргашт, бо шеър хачв карда буданд, ки бачахо он шеъри хачвиро дар кучахои Балх мехондаанд:

Аз Хутталон омадийе,

Ба ру табох омадийе,

Овора боз омадийе,

Хашанг низор омадийе…

Яъне:

Аз Хутталон омадиё,

Бо руйи сиёх омадиё,

Овора боз омадиё,

Шармандавор омадиё…

Ин китъа нишон медихад, ки адабиёти точик аз ибтидо бо набарду мубориза, зиндагии ичтимоиву сиёсии халк иртиботу каробати ногусастани дошта, чун ойинаи рузгор аз аввалин лахзахои мавчудияташ дар зинда доштану ройич сохтани расму одатхои худи, таргиби ахлоку одоби воло, тасвири гузаштаи пурифтихор, хештаншиноси ва химояти обу замини падарон аз ачнабихо хизмати арзандаро ба чой овардааст.

Албатта, дар нукоти гуногуни кишвархои форсизабони карнхои IX – X намунахои гуногуни шеъри форсии точики падид оянд хам, маркази муктадиру хакикии шеъру адаби замони Сомониён хамон Бухоро ба шумор мерафт. Бухоро, ки аз соли 892 бо сайъи Исмоили Сомони пойтахти Сомониён карор гирифта буд, дар охири асри IX – ибтидои асри X ба маркази бузурги илмию адабии мамлакат табдил ёфт. Дар дарбору берун аз он хам махфилу анчуманхои адабию илми вучуд доштанд. Оид ба фалсафаи Юнони Кадим бахсхо барпо мешуд. Базмхои созу суруд ва чамъомадхои тараб марсум буданд.

Бо вучуди ин, дар он замон дар каламрави Сомониён гармтар аз хама конуни адабиёт гардон буда, дар пойтахту шахру вилоятхо адибони зиёде асар менавиштанд. Дар ибтидои давр устоди тарбиятгари шоъирону пешвои тамоми адибони замон Абуабдуллохи Рудаки ва дар охири он суханвари чахони Абулкосими Фирдавси зиндагиву эчод мекарданд. Абулии Сино низ аз нобигахои парвардаи хамин аср буд.

Алхол зиёда аз 70 нафар адибони муосири Рудаки маълуманд. Шахиди Балхи аз дустону хамкорони Рудаки буда, ба ду забон-арабию точики шеър мегуфт. Бо олими машхури сохаи фалсафа Закариёи Рози (ваф. 925) дар масъалахои гуногуни илми бахсхову мунозирахо пайваста, фикрхояшро дар шакли рисола менавишт. Хаттоти пурхунаре хам буд. Рудаки ба устодии Муроди ва Фаролови коил аст. Абушакури Балхи, Абулмуайяди Рабанчони, Кисойии Марвази, Дакики, Абушуъайби Харави, Абухайсами Гургони, Тохири Чагони, Мунчики Тирмизи, Равнакии Бухорои, Сипехрии Мовароуннахри, Аммораи Марвази, Абулфатхи Бусти, Майсари ва дигарон намояндагони барчастаи адабиёти давраи мавсуф мебошанд.

Аксарияти кулли онхо дар Бухоро, Балх, Марв, Самарканд, Чагониён, Тирмиз, Хирот, Сарахс, Гургон ва Нишопур барин шахрхо ва музофоти Мовароуннахру Хуросон ба камол расида, бештаринашон дар Бухоро, ки дар ахди Сомониён ба маркази бузурги илмиву адаби табдил ёфт, чамъ омада буданд. Дар замонахои баъди кам ба назар мерасад, ки дар як аср ин кадар суханварони сохибмакоме ба камол расида бошанд, ки аз тамоми осори онхо табъи салиму истеъдоди фитри хувайдо гардад.

Умуман, дар замони Сомонихо ба равнаки адабиёт, хусусан ба сабзиши адабиёти дарбори ва эхёи асотиру хамосахои таърихию кахрамонии гузашта, ахамияти хос дода мешуд. Сарвари адибон, ки маликушшуаро, яъне подшохи шоъирон номида мешуд, ба корхои адаби рохбари мекард. Нахустин маликушшуаро Устод Рудаки буд, ки на амир, балки халк ин унвонро ба у муносиб дониста буд.

Жанрхои асосии адабиёти  асри  X   дар колаби  назму  наср рехта шуда бошанд хам,  назм  дар  адабиёти  аср  мавкеъи шойистатаре дошт. Аёнтараш, навъхои асосии шеъри точики —маснави, касида, газал, рубоъи, дубайти, китъа, мусаммат ва гайра дар хамин замон шакл гирифтаву инкишоф ёфта буданд. Ин навъхои шеър аз руйи хусусиятхои шакли, яъне аз чихати хачм, тарзи кофиябанди ва колаби вазн аз хамдигар фарк мекарданд. Масалан, маснави бо байтхое, ки хар мисраъаш хамкофия аст, навишта мешавад. Рубоъи аз чахор мисраъ иборат буда, гохе хар чахор мисраъ хамкофия ва гохе мисраъи сеюм аз кофия озод мебошад. Касидаю газал як хел кофия доранд: байти аввал хамкофия буда, баъдан мисраъхои чуфт бо он дар кофия муттахид мешаванд. Касида дарозу газал кутох аст. Дар китъа факат мисраъхои чуфт бо хамдигар як хел кофия доранд. Устоди кулли хамаи ин навъхои шеъри ва пешвои адибони замон, бешак, Устод Рудаки буда, Дакики, Шахиди Балхи ва Кисои низ дар чанд навъи шеъри махорати тамом доштаанд.

Киссаю достонхо дар колаби маснави навишта мешуданд. Достонхои кахрамони, хамосави (эпики), ишки ва ахлоки хам дар хамин навъи назм эчод гардидаанд. Хафт маснавии Рудаки, аз чумла «Калилаю Димна» ва «Синдбоднома», се маснавии Абушакури Балхи, ки яке аз онхо «Офариннома» (соли таъл. 336/947) аст, «Шохнома»-хои манзум, «Юсуфу Зулайхо»-и Абулмуъайяди Балхи намунахои барчастаи достонсаройи ва киссапардозии замон мебошанд. Дар таркиби номи аксарияти онхо омадани чузъи «нома» ба достон буданашон ишорат мекунад.

Махз дар асри X аввалин достонхое, ки мавзуъашон илм аст, ба майдон омаданд, ки асосгузори ин навъ достон низ Устод Рудаки мебошад. Маснавии у «Даврони Офтоб» рочеъ ба илми нучум (астрономия) будааст. Майсари, чунон ки зикраш гузашт, «Донишнома»-и худро дар шакли маснави навиштааст, ки такрибан аз панч хазор байт иборат буда, мавзуъаш тиб аст. Муаллиф тибро дар радифи ситорашиноси, хандаса (геометрия бо математика) ва фикх (конуншиноси) аз илмхои зарури шумурда, рочеъ ба касалихо, аломати онхо ва табобаташон басх мепайвандад.

Камолоти эчодии Рудаки чун устоду сарвари адибон дар Бухоро дар хамин мухит сурат гирифта, на танхо дар хавзаи дарбор, балки дар байни халку доираи гуруххои равшанфикри ахли шахр низ шухрати тамом ёфта буд. Ин шухрату нуфузи шоъир хусусан дар пиронсолиш афзун гардид. Дар бораи пири ва нотавонии худ Рудаки, аз чумла дар касидаи «Модари май» ишорахо дорад, вале ранчу азобхои у дар ин айём бо кулфатхои пири махдуд намешуд. Синфи хукмрон дар таъкибу озори у рохи ифротро пеш гирифт. Ин сабаб дошт, зеро хонадони Сомони, ки  дар аввали хукмрони ба пайравони мазхабхо, фиркахо, хатто динхо бетараф буд, рафта-рафта дар ин чабха сиёсати худро дигар кард. Аз соли 919 сар карда дар каламрави Сомониён таблиготи кармати чун чунбиши сиёси ва нахзати ичтимои пурзур гардид. Карматихо гурухи пуркуввати сиёсие буданд, ки дар асри IX пайдо шуда, дехконон, бодиянишинхо ва ахли хунар, хусусан онхоеро, ки аз тартиботи мавчуда, мазхаби расмии ислом ва сиёсати нажодпарастонаи халифахои аббоси норози буданд, муттахид мекарданд. Маънои кармат кутох аст. Сабаби чунин ном гирифтани чараён дар он аст, ки асосгузори он Хамдон ибн-ал-Ашъас каду пойхои кутох доштааст. Дар замони Сомонихо карматия хамчун харакати халки мохияти зиддифеодали дошта, бо фаъолияти рохбари карматихои Бухоро Мухаммади Нахшаби, аз руйи баъзе хусусиятхои озодихохи ва демократиаш, эътибор пайдо карда буд. Таъсири нуфузи он ба дарачае буд, ки амирону вазирон ва шахсони дигари сохибэътибор низ ба он майл мекарданд. Наср ибни Ахмад хам ба онхо таваччух дошт. Аз тарафи дигар, дар охирхои салтанати Наср ибни Ахмад таассубу хурофоти мазхаби авч гирифт. Бисёр одамони равшанфикр бо тухмати кармати будан ба чазохо гирифтор мешуданд. Рухониёни ислому дарбориёни иртичои хамаи мухолифони худро кармати меномиданд, ба бедини айбдорашон мекарданд. Лашкариён бошанд, онхоро мекуштанду горат мекарданд.

Низомулмулк, вокеан, ба гунохи кармати аз тахт маъзул гардидани Насри II ва ба чояш амир баргузида шудани писари Нух ибни Мансурро муфассал накл карда, таъкид менамояд, ки ин ходиса ба сабаби аз рохи суннат барафтодан ва мазхаби бад гирифтан, яъне таълимоти карматиро аз Мухаммади Нахшаби пазируфтани Насри II, рух додааст. Нух баробари ба тахт нишастан ба пойи падар банд баста, уро махбус мекунад. Пешвоёни харакати кармати (ботини)-ро низ ба хабс мегирад. «Пас Хасану Маккоду Мансури Чагони ва Ашъасро бад-он амр, ки ботини шуда буданд, гардан бизаданду дар шахрхо афтоданду хар киро аз эшон меёфтанд, мекуштанд… Хафт шабонруз дар Бухорову навохии у мекуштанду мекуштанду горат мекарданд. Ва чунон шуд, ки  дар Мовароуннахру Хуросон яке аз эшон намонданд».53

Соли 1958, ба муносибати чашни 1100-солагии Устод Абуабдуллохи Рудаки, мачмуъаи «Ашъори хамасрони Рудаки» ба табъ расид,54 ки намунахои бокимондаи абёти 66 нафар шоъирони асрхои IX — Х-ро дар хачми 3291 байт (6582 мисраъ) фаро мегирад. Аз шоъироне, ки дар ахди Саффориён (873—903) ва замони Тохириён (821—873) гузаштаанд, ба гайр аз шеъри халкии Балхиён ва Абулянбаги, ки  солхои 170—187 хичри (786— 920) зинда будааст, 2 байти Махмуди Варрок (ваф. 221/936), 4 байти Ханзалаи Бодгиси (ваф. 219/834), 19 байти Мухаммад ибни Васиф, 5 байти Бассоми Курд, 3 байти Мухаммад ибни Мухаллад, 4 байти Фирузи Машрики (ваф. 283/987), 10 байти Абусалики Гургони, 5 байти Масъуди Марвази ва 2 байти Абухафси Сугди иктибос оварда мешавад, ки пароканда бошанд хам, аз завки салим, махорати бузург, анвоъи гуногуни шеъри ва санъати гании ашъори карни IX форсу точик дарак медиханд.

Ханзалаи Бодгиси аз шоъирони сохибдевони замони Тохириён буда   (ваф. 219/834), Низомии    Арузии Самарканди ду байти уро далел оварда, таъсири зури панди онро кайд мекунад, ки одамонро ба марди ва кахрамони талкин менамояд:

Михтари гар ба коми шер бувад,

Шав, хатар кун, зи коми шер бичуй

Ё бузургию иззу неъмату чох,

Ё чу мардон-т марги руёруй!

Ду байти дигари Ханзала лирики буда, исботи даъвоест, ки аз ибтидои пайдоиш як кисми мухимми шеъри точикиро ашъори ошикона ва гинои ташкил мекардааст:  

Ёрам сипанд агарчи бар оташ хамефиканд,

Аз бахи чашм, то нарасад мар варо газанд,                     

Уро сипанду оташ н-ояд хаме ба кор

Бо руйи хамчу оташу бо холи чун сипанд!

Бассоми Курд хам мадеха гуфта, Фирузи Машрики  (ваф. 283/897) марсияву мадх суруда, Масъуди Марвази маснави навишта, таърихро дар он аз замони Каюмарс то охири салтанати Сосониён  дарч намудааст. Масъуди Марвази, гайр аз маснави, касида хам менигоштааст, ки ин пора шеър аз он кабил аст:

Мухолифони ту мурон буданд, мор шуданд,

Баровар аз сари мурони моргашта димор!

Макун диранг аз ин бешу рузгор мабар,

Ки аждахо шавад, ар рузгор ёбад, мор!

Мухаммад ибни Баъис (ваф. 850) аз нахустин шоъирони форсу точик аст, ки ба този ва форси шеър мегуфтааст, вале ягон байти форсии   у боки намондааст. Зодаи Эрони гарбист, ки ашъори форсии уро дар Марога месароиданд. Дар сафи шуришчиёни Бобак меразмид. Баъд ба мукобили Бобак мегузарад. Боз аз зулму чаври арабхо ба танг омада, худ алайхи халифа Ал-Мутаваккил киём мекунад. Аммо, дар нихояти кор, шикаст хурда, ба даст меафтад ва ба катл расонда мешавад. Мухаммад ибни Баъис дар шучоъату часорат вирди забонхо буд.

Мухаммади Васиф. Чойи таваллуду чараёни зиндаги ва дар кучо касби камол карданаш маълум нест, вале, мувофики ахбори «Таърихи Систон», солхо дабири хонадони Саффориён (873—900) буда, дар даргохи Яъкуб ибни Лайси Саффори хизмат мекардааст. Вай аз нахустин шоъиронест, ки касидахои форси сурудааст. Аз гуфтори у 23 байт то замони мо боки мондааст. Абёти бокимондаи у доир ба вокеъахои таърихии солхои 251, 273, 296 ва 293 (865, 886, 900, 909 мелоди) бахс мекунанд:

Ай амире, ки амирони чахон, хосаву ом,

Бандаву чокару мавлою сагеанду гулом,

Азали хатте дар лавх, ки мулке бидихад

Ба Абуюсуфи Яъкуб ибн-ул Лайси Хумом.

Ба лагом омад Занбилу лате хурд ба линг,

Латра шуд лашкари Занбилу хабо гашт куном!

Мухаммад  ибни  Мухаллад суханваре донишманду фозил,  аз    нахустин касидасароёни форсу точик буда, дар замони Саффорихо зиндаги ба сар бурдааст. Зодгохаш Систон мебошад. Аз у се байт бокист, ки дар васфи кишваркушоихои Яъкуб ибни Лайс суруда шудааст:

Чуз ту назод Хаввою Одам накишт,

Шерниходи ба дилу бар маништ!

Муъчизи пайгамбари макки туйи

Бо кунишу бо манишу бо гавишт!

Фахр кунад Аммор рузи бузург,

Гу хамонам ман, ки Яъкуб кишт!

Абусалики Гургони аз шоъиронест, ки дар ахди Саффорихо зиндаги ба сар мебурд. Аз ашъори у то имруз хамаги дах байт омада расидааст. Мутолиъаву баррасии ин дах байт гувохи он аст, ки шеъри форсу точик то Абусалик хам бо конуниятхои устувор ва суннатхои мустахкам ройич будааст. Тавсифи маъшук, мадху панд мазомини онро ташкил мекард. У дар ситоиши ёр мегуяд:

Дар ин замона буте нест аз ту некутар,

На бар ту, бар шамане, аз рахи-т мушфиктар!

Дар панду насихат мефармояд:

Хуни худро гар бирези бар замин,

Бих, ки оби руй рези дар канор!

Бут парастидан бих аз мардумпараст,

Панд гиру кор банду гуш дор!

Алии Тирмизи. Хамин кадараш маълум аст, ки мутафаккири суфимашраб ва шоъири асри IX буда, бо шеваи халк рубоъи мегуфтааст, вале алхол аз онхо суроге нест. Ба кавли Шайх Аттор, уро хакимулавлиё мегуфтаанд. Кабри у имруз хам дар Тирмиз бокист. Аз ахволу ашъори у чизи дигаре маълум нест.

Махмуди Варрок аз шоъирони замони Тохириён (821—873) буда, такрибан соли 835 вафот кардааст. Аз у ду байт боки мондааст:

Нигорино, ба накди чон-т надхам,

Гарони дар бахо, арзон-т надхам!

Гирифтастам ба чон домони васлат,

Нихам  чон  аз кафу домон-т надхам!

Абухафси Сугди Абухафс ибни Ахвас (ваф. 832) ном дошта,  ба кавле аз аввалин адибони форсу точик будааст. Нисбати Сугди бар он гувох аст, ки аз шахрхои бузурги Сугд аст. Ду байти аз у бокимонда аз лихози шеваи гуфтор шаходат медихад, ки шояд аз Масчо ва ё Фалгар бошад. Таваччух фармоед, шоъир куху даштро ба хам чи гуна мукобил гузошта, холи гизоли кухии дар дашт танхомондаро чи гуна зиндаву равшан ба халкаи тасвир мекашад, ки гуё нусхаи холи худи шоъир бошад:

Охуи кухи дар дашт чи гуна давадо?!

У надорад ёр, бе ёр чи гуна бувадо?!

Байти дигаре, ки ба номи Абухафс маълум аст, ин аст:

Бусу назарам чамол бошад бо ёр,

Ин фатво гирифтаам аз гаргар.

Абухафсро Абунасри Фороби ва Шамси Кайси Рози мухтареъи сози шохруд медонанд. Вай, хамчунин, китоби лугате таълиф карда будааст бо номи «Фарханги Абухафс» ва ё «Рисолаи Абухафс», ки аз байн рафтааст.

Абулаббоси Марвази, ба гуфти Ризокулихони Хидоят дар тазкираи «Мачмаъ-ул-фусахо», дувумин шоъирест, ки ба форси шеър гуфтааст. Соли 809, вакте ки халифаи араб Абдуллохи Маъмун (786—833) ба Марв меояд, у дар ситоиши вай мадхия гуфта будааст. Аз эчодиёти Абулаббоси Марвази имруз чахор байт моро дастрас аст, ки ин аст:

Ай расонида ба давлат фарки худ ба Фаркадайн,

Густаронида ба фазлу чуд дар олам ядайн!

Мар хилофатро ту шоиста, чу мардум дидаро,

Дини Яздонро ту боиста, чу рухро хар ду ъайн!

Кас бад-ин минвол пеш аз ман чунин шеъре нагуфт,

Мар забони порсиро хаст то ин навъ байн!

Лек аз он гуфтам ман ин мидхат туро, то ин лугат

Гирад аз мадху санои хазрати ту зебу зайн!

 Аз шеваи гуфтори Абулаббоси Марвази чунин бармеояд, ки худи у муътакид аст, ки нахустин дафъа мадхияи форси сурудааст ва умедвор аст, ки минбаъда забони форси мисли араби барои сурудани мадхия ба кор равад.

Абулъалои Шуштари. Дар «Лугати Фурс» ва «Тарчумон-ул-балогат» аз у намунахо оварда мешавад. Манучехри низ уро дар катори адибони машхури ахди Оли Сомон ном мебарад. Инак 19 байти у дастрас аст ва рисолае дар илми аруз низ доштааст, ки холо дастрас нест. Абулъало шеърро пухта мегуфтааст, мисли он ки  шаробро васф кардааст:

Биёвар, он гувохи дихад зи чон, ки ман

Чахор гавхарам андар чахор чой мудом!

Зумуррад андар токам, акик андар гужб,

Сухайл андар хум, офтобам андар чом!

Маълум мешавад, ки хануз дар ибтидои асри IX назми ишки, мадх, хачв ва панд дар шеъри форси маъмул будааст. Назми карни IX, бо вучуди ин, аз сабаби носуфтагии забон, камии микдор ва авомона будани бадеъияташ, ба дурахши назми асри X тоб наёварда, дар партави он ба назархо ночиз намуд. Ба хамин иллат, дар даврони пасини адабиёти точику форс сармашки эчоду татаббуъи хеч як аз намояндагони он карор    нагирифт.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Хар чи зуд барояд, дер напояд

Хоки Машрик, шунидаам, ки кунад Ба чихил сол косае чини. Сад ба рузе кунанд дар …