Главная / Маданият ва санъат / ТАРЗИ КОРКАРДИ ИНФОРМАТСИЯ ДАР КОМПЮТЕР

ТАРЗИ КОРКАРДИ ИНФОРМАТСИЯ ДАР КОМПЮТЕР

Тавре ки аллакай медонем, компютер метавонад, информатсияи табиати дилхохдоштаро кор карда барояд. Информатсия метавонад адади, матни, графики, тасвири, садои ва гайра бошад. Аз тарафи дигар мо медонем, ки компютер танхо бо кодхои дуйи кор карда метавонад. Пас саволе ба миён меояд, ки информатсияи гуногун аз тарафи компютер чи тавр кор карда баромада мешавад?

Гап дар сари он аст, ки дар компютер хар гуна инфор матсия бо ёрии ададхо кодгузори карда мешавад. Компютер хангоми кор танхо бо коди информатсия сару кор дорад.

komputerМо дар хаёти мукаррарии харрузаамон аз системаи хисоббарорие истифода мебарем, ки онро системаи дахи мегуянд. Хар гуна адад дар ин система ба воситаи дах ракам 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ифода карда мешавад. Донистани конуну коидахои ичрои амалхо дар ин система кифоя аст, хар гуна масъалаи хаётии дар наздамон гузошташударо хал намоем. Мо бо ин система чунон одат кардаем, ки хатто дар бораи вучуд доштани дигар системахои хисоббарори фикр хам намекунем. Дар асл дар хаёт системахои хисоббарории зиёде мавриди истифода карор гирифтаанд. Бале, хайрон нашавед! Хангоми азхудкунии принсипи кори компютер шумо аллакай бо яке аз чунин системахои хисоббарори шинос хохед шуд.

Аслан протсессори компютер информатсияеро кор карда баромада метавонад, ки он бо ёрии сигналхои электрики ифода карда шуда бошад. Аз нуктаи назари физикави, ба протсессор хеле кулай аст, ки информатсияи кабулнамудаашро бо ёрии ду вазъ (холат) кодгузори намонд:

  1. a) шиддати сигнали электрики мавчуд аст;

и) шиддати сигнали электрики мавчуд нест.

Агар мо мавчуд будани шиддати сигнали электрикиро ба воситаи раками 1 ва мавчуд набудани онро ба воситаи раками 0 ишорат кунем, он гох маълум мегардад, ки прот-

сессор хар гуна информатсияро бо ёрии танхо ду ракам (1 ва 0) кодгузори мекардааст. Системаи хисоббарориеро, ки танхо ракамхои 0 ва 1ро истифода мебарад, системаи дуйи мегуянд.

Инсоният ба системаи дахии хисоббарори яку якбора наомадааст. Олимон бар он акидаанд, ки асоси гузаштан ба системаи дахиро, дах ангушти дастони инсон ташкил намудааст. Шояд хамин тавр хам бошад. Лекин биёед лахзае тасаввур кунем, ки мо дар ихтиёрамон танхо ракамхои 0 ва 1ро дорем. Оё мо метавонем, ки хамаи ададхоро бо ёрии ин ду ракам ифода намоем? Албатта метавонем. Масалан, мувофикати якчанд ададхои аввалаи бутуни мусбати системаи дахи ва дуйи чунин аст:

Дахи 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17

Дуи 0 1 10 11 100 101 110 111 1000 1001 1010 1011 1100 1101 1110 1111 10000 10001

Тарзи аз як системаи хисоббарори ба дигар система гузаштанро, дар мисоли адади дахии 13, ки дар системаи дуйи хамчун 1101 тасвир карда мешавад, нишон медихем:

Дар мисол, тасвири адади додашуда ба разрядхо чудо карда шудааст 13 ду разряд дорад, 1101 чорто. Протсессори Pentium, ки дар он барои интиколи информатсия 32 сим хизмат мерасонад, яку якбора метавонад адади дуйии 32разрядаро кор карда барояд. Азбаски протсессори Intel80286 аз 16 сим иборат аст, ин протсессор аз Pentium дида ададхоро ду маротиба сусттар интикол мекунад.

Хангоми омузиши хотираи компютер, мо кайд карда будем, ки разрядхои дуйиро бит ва мачмуи 8битро байт ном мебаранд. Барои ченкунии хачми информатсияи дар хотираи компютер махфузбуда бошад, аз ченакхои калонтар килобайт (Кбайт), мегабайт (Мбайт), гигабайт (Гбайт) ва гайра истифода мебаранд.

Масалан, дискети 3,5 дюймаги 1 457 664 байт информатсияро гунчонида метавонад, ки онро пас аз яклухткуни 1,4 (13)10=10+3=1101+3100=(1101)2=123+122+021+120=8+4+0+1=(13)10 13 1101

79 Мбайт мегуянд. Ин микдор зиёд аст ё кам? Агар ба хисоб гирем, ки як символи матни ба воситаи як байт ифода карда мешавад, он гох гуфта метавонем, ки дар чунин диск такрибан 1,5 миллион символ ё такрибан 100 сахифа китоб мегунчад. Мутаассифона, имруз ин микдор информатсия хеле кам шумурда мешавад. Агар ин ададро ба информатсияи шакли овоздошта табдил дихем, он гох дар дискет хамаги 17 сония стереоовози сифатнокро гунчонидан мумкин асту халос. Расми рангаи формати А4 (вараки чопкунии андозааш 210х297 мм) аз 20 Мбайт зиёдтар хачмро талаб менамояд. Албатта дар ин мавридхо на аз дискетхо, балки аз компактдискхо истифода мебаранд, ки гунчоиши онхо аз 600 Мбайт зиёдтар аст.

Дар диски сахти компютер (винчестер) информатсияи гуногун программахо, матни хуччатхо, тасвирхои графики, видеоклипхо, суруду мусикихо ва гайрахо

махфузанд, ки хамаи онхо махз бо ёрии хамон ду вазъи мантики хаст ё нест, 1 ё 0, фурузон ё хомуш ва гайрахо кодгузори карда мешаванд.

Саволхо:

  1. Кадом намудхои информатсияро медонед?
  2. Компютер информатсияро чи тавр кор карда мебарояд?
  3. Протсессор информатсияро чи гуна кодгузори менамояд?
  4. Чаро протсессори Pentium аз протсессори Intel80286 информатсияро ду маротиба тезтар интикол медихад?
  5. Дискети 3,5 дюймаги чанд байт информатсияро гунчонида метавонад?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Доир ба тарзи коркарди информатсия дар компютер фикратонро дар дафтар баён намоед.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …