Главная / Илм / ТАРЗХОИ КОДИРОНИИ ИНФОРМАТСИЯ

ТАРЗХОИ КОДИРОНИИ ИНФОРМАТСИЯ

Кодиронии ракамии иттилоотхои намудашон гуногун. Раванди ташаккули тарзи муайяни тасвири информатсияро кодиронии (рамзсози, рамзбанди) информатсия мегуянд. Одатан дар зери мафхуми кодиронии информатсия гузариш аз як тарз ба дигар тарзи тасвири информатсияро мефахманд, ки вай барои нигахдори, интикол ва коркард кулайтар аст.

kodirovanieКомпютер танхо намуди информатсияеро кор карда баромада метавонад, ки вай дар шакли раками тасвир шуда бошад. Хар гуна информатсияи намуди дигар – садо, наво, матн, график, расм, нишондоди асбобхо ва гайра хангоми коркарди компютери бояд аввал ба шакли раками табдил дода шавад. Масалан, барои садои мусикиро ба шакли адади табдил додан, кифоя аст, ки дар фосилахои начандон калони вакт баландии (шиддати) садоро барои зудихои муайян чен намоем ва натичахои ченкунихоро дар шакли раками ба кайд гирем. Бо ёрии программахои компютери бошад, ин табдилотро дар шакли садои мусики аз нав баркарор намудан мумкин аст.

Айнан хамин тавр, бо ёрии компютер информатсияи матниро низ кор карда баромадан мумкин аст. Хангоми ба компютер дохил намудани рамзхо (харф, ракам, аломат) онхо бо ёрии ягон адади муайян кодиронида мешаванд. Дар вакти ба кисмхои беруна (экран, принтер) хорич намудан бошад, баръакс, аз руи коди онхо тасвири худи рамзхо сохта мешавад.

Ана хамин мувофикати байни рамзхову ададхоро рамзсози мегуянд. Чун коида, хамаи ададхо дар компютер бо ёрии ракамхои нулу як (0, 1) тасвир карда мешаванд. Яъне, компютер асосан дар базаи системаи хисоби дуи кор мекунад. Сабаби асосии истифодаи системаи хисоби дуи дар он аст, ки дар ин маврид тачхизоти коркарди информатсия намуди хеле соддаро кабул менамояд.

Дохилкуни ва хоричкунии ададхо бо ёрии компютер бошад, дар шакли мукаррари (одати) ичро карда мешавад, чунки хамаи табдилдихихоро программахои компютери ба зиммаи худ мегиранд. 

Андозагирии информатсия ва ченакхои он. Одамон хангоми халли масъалахои мухталиф бештар аз информатсияи доир ба мухити атроф доштаашон истифода мебаранд. Агар ин ё он руйдод ё ходиса хубтар ва пурратар омухта шуда бошад, он гох халли масъалаи ба он мувофик низ хамон кадар осонтар ёфта мешавад.

Масалан, донистани конунхои физика имконият медихад, ки асбобхои мураккаби техники сохта шаванд. Барои тарчумаи матн аз забони хоричи бошад, донистани коидахои грамматики ва азёд кардани микдори калимахои зиёде лозим меояд.

Мо зуд-зуд аз наздикони худ иборахоеро мешунавем, ки гуё ин ё он хабар информатсияи кам ё баръакс зиёдро дорост. Дар хакикат хам, хамин тавр аст. Масалан, маколаи дар рузнома чопшуда метавонад барои як шахс микдори зиёди информатсия дихад, аммо ба маълумотхои пештараи шахси дигар ягон зарра информатсияи навро зам нанамояд. Сабаб дар он аст, ки дониши одамон нисбат ба иттилооти (ахбори, ходисаи) дар макола баёншуда, метавонад то чопшавиаш дар сатххои гуногун карор дошта бошад.

Аз дигар тараф, баъзан холатхое руй медиханд, ки шахс аз шунидани маълумотхои зиёди нав (масалан, дарси нав), барои худ амалан ягон микдор информатсия намегирад. Сабаби руй додани чунин холатхо дар он аст, ки ахбори мазкур (мавзуъ) барои шунаванда шавковар нест, яъне завки уро бедор карда наметавонад.

Хамин тарик, микдори информатсияи дар ахбор (маълумот) махфузбуда аз дарачаи нави ва шавковарии вай барои кабулкунандааш вобаста аст. Бо гирифтани информатсияи зарури номуайяни дар (нопуррагии дониш) масъалаи барои мо шавковар кам мешавад. Агар дар натичаи кабули маълумоти нав халли масъалаи омухташаванда пурра равшан гардад (яъне номуайяни гум шавад), он гох мегуянд, ки информатсияи мукаммал гирифта шудааст ва зарурат ба гирифтани информатсияи иловаги вучуд надорад. Баръакс, агар пас аз гирифтани маълумот нисбат ба масъалаи тадкикшаванда номуайяни боки монад (маълумот ё нав набошад ва ё ба масъала дахл надошта бошад), он гох мегуянд, ки ягон информатсия гирифта нашудааст (информатсияи нули).

Масалан, агар хангоми партофтани танга мо ахамият дихем, ки вай бо кадом тарафаш меафтад, он гох хатман сохиби информатсияи муайян мегардем.

Азбаски хар ду тарафи танга имконияти афтидани баробарро доранд, бинобар ин эхтимолияти ба боло омадани хам ин тараф ва хам он тарафи танга якхела аст. Дар ин маврид мегуянд, ки ходиса як бит информатсия дорад. Айнан хамин тавр, хангоми аз байни ду саккои рангхои гуногундоштаи дар кутти пинхонбуда нодида гирифтани яке аз онхо низ, мо информатсияи ба 1 бит баробарро доир ба ранги сакко дастрас менамоем.

Вохиди ченкунии информатсияро бит (bit) мегуянд, ки он аз калимахои кутохкардашудаи англисии binary digit (раками дуи) гирифта шудааст. Дар техникаи компютери бит ба вазъи физикии барандаи информатсия мувофикат мекунад. Масалан, магнит мекашад – магнит тела медихад, сурохи хаст – сурохи нест, лампа фурузон хаст – лампа хомуш аст. Яке аз вазъхоро ба воситаи раками 0 ва дигарашро бо 1 ишорат кардан одат шудааст. Интихоби яке аз ду варианти имконпазирро бо доимихои мантикии «дуруст» ва «нодуруст» низ ифода мекунанд. Бо ёрии пайдарпайии битхо матн, мусаввара, садо ё дигар намуд информатсияро кодиронидан мумкин аст. Методи бо битхо тасвиркунии информатсияро методи кодиронии дуи (binary encoding) мегуянд.

Дар информатика бештар аз бузургии калонтар – байт (byte) истифода мебаранд, ки вай ба 8 бит баробар аст. Агар бит имконияти аз ду варианти имконпазир интихоб намудани якеро фарохам оварад, он гох байт, мувофикан, яке аз 256 варианти имконпазирро (28) пешкаш менамояд. Аксарияти компютерхои замонави хангоми кодиронии рамзхо пайдарпайии аз 8 нулу якхо (як байт) иборатбударо истифода мебаранд.

Мувофикати байни байтхо ва рамзхо бо ёрии чадвалхои махсус ба танзим оварда мешаванд. Масалан, мувофики чадвали кодии Koi8-R коди харфи М ба 11101101, коди харфи И ба 11101001 ва коди рамзи пробел (мавкеи холи) ба 00100000 баробар аст.

Дар баробари байтхо барои ченкунии микдори информатсия аз ченакхои боз хам калонтар истифода мебаранд:

1 Кбайт (як килобайт) = 210 байт = 1024 байт;

1 Мбайт (як мегабайт) = 210 Кбайт = 1024 Кбайт;

1 Гбайт (як гигабайт) = 210 Мбайт = 1024 Мбайт.

Масалан, микдори информатсияи китоби 100 сахифадоштаро, ки хар як сахифааш 35 сатр ва хар як сатраш 50-рамзи дорад, чунин хисоб кардан мумкин аст: як сахифаи китоб 35·50=1750 байт информатсия дорад, хачми информатсияи пурраи китоб бошад, ба 1750·100=175000 байт ё 175000:1024=170,8984 Кбайт ва ё 170,8984:1024=0,166893 Мбайт баробар аст.

Худро санчед:

  1. Кодиронии информатсия чист? Кодиронии раками чи?
  2. Системаи хисоби дуи чи гуна система аст?
  3. Микдори информатсияро чи тавр чен мекунанд?
  4. Бит ва байт гуфта чиро мефахмед? Боз кадом ченакхоро медонед?
  5. Ахбори аз 12288 бит иборатбуда, чанд Кбайт информатсиядорад?

Ичро кунед:

  1. Мавзуъро бодиккат хонед ва доир ба тарзхои кодиронии информатсия маълумот дихед.
  2. Мактуб аз 2 сахифаи 25-сатра иборат аст. Дар хар як сатри мактуб 40 рамз чой дода шудааст. Хачми информатсияи мактубро хисоб кунед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

zaminlarza

РАВАНДХОЕ, КИ ДАР ЛИТОСФЕРА БА АМАЛ МЕОЯНД

Равандхои дар литосфера ба амал меомада – Заминларза ва сабабхои пайдоиши онхо. Ба мо маълум …