Главная / Илм / ТАРЗХОИ БАКОРДАРОРИИ ПРОГРАММАХО ДАР WINDOWS

ТАРЗХОИ БАКОРДАРОРИИ ПРОГРАММАХО ДАР WINDOWS

Пайдошавии равзанаи Мизи кории системаи Windows (Расми 2) дар экран шаходати он аст, ки истифодабарандаи МЭХ аллакай ба мухити ин системаи оператсиони ворид гаштааст.

Пас аз воридшави ба система, истифодабаранда имконият пайдо менамояд, ки ягон программаро ба кор дарорад ва бо ёрии он масъалаи муайянеро хал намояд. Бояд кайд кард, ки аксарияти программахое, ки то имрузхо истифода бурда мешаванд, то пайдоиши системаи Windows сохта шудаанд ва онхо бевосита дар мухити ин система кор карда наметавонанд. Чунин программахо асосан барои мухити системаи оператсионии MS DOS сохта шудаанд, ки онхоро Dos программахо мегуянд. Пеш аз ба кор даровардани ин гуна программахо дар Windows, аввал системаи MS DOS-ро ба кор омода месозанд. Программахои барои системаи Windows сохташударо Windows-программахо мегуянд.

Дар системаи Windows имкониятхои фаровони ба кор даровардани программахо вучуд доранд. Интихоби ин ё он усули бакордарории программахо аз худи истифодабарандаи компютер вобаста аст. Программахоро ба воситаи менюи асосии система, нишонаи хуччатхои ба воситаи ин программахо сохташуда, ярлики программахо, папкахои Компютери ман ё Рохбалад ва гайра ба кор омода сохтан мумкин аст. Бакордарории программа бо ёрии менюи асоси. Дар Панели масъалахо тугмаи Пуск (Огоз)-ро пахш карда, ба менюи асосии система ворид мешавем.

windowsНишондихандаи мушро ба сатри Программы (Программахо) гузошта каме интизор мешавем ва аз руйхати пайдогардидаи программахо программаи лозимиро интихоб менамоем. Масалан, дар расми 36, тарзи интихобкунии программаи Microsoft Word нишон дода шудааст. Ин программа пас аз пахши тугмаи чапи муш ба кор медарояд ва равзанаи он кушода мешавад (Расми 37). Интихобкунии программаи Microsoft Word ба воситаи менюи асоси Бакордарории программа бо ёрии нишонаи хуччат. Чунон ки пештар кайд кардем, хар як хуччат бо ёрии ягон программаи амали сохта мешавад. Ба ин гуна программахо тахриргархои матни, таблитсахои электрони, системахои идоракунии базаи маълумотхо ва гайра дохил мешаванд. Барои ба кор даровардани чунин программахо, ба нишонаи ягон хуччати ба воситаи онхо сохташуда, бо ёрии муш ду маротиба таъсир мерасонем. Дар натича, программа ба кор медарояд ва дар равзанаи он информатсияи дохили хуччат нишон дода мешавад.

Бакордарории программа бо ёрии ярлики он. Системаи Windows имконият медихад, ки барои хар як программа ва хуччатхои ба воситаи онхо тартибдодашуда ярлик сохта ша-

Расми 37. Намуди матн дар равзанаи программаи Microsoft Word вад ва онхо дар Мизи кори ё дохили ягон папка чойгир карда шаванд. Барои ба кор даровардани программа кифоя аст, ки ба воситаи муш ба ярлики он ё ярлики хуччати ба воситаи он сохташуда, ду маротиба таъсир расонем.

Бакордарории программа бо ёрии папкаи Компютери ман. Папкаи программаи Компютери ман имконият медихад, ки аз дискхо программахои зарури кофта ёфта шуда, ба кор дароварда шаванд. Барои амали шудани ин максад зарур аст, ки пеш аз хама худи программаи Компютери ман ба кор дароварда шавад. Дар дохили папкаи ин программа нишонахои дискхои компютер ва папкахои системави чойгир шудаанд. Аз байни онхо нишонаи дискеро интихоб менамоем, ки дар он программаи зарури чойгир аст. Бо пахши дукаратаи тугмаи чапи муш равзанаи диск кушода мешавад ва дар он нишонахои объектхои дохили он нишон додамешаванд. Аз байни нишонахои папкаву зерпапкахои диск нишонаи объектеро интихоб менамоем, ки дар он программаи даркори чойгир шудааст.

Бакордарории программа бо ёрии папкаи Рохбалад. Таъиноти аслии программаи Рохбалад худ аз кофтуков ва бакордарории программахо иборат аст. Дар баробари ин амалиёт ин программа имкониятхои фаровони дигари кор бо объектхои системаро сохиб аст. Усули кори программаи Рохбалад дар Windows бо усули кори кабати программавии Norton Commander дар MS DOS хеле шабохат дорад. Тарзи бакордарории программаву хуччатхо дар Рохбалад аз тарзи бакордарории онхо дар программаи Компютери ман ягон фарке надорад.

Саволхо:

  1. Кадом усулхои бакордарории программахоро дар Windows медонед?
  2. Ба фикри Шумо усули аз хама кулайтарини бакордарории программахои Windows кадом аст?
  3. Dos-программа гуфта кадом программаро меноманд?
  4. Оё Dos-программахо аз Windows-программахо ягон фарки куллие доранд?
  5. Фарки бакордарории программахо бо ёрии нишонаи хуччат аз бакордарории онхо бо ёрии ярлики хуччатхо дар чист?

 Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро накл кунед.
  2. Программаи Microsoft Word-ро бо ёрии менюи асосии Windows, бо ёрии папкаи Компютери ман, бо ёрии папкаи Рохбалад, бо ёрии ягон хуччати ба воситаи MS Word сохташуда ва бо ёрии ярлики ягон хуччати Word ба кор дароред.
  3. Хангоми бо усулхои гуногун ба кор омода гаштани программаи Microsoft Word ахамият дихед, ки кадом тарзи кор махз барои Шумо осонтар ва кулайтар аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …