Главная / Чамъият / ТАРБИЯИ ЧИСМОНИИ ХАЛКИ ТОЧИК ДАР ДАВРАИ ТО АСРИ XX

ТАРБИЯИ ЧИСМОНИИ ХАЛКИ ТОЧИК ДАР ДАВРАИ ТО АСРИ XX

Халки точик асрхо шаклхо, воситахо ва усулхои кадимаи халкии варзишро таъсис ва такмил медод, доимо онро илова ва бойу гани мегардонд.

Омузиши шаклхои халкии тарбияи чисмони нишон медиханд, ки он дар алокаи ногусастани бо фаъолияти мехнатии халк ва талаботхои худмухофизати, машгул будан ба мехнати осоишта, дифоъ ва ба мухориба бо душман воридшуда, халк хислатхои чисмонии худ ва махорату малакахоро дар рохрави, давидан, партоб додан, чахишхо, шиновари ва боло баромаданхо (ба монеахо) инкишоф ва такмил дод.

varzish

Точикистон дар чараёни инкишофи таърихии худ мудом робитахои иктисоди ва фархангиро бо халкхои бародари хамсояаш афгонхо, узбекон, киргизхо ва туркманхо тахким мебахшид. Аммо новобаста ба алокахои мустахкам бо ин халкхо точикон хамеша фарханги кадими худро, аз он чумла варзишро хам нигох доштаанд.

Ба хусусият, мазмун ва шаклхои тарбияи чисмонии халки точик мухит, шароити маиши, иклими – чугрофии махал ва гайра таъсир мерасонад.

То инкилоб дар худуди Точикистон тарбияи чисмонии муташаккил дар байни оммаи васеи халк мавчуд набуд. Танхо ахолии бой имкон доштанд, ки барои ба бачахои худ омузондани аспсавори, тирпарони аз ка-

мон, гуштингири, шатранчбози мураббиёнро киро намоянд. Точикон бо шучоату матонат, кувва ва чанговари дар байни халкхои дигар хатто дар даврахои кадим хам маъруфияти бузург касб карда буданд. Дар ин боб нависандагони гузаштаи форс, араб ва дигарон зикр намудаанд.

Аммо нобаробарии ичтимои, ки дар шароити сохти феодали пурзур гардида буд, инчунин вазъи бенихоят душвор ва бехукукии оммаи мехнаткаш ба инкишофи васеи навъхои варзиши мардуми мусоидат накарданд.

Бо вучуди бехукуки, зулми ичтимои ва иктисоди аз байни халки захматкаш хам аспсаворони оли, пахлавонон, камонварони мохир мебаромаданд. Дуруст аст, ки факат ба баъзе аз онхо имкони нишон додани истеъдодхои варзишии худ муяссар мегардид.

Тарбияи чисмонии халк бошад дар чараёни фаъолияти мехнатии у амали мегашт. Аз синни 13 – 14-солаги сар карда, дехкони наврас ба ёрдамчии падар табдил меёфт ва дар 16-солаги озодона корхоро идора ме-

кард, истифодаи табар, дос ва гайраро азхуд карда менамуд. Барои машгулиятхои махсуси бачахо вакти кам мемонд, ки ба инкишофи хаматарафаи чисмонии онхо мусоидат намекард. Вале он барои омода шудан ба мусобикахои оддии куввасанчи ва чусту чолоки мусоидат менамуд.

Дар байни мардум чунин намудхои варзиш амсоли тирпарони аз камон, гуштингири, сангпартои, чахидан, гузаштан аз монеахои мухталифи табии, шамшербози, баромадан ба баландихои кух, шикор, шиновари,

бозихо, раксхо, мухорибахои гуногуни тан ба тан густариши васеъ ёфта буд.

Аз кадимулайём точикон бозихои серхаракатро васеъ истифода мебаранд. Дар байни бачахо бозихои мавсими машхур буд: «Руймол дар гирд», «Тубро ба чукури расонидан», «Худро ба боло кашидан», «Котил»,«Чахиш» ва гайра. Мусобикахои халки чун аспдавони, чавгонбози, бузкаши барои фарогати варзишии мардум хизмат менамуданд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …