Главная / Чамъият / ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ХОСИЛХЕЗГАРДОНИИ

ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ХОСИЛХЕЗГАРДОНИИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ХОСИЛХЕЗГАРДОНИИ

ЗАМИНХОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2004, №7, мод. 463; соли 2007, №7, мод. 689; соли 2014, №7, к. 2, мод. 416;

Конуни Чумхурии Точикистон аз 23.07.2016, №1344)

Конуни мазкур асосхои хукукии танзими давлатии хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзиро мукаррар менамояд.

Боби 1

Мукаррароти умумИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

заминистифодабарандагон-шахсони вокеи ва хукуки (новобаста аз шакли ташкилию хукуки), ки дар истифодааашон китъаи замини таъиноти кишоварзи доранд;

хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи-кобилияти ба моддахои гизои, обу хаво, гарми, ба мухити биологи ва физикию кимиёви талабдоштаи зироатро конеъ гардонидани хок ва таъмин намудани хосилнокии зироатхо;

бамеъёргирии давлатии хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи-мукаррар намудани стандарт, меъёру мизон, коидаву мукаррарот дар сохаи хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи;

– бахисобгирии  холати хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи – чамъ овардани маълумот оид ба холати агрокимиёви, экологию биологи ва мелиоративии замин бо максади дохил намудани он ба Кадастри давлатии замин (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

– тахкикоти тахшинхои хок – тахкикоти намунаи хок бо максади арзёбии нишондихандахои агрокимиёви, таъсири бодлесии оби ва дигар таъсироти манфи (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи – нигох доштан ва баланд бардоштани хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи бо рохи мунтазам гузаронидани чорабинихои агротехники, агрокимиёви мелиоративи, фитосанитари, зиддиэрозияви ва дигар чорахо;

деградатсияи заминхои таъиноти кишоварзи-бадшавии хусусиятхои заминхои таъиноти кишоварзи дар натичаи ходисахои табии ва таъсири антропогени;

олуда шудани хок – дар таркиби хок мавчуд будани пайвастагихои кимиёви, моддахои радиоактиви, организмхои касалиовар ба микдоре, ки ба саломатии инсон, мухити зист, хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи таъсири манфи мерасонанд;

чорабинихои агротехники – мачмуи тарзу усулхои илман асосноки коркарди хок, киштгардон ва дигар амалхо бо максади баркарор кардани хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи;

чорабинихои агрокимиёви-мачмуи тарзу усулхои илман асосноки истифодаи моддахои агрокимиёви ва пестисидхо оид ба баркарор кардани хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи ва андешидани тадбирхо чихати муносибати эхтиёткорона ба онхо бо максади хифзи мухити зист;

– чорабинихои экологию биологи – мачмуи чорабинихои илман асосноки истифодаи омилу воситахои биологии хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи (киштгардон, нурихои органики, компост, ангезандахо (патогенхо), маъданхо (минералхо), сидератхо) (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

– низоми агроэкологи – бо максади истехсоли устувори махсулоти кишоварзи ба таври сунъи ба вучуд овардан ва нигох доштани мувозинати  экологии киштзор, чарогох, богхо ва китъахои мухофизатии чангал (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

чорабинихои мелиоративи-тархрези, сохтмон, истифода ва тачдиди системахои мелиоративи ва иншоотхои алохидаи гидротехники, обшор кардани чарогоххо, барпо намудани системахои дарахтзорхои чангали барои мухофизати заминхои таъиноти кишоварзи, гузаронидани корхо оиди киштбоб намудани замин, бехтар гардонидани хусусияти кимиёви ва физикии хок, таъмини илми ва истехсолию техникии корхои мазкур;

чорабинихои фитосанитари-мачмуи тарзу усулхои илман асосноки ошкор кардан ва аз алафхои бегона тоза намудани хок, захролудшавии хок аз касаливу хашароти зараррасони зироатхо;

чорабинихои зиддиэрозияви-мачмуи тарзу усулхои илман асосноки хифз  намудани замин аз эрозияхои обшуи, бодлеси ва механики;

хизматрасонии агрокимиёви-фаъолият оид ба таъмин намудани истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи бо моддахои агрокимиёви, пеститсидхо, нурихои органики ва биологи, технология, техника, хамчунин фаъолият оид ба амали гардонидани чорабинихои агротехники, агрокимиёви, мелиоративи, фитосанитари, зиддиэрозияви бо максади гузаронидани тахкикоти илми оид ба хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

– мониторинги хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи –  мушохидахои мунтазами омилхои хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи бо максади муайян кардани тагйироти бавукуъомада, арзёбии онхо ва омода намудани тавсияю дастурхо барои пешгири ва бартараф намудани окибатхои манфии пастшавии хосилхезии замин (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

мониторинги замин – мушохидаи мунтазами холати замин, муайян кардани тагйироти вокеъшаванда ва арзёбии онхо.  

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими давлатии хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими давлатии хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи ба Конуститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Боби 2

Салохияти макомоти хокимияти давлатии ЧумХурии Точикистон ва макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи 

Моддаи 3. Салохияти макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи мансубанд:

– амали намудани сиёсати давлати дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи;

– тасдик намудани барномахои давлатии хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи;

– тасдик намудани стандартхо, меъёрхо, коидахо ва дастурхои гузаронидани чорабинихои агротехники, агрокимиёви, экологию биологи, мелиоративи, фитосанитари ва зиддиэрозияви (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

– хамохангсозии фаъолияти макомоти дахлдори чумхурияви ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи;

– муайян намудани тартиби амали гардонидани назорати давлатии хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи;

– муайян намудани макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи ва тасдики низомномаи он;

– амали намудани салохияти дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи.  

Моддаи 4. Салохияти макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи мансубанд:

– гузаронидани корхои илмию тахкикоти, агрокимиёви ва  агроэкологи бо максади муайян намудани имкониятхои истифодаи устувори замин барои истехсолоти кишоварзи ва нигохдории низоми доимии экологи (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

– назорати ичрои стандартхо, меъёрхо, коидахо ва дастурхои гузаронидани чорабинихои агротехники, агрокимиёви, экологию биологи, мелиоративи, фитосанитари ва зиддиэрозияви (КЧТ аз 23.07.16 № 1344);

– аз заминистифодабарандагон гирифтани маълумот оид ба истифодабарии моддахои агрокимиёви, омилу воситахои биологи омилу воситахои биологи ва пеститсидхо (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

– бахисобгирии натичахои хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи ва мониторинги хосилхезии онхо;

– муайян намудани тартиби таъмини хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи;

– тахия ва таъмини ичрои накшаи чорабинихои агротехники, агрокимиёви, экологию биологи, мелиоративи, фитосанитари ва зиддиэрозияви (КЧТ аз 23.07.16 № 1344);

– тахияи накшаи чорабинихо оид ба киштбоб намудани заминхои таъиноти кишоварзи, ки бо радионуклидхо, металлхои вазнин ва бо моддахои дигар олуда гардидаанд;

– назорати сифати моддахои агрокимиёви, омилу воситахои биологи ва пеститсидхое, ки барои хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи истифода мешаванд ва муносибати эхтиёткорона бо онхо назорати давлатии баркарор кардани хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи ва истифодаи окилонаи онхо, бо максади таъмини риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба замин аз тарафи заминистифодабарандагон (КЧТ аз 23.07.16 № 1344);

– бахисобгирии китъахои намунавии заминхои таъиноти кишоварзи;

– ташкил кардани махзани маълумот дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи;

– амали намудани ваколатхои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи.

Боби 3

Хукуку ухдадорихои  заминистифодабарандагон дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишОварзи

Моддаи 5. Хукуки заминистифодабарандагон дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Заминистифодабарандагон хукук доранд:

барои хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи чорахои агротехники, агрокимиёви, экологию биологи, мелиоративи, фитосанитари ва зиддиэрозияви андешанд (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи холати хосилхезии китъаи замини дар истифодаашон буда ва тагйири холати он маълумот гиранд.  

Моддаи 6. Ухдадорихои заминистифодабарандагон дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Заминиистифодабарандагон ухдадоранд:

– барои истехсоли махсулоти кишоварзи усулхоеро истифода баранд, ки ба баркароршавии хосилхезии замин ва хифзи мухити зист мусоидат намоянд (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

стандарт, меъёр, коидаву дастури амали гардонидани чорабинихои агротехники, агрокимиёви, экологию биологи, мелиоративи, фитосанитари ва зиддиэрозиявиро риоя намоянд (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

ба макомоти дахлдори хокимияти ичроия дар бораи истифодаи моддахои агрокимиёви, омилу воситахои биологи ва пеститсидхо бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон маълумот пешниход намоянд (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

ба гузаронидани тахкикоти хоки, агрокимиёви, экологию биологи, фитосанитари, экологию токсикологи дар заминхои таъиноти кишоварзи мусоидат намоянд (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

ба макомоти дахлдори хокимияти ичроия аз омилхои бадшавии холати хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи ва олуда гаштани китъахои замини дар истифодаашон буда хабар диханд;

дигар ухдадорихоеро, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, ичро намоянд.

Боби 4

Танзими давлатии фаъолият дар сохаи хосилхезгардонии

заминхои таъиноти кишоварзи

Моддаи 7. Самтхои асосии танзими давлатии фаъолият дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Самтхои асосии танзими давлатии фаъолият дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи инхоянд:

тахия ва кабули санадхои меъёрии хукуки дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи ва назорати риояи санадхои мазкур;

амали намудани сиёсати сармоягузори дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи;

идоракунии давлати дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи.  

Моддаи 8. Идоракунии  давлати дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти

                         кишоварзи

Идоракунии давлати дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи аз чониби макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи (минбаъд-макоми ваколатдори давлати) ба амал бароварда мешавад.

Идоракунии давлати дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи, новобаста ба вазъи вокеии истифодабарии замин, амали карда мешавад (КЧТ аз 23.07.16, №1344).

Макоми ваколатдори давлати ва низомномаи онро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар ва тасдик менамояд.

Макоми ваколатдори давлати назорати давлатии баркарор кардани хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи ва истифодаи окилонаи онхоро, ки максади он аз тарафи заминистифодабарандагон риоя кардани талаботхои конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба замин мебошад, амали мегардонад.

Макоми ваколатдори давлати аввали хар сол ба Хукумати Чумхурии Точикстон оид ба амали намудани барномахои максадноки давлатии баланд бардоштан ва баркарор кардани хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи хисобот пешниход менамояд.

 

Моддаи 9. Самтхои хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи самтхои зеринро дар бар мегирад (КЧТ аз 23.07.16, №1344) :

тахия ва амали намудани барномахои максадноки давлатии баркарор кардани хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи;

– ба хисоб гирифтани холати хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

тахия кардани стандартхо, коидахо, меъёр ва тартиби хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи;

тартиб додани накшаи ичрои чорабинихои агротехники, агрокимиёви, экологию биологи, мелиоративи, фитосанитари ва зиддиэрозияви (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

тархрезии накшаи тадбирхои киштбоб кардани заминхое, ки бо радионуклидхо, металлхои вазнин ва бо моддахои дигар олуда гардидаанд;

маблаггузори оид ба амали гардонидани чорахои хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи;

маблаггузори оид ба ичрои илмию тахкикоти (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

назорат ба сифати моддахои агрокимиёви, пеститсидхое, ки барои хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи истифода мешаванд ва муносибати эхтиёткорона бо онхо (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

назорати давлати оид ба баркарор кардани хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи;

Нигохдори ва ганигардонии таркиби хок бо моддахои гизои бо максади баланд бардоштани хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи ва таъмини рушди устувори истехсолоти кишоварзи ба амал бароварда мешавад (КЧТ аз 23.07.16, №1344).

 

Моддаи 10. Барномахои максаднок дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Бо максади хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи Хукумати Чумхурии Точикистон барномаи  максадноки  давлатиро тахия ва тасдик менамояд.

Дар асоси барномаи максадноки давлати макомоти махаллии хокимияти давлати барномаи максадноки минтакавии хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзиро тахия ва тасдик намуда, амали мегардонад.

 

Моддаи 11. Бамеъёрдарории давлатии хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Бамеъёрдарории давлатии хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии макомоти махаллии хокимияти давлати сурат мегирад.

 

Моддаи 12. Бахисобгирии давлатии маълумотхо оид ба холати хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи

Бахисобгирии давлатии маълумотхо оид ба холати хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи ба максади таъмин намудани макомоти  хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, макомоти махаллии хокимияти давлати, шахсони манфиатдори вокеи ва хукуки бо маълумоти холати хосилхезии китъахои замини муайяншуда гузаронида мешавад.

Бахисобгирии давлатии маълумотхо оид ба холати хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи аз чамъ овардан ва чамъбаст кардани натичаи тахкикоти тахшинхои хок, агрокимиёви, фитосанитари ва экологию токсикологи ва мониторинги хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи иборат аст (КЧТ аз 23.07.16, №1344).

Тартиби бахисобгирии давлатии маълумотхоро оид ба холати хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 13. Мониторинги хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи

Мониторинги хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи, ки кисми таркибии мониторинги давлатии замин мебошад, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз чониби макоми ваколатдори давлати дар хамкори бо дигар макомоти дахлдори чумхури тибки салохияташон гузаронида мешавад.

 

Моддаи 14.  (Хорич карда шуд, бо К ЧТ аз 30.07.07с №327)

 

 

Моддаи 15. Хизматрасонии агрокимиёви ва экологию биологи

(КЧТ аз 23.07.16, №1344)

Хизматрасонии агрокимиёви ва экологию биологи аз чониби ташкилотхое, ки дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи новобаста ба шаклхои ташкилию хукуки фаъолият мекунанд ва хамчунин аз чониби шахрвандоне, ки дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи мустакилона бо сохибкори машгуланд, ба амал бароварда мешавад (КЧТ аз 23.07.16, №1344).

Ташкилотхое, ки дар кисми якуми хамин модда зикр ёфтаанд, бо максади хамоханг сохтани фаъолияти худ, хифзи манфиатхои умуми метавонанд мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон кооперативхои истехсоли, ассотсиатсияхо ташкил намоянд.

 

Моддаи 16. Самтхои асосии хизматрасонии агрокимиёви ва экологию биологи

(КЧТ аз 23.07.16, №1344)

Самтхои асосии хизматрасонии агрокимиёви инхоянд:

гузаронидани тахкикоти тахшинхои хок, агрокимиёви, фитосанитари, экологию токсикологи ва мониторинги хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

андешидани чорабинихои агрокимиёви, экологию биологи, мелиоративи ва зиддиэрозияви бо максади баркарор кардани хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи, аз чумла муваккатан боздоштани истифодаи замини аз хад зиёд ба эрозия гирифторшуда (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

таъмини истехсолкунандагони махсулотхои кишоварзи бо моддахои агрокимиёви, воситахои биологи пеститсидхо ва нурихои органики (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

бо техника таъмин кардани заминиистифодабарандагон барои гузаронидани чорабинихои агротехники, агрокимиёви, экологию биологи, мелиоративи, фитосанитари ва зиддиэрозияви (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

– чори намудани технологияхои экологию биологии парвариши растанихо (КЧТ аз 23.07.16, №1344).

 

Моддаи 17. Талаботи экологи нисбати хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи бояд бо риоя намудани талаботи экологии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда шавад.

 

Боби  5

Дастгирии давлатии фаъолият дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

 

Моддаи 18. Самтхои асосии дастгирии давлатии фаъолият дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Самтхои асосии дастгирии давлатии фаъолият дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи инхо мебошанд:

хавасмандгардонии фаъолияти сармоягузори барои хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

рушд инфраструктураи хизматрасонии агрокимиёви (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

ташкили тахкикоти илми дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

– ташкили шароити мусоид барои гузаронидани  тахкикотхои илмии агрокимиёви ваагроэкологи бо максади муайян намудани самтхои хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи ва нигох доштани  мувозинати экологи (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

тасдик намудани супоришдихандахои давлатии истехсоли моддахои агрокимиёви, воситахои биологи ва пеститсидхо, хамчунин истехсол ва таъмин намудан бо мошину тачхизот барои амали гардонидани тадбирхои агрокимиёви, экологию биологи, агротехники, мелиоративи, фитосанитари ва зиддиэрозияви (КЧТ аз 23.07.16, №1344; КЧТ аз 23.07.16, №1344);

тайёр кардан, такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи.

 

Моддаи 19. Маблаггузории фаъолияти сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Фаъолияти сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи дар хачми маблагхои бучети давлати, ки хар сол тасдик карда мешаванд ва хамчунин аз хисоби чалб намудани маблагхои гайрибучети, маблагхои заминистифодабарандагон ва дигар манбаъхое, ки конун манъ накардааст, амали гардонида мешавад.

Дар раванди маблаггузори ухдадорихо ва дархостхои заминистифодабарандагон ба хисоб гирифта мешаванд (КЧТ аз 23.07.16, №1344).

Бартарафсозии окибатхои манфии пастшавии хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи, ки дар натичаи фаъолияти хочагидории истифодабарандагони заминхои таъиноти кишоварзи ба вучуд омадаанд, аз хисоби онхо амали карда мешавад (КЧТ аз 23.07.16, №1344).

Бартарафсозии окибатхои манфии пастшавии хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзии дар натичаи ходисахои табии ва антропогени бавучудомада аз хисоби маблагхои махсуси бо ин максад пешбинишуда амали карда мешавад (КЧТ аз 23.07.16, №1344).

 

Моддаи 20. Моддаи 20. Таъминоти моддию техникии хизматрасонии агрокимиёви ва

                         экологию биологи

(КЧТ аз 23.07.16, №1344)

Макомоти ичроияи хокимияти давлати бо максади рушди сохаи хизматрасонии агрокимиёви ва экологию биологи бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон барои чойгир намудани фармоишхои давлати таклиф пешниход менамоянд ва ба ичроикорхои зерин мусоидат мекунанд (КЧТ аз 23.07.16, №1344):

истехсол ва тайёр карда фиристодани моддахои агрокимиёви, воситахои биологи ва пеститсидхо барои истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи (КЧТ аз 23.07.16, №1344);

истехсол ва таъмин намудани мошину тачхизот барои амали гардонидани чорабинихои агротехники, агрокимиёви, экологию биологи, мелиоративи, фитосанитари ва зиддиэрозияви (КЧТ аз 23.07.16, №1344).

 

Моддаи 21. Тахкикоти илми дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Тахкикоти илми дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи дар самтхои зерин амали карда мешаванд:

– чамъоварии маълумот оид ба холати хосилхезии заминхои таъиноти кишоварзи дар асоси нохиябандии табии;

-интихоби тарзу усулхои арзёбии холати заминхои таъиноти кишоварзи ва бахисобгирии нишондихандахои хосилхезии онхо;

– муайян намудани меъёрхои хадди имконпазири чамъшавии моддаю микроорганизмхои зараровар ва дигар моддахои биологии олудакунандаи хок, аз чумла меъёрхои хадди имконпазири истифодаи заминхои таъиноти кишоварзи, истифодаи моддахои агрокимиёви, омилу воситахои биологи ва пеститсидхо;

– асосноккунии илмии амалигардонии чорабинихои агротехники, агрокимиёви, экологию биологи, фитосанитари, мелиоративи ва зиддиэрозияви барои хифзи хок аз бодлеси;

– тахияи дастуру тавсияхо оид ба интихоби низоми зироаткори ва таркиби кишти растанихо вобаста ба хусусиятхои хосилхезии хок, истифодаи киштзору чарогоххо барои чаронидани чорво ва усулхои кам кардани таъсири осебхо аз фаъолияти хочагидори ба мухити зист;

– гузаронидани тахкикотхои илмии агрокимиёви ва агроэкологи бо тартиб додани харитахои тавсифи хусусиятхои хок;

– ташхиси хусусиятхои агрокимиёвии тахшини хок, шуршавии заминхо ва муайян кардани сатхи обхои зеризамини;

– тахияи низоми таъминкунии истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи бо маълумот доир ба холати заминхои таъиноти кишоварзи барои хизматрасонии агрокимиёви ва экологию биологи;

– омода намудани таснифоти заминхое, ки ба онхо хавфи бодлесшавию шусташави тахдид менамояд ва тартиби ташкили корхо оид ба пешгирии он;

– арзёбии  иктисодии  хосилхезии хок ва ворид намудани тагйирот ба нишондихандахои он дар давраи хисоботи бо максади хавасмандгардонии истифодабарандагони замин (КЧТ аз 23.07.16, №1344).

 

Моддаи 22. Тайёр кардан, такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Макоми ваколатдори давлати бо тартиби мукарраргардида дар муассисахои таълими тайёр кардан, бозомузии касби ва такмили ихтисоси кормандони сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзиро амали менамояд (КЧТ аз 23.07.16, №1344).

 

Боби 6

Мукаррароти хотимавИ

 

Моддаи 23. Халли бахсхо дар сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи

Бахсхои вобаста ба сохаи хосилхезгардонии заминхои таъиноти кишоварзи аз чониби суд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хал карда мешаванд.

 

Моддаи 24. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки, ки мукаррароти Конуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 25. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон               Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе,

15 июли соли 2004, № 56

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …