Главная / Чамъият / ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР

ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2013, №6, мод. 402)

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро дар сохаи танзими асъор ва назорати асъор мукаррар намуда, хукуку ухдадорихои резидентхо ва гайрирезидентхои Чумхурии Точикистонро оид ба сохиби, истифода ва ихтиёрдории сарватхои асъори муайян менамояд.

aor

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ  

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

1) Асъор – пули миллии мамлакатхои хоричи.

2) Пули милли  – сомони, ки як вохиди он ба 100 дирам баробар аст.

3) Сарватхои асъори:

– асъори хоричи, когазхои киматнок ва хуччатхои пардохтии бо асъори хоричи ифодаёфта;

– пули милли, когазхои киматнок ва хуччатхои пардохтии бо пули милли ифодаёфта танхо хангоми бо онхо анчом додани амалиёт байни резидентхо ва гайрирезидентхо ва ё байни гайрирезидентхо.

4) Танзими асъор – мачмуи чорахои хукукэчодкуни ва ташкилии макомоти давлати, ки асосхои меъёрии хукукиро оид ба сохиби, истифода ва ихтиёрдории  сарватхои асъори  мукаррар менамоянд.

5) Назорати асъор – мачмуи чорахои меъёри, маъмури ва ташкилие, ки аз чониби макомоти давлати ва ё макомоти дигари бо конун ваколатдоршуда бо максади таъмини риояи тартиби ичрои амалиёти асъори ва санчиши онхо анчом дода мешаванд.

6) Амалиёти асъори:

– амалиёте, ки бо гузаштани хукуки моликият ва дигар хукукхо ба сарватхои асъори, инчунин бо истифодаи онхо хамчун воситаи муомилот ва пардохт алокаманд мебошанд;

– ба Чумхурии Точикистон интикол, ворид ё ирсол намудани сарватхои асъори;

– аз Чумхурии Точикистон интикол, содир ё ирсол намудани сарватхои асъори;

– кушодани суратхисобхои бонки бо асъори хоричи.

7) Резидентхо:

– шахрвандони Чумхурии Точикистон, ба истиснои шахрвандоне, ки дар мамлакати хоричи мутобики конунгузории он мамлакат чойи истикомати доими доранд;

– шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки барои истикомати доими дар Чумхурии Точикистон хуччат доранд;

– шахсони хукукии мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъсисшуда, филиалхо, намояндагихо ва вохидхои дигари онхо дар хоричи кишвар;

– намояндагихои дипломати, консули, тичорати ва дигар намояндагихои расмии Чумхурии Точикистон дар хоричи кишвар;

– Хукумати Чумхурии Точикистон ва дигар макомоти хокимияти давлати хангоми  иштирок дар муносибатхои бо Конуни мазкур танзимшаванда.

8) Гайрирезидентхо – шахсони вокеи ва хукукие, ки резидент намебошанд.

9) Бонки ваколатдор – ташкилоти карзи, ки дар асоси ичозатномаи Бонки миллии Точикистон бо асъори хоричи амалиёт анчом медихад.

10) Бонки хоричи – ташкилоти  карзие, ки дар давлати хоричи таъсис ёфта, хукуки анчом додани амалиёти бонкиро дорад.

11) Шартномаи асъори – карордод (ахд), шартномахои таъсиси, инчунин дигар хуччатхое, ки дар асос ва ё барои ичрои онхо амалиёти асъори анчом дода мешавад.

12) Шахси ваколатдор – шахси вокеие, ки бо  амалиёти мубодилаи асъор хамчун сохибкори инфироди машгул мебошад ва шахси хукукие, ки хизматрасонии махсусро бо асъори хоричи анчом медихад.

13) Нуктаи мубодилаи асъор – чои махсусе, ки шахси вокеии ваколатдор ва ё бонки ваколатдор бо тартиби мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон дар он амалиёти мубодилаи асъори хоричиро анчом медиханд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи танзими  асъор  ва назорати асъор
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф  намудааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ АСЪОР

           Моддаи 3. Максад, вазифа ва принсипхои танзими асъор
1. Максади танзими асъор химояи манфиати иктисодии давлат, амали кардани сиёсати ягонаи давлати оид ба асъор ва таъмини  устувории низоми асъори кишвар мебошад.
2. Вазифахои танзими асъор инхоянд:
– муайян кардани сохаи истифода ва тартиби муомилоти сарватхои асъори дар Чумхурии Точикистон;
– муайян кардани тартиби анчомдихии амалиёти асъори дар Чумхурии Точикистон;
– таъмини фаъолияти самаранок ва хамгироии иктисоди Чумхурии Точикистон ба иктисоди чахони.
3. Принсипхои асосии танзими асъор инхоянд:
– таъмини волоияти конун;
– истифодаи хадди акалли чорахои маъмури;
– рох надодани дахолати беасоси макомоти танзими асъор ва назорати асъор ба анчомдихии амалиёти асъори.

Моддаи 4. Макомоти танзими асъор
1. Макомоти танзими асъор Бонки миллии Точикистон ва макомоти дигари давлати тибки конун ваколатдоршуда мебошанд.
2. Бонки миллии Точикистон ва макомоти дигари танзими асъор мутобики Конуни мазкур дар доираи ваколатхои худ санадхои меъёрии хукукие кабул мекунанд, ки ичрои талаботи онхо барои тамоми резидентхо ва гайрирезидентхо хатми мебошад.
3. Санадхои аз чониби макомоти дигари танзими асъор кабулшаванда бо Бонки миллии Точикистон мувофика карда мешаванд.
4. Бонки миллии Точикистон хамчун макоми давлатии танзими асъор дорои вазифахои зерин мебошад:
– тартиби ба резидентхо додани ичозатномаро барои  фаъолияте, ки бо анчомдихии амалиёт бо асъори хоричи  вобаста мебошад, муайян менамояд;
– соха ва  тартиби истифода,  муомилоти асъори хоричи ва когазхои киматнокро бо асъори хоричи муайян мекунад;
– тартиби анчомдихии амалиёти асъориро барои резидентхо ва гайрирезидентхо, аз чумла барои бонкхои ваколатдор муайян менамояд;
– шаклхои ягонаи бахисобгири ва хисоботи амалиёти асъори, тартиб ва мухлати пешниходи онхоро барои резидентхо ва гайрирезидентхо, аз чумла барои бонкхои ваколатдор мукаррар менамояд;
– омори амалиёти асъориро тахия ва нашр менамояд;
– курби расмии пули миллиро нисбат ба асъори хоричи бо максади бахисобгири ва пардохтхои хатми муайян ва эълон менамояд;
– вазифахои дигареро, ки Конуни мазкур ва санадхои конунгузори пешбини намудаанд, амали менамояд.

Моддаи 5. Фаъолияте, ки гирифтани ичозатномаро талаб менамояд
1. Фаъолият оид ба анчомдихии амалиёт бо асъори хоричи дар асоси ичозатномаи аз чониби Бонки миллии Точикистон додашаванда амали карда шуда, намудхои зеринро дар бар мегирад:
– магозахои савдои бебоч;
– хизматрасонии махсус бо асъори хоричи;
– нуктахои мубодилаи асъори шахсони ваколатдор;
– миёнарави дар бозори байналмилалии  асъор.
2. Тартиб ва коидахои додани ичозатнома, асосхои рад намудан ва ё бозхондани ичозатнома, инчунин  фаъолияти дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда бо конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии дар асоси онхо кабулнамудаи Бонки миллии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 6. Хакки хизмати баррасии дархост ва хирочи ичозатномадихи
1. Резидентхо барои баррасии дархост чихати гирифтани ичозатнома ба Бонки миллии Точикистон хакки хизмат ва барои гирифтани ичозатнома ба бучети давлати хироч пардохт мекунанд.
2. Барои шахсони вокеи хакки хизмати баррасии дархост ба андозаи панч  ва барои шахсони хукуки ба андозаи дах нишондиханда барои хисобхо мукаррар карда мешавад.
3. Хангоми рад шудани дархост чихати додани ичозатнома, хакки хизмати баррасии дархост баргардонида намешавад.
4. Барои шахсони вокеи хирочи ичозатномадихи ба андозаи дах  ва барои шахсони хукуки ба андозаи бист нишондиханда барои хисобхо мукаррар карда мешавад.

Моддаи 7. Амалиёти асъори байни резидентхо ва   гайрирезидентхо
Амалиёти асъори байни резидентхо ва гайрирезидентхо бе махдудият анчом дода мешавад.
Моддаи 8. Амалиёти асъори  байни резидентхо
Амалиёти асъори  байни резидентхо ба истиснои холатхои зерин манъ аст:
1) Амалиёте, ки дар он яке аз тарафхо Бонки миллии Точикистон ва ё Вазорати молияи Чумхурии Точикистон мебошад.
2) Амалиёте (ахде), ки бонкхои ваколатдор ва шахсони ваколатдор бо асъори хоричи мутобики ичозатномаи гирифтаашон ва ё санадхои меъёрии хукукии танзими асъор бо сарватхои асъори анчом медиханд.
3) Пардохти хакки хизмати бонкхо барои  амалиёти бонки, инчунин пардохти маблаги чаримахо аз руи шартномахои хизматрасонии бонки бо асъори хоричи.
4) Гузоштани пасандозу амонат бо асъори хоричи аз чониби шахсони вокеи ба номи худ ва ё шахсони вокеии дигар.
5)  Харид, фуруш, додани даромад ва ё пардохти когазхои киматноки бо асъори хоричи ифодаёфтаи резидентхо ва гайрирезидентхо.
6) Пардохт ва интиколи маблаг  аз руи шартномахои содироти (воридоти) хангоми истифодаи эътиборномахои интиколи (аккредитивхо).
7) Хисоббаробаркуни бо резидентхое, ки фаъолияти дар кисми 1 моддаи 5  Конуни мазкур пешбинишударо анчом медиханд.
8)  Пардохти харочоти сафархои хизмати ба кишвархои хоричи.
9) Бо максадхои хайрия интикол ё додани сарватхои асъори байни шахсони вокеи.
10) Интикол ва ё додани (гирифтани) сарватхои асъори ба (аз) ташкилотхои хайрияви.
11) Амалиёт аз руи шартномахои экспедитсияхои наклиёти, боркашони ва кироя (фрахт, чартер) хангоми аз чониби ирсолкунанда ва ё экспедитор, боркашон, кироякунанда анчом додани хизматрасони вобаста ба содир ё ворид намудани мол ва ё транзити мол ба воситаи худуди Чумхурии Точикистон, инчунин аз руи шартномахои сугуртаи молхои мазкур.
12) Пардохти андоз ва пардохтхои дигари хатми ба бучети чумхурияви, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.
13)  Амалиёти зерини шахсони вокеи:
– ба Чумхурии Точикистон, макомоти давлати ва макомоти махаллии хокимияти давлати чун тухфа додани сарватхои асъори;
– ба шахсони вокеи ва хукуки чун тухфа додани сарватхои асъори;
–  ба мерос гузоштан ё хамчун мерос гирифтани сарватхои асъори;
– ба Чумхурии Точикистон ва аз Чумхурии Точикистон бе кушодани суратхисоби бонки интикол додани асъори хоричи;
–  аз бонки ваколатдор ва ё шахси ваколатдор харидан ва ё ба онхо фурухтан, инчунин майда кардан ва  иваз намудани асъори накди хоричи.

Моддаи 9. Амалиёти мубодилави бо асъори хоричи
1. Бонкхои ваколатдор амалиёти мубодилави бо асъори хоричиро дар Чумхурии Точикистон ва берун аз он бе махдудият анчом медиханд.
2. Резидентхо ва гайрирезидентхо амалиёти мубодилави бо асъори хоричиро дар Чумхурии Точикистон танхо тавассути бонкхои ваколатдор ва шахсони ваколатдор бо тартиби мукарраркардаи Бонки миллии Точикистон анчом дода метавонанд.

         Моддаи 10. Содиру ворид намудан, интикол ва ирсоли сарватхои асъори
1. Ба Чумхурии Точикистон ворид намудани асъори хоричии накд ва когазхои киматноки бо асъори хоричи дар шакли хуччати ифодаёфта аз чониби резидентхо ва гайрирезидентхо бе махдудият бо риояи талаботи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
2. Ба Чумхурии Точикистон интикол додан ва ё ирсол намудани асъори хоричи ва когазхои киматноки бо асъори хоричи дар шакли хуччати ифодаёфта аз чониби шахсони вокеи – резидентхо ва гайрирезидентхо бе махдудият бо риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
3. Ба Чумхурии Точикистон ворид намудани пули накди милли ва когазхои киматноки бо пули милли ифодаёфта бе махдудият анчом дода мешавад.
4. Аз Чумхурии Точикистон баровардани асъори  хоричи ва когазхои киматноки бо асъори хоричи дар шакли хуччати ифодаёфта аз чониби шахсони вокеи – резидентхо ва гайрирезидентхо тибки талаботи мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон ва макомоти гумрук анчом дода мешавад.
5. Шахсони вокеи – резидентхо ва гайрирезидентхо хукук доранд асъори хоричи ва когазхои киматноки бо асъори хоричи дар шакли хуччати ифодаёфтаро, ки каблан ба Чумхурии Точикистон ворид, интикол ё ирсол шудаанд, бо риояи талаботи конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон, ба маблаги дар декларатсияи гумруки ё хуччати дигари тасдиккунандаи ворид, интикол ё ирсоли онхо нишондодашуда аз Чумхурии Точикистон бароранд.
6. Аз Чумхурии Точикистон пули накди милли ва когазхои киматноки бо пули милли ифодаёфта тибки талаботи мукаррарнамудаи  санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон ва макомоти гумрук  бароварда мешаванд.

        Моддаи 11. Суратхисобхои асъории резидентхо
1. Резидентхо метавонанд дар бонкхои ваколатдор бе махдудият суратхисобхои бонки (пасандози, амонати ва дигар)-ро бо асъори хоричи кушоянд.
2. Резидентхо – шахсони вокеи хисоббаробаркунии амалиёти асъориро тавассути суратхисобхои дар бонкхои ваколатдор кушодашуда, ба истиснои хисоббаробаркунии амалиёти асъории дар моддаи 8 Конуни мазкур пешбинишуда, анчом медиханд.
3. Резидентхо – шахсони хукуки хисоббаробаркунии амалиёти асъориро тавассути суратхисобхои дар бонкхои ваколатдор кушодашуда, ба истиснои холатхои дар кисми 2 моддаи 13 Конуни мазкур пешбинишуда, анчом медиханд.
4. Резидентхо метавонанд дар бонкхои хоричи бе махдудият суратхисобхои бонки (пасандози, амонати ва дигар)-ро кушоянд. Резидентхое (ба истиснои бонкхои ваколатдоре), ки чунин суратхисобхоро кушодаанд, бояд дар муддати на дертар аз дах рузи кори, Бонки миллии Точикистон ва макомоти андозро оид ба кушодани онхо огох намоянд.
5. Тартиби кушодан ва пешбурди суратхисобхои дар моддаи мазкур зикргардида бо санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон муайян карда мешавад.

       Моддаи 12. Суратхисобхои асъории гайрирезидентхо
1. Гайрирезидентхо метавонанд дар бонкхои ваколатдор суратхисобхои бонки (пасандози, амонати ва дигар) бо пули милли ва ё асъори хоричи кушоянд.
2. Гайрирезидентхо метавонанд бе махдудият асъори хоричи ва ё пули миллиро аз суратхисобхои худ дар бонкхои хоричи ба суратхисобхои худ дар бонкхои ваколатдор, инчунин аз суратхисобхои худ дар бонкхои ваколатдор ба суратхисобхои худ дар бонкхои хоричи гузаронанд.
3. Гайрирезидентхо метавонанд асъори хоричиро байни худ бе махдудият бо риояи конунгузории Чумхурии Точикистон тавассути суратхисобхои худ дар бонкхои ваколатдор интикол диханд.
4. Тартиби кушодан ва пешбурди суратхисобхои дар моддаи мазкур пешбинишуда бо санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон муайян карда мешавад.

     Моддаи 13. Баргардонидани асъори хоричи ва пули милли
1. Резидентхо ухдадоранд дар мухлати пешбиникардаи шартнома  барои ба суратхисобхои худ дар бонкхои ваколатдор ворид шудани дороихои зерин чорахои зарури андешанд:
– пули милли ва ё асъори хоричи, ки аз чониби гайрирезидент чихати пардохт барои содироти мол (кор ё хизматрасони) ба резидент интикол дода шудааст;
– пули милли ва ё асъори хоричи, ки чихати пешпардохт барои ворид кардани мол (кор ё хизматрасони) ба гайрирезидент интикол  шудааст (дар холатхои аз чониби гайрирезидент кисман ё пурра ичро нашудани ухдадорихо).
2. Резидентхо хукук доранд дар холатхои зерин хангоми хисоббаробаркунии содироту воридоти мол (кор ё хизматрасони) ба суратхисобхои худ дар бонкхои ваколатдор пули милли ё асъори хоричиро ворид накунанд:
– ба суратхисоби худ дар бонки хоричи ё шахси сеюм ворид кардани пули милли ва ё асъори хоричи барои ичрои ухдадорихо мутобики шартномахои асъори;
– ба суратхисоби худ дар бонки хоричи ворид кардани пули милли ва ё асъори хоричи барои таъмини фаъолияти вохидхои сохтории худ дар хорича;
– дар холати катъ гаштани ухдадорихои гайрирезидент хангоми хисоббаробаркунии мутакобилаи талабот;
– катъ гаштани ухдадорихои аввалаи гайрирезидент хангоми бо ухдадорихои нав ва ё тартиби дигари ичро иваз шудани онхо байни хамон як шахс;
– ба шахси сеюм гузашт кардани хукуки талаб кардани ичрои ухдадорихо;
– гирифтани сугуртапули хангоми ба вучуд омадани холати сугуртави аз руи шартномахои сугуртаи хавфхо бинобар аз чониби гайрирезидент ичро нашудани ухдадорихо.
3. Бонкхои ваколатдор, ки амалиёти асъории резидентхоро анчом медиханд, бояд аз онхо  нишон додан ё аник кардани мухлати ба суратхисобхои бонки ворид кардани асъори хоричиро аз руи шартномаи (ахди) содироту воридоти мол (кор ё хизматрасони)  хатман талаб намоянд.
4. Резидентхо вазифадоранд хангоми тагйирёбии мухлати ичрои ухдадорихо ё ба миён омадани холатхое, ки барои дар мухлати таъйиншуда ворид шудани асъори хоричи ба суратхисобхо таъсир мерасонанд,  бонки ваколатдорро огох намуда, хуччатхои тасдиккунанда ва далелхои асоснок пешниход намоянд.

       Моддаи 14. Амалиёти асъории марбут ба харакати сармоя
Амалиёти асъории марбут ба харакати сармоя инхо мебошанд:
– сармоягузории мустакими резидентхо ба кишвархои хоричи;
– хариди когазхои киматнок, сахмияхои хазинахои маблаггузори;
– иштирок дар ташкили сармояи оинномави ва дигар амалиёт бо когазхои киматноки хосилави;
– гирифтан ва ё додани карзхои тичорати, ки мухлати пардохташон бештар аз як сол мебошад;
– кушодани суратхисоби бонки аз чониби резидентхо дар бонкхои хоричи;
– дигар амалиёте, ки мутобики меъёрхои байналмилали хамчун амалиёти асъории марбут ба харакати сармоя эътироф карда мешаванд.

       Моддаи 15. Огох намудан дар бораи амалиёти асъории марбут ба харакати сармоя
1. Резидентхо амалиёти асъории марбут ба харакати сармояро бо шарти огох намудани Бонки миллии Точикистон анчом дода метавонанд.
2. Резидентхо, аз чумла бонкхои ваколатдор Бонки миллии Точикистонро оид ба огози амалиёти асъории марбут ба харакати сармоя дар мухлати на дертар аз панч рузи кори аз санаи огози ичрои ухдадорихои шартномаи асъори ва хангоми кушодани суратхисоб дар бонки хоричи дар мухлати на дертар аз дах рузи кори огох месозанд.
3. Бонки миллии Точикистон дар мухлати на дертар аз панч рузи кори аз санаи гирифтани огохинома ба резидентхо хуччати тасдиккунанда медихад.

      Моддаи 16. Пешниходи хисобот, маълумот ва хуччатхо
1. Резидентхо ва гайрирезидентхое, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон амалиёти асъори анчом медиханд, ухдадоранд ба макомоти танзими асъор, макомот ва агентхои назорати асъор хисобот, маълумот ва хуччатхоро оид ба хамин амалиёт бо тартиби мукарраркардаи санадхои меъёрии хукукии макомоти танзими асъор пешниход намоянд.
2. Бонкхои ваколатдор аз резидентхо ва гайрирезидентхо нишон додани максаду таъйиноти пардохт ва интиколи маблаги пулии марбут ба амалиёти асъории тавассути онхо анчомдодашавандаро талаб менамоянд. Резидентхо ва гайрирезидентхо ухдадоранд  талаботи мазкурро ичро ва инчунин хуччатхои тасдиккунандаи максаду таъйиноти пардохт ва интиколи маблаги пулиро пешниход намоянд.

БОБИ 3. НАЗОРАТИ АСЪОР
Моддаи 17. Максад ва вазифахои назорати асъор
1. Максади назорати асъор таъмин ва назорати риояи конунгузории Чумхурии Точикистон ва тартиби мукарраргардидаи анчоми амалиёти асъори аз чониби резидентхо ва гайрирезидентхо мебошад.
2. Вазифахои назорати асъор  иборатанд:
– муайян кардани мувофикати амалиёти асъори ба конунгузории Чумхурии Точикистон ва тартиби мукарраргардидаи анчомдихии онхо;
– санчиши асоснокии пардохтхо ва интиколхои марбут ба амалиёти асъори ва мавчудияти хуччатхои зарури барои анчомдихии онхо;
– санчиши пурраги ва вокеи будани бахисобгири ва хисоботдихии амалиёти асъори.

        Моддаи 18. Макомот ва агентхои назорати асъор
1. Дар Чумхурии Точикистон назорати асъорро макомоти назорати асъор – Бонки миллии Точикистон, макомоти дигари давлати дар доираи ваколатхои бо конунгузори барои онхо мукарраргашта ва агентхои назорати асъор анчом медиханд.
2. Агентхои назорати асъор бонкхои ваколатдор ва шахсони ваколатдоре мебошанд, ки мувофики талаботи Конуни мазкур ва ичозатномахои гирифтаашон вазифаи назорати риояи талаботи конунгузори оид ба танзими асъор ва назорати асъор ва тартиби мукарраргардидаи анчоми  амалиёти асъориро ба ухда доранд.
3. Агентхои назорати асъор ба Бонки миллии Точикистон тибки санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон хисобот пешниход менамоянд.
4. Макомоти назорати асъор санадхои меъёрии хукукии назорати асъорро танхо дар холатхо ва доираи муайянкардаи конунгузори оид ба танзими асъор ва назорати асъор ва санадхои меъёрии хукукии макомоти танзими асъор кабул карда метавонанд. Санадхои мазкур масъалахои танзими асъорро дар бар гирифта наметавонанд.

       Моддаи 19. Хукуку ухдадорихои макомот ва агентхои назорати асъор
1. Макомот ва агентхои назорати асъор дар доираи ваколатхои худ хукук доранд:
– санчиши риояи конунгузори оид ба танзими асъор ва назорати асъор ва тартиби мукарраргардидаи гузаронидани амалиёти асъориро аз тарафи резидентхо ва гайрирезидентхо анчом диханд;
– санчиши бахисобгирии пурра ва вокеии гузаронидани амалиёти асъории резидентхо ва гайрирезидентхоро анчом диханд;
– аз резидентхо ва гайрирезидентхо пешниходи хуччатхо ва маълумотро оид ба гузаронидани амалиёти асъори талаб намоянд. Хуччат ва маълумоти мазкур бояд дар давоми дах рузи кори аз санаи талаб кардани онхо пешниход карда шаванд.
2. Макомоти назорати асъор дар доираи ваколатхои худ хукук доранд:
– ба резидентхо ва гайрирезидентхо барои риоя накардани талаботи конунгузори оид ба танзими асъор ва назорати асъор амру дастур  диханд, ки ичрои онхо хатми мебошад;
– чорахои таъсиррасонии пешбининамудаи конунгузориро барои риоя накардани талаботи конунгузории танзими асъор ва назорати асъор татбик намоянд;
– тартиби пешниходи хисоботхо оид ба амалиёти асъори ва санчиши масъалахои марбут ба риояи конунгузори оид ба танзими асъор ва назорати асъор ва тартиби мукарраргардидаи анчоми амалиёти асъориро муайян намоянд.
3. Бо максади амали кардани назорати асъор агентхои назорати асъор дар доираи ваколатхои худ хангоми анчоми амалиёти асъори метавонанд аз резидентхо ва гайрирезидентхо пешниходи хуччатхои зеринро талаб намоянд:
– хуччати тасдиккунандаи шахсияти шахси вокеи;
– хуччати бакайдгирии давлатии шахси вокеи – сохибкори инфироди;
– хуччатхои таъсиси ва бакайдгирии давлати барои шахси хукуки;
– хуччатхое, ки бакайдгирии давлатии андозсупорандаро тасдик мекунанд;
– хуччатхое, ки барои анчоми амалиёти асъори асос мебошанд, аз чумла шартномахои асъори, ваколатномахо, нусхаи карорхои макоми идоракунии шахсони хукуки, хуччатхои иттилооти оид ба натичахои савдо (музоядахо), хуччатхои тасдиккунандаи тахвили  (супоридани) мол (кор ё хизматрасони), санадхои дигари макомоти давлати;
– хуччатхое, ки аз чониби бонкхои ваколатдор ва шахсони ваколатдор ба расмият дароварда мешаванд, аз чумла маълумотномаи   суратхисоби бонки, хуччатхои дигаре, ки анчоми амалиёти асъориро тасдик мекунанд;
– хуччатхое, ки ба Чумхурии Точикистон ворид кардани пули милли, асъори хоричи ва дигар сарватхои асъориро тасдик мекунанд;
– ичозатнома барои анчом додани фаъолияти вобаста ба истифодаи сарватхои асъори ва ё хуччати тасдиккунандаи Бонки миллии Точикистон оид ба огох намудан дар бораи огози амалиёти асъории  марбут ба харакати сармоя.
4. Агентхои назорати асъор ухдадоранд:
– риояи конунгузори оид ба танзими асъор ва назорати асъорро хангоми аз чониби онхо анчом додани амалиёти асъори, аз чумла амалиёти бо супориши муштариён анчомдодашаванда таъмин намоянд;
– пурра ва вокеи будани бахисобгири ва хисоботдихи оид ба амалиёти асъориро таъмин намоянд;
– оид ба ходисахои риоя нашудани талаботи санадхои меъёрии хукуки аз чониби муштариён, аз чумла дар бораи ахд ва амалиёти шубханок хангоми анчоми  амалиёти асъори аз чониби онхо ба Бонки миллии Точикистон ва макоми ваколатдор оид ба муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромади бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм хабар расонанд;
–  бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии танзими асъор ба макомоти назорати асъор оид ба амалиёти асъори маълумот пешниход намоянд.
5. Ба бонкхои ваколатдор хангоми аз чониби резидентхо ва гайрирезидентхо пешниход нашудани хуччатхои дар кисми 3 моддаи мазкур пешбинигардида ва ё пешниходи хуччатхои нодурусту беэътимод,  гузаронидани амалиёти асъори манъ аст.
6. Макомот, агентхои назорати асъор ва шахсони мансабдори онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ухдадоранд сирри тичорати, бонки ва хизматии хангоми амали кардани ваколатхояшон маълумшударо махфи нигох доранд.
7. Хангоми андешидани тадбирхо ва ё ичрои вазифаю ухдадорихо дар самти муковимат ба конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм, ки мувофики конунгузори ва санадхои меъёрии хукуки мукаррар шудаанд, макомот, агентхои назорати асъор ва шахсони мансабдори онхо барои риоя нашудани талаботи кисми 6 моддаи мазкур чавобгар намебошанд.

       Моддаи 20. Хукуку ухдадорихои резидентхо ва гайрирезидентхо
1. Резидентхо ва гайрирезидентхое, ки дар Чумхурии Точикистон амалиёти асъориро анчом медиханд, хукук доранд:
– ба санадхои санчише, ки макомот ва агентхои назорати асъор тартиб додаанд, шинос шуда, оид ба  онхо шарху эзох диханд;
– аз руи карор ва амалхои (беамалии) макомот, агентхои назорати асъор ва шахсони мансабдори онхо бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори шикоят намоянд;
– хукукхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, амали намоянд.
2. Резидентхо ва гайрирезидентхое, ки дар Чумхурии Точикистон амалиёти асъориро анчом медиханд, ухдадоранд:
– ба макомот ва агентхои назорати асъор хамаи хуччат ва маълумоти дархостшавандаро оид ба амалиёти асъори дар мухлати  мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход намоянд;
– бахисобгирии амалиёти асъории анчомёфтаро пеш баранд, дар бораи онхо хисобот дода, хифз ва нигохдории хуччатхо ва маълумотхоро на камтар аз панч сол аз рузи анчомёби таъмин намоянд;
– дастуру талаботи макомоти назорати асъорро оид ба бартараф намудани камбудихои ошкоршуда ичро намоянд.

БОБИ 4. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

     Моддаи 21. Тартиби махсуси анчомдихии амалиёти асъори
1. Дар холати ба миён омадани тахдид ба бехатарии иктисодии Чумхурии Точикистон, устувории низоми молияви, аз чумла курби пули милли ба мухлати на бештар аз 6 мох тартиби махсуси анчомдихии амалиёти асъори чори карда мешавад, ки тибки он амалиёти асъории резидентхо ва гайрирезидентхо метавонад махдуд ё манъ карда шавад.
2. Тартиби махсуси анчомдихии амалиёти асъори бо пешниходи Бонки миллии Точикистон аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
Моддаи 22. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

         Моддаи 23. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”
Конуни Чумхурии Точикистон аз 4 ноябри соли 1995 “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.1995, № 21, мод.251; с.1997, № № 23-24, мод.333, фасли ЧЧЧVIII; с.1998, №10, мод.119, фасли VII; с.1999, № № 9, мод.231; с.2002, № 4, к.1, мод.284; с.2004; № 12, к.1 мод.691; с.2007, № 7, мод.676) аз эътибор сокит дониста шавад.

           Моддаи 24. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни  мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти
Чумхурии Точикистон  Эмомали РАХМОН
ш. Душанбе,

13 июни соли 2013,

№ 964

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …