Главная / Биология / ТАКСИМШАВИИ ХУЧАЙРА

ТАКСИМШАВИИ ХУЧАЙРА

Дар организмхои серхучайра хучайрахо махсус гаштаанд, яъне хар яки онхо сохт ва вазифаи худро дорад. Давомнокии хаёти хучайрахо вобаста ба ичрои вазифаи худ муайян мегардад. Масалан, хучайрахои асаб ва мушак баьди ба охир расидани давраи инкишофи чанин дигар таксим намешаванд.

Дар давоми тамоми хаёти организм вазифаи худро ичро мекунанд. Хучайрахои дигар бошанд, чунончи, хучайрахои магзи устухон ва пардаи руда баъди ичрои вазифаи худ нобуд мегарданд. Бинобар ин, дар чунин бофтахо, хучайрахо пайихам кобилияти таксимшави доранд.

Ба хамин минвол, сикли хаёти хучайра вакти муайянро дарбар гирифта, аз давраи пайдо шудани он, ки дар натичаи таксимшави рух медихад, то махв шудан ё таксимшавии оянда идома меёбад. Дар ин муддат хучайра месабзад, инкишоф меёбад ва вазифаи худро дар хаёти бофтахо ва организмхои серхучайра ичро мекунад.

Дар баъзе бофтахо (магзи устухон, пардаи руда ва гайрахо),ки хучайрахо доимо таксим мешаванд, як кисми сикли хаёти онхо бо сикли митоз баробар аст. Мачмуи равандхои пайдархам ва бо хамдигар алокаманди давраи омодагии пеш аз таксимшави ва рафти митозро, сикли митози меноманд (расми 5.18). Аз расм дида мешавад, ки баъди ба охир расидани митоз, хучайра ба таксимшавии нав омодаги мебинад ва давраи интерфаза мегузарад.

Даври тайёрии пеш аз синтези КДН ба харфи G1 (аз англиси gap – масофаи байни) ишора шудааст. Дар ин давр дар хучайра КРН ва сафедахо пайдо шуда, фаъолияти ферментхое, ки дар биосинтези КДН иштирок мекунанд, афзун мегардад. Баъди хотимаи фазаи G1, хучайра ба синтези КДН шуруъ карда, дучанд мегардад (фазаи S). Дар ин фаза ду спирали кухнаи молекулаи КДН аз хам чудо шуда, хар яки онхо барои пайдо кардани занчири нави КДН чун колаб хидмат мекунанд (расми 5.19).

Дар хар дуи ин молекулахои духтари яке аз занчир (тор)-и полинуклеотидии кухна ва дигаре занчири нав аст. Дар чараёни синтези КДН баъзе гуруххои ферментхо иштирок мекунанд, ки яке аз асоситарини онхо КДН полимераза аст.

Дучандшавии молекулаи КДН бо таври хос амали шуда, ба сохти дузанчирии молекула вобаста аст: сохти молекулаи нав пурра ба сохти молекулаи кухна монанд аст ва мохияту мазмуни асосии биологии он махз дар хамин аст. Агар сохтори молекулаи КДН вайрон шавад, дар натича мазмни рамзи генетики тагйир ёфта, нигохдории ахбори ирси ва ба насл гузаштани аломатхои барои организм хос гайримумкин мегардад. Вале дар натичаи таъсири омилхои химияви ва физикави (нурхои ултрабунафш, нурхои рентгени, баланд шудани харорат ва гайра) сохтори аз нав синтезшудаи молекулаи КДН вайрон мешавад.

Ин холатро ферментхои махсус метавонанд бартараф кунанд, яъне онхо чои вайроншудаи молекулаи КДН-ро, ки бо колаби (матритса) мувофик нестанд «шинохта», тачзия мекунанд ва бо нуклетидхои мувофик пурра менамоянд.

Давомоти синтези КДН, яъне фазаи S-и сикли митози дар хучайрахо як хел набуда, аз чанд дакика (дар бактерияхо) то 6-12 соат (дар хучайрахои ширхурон)-ро дар бар мегирад.

Дар натичаи дучандшавии КДН дар хар хромосома микдори КДН нисбат ба огози фазаи S ду баробар зиёд аст, аммо микдори хромосомахо тагйир намеёбанд.

Дар натичаи ба охир расидани редупликатсияи КДН дастаи хромосомахои хучайра 2п 4с (расми 5.18) ташкил мекунад. Баъди хотимаи синтези КДН, яъне фазаи S-и сикли митозии таксимшавии хучайра якбора шуруъ намешавад,  зеро аз вакти ба охир расидани синтези КДН то огози таксимшавии митозро давраи G2 ташкил медихад. Махз дар хамин давра тайёри ба таксимшавии митози ба охир мерасад. Барои ба таксимшавии митози шуруъ кардан, гайр аз дучандшави КДН боз дучандшавии сентриолахо, синтези сафедахо, ки аз хисоби он торхои ахроматини сохта мешаванд, зарур аст. Баробари хотима ёфтани ташаккули хучайра чамъ 126 шудани энергия дар шакли АТФ лозим аст. Таксимшавии митози аз чор фазаи пайихам, яъне аз профаза, метафаза, анафаза ва телофаза (расми 5.20 ва 5.21) иборат аст.

5-20

Дар давраи профаза хачми ядро калон шуда, гализии шираи он кам ва хромосомахо намоён мегарданд, зеро онхо шакли спиралро гирифта, ду сентриола ба кутбхо равона мешаванд. Дар натичаи шакли спиралро пайдо кардани хромосомахо имконияти нусхабардории ахбори генетики аз

КДН катъ мегардад ва синтези КРН ба охир мерасад. Дар байни кутбхо торхои ахроматини кад кашида, сохторе ташкил меёбад, ки ба кутбхо кашиш хурдани хромосомахоро таъмин менамояд. Дар охири профаза пардаи ядро ба кисмхои хурд таксим шуда, гушаки ин хиссача ба хам мечаспанд.

Дар натича хубобчахои хурд ба вучуд омада, хамчун вакуолахо ба тури эндоплазмави якчоя мешаванд

Дар муддати профаза печутоби хромосомахо идома меёбад ва онхо кутоху гафс мешаванд. Баъди хазм шудани пардаи ядро хромосомахо дар ситоплазма озод ва бетартиб чой мегиранд.

Дар метафаза печутоби хромосомахо бо нуктаи баландтарин мерасад, онхо кутох мешаванд, ба маркази хучайра харакат карда, дар масофахои гуногуни кутби чой меёбанд.

Кисми сентромерияи хромосомахо бо тартиби муайян дар хати маркази вокеъ гашта, душхои хромосомахои хохари озодона дар ситоплазма чой доранд. Торхои митози комилан ташкил ёфта, аз наххое иборат мегарданд, ки кутбро ба маркази хромосома пайвастаанд.

Дар метафаза ба назар мерасад, ки хромосома аз ду хроматид иборат буда, онхо факат бо сентромера пайваса мебошанд.

Дар анафаза сентромераи хар хромосома чудо шуда, аз хамин лахза хроматидхои хохари, хромосомахои мустакили духтариро ташкил мекунанд. Тори ахроматини (дук), ки бо сентромера пайваст аст, хромосомахоро бо кутбхои хучайра кашида, душхои хромосома аз паси он равон мешаванд ва шакли У-ро мегиранд.

Хамин тавр, дар анафаза хроматидхои дучандшудаи давраи интерфаза хромосомахои мустакили хохариро ташкил карда, онхо ба кутбхои ба якдигар мукобили хучайра кашида мешаванд. Дар ин вакт дар хучайра ду дастаи диплоидии хромосомахо мавчуд аст. Давраи ба охир расидани митозро телофаза дарбар мегирад. Дар фазаи мазкур хромосомахои ба кутбхо чафсшуда ба шакли ришта мегузаранд ва нагз намудор мешаванд. Аз сохторхои мембранавии ситоп-

лазма пардаи ядро ташаккул меёбад. Дар хучайраи хайвонот ситоплазма ба рохи кашишхури ба ду кисми ситоплазмави таксим мешавад, ки хар яки онхо дорои микдори дастаи диплоидии хромосомахо аст. Дар хучайраи растани бошад, мембранаи ситоплазмави аз байни хучайра пайдо шуда, ба канор меравад ва хучайраро ба ду кисми баробар чудо мекунад. Баъди пайдо шудани мембранаи ситоплазмавии уфуки дар хучайраи растанихо девораи селлюлозаги ташаккул меёбад. Дар сикли хучайра митоз давраи нисбатан кутох буда, аз 0,5 то 3 соат идома меёбад.

Хучайратухми бордор (зигота) ба таксимшавии митози шуруъ менамояд. Хамаи хучайрахои духтарие, ки аз вай бо рохи митоз таксим шудаанд, дастаи хромосомахо ва генхои якхела доранд. Пас, маълум мегардад, ки митоз тарзи таксимшавии аники хучайра буда, хангоми он маводи генетики дар байни хучайрахои духтари баробар таксим мешавад.

Ахамияти биологии митоз. Сохтори бетагйир ва фаъолияти дурусти хар узву бофтаи организмхои серхучайра бо якхела будани маводи генетики дар наслхо вобаста аст.

Митоз равандхои мухими фаъолияти хаёти, масалан инкишофи чанин, сабзиш, баркароршавии узвхо ва бофтахо, баъди осеб дидан ва гайраро ичро мекунад. Хамчунин нигох доштани умумияти сохтори бофтахо хангоми махв шудани хучайрахои онхо (иваз шудани эритротситхои мурда, пустпардаи рудахо ва гайра) ба митоз вобаста аст.

Саволхо барои санчиш:

  1. Сикли хаётии хучайра чист?
  2. Сикли митозии хучайраро шарх дихед.
  3. Синтези КДН чи гуна ба амал меояд?
  4. Митозро шарх дихед.
  5. Мафхуми митозро муайян карда, ахамияти биологии онрофахмонед.
  6. Мохият ва мазмуни митоз дар чист?

Истилохот:

  1. Интерфаза – давраи тайёрии хучайра ба таксимшави, ки асоси онро дучандшавии КНД ташкил медихад.
  2. Сикли хаётии хучайра – мачмуи равандхое, ки дар хучайра мегузаранд.
  3. Сикли митозии хучайра – мачмуи равандхое, ки дар хучайра мегузаранд, аз чумла дар вакти омодаги ба таксимшави ва митоз.
  4. Тафрикашави – раванди махсусгардии хучайра барои ичрои вазифаи муайян, ки дар синтези сафедахои алохида иштирок мекунад.
  5. Бофтаи устувор – бофтае, ки барои аксарияти хучайрахои сикли хаёташ ба митози баробар аст.
  6. Бофтахои эхёшуда – як кисми хучайрахои тафрикашуда, лекин вакти лозим метавонанд аз сари нав дар сикли митози тафрика шаванд.
  7. Бофтахои сабзанда – хучайрахое, ки дифференсиатсияи баргашт дар чанин ва аввали давраи баъди чанини надошта дар тамоми хаёти хучайрахои организмхо вазифаро ичро мекунад.
  8. Митоз – шакли афзоиши хучайра, ки дар он кисмхо аник ва баробар дар хучайрахои духтари таксим мешаванд.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

КОНУНИ ДУЮМИ МЕНДЕЛ (КОНУНИ ТАЧЗИЯ)

Хангоми дурагакунии наслхои гибридии якум, ки аломати якхела доранд, дар насли дуввум хам аломати модари …