Главная / Чамъият / ТАЙЁРИИ ВАРЗИШИ

ТАЙЁРИИ ВАРЗИШИ

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2013, №3, мод. 196;  Конуни ЧТ аз 15.03.2016 с., №1296)  

Конуни мазкур асосхои хукуки, ташкили, молияви ва дигар асосхои тайёрии варзиширо муайян менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Доираи амали Конуни мазкур

Конуни мазкур нисбат ба муассисахои тайёрии варзиши, дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш, новобаста ба шакли ташкилию хукукиашон, ё сохибкорони инфироди, ки тайёрии варзиширо амали менамоянд, татбик карда мешавад.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси  

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– барномаи тайёрии варзиши – хуччате, ки барои тайёр кардани варзишгарон тибки талаботи стандартхои давлатии тайёрии варзиши тахия гардида, самтхои асоси ва шароити тайёрии варзиширо дар хар як зинаи он мукаррар менамояд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296);

– тайёрии варзиши – фаъолияти максаднок оид ба тайёр кардани варзишгарон ба мусобикахои варзиши бо рохи ташаккул ва такмили махорати варзишии онхо, ки мувофики талаботи стандартхои давлатии тайёрии варзиши ва барномахои тайёрии варзиши амали карда мешавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296);

– муассисаи тайёрии варзиши – ташкилоти гайритичоратии давлати ва хусуси, ки намуди асосии фаъолияти онро тайёрии варзиши ташкил менамояд ва он ба амали намудани барномахои тайёрии варзиши равона карда шудааст;

– стандартхои давлатии тайёрии варзиши – мачмуи талаботи тахия ва тасдикшудаи тайёрии варзиши аз руи намудхои варзиш (ба истиснои варзиши амалию харби, амалию хизмати ва намудхои варзиши милли), ки барои муассисахои амаликунандаи тайёрии варзиши хатми мебошанд.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тайёрии варзиши  

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тайёрии варзиши ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Принсипхои сиёсати давлати ва кафолатхои давлатии татбики хукукхои шахрвандон дар сохаи тайёрии варзиши  

  1. Сиёсати давлати дар сохаи тайёрии варзиши ба принсипхои зерин асос меёбад:

– хамкории мутакобилаи макомоти хокимияти давлати бо муассисахои тайёрии варзиши, дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш ё сохибкорони инфиродие, ки тайёрии варзиширо амали менамоянд;

– фарохам овардани шароит ба муассисахои тайёрии варзиши, дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш, инчунин сохибкорони инфироди чихати дастрасии баробари тайёрии варзиши;

– дастгирии баробари давлати нисбат ба муассисахои тайёрии варзиши ва дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш, новобаста ба шакли ташкилию хукукиашон, ки тайёрии варзиширо амали менамоянд;

– хаматарафа вусъат бахшидан ба рушди фаъолияти муассисахои давлати ва хусусии тайёрии варзиши;

– таъмини иттилоотию илмии тайёрии варзиши;

– таъмини дастрасии тайёрии варзиши барои маъюбон, шахсони имкониятхои чисмони ва равонияшон махдуд ва дигар шахсоне, ки ба онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон баробар карда шудаанд.

  1. Ба шахрвандон озодии интихоби намуди варзиш, муассисахои тайёрии варзиши ва дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш, ки тайёрии варзиширо амали менамоянд, кафолат дода мешавад.
  2. Тартиб, шакл ва андозаи дастгирии давлатии фаъолияти ташкилотхои чамъиятии тарбияи чисмони ва варзишро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

БОБИ 2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОХАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШИ

 

Моддаи 5. Субъектони сохаи тайёрии варзиши

 

Ба субъектони сохаи тайёрии варзиши инхо мансубанд:

– макоми ваколатдори давлати дар сохаи тайёрии варзиши (минбаъд – макоми ваколатдори давлати);

– макоми ваколатдори махаллии хокимияти давлати дар сохаи тайёрии варзиши;

– муассисахои тайёрии варзиши, дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш, ки тайёрии варзиширо амали менамоянд;

– ташкилотхои илми ва тибби, ки фаъолияти онхо ба таъмини тайёрии варзиши алокаманд мебошад;

– варзишгароне, ки дар муассисахои тайёрии варзиши, дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш, ки тайёрии варзиширо амали менамоянд, аз тайёрии варзиши мегузаранд;

– кормандони муассисахои тайёрии варзиши, аз чумла мураббиён ва дигар мутахассисони сохаи тарбияи чисмони ва варзиш, ки тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян карда шудаанд;

– сохибкорони инфироди, ки тайёрии варзиширо амали менамоянд.

 

Моддаи 6. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати

 

Дар сохаи тайёрии варзиши макоми ваколатдори давлати ваколатхои зеринро амали менамояд:

– тахияи барномахои давлатии тайёрии варзиши ва барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани онхо;

– татбики сиёсати давлати дар сохаи тайёрии варзиши;

– ташкили тайёрии варзишии варзишгарон ва номзадхо ба дастаи мунтахаби Чумхурии Точикистон оид ба намудхои варзиш бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296);

– тахия ва тасдики стандартхои давлати (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296);

тасдики барномахои тайёрии варзиши дар асоси пешниходи федератсияхои варзиши ва муассисахои тайёрии варзиши  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296);

– гузаронидани аттестатсия ва додани дарача ва унвонхои тахассуси ба кормандон (мураббиён) ва рохбарони муассисахои давлатии тайёрии варзиши;

– таъминоти молияви, моддию техники, аз чумла бо тачхизоту либос ва асбобу анчоми варзиши;

– таъминоти илмию методи ва тибби;

– назорати манъи истифодаи маводи барангезандаю неруафзо (допинг) дар варзиш;

– ташкили тахкикоти илми дар сохаи тайёрии варзиши;

– мукаррар намудани тартиби татбики назорати фаъолияти муассисахои тайёрии варзиши ва дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш, ки тайёрии варзиширо амали менамоянд;

– таъмини кафолати давлатии татбики хукукхои шахрвандон дар сохаи тайёрии варзиши;

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст.

 

Моддаи 7. Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи тайёрии варзиши

 

Ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи тайёрии варзиши аз инхо иборатанд:

– амали намудани сиёсати давлати дар сохаи тайёрии варзиши дар махал;

– ташкили тайёрии варзишии варзишгарон – аъзои дастахои мунтахаби варзишии махалли;

– таъсиси муассисахои тайёрии варзишии махалли, таъминоти молияви ва моддию техникии онхо;

– мусоидат кардан ба фаъолияти субъектони сохаи тайёрии варзиши дар махал;

– ваколатхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст.

 

Моддаи 8. Вазифахои асосии тайёрии варзиши

 

Вазифахои асосии тайёрии варзиши аз инхо иборатанд:

– хавасманд гардонидани варзишгарон барои муваффак шудан ба натичахои баланди варзиши;

– робитаи мутакобилаи тайёрии варзиши ва фаъолияти мусобикави;

– робитаи мутакобилаи тайёрии варзиши ва тарбияи чисмони;

– таъмини бехатарии хаёт ва саломатии варзишгароне, ки аз тайёрии варзиши мегузаранд;

– ба хисоб гирифтани хусусиятхои хоси инфироди, имкониятхои вазифави ва вазъи саломатии варзишгароне, ки аз тайёрии варзиши мегузаранд;

– пайдарпайи ва муттасилии амали намудани тайёрии варзиши;

– хавасманд гардонидани кормандони (мураббиёни) муассисахои тайёрии варзиши ва дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш барои комёбихои варзишгароне, ки дар мусобикахои расмии варзишии умумичумхурияви ва мусобикахои расмии варзишии байналмилали ба натичахои баланди варзиши муваффак шудаанд;

– таргиби тарзи хаёти солим.

 

Моддаи 9. Таъмини тайёрии варзиши

 

  1. Тайёрии варзиши дар зинахои зерин амали крада мешавад:

– варзиши–солимгардони;

– тайёрии ибтидоии варзиши;

– машки–варзиши;

– мукаммалгарднии махорати варзиши;

– варзиши махорати оли  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296).

  1. Мазмуни тайёрии варзиши дар хар як зина бо барномахои тайёрии варзиши муайян карда мешавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296).
  2. Ташкили тайёрии варзиши бе истифодаи барномахои тайёрии варзишии тасдикшуда ичозат дода намешавад.
  3. Ташкили тайёрии варзиши чорабинихои машки (гурухи ё инфироди), мусобикахои варзиши ва чорабинихои баркарорсозии чисмониро дар бар мегирад.
  4. Дохил кардан ба давраи дахлдори тайёрии варзиши ва гузаронидан ба дигар зинаи тайёрии варзиши танхо бо розигии варзишгарон бо шарти ичро намудани талаботе, ки барномахои тайёрии варзиши пешбини менамоянд, амали карда мешавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296).

 

Моддаи 10. Барномахои тайёрии варзиши

 

  1. Дар барномахои тайёрии варзиши оид ба сатхи махорати варзишии варзишгароне, ки аз тайёрии варзиши мегузаранд, ташкили гуруххои машки, реча ва хачми машкхои иловаги дар зинахои тайёрии варзиши стандартхои давлати мукаррар карда мешаванд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296).
  2. Барномахои тайёрии варзиши аз тарафи муассисахои тайёрии варзиши бо назардошти стандартхои давлати татбик карда мешаванд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296).
  3. Муассисахои тайёрии варзиши метавонанд барномахои намунавии тайёрии варзиширо аз руи намудхои алохидаи варзиш, ки макоми ваколатдори давлати тасдик намудааст, истифода намоянд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296).
  4. Тартиб, мухлат ва шакли татбики барномахои тайёрии варзиширо муассисахои тайёрии варзиши мустакилона мукаррар менамоянд.

 

Моддаи 11. Таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои тайёрии варзиши

 

  1. Таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои тайёрии варзиши бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Фаъолияти муассисахои тайёрии варзиши бо назардошти талаботи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур, низомномаи намунави дар бораи муассисахои тайёрии варзиши, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда шудааст ва оинномаи муассисахои тайёрии варзиши, ки дар асоси низомномаи намунави тахия гардидааст, танзим карда мешавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296).

 

Моддаи 12. Хукук ва ухдадорихои муассисаи тайёрии варзиши

 

  1. Муассисаи тайёрии варзиши шахси хукукие мебошад, ки дар сохаи тайёрии варзиши фаъолияти молияви, хочагидори ва дигар фаъолиятро дар доираи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, низомномаи намунави дар бораи муассисахои тайёрии варзиши ва оинномаи муассисаи тайёрии варзиши амали менамояд.
  2. Муассисаи тайёрии варзиши хукукхои зеринро дорад:

– барои амали намудани фаъолияти оинномави бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон манбаъхои иловагии молияви ва воситахои моддиро чалб намояд;

– интихоб, ба кор кабул намудан ва чобачогузории кадрхоро ба рох монад, сохторро мукаррар кунад, фаъолияти идоракуниро анчом дихад, басти кори (штат)-ро тасдик кунад,  музди мехнати кормандон, аз чумла иловапули ба маошхои вазифави, тартиб ва андозаи мукофотонидани онхоро дар доираи фонди пардохти музди мехнат бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намояд;

– тайёрии варзиширо мутобики оинномаи муассиса ва стандартхои давлатии тайёрии варзиши мустакилона амали намояд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296);

– аз номи худ ё аз номи дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш дар мусобикахои расмии варзиши иштирок кунад;

– варзишгаронро барои гузаштан аз  тайёрии варзиши тибки талаботи Конуни мазкур ва низомномаи намунави дар бораи муассисаи тайёрии варзиши ва санадхои меъёрии дохилии муассисаи тайёрии варзиши мустакилона интихоб намояд;

– дар мавриди ичро накардани талаботи пешбининамудаи стандартхои давлати ва барномахои тайёрии варзишии зинахои дахлдор варзишгаронро хорич кунад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296);

– фаъолияти дигарро, ки  конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст ва бо оинномаи муассисаи тайёрии варзиши пешбини гардидааст, амали намояд.

  1. Муассисаи тайёрии варзиши бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ухдадор мебошад:

– дар хачми пурра барномахои тайёрии варзиширо татбик намояд;

– талаботи стандартхои давлатии тайёрии варзиши ва тартиби мукаррарнамудаи таъминоти тиббии варзишгаронеро, ки аз тайёрии варзиши мегузаранд, риоя кунад;

– коидахои манъи истифодаи маводи барангезандаю неруафзо (допинг)-ро дар варзиш риоя кунад;

– бехатарии хаёт ва саломатии варзишгаронеро, ки аз тайёрии варзиши дар муассисаи тайёрии варзиши мегузаранд ва кормандони (мураббиёни) худи муассисаро таъмин намояд;

– ухдадорихои дигари пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистонро ичро намояд.

  1. Муассисахои тайёрии варзиши доир ба натичаи фаъолияти худ хисоботи омориро бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пеш мебаранд.

 

Моддаи 13. Оинномаи муассисаи тайёрии варзиши

 

  1. Оинномаи муассисаи тайёрии варзиши бояд дорои маълумотхои зерин бошад:

а) номи муассисаи тайёрии варзиши бо нишон додани шакли ташкилию хукукии он;

б) махалли чойгиршавии макоми идоракунии муассисаи тайёрии варзиши;

в) намудхои варзише, ки оид ба онхо тайёрии варзиши амали карда мешавад;

г)  сохтори фаъолияти молияви ва хочагидории муассисаи тайёрии варзиши, аз чумла дар кисми:

– истифодаи молу мулки муассисаи тайёрии варзиши;

– маблаггузори ва таъминоти моддию техникии фаъолияти муассисаи тайёрии варзиши;

– амали намудани фаъолияти сохибкори ва ё дигар фаъолияти даромаднок аз тарафи муассисаи тайёрии варзиши;

– манъи бастани шартномахое, ки окибатхои онхо ба бегонашавии молу мулки муассисаи тайёрии варзиши ё молу мулки аз хисоби маблаги ин муассиса харидашуда, ки моликияти муассиса мебошад, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– тартиби ихтиёрдории молу мулке, ки муассиса аз хисоби даромад аз фаъолияти сохибкори ва ё дигар фаъолияти даромадноки ба даст овардааш харидори намудааст;

д) тартиби идоракунии  муассисаи тайёрии варзиши, аз чумла:

– ваколатхои муассиси (муассисони) муассисаи тайёрии варзиши;

– сохтор, тартиби ташкили макомоти идоракунии муассисаи тайёрии варзиши, ба рох мондани фаъолият ва ваколатхои онхо;

– тартиби ворид намудани тагйиру иловахо ба оинномаи муассисаи тайёрии варзиши;

е) тартиби аз нав ташкил намудан ё бархам додани муассисаи тайёрии варзиши;

ё) хукук ва ухдадорихои субъектони раванди тайёрии варзиши;

ж) маълумот дар бораи филиалу намояндагихои муассисаи тайёрии варзиши;

з) номгуйи санадхои меъёрии дохили, ки фаъолияти муассисаи тайёрии варзиширо муайян менамоянд;

к) тартиби тасдики санадхои меъёрии дохили, ки асоси ташкили  тайёрии варзиширо мукаррар менамоянд, аз чумла:

– коидаи кабул ва интихоби варзишгарон барои гузаштан аз тайёрии варзиши;

– тартиб ва асос барои пеш аз мухлат катъ кардани шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзиши бо варзишгароне, ки аз ин тайёри мегузаранд;

– номгуи маълумоте, ки вобаста ба амали намудани тайёрии варзиши махфи мебошанд;

л)  дигар маълумотхое, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.

  1. Оинномаи муассисаи тайёрии варзиширо муассиси (муассисони) муассисаи тайёрии варзиши тасдик менамояд.

 

Моддаи 14. Шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзиши

  1. Аз тайёрии варзиши гузаштани варзишгар дар асоси шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзиши, ки байни варзишгар ё намояндаи конунии у ва муассисаи тайёрии варзиши, дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш ё сохибкорони инфироди, ки ба тайёрии варзиши машгуланд, ба имзо расонида мешаванд, амали мегардад.
  2. Шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзиши мутобики талаботи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон бо назардошти мукаррароти шартномаи намунави, ки шакли он аз тарафи макоми ваколатдори давлати тасдик гардидааст, ба имзо расонида мешаванд.
  3. Шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзиши шартхои хатмии зеринро дар бар мегирад:

– оид ба зинахои тайёрии варзиши ва пардохти маблаги тайёрии варзиши, агар дар шартнома тайёрии варзишии ройгон пешбини нашуда бошад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1296);

– дар бораи маълумот оид ба мавчудияти шартномаи сугуртаи хаёт ва саломатии варзишгар;

– дар бораи хукук ва ухдадорихои тарафхо, аз чумла варзишгаре, ки аз номи даста ва муассисаи тайёрии варзиши, дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш ё сохибкорони инфиродие, ки дастаро ташкил додаанд ё аз номи дастаи мунтахаби варзишии сатхи дахлдор баромад мекунанд, агар ухдадории мазкур дар шартномаи (карордоди) мехнати байни варзишгар ва муассисаи тайёрии варзиши, дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш ё сохибкорони инфироди дар як вакт бо шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзиши пешбини нашуда бошад;

– дар бораи номгуи маълумоте, ки вобаста ба амали намудани тайёрии варзиши махфи мебошанд;

– оид ба чавобгарии тарафхо, асосхо ва тартиби тагйир ва катъ намудани шартнома.

 

БОБИ 3. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ

МУАССИСАИ ТАЙЁРИИ ВАРЗИШИ

 

Моддаи 15. Таъминоти молиявии фаъолияти муассисаи тайёрии варзиши

 

  1. Таъминоти молиявии фаъолияти муассисаи давлатии тайёрии варзиши бо назардошти харочоти нигохдории молу мулки гайриманкуле, ки ба ин муассиса тааллук дорад, инчунин аз тарафи муассиси (муассисони) он ё муассисаи тайёрии варзиши аз хисоби маблаги чудокардаи муассис (муассисон) амали карда мешавад.
  2. Таъминоти молиявии фаъолияти муассисаи давлатии тайёрии варзиши аз хисоби бучети сатхи дахлдор амали карда мешавад.
  3. Тартиби маблаггузории фаъолияти муассисаи хусусии тайёрии варзиширо муассиси (муассисони) он тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  4. Муассисаи давлатии тайёрии варзиши хукук дорад тайёрии варзиширо аз руи шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзиши бо пардохти арзиши он аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки илова ба маблаггузори аз хисоби бучети давлатии сатхи дахлдор барои гузаштани варзишгарон аз тайёрии варзиши дар хачми ба муассис (муассисон) мувофикашуда амали намояд. Муассисаи тайёрии варзиши масъалахо оид ба бастани шартномахо, муайян намудани ухдадорихо ва дигар шартхои бо конунгузории Чумхурии Точикистон ва оинномаи муассисаи мазкур мухолифнабударо  мустакилона хал менамояд.

 

Моддаи 16. Таъминоти илмию методи ва тиббии тайёрии варзиши

 

  1. Таъминоти илмию методи ва тиббии тайёрии варзиширо ташкилотхои илми ва тибби, инчунин сохторхои таркибии дахлдори муассисахои тайёрии варзиши амали менамоянд.
  2. Муассисахои тайёрии варзиши, дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш ё сохибкорони инфиродие, ки тайёрии варзиширо амали менамоянд, барои таъминоти тиббии варзишгароне, ки аз тайёрии варзиши мегузаранд, бо тартиби хизматрасонии тиббии тайёрии варзишии аз тарафи макоми ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти мукарраркардашуда дар мувофика бо макоми ваколатдори давлати шароит мухайё менамоянд.
  3. Тартиби таъминоти илмию методии тайёрии варзиши аз тарафи муассисаи тайёрии варзиши мустакилона муайян карда мешавад.

 

Моддаи 17. Фаъолияти инфироди дар сохаи тайёрии варзиши

 

Фаъолияти инфиродие, ки дар сохаи тайёрии варзиши бо максади ба даст овардани фоида амали карда мешавад, фаъолияти сохибкори хисобида мешавад. Шахсони вокеи, ки чунин фаъолиятро анчом медиханд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба сифати сохибкорони инфироди ба кайди давлати гирифта мешаванд.

 

Моддаи 18. Хукук ва ухдадорихои варзишгароне, ки аз тайёрии варзиши мегузаранд

 

  1. Варзишгароне, ки аз тайёрии варзиши мегузаранд, аз хукук ва ухдадорихои бо конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзиши пешбинишуда истифода менамоянд.
  2. Варзишгароне, ки аз тайёрии варзиши мегузаранд, хукук доранд:

– аз иншооти варзишии муассисаи тайёрии варзиши, инчунин аз тачхизоту либос ва асбобу анчоми варзиши истифода намоянд, агар дар шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзиши холати дигаре пешбини нашуда бошад;

– барномаи тайёрии варзиширо аз руйи як ё якчанд намуди варзиш дар хачми мукаррарнамудаи барномахои тайёрии варзиши мутобики талаботи стандартхои давлатии тайёрии варзиши азхуд намоянд;

– бо хизматрасонии тиббии босифат таъмин карда шаванд.

  1. Варзишгароне, ки аз тайёрии варзиши мегузаранд, ухдадоранд:

– шартхои шартномаро дар бораи гузаштани тайёрии варзиши риоя намоянд;

– талаботи барномахои тайёрии варзиширо риоя намоянд;

– коидахои манъи истифодаи маводхои барангезандаю неруафзо  (допинг)-ро дар варзиш риоя кунанд ва бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз назорат оид ба истифодаи ин мавод гузаранд;

– маълумотхои мазмунашон бо оиннома ва санадхои меъёрии дохилии муассисаи тайёрии варзиши, инчунин шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзиши муайянкардашударо махфи нигох доранд.

  1. Тахкикоти илми ва тибби дар рафти гузаштани тайёрии варзишии варзишгар танхо бо розигии хаттии у амали шуда метавонанд.
  2. Корфармо ухдадор аст дар асоси аризаи хаттии корманде, ки аз тайёрии варзиши мегузарад, ба у рухсатии бемузди мехнати баробар ба 30 рузи таквими дар як сол барои аз худ намудани барномахои тайёрии варзишии зарури бо максади иштироки у дар мусобикахои варзиши дар асоси даъватномаи муассисаи тайёрии варзиши пешниход намояд.
  3. Муассисахои тахсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ухдадоранд дар асоси аризаи хаттии таълимгирандае, ки аз тайёрии варзиши мегузарад, ба у рухсатии баробар ба 30 рузи таквими дар як сол бо максади иштироки у дар мусобикахои варзишии зарури дар асоси даъватномаи муассисаи тайёрии варзиши пешниход намоянд.

 

Моддаи 19. Муносибатхои мехнатии кормандони (мураббиёни) муассисаи тайёрии варзиши

 

  1. Муносибатхои мехнатии кормандони (мураббиёни) муассисаи тайёрии варзиширо конунгузори оид ба мехнати Чумхурии Точикистон танзим менамояд.
  2. Дар вакти ичрои ухдадорихои касби кормандони (мураббиёни) муассисаи тайёрии варзиши хукук доранд усулхои тайёрии варзиши, дастурхои методи ва маводи тасдиккардашударо мутобики барномахои тайёрии варзиши озодона интихоб намоянд.
  3. Гайр аз асосхои бо конунгузори оид ба мехнати Чумхурии Точикистон пешбинигардида асосхои катъ намудани шартномаи (карордоди) мехнати бо корманди (мураббии) муассисаи тайёрии варзиши шуда метавонанд:

– дар давоми як сол такроран ва дагалона вайрон кардани оинномаи муассисаи тайёрии варзиши;

– истифодаи зуровари, аз чумла, чисмони ё рухи, нисбат ба шахсияти варзишгаре, ки аз тайёрии варзиши мегузарад;

– риоя накардани коидахои манъи истифодаи маводи барангезандаю неруафзо (допинг) дар варзиш.

  1. Ба кормандони (мураббиёни) муассисаи тайёрии варзиши барои комёбихои варзишгароне, ки ба натичахои баланди варзиши дар мусобикахои расмии байналмилалии варзиши муваффак шудаанд, бо тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдори давлати мукофотпули мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 20. Тайёрии касби, бозомузи, такмили ихтисос, аттестатсияи кормандон (мураббиён) ва рохбарони муассисахои тайёрии варзиши ва ба онхо додани дарача ва унвонхои тахассуси

 

  1. Макоми ваколатдори давлати рохбарии тайёрии касби ва бозомузии кормандони сохаи тайёрии варзиши, аз чумла тайёрии касби ва бозомузии мураббиёнро амали намуда, шумораи кабулро барои муассисахои таълимии давлати, ки тайёрии касби ва бозомузии чунин кормандонро амали менамоянд, мукаррар карда, инчунин такмили ихтисоси ин кормандонро ташкил менамояд.
  2. Барои кормандон (мураббиён) ва рохбарони муассисахои тайёрии варзиши, кормандони (мураббиёни) дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш аттестатсия гузаронида шуда, аз руи натичаи он ба кормандон (мураббиён) ва рохбарони мазкур дарача ва унвонхои тахассуси дода мешавад.
    3. Тартиби умумии гузаронидани аттестатсия, додани дарача ва унвонхои тахассуси ба кормандон (мураббиён) ва рохбарони муассисаи тайёрии варзиши, дигар ташкилотхои тарбияи чисмони ва варзиш аз тарафи макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешавад.

 

БОБИ 4. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 21. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон     Эмомали РАХМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013,

№ 953

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …