Главная / Чамъият / ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕХНАТ

ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕХНАТ

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН

БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕХНАТ

Конуни мазкур асосхои хукуки, молияви ва ташкилии хамкории давлат ва бахши хусусиро  дар низоми тахсилоти касби муайян намуда, муносибатхои  раванди хамкории низоми тахсилоти касбиро дар тайёр намудани мутахассисони чавобгу ба талаботи  бозори мехнат танзим менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– мутахассис – шахсе, ки сохиби тахсилоти касби  буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва махорати касбиро сохиб шудааст, ки ба у имконият медихад дар сохаи муайян фаъолияти касби намояд;

– маблаггузории бисёрманбаъ – истифодаи маблагхои бучети сатххои гуногун, манбаъхои гайрибучети, инчунин маблагхои корфармоён, иттиходияхои онхо ва манбаъхои дигари   маблаггузори бо конунгузории Чумхурии Точикистон манъ карда нашудаанд;

– иттиходияи корфармоён – шакли ташкилию хукукии ташкилоти гайритичоратие, ки ба узвияти корфармоён (шахсони хукуки, сохибкорони инфироди ва шахсони вокеие, ки мехнати кирояро истифода менамоянд) асос ёфтааст;

– тачрибаомузии таълими ва истехсоли – намуди фаъолияти таълими, ки ба ташаккул, тахким ва такмили дониш, махорат, малака ва салохиятнокии таълимгирандагон дар раванди ичрои намудхои муайяни кори  ба  фаъолияти минбаъдаи касби алокаманд равона гардидааст;

– иттилооти касби – маълумот оид ба касбхои асоси, инкишофи минбаъдаи намудхои гуногуни фаъолият, шароит ва музди мехнат, вазъи бозори мехнат, имкониятхои гирифтани тахсилоти касби дар муассисахои таълимии тахсилоти касби;

– машварати касби – кумак дар интихоби касб ба воситаи фахмондадихии талаботи бозори мехнат бо назардошти ракобати мавчуда, инчунин ба шахсони манфиатдор расонидани иттилооти дахлдор чихати халли мустакилонаи масъала;

– тахсилоти касби – навъи тахсилоте, ки таълимгирандагон дар рафти аз худ намудани барномахои таълимии тахсилоти касби дониш, махорат, малака ва салохияти сатху  хачми муайянеро сохиб мешаванд, ки ба онхо имконият медихад  дар сохаи муайян фаъолияти касби намоянд;

– омузиши касби – раванди таълим, ки ба аз худ намудани дониш, махорат ва ба даст овардани малакаю салохиятнокии зарурии таълимгирандагон дар ичрои вазифахои муайяни мехнати равона шуда, такмили сатхи тахсилотро талаб намекунад;

– бозори мехнат – сохаи ташаккули талабот ба кувваи кори ва пешниходи он, ки дар доираи фазои муайяни иктисоди муносибатхои мутакобилаи байни корфармоён ва кормандонро оид ба мубодилаи ихтисос, дониш, махорат, кобилият ва салохиятноки ба музди мехнат муайян  менамояд;

– хамкории ичтимои – низоми муносибатхои байни кормандон (намояндагони кормандон), корфармоён (намояндагони корфармоён) ва макомоти хокимияти давлати, ки манфиатхои кормандон ва корфармоёнро аз руи масъалахои танзими муносибатхои мехнати ва дигар муносибатхои бевосита бо онхо алокаманд мувофик мегардонад;

– хамкории  давлат ва бахши хусуси дар  низоми тахсилоти касби ва бозори мехнат – низоми муносибатхои мутакобилаи байни корфармоён, иттиходияхои онхо, муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими (минбаъд -муассисахои таълимии тахсилоти касби) , макомоти идоракунии хокимияти давлати, тарафхои  хамкории ичтимои ва иттиходияхои чамъияти.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори  мехнат

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори мехнат ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Максадхои Конуни мазкур

Максадхои Конуни мазкур аз инхо иборатанд:

– мусоидат ба хамоханг намудани фаъолияти субъектони низоми тахсилоти касби барои омузиши холати вокеии  бозори мехнат, пеш бурдани мониторинги бозори мехнат, муайян ва ошкор кардани талаботи имруза ва ояндаи бозори мехнат ба мутахасисон мутобики дурнамои рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон;

– мусоидат ба тахия ва амалишавии механизми доимоамалкунандаи танзими низоми тайёр кардани мутахассисон ва кормандон;

– ба шакли муайян даровардани пешниходхо оид ба тахия ва амали намудани сиёсати давлати дар сохаи тайёр намудан, бозомузи, такмили ихтисоси мутахассисон ва кормандон бо назардошти талаботи иктисодиёти инноватсиони;

– таъмини иштироки корфармоён дар муайян намудани талабот ба захирахои мехнати, баланд бардоштани сифати тахсилоти касби,  нав кардани мазмуни он бо назардошти пешгуии талаботи бозори мехнат ва дар ин асос ташкил кардани фаъолияти таълими, истехсоли ва илми;

– тахким ва инкишофи таъмини молияви ва заминаи моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти касби.

Моддаи 4. Сиёсати давлати дар сохаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми тахсилоти касби бо назардошти талаботи  бозори мехнат

Сиёсати давлати дар сохаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми тахсилоти касби бо назардошти талаботи бозори мехнат ба амали намудани тадбирхои зерини ташкили, иктисоди ва хукуки равона гардидааст:

– вусъат додани  низоми тахсилоти касби  вобаста ба тагйироти нуфус (демографи)  ва  талаботи ичтимоию иктисодии давлат;

– рушди муносибатхои мутакобилаи низоми тахсилоти касби ва корфармоён дар доираи хамкории давлат ва бахши хусуси вобаста ба тайёр намудани мутахассисон, таъмини назорати сатху сифати тахсилоти касби ва инкишофи арзёбии мустакили давлатии сатху сифати  фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти касби, барнома ва накшахои таълимии онхо;

– дар амалия ба таври доими чори намудани мониторинг ва пешгуии эхтиёчот ба мутахассисон ва коргарон бо назардошти талаботи бозори мехнат ва инъикоси хатмии он дар маълумотхои омори ва иттилоотонии  макомот ва шахсони манфиатдор дар ин хусус;

– таъсис додани низоми самарабахши иттилооти касби ва машварати касби барои чавонон бо максади хавасманд гардонидани онхо ба фаъолияти мехнати аз руи ихтисосхои чавобгуи талаботи бозори мехнат;

– пешгуии талаботи бозори мехнат ба тайёр  намудани  мутахассисон мутобики дурнамои рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон ва дигар барномахои сохави.

БОБИ 2. ХАМКОРИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ  ХУСУСИ ДАР СОХАИ ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН

ДАР НИЗОМИ ТАХСИЛОТИ КАСБИ

Моддаи 5. Тарафхои хамкории давлат ва бахши хусуси дар сохаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми тахсилоти касби

  1. Тарафхои хамкории давлат ва бахши хусуси дар сохаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми тахсилоти касби (минбаъд – тарафхои хамкори) инхоянд:

– макомоти ичроияи хокимияти давлати, муассисаю ташкилотхои давлати, ки вазифахои муайян кардан ва амали намудани сиёсати давлатиро дар сохаи  тахсилоти касби, мехнат ва шугли ахоли, идоракунии молу мулки давлати ва хизматрасониро ба ухда доранд, инчунин дигар ташкилотхое, ки дорои  муассисахои таълимии тахсилоти касби мебошанд;

– корфармоён ва итиходияхои онхо;

– муассисахои таълимии тахсилоти касби, новобаста аз шакли ташкилию хукуки  ва иттиходияхои онхо;

– тарафхои хамкории ичтимои:

– кормандон ва корфармоён дар шахси намояндагони ваколатдор (иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо)  бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– иттиходияхои дахлдори чамъияти.

  1. Ваколат, хукук ва ухдадорихои тарафхои хамкори тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
  2. Тартиб, шарт ва асосхои фаъолияти тарафхои хамкори аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 6. Шаклхои хамкории  давлат ва  бахши хусуси

Хамкории  давлат ва бахши хусуси дар сохаи тайёр намудани мутахассисон дар низоми тахсилоти касби бо назардошти талаботи бозори мехнат дар шаклхои зерин амали карда мешавад:

– машваратхои мутакобилаи дастачамъи ва гуфтушунид оид ба масъалахое, ки барои тарафхои хамкори чолибанд;

– кабул намудани  барномахои муштарак оид ба таъмини амалиёти мувофикашуда, ки ба амали намудани созиши тарафхо аз руи масъалахои таълими мутахассисон бо назардошти талаботи бозори мехнат равона гардидаанд;

– иштироки муштараки тарафхои хамкори  дар халли масъалахое, ки дар раванди танзими муносибатхо дар низоми тахсилоти касби ва бозори мехнат, аз чумла бо мадади шурохои сарпарасти ва назорати, ки дар назди муассисахои таълимии тахсилоти касби бо чалби намояндагони корфармоён таъсис дода мешаванд, ба миён меоянд;

– ташкили муштараки тачрибаомузии таълими ва  истехсоли;

– иштироки муштарак дар тахияи стандартхои давлатии тахсилоти касби, аз чумла бо чалби корфармоён;

– таъсиси муассисахои муштараки тобеи сохтори;

– тахияи лоихахои муштарак, ташкили мухокимаи пешакии он бо чалби бунёдхои чомеаи шахрванди ва иттилоотонии онхо аз натичаи амали намудани лоихахои мазкур.

Моддаи 7. Макомоти хамкории  давлат  ва бахши хусуси

  1. Макомоти хамкории давлат ва бахши хусуси (минбаъд-макомоти хамкори) комиссияхои доими ё  муваккатие (шурохо, клубхо, кумитахо)  мебошанд, ки бо карор ва розигии тарафхои хамкори бо максади таъмини хамохангсозии амалиёти онхо дар танзими муносибатхо дар низоми тахсилоти касби  ва дар сохаи муносибатхои ичтимоию мехнати, тахияи накшахои муштарак  ва барномахои  мувофикашуда,  инчунин барои ташкили назорати ичрои онхо таъсис дода мешаванд.
  2. Макомоти хамкори шахси хукуки набуда, метавонанд барои такмили конунгузории Чумхурии Точикистон дар низоми тахсилоти касби, аз чумла мукаррар намудани асосхои хукукии стандартхои давлатии тахсилоти касби таклифхо пешниход намоянд.

Моддаи 8. Иштироки макомоти хамкори дар низоми тахсилоти касби ва бозори мехнат

  1. Бо максади ташаккул ва таъмини мувофикати манфиатхои муассисахои таълимии тахсилоти касби, корфармоён ва давлат макомоти хамкори  дар тадбирхои зерин иштирок мекунанд:

– тахия ва мухокимаи лоихахои санадхои меъёрии хукуки, барномахои рушди ичтимоию  иктисоди ва пешгуии  таъмини онхо  бо мутахассисон;

– тахияи стандартхои давлатии тахсилоти касбии сохави, хусусан барои сохахои аз чихати технологи пешрафтаи иктисодиёт;

– рушди шаклхои давлатию чамъияти ва механизмхои ташкилию иктисодии идораи низоми тахсилоти касби, ки талаботи бозори мехнатро ба хисоб мегиранд;

– нав кардани мазмуни тахсилоти касби, чори намудани моделу механизмхои тахияи барномахо ва накшахои  таълими дар асоси усулхои инноватсиони, ки дар доираи стандартхои давлатии тахсилоти касби муайян карда шудаанд;

– рушди низоми омузиши максаднок, бозомузи ва такмили ихтисоси кормандони  илмию педагоги барои тахсилоти касби;

–  ташаккули унсурхои хоси бозори мехнат, ки бо шугли ахоли, тафовути иктисоди ва нуфусии (демографии) минтакахо, инчунин тафовути фарханги милли, ичтимоию иктисоди ва  иклими алокаманд мебошанд.

  1. Карору тавсияхои пешниходнамудаи макомоти дахлдори хамкори метавонанд аз тарафи макомоти ичроияи хокимияти давлати барои маълумот хангоми тахия ва кабули  санадхои меъёрии хукуки ё барномахои дахлдор ба инобат гирифта шаванд.

БОБИ 3. ТАШКИЛИ ТАХСИЛОТИ КАСБИИ МУТАХАССИСОН

БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕХНАТ

Моддаи 9. Муайян намудани сохтори интихоби довталабон ба муассисахои таълимии тахсилоти  касби

Макомоти ваколатдори давлати дар сохаи маориф, иктисодиёт ва ичтимои мувофик ба сатху сифати таълимии тахсилоти касбии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бо иштироки  тарафхо ва макомоти хамкори мутобики моддахои 5 ва 7 Конуни мазкур, дар асоси барномахои рушди ичтимоию иктисоди, барномахои максадноки тахсилоти касби, ки талаботи вокеии иктисодиёт ва натичахои мониторинги талаботро ба мутахассисон дар бозори мехнат ба хисоб мегиранд, нишондоди назоратиро мукаррар менамоянд ва барои муассисахои таълимии тахсилоти касби оид ба кабули довталабон тавсияхо тахия менамоянд.

Моддаи 10. Ташкили кор вобаста ба кабули таълимгирандагон

Тарафхои хамкори фаъолияти мувофикашударо дар ташкили корхо вобаста ба таъмини кабули хонандагон, донишчуён ва шунавандагон ба муассисахои таълимии тахсилоти касби  тибки коидахои кабул ба  муассисаи таълимии тахсилоти касби бо назардошти нишондодхои назоратии  кабули шахрвандон ба тахсил аз руи барномахои асосии тахсилоти касби амали менамоянд .

Моддаи 11. Омузиши максаднок, бозомузии касби ва такмили ихтисоси мутахассисон

  1. Тарафхои хамкори дар асоси шартномахои байни корфармо (фармоишгар), таълимгиранда (корманди имконпазир) ва муассисаи таълимии тахсилоти касби ба рушди омузиши максаднок, бозомузии касби ва такмили ихтисоси мутахассисон мусоидат менамоянд.
  2. Тарафхои хамкори оид ба таъмини шароит барои  тачрибаомузии таълими ва истехсолии таълимгирандагон мутобик ба талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон накшаю барномахои таълимии тахсилоти касбии мувофик ба талаботи корфармо тадбирхо тахия ва амали менамоянд.
  3. Тарафхои хамкори барои таъмини бозомузии касби ва такмили ихтисоси мутахассисон бо истифода аз имкониятхои бевоситаи корфармо, муассисахои таълимии тахсилоти касби ё дигар муассисахои тайёр намудани мутахассисон тадбирхо меандешанд.

Моддаи 12. Иштироки корфармоён ва иттиходияхои онхо дар раванди таълимии муассисахои таълимии тахсилоти касби

Корфармоён ва иттиходияхои онхо бо максади вусъат додани хамкории мутакобила бо низоми тахсилоти касби ва таъсири он ба баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон дар низоми тахсилоти касби бо назардошти талаботи бозори мехнат метавонанд бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар тахияи стандартхои давлатии тахсилоти касби, накшаву барномахои таълимии тахсилоти касби ва ташкили низоми тахсилоти касби иштирок намоянд.

Моддаи 13. Фаъолияти муштарак  оид ба ташкили тачрибаомузии таълими ва истехсолии таълимгирандагон

  1. Тарафхои хамкори дар асоси шартнома фаъолияти муштаракро  оид ба ташкили тачрибаомузии таълими ва истехсолии   таълимгирандагон  таъмин менамоянд.
  2. Барои ба таври самарабахш  ташкил ва гузаронидани тачрибаомузии таълими ва истехсоли тарафхо дар мувофика:

– ба сифати рохбарони тачрибаомузи  мутахассисони ботачрибаро таъин мекунанд;

– барномаи тачрибаомузи, натичахои ба накша гирифташаванда ва супоришхоро оид ба тачрибаомузи мувофика мекунанд;

– ба тачрибаомузон чойи кор пешниход менамоянд;

– барои тачрибаомузи шароити бехатари мехнатро мухайё намуда,  ба таълимгирандагон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат  дастур медиханд;

– дар тахияи маводи бахогузори ва арзёбии натичахои азхудкунии ихтисос ва касб дар давраи тачрибаомузи  иштирок менамоянд;

– барои гирифтани иттилооти дахлдор бо максади  тахкими донишу малака ва махорати касби тибки ихтисоси интихобкарда (тахассуси касби) шароити зарури мухайё мекунанд.

Моддаи 14. Мусоидат  барои бо кор таъмин  кардани хатмкунандагони  муассисахои таълимии тахсилоти касби

Бо максади бо кор таъмин кардани хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти касби тарафхои хамкори:

– ба чудо кардани квота барои мутахассисони чавоне, ки бори аввал ба кор шуруъ мекунанд, мусоидат менамоянд;

– ба корхонахое, ки барои чавонон ва  шахсони имконияташон махдуд чойи кор мухайё мекунанд, чихати ташкили механизми хавасмандгардони ёри мерасонанд;

– бо макомоти давлатии шугли ахоли дар халли масъалахои бо кор таъмин кардани хатмкунандагон хамкории бевосита  намуда, дар мавриди  тагйири касб  барои бозомузии онхо  шароит мухайё менамоянд;

– барои ба низоми хисоботи омори ворид сохтани нишондихандахо дар хусуси бо кор таъмин кардан ва аз руи ихтисос фаъолият намудани хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти касби мусоидат менамоянд.

Моддаи 15. Ташкили арзёбии мустакили сатху сифати тахсилоти касби

Тарафхои хамкори ба ташкили арзёбии мустакили сатху сифати тахсилоти касби бо роххои зерин мусоидат мекунанд:

– муайян кардани дурнамо оид ба таъмини сатху сифати тайёр кардани мутахассисон;

– мониторинг ва давра ба давра пешниход намудани такриз ба барномахои таълимии тахсилоти касби;

– тахияи  тартиби арзёбии холисонаи  сатхи дониш, махорат ва малакаи таълимгирандагон, инчунин салохиятнокии хатмкунандагон;

– мунтазам мавриди тахкик карор додани барномахои таълимии тахсилоти касби вобаста ба манфиатхои низоми тахсилот ва талаботи бозори мехнат.

БОБИ 4. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОЧАГИ

Моддаи 16. Шаклхои иктисодии таъмин ва тавсеаи маблаггузории  бисёрманбаи низоми тахсилоти касби бо назардошти талаботи бозори мехнат

  1. Тарафхои хамкори шаклхои иктисодии таъмини амали мутакобилаи низоми тахсилоти касбиро бо назардошти талаботи бозори мехнат ва дурнамои рушди инноватсиони-технологии иктисодиёт  инкишоф медиханд.
  2. Тарафхои хамкори ба рушди шаклхои санчидашудаи иктисоди, ки ба дастрасии васеи тахсилоти касбии сифатнок мусоидат менамояд, бо роххои зерин кумак мекунанд:

– рушди механизмхои маблаггузории бисёрманбаи низоми тахсилоти касби, ки талабот ва сохтори иктисодиёти рушдкунандаро бо мутахассисони ботачриба  таъмин  менамояд;

– истифодаи манбаъхои маблаггузорие, ки  тибки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ карда нашудаанд;

– тахкими заминаи моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти касби.

Моддаи 17. Хавасмандгардони дар низоми тахсилоти касби

Хукумати Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар асоси таклифхои тарафхои хамкори барои мухайё кардани шароити хавасмандгардони, аз чумла мукаррар намудани имтиёзхо ба сармоягузороне, ки сохаи тахсилоти касбиро маблаггузори мекунанд, инчунин ба корхонахо, сохибкорони инфироди ва сохторхои дигари таъсисдихандаи чойхои нави кори барои хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти касби тадбирхо меандешад.

Моддаи 18. Заминаи моддию техники

  1. Тарафхои хамкори рушди заминаи моддию техникии низоми муассисахои таълимии тахсилоти касбиро бо назардошти дурнамои барномахои инкишофи инноватсионии сохахои дахлдори Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо аз хисоби маблагхои бучети ва гайрибучети дар навбати аввал таъмин менамоянд.
  2. Заминаи моддию техники бояд чавобгуи  талаботи тайёр намудани мутахассисони баландихтисос буда,  рохандозии хама намудхои омодагии мутахассисон, корхои лаборатори, амали ва илмию тадкикотии таълимгирандагонро, ки дар стандартхои дахлдори давлатии тахсилоти касби, барномахо ва накшахои таълими пешбини шудаанд, таъмин намояд. Заминаи моддию техники бояд бо истифодаи  технологияхои иттилооти ва фосилавии муосир, паркхои инноватсионию технологи ва илми, технополисхо, бизнес-инкубаторхо, лабораторияхо, толорхо ва синфхонахои компютерии бо воситахои техники мучаххаз, дигар сохторхое, ки дар инкишофи кобилияти илмию техники ва эчодии таълимгирандагон барои фаъолияти инноватсионии минбаъдаи онхо дар иктисодиёт рушд намояд.

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 19. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон                                             Эмомали  РАХМОН

ш. Душанбе,

1 августи соли 2012,

№  895

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …