Главная / Чамъият / ТАХСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИ – КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ТАХСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИ – КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  ДАР БОРАИ ТАХСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2015, №7-9, мод. 713; Конунхои ЧТ аз 30.05.2017 с., №1427; аз 28.08.2017 с., №1464)

Конуни мазкур асосхои хукуки, ташкили, иктисоди ва идоракунии тахсилоти миёнаи касби, тартиби фаъолияти субъектхои онро мукаррар намуда, хукуки шахрвандонро ба гирифтани тахсилоти миёнаи касби таъмин менамояд.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин  истифода мешаванд:

барномаи таълими – хуччате, ки дар он мазмуни фанни таълими, максаду вазифахо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатхи донишу махорат ва малакаи таълимгиранда ифода ёфтаанд;

муассисаи таълимии тахсилоти миёнаи касби – муассисаи таълимии давлати ва гайридавлати, новобаста ба шакли ташкилию хукуки, ки раванди муттасили тахсилоти миёнаи касбиро ба рох монда, накшаю барномахои таълимиро амали менамояд;

– накшаи таълими – хуччате, ки омузиши фанхои таълими ва таксимоти солонаи онхоро барои тамоми давраи тахсил дар муассисахои таълими муайян менамояд;

Стандарти давлатии тахсилоти миёнаи касби – мачмуи меъёрхое, ки мазмуни тахсилот, мохияту мухлати таълим, хачми сарбории таълими, сатхи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асоси ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундаричаи барномахои таълими ва бахогузории сатхи донишро дар муассисахои таълими бо назардошти дастовардхои милли ва умумибашари муайян мекунанд;

стандартхои тахассусии тахсилоти миёнаи касби – мачмуи меъёрхое, ки талаботи ягонаро барои тахассусхои тахсилоти миёнаи касби мукаррар менамоянд;

такмили ихтисос – низоми афзун намудани махорату малакаи касбии омузгорон, кормандони илми ва дигар кормандони зинаи тахсилоти миёнаи касби;

тахассус – намуд ва дарачаи омодагии касбии хатмкунанда барои пешбурди фаъолияти касби ё давом додани тахсил, ки дар хуччати дорои тахсилоти марбута дарч гардидаанд;

тахсилоти миёнаи касби – зинаи тахсилот, тарбия ва инкишофи шахсияти таълимгиранда, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ба рох монда шуда, ба онхо шахрвандон метавонанд баъди хатми муассисахои таълимии тахсилоти умумии асоси, миёнаи умуми ва ибтидоии касби дохил шаванд;

тачрибаомузии истехсоли (касби) – кисми амалии раванди таълиму тарбия, ки аз чониби муассисаи таълимии тахсилоти миёнаи касби дар мувофика бо муассисаю ташкилотхои сохаи дахлдор ба рох монда мешавад;

таълимгиранда – тарбиягиранда, хонанда, донишчуй, шунавандаи муассисаи таълимии тахсилоти миёнаи касби;

устои таълими истехсоли – шахси дорои тахсилоти касбии мухандисию омузгори, ки машгулиятхои амали ва таълими истехсолиро ба накша мегирад ва онхоро ба таълимгирандагон омузонида, ба касб интихоб карданашон мусоидат менамояд;

хуччат дар бораи тахсилот – хуччати намунаи давлатие, ки ба шахсони аз аттестатсияи давлатии хатми муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби гузашта дода мешавад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тахсилоти миёнаи касби

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тахсилоти миёнаи касби ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

Моддаи 3. Принсипхои сиёсати давлати дар сохаи тахсилоти миёнаи касби 

Сиёсати давлати дар сохаи тахсилоти миёнаи касби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар заминаи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномахои давлатии рушди сохаи маориф амали гардида, ба принсипхои зерин асос меёбад:

– дастрас будани тахсилоти миёнаи касби;

– баланд бардоштани макоми низоми тахсилоти миёнаи касби дар кишвар;

– хусусияти башардустона ва дуняви доштани таълим ва тарбия;

– пайдархами ва муттасилии раванди таълиму тарбия;

– дастгирии маърифатноки ва истеъдодхо;

– истифодаи имкониятхои тахсилоти миёнаи касби барои хифз ва рушди фарханги милли;

– расонидани ёрии ичтимои ба таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

– таъмини рушди бомароми низоми тахсилоти миёнаи касби.

Моддаи 4. Кафолатхои давлати дар сохаи тахсилоти миёнаи касби

Давлат афзалияти дастрасии тахсилоти миёнаи касбиро бо роххои зерин ба шахрвандон  кафолат медихад:

– дар доираи фармоишхои давлати дар асоси озмун як маротиба гирифтани таълими ройгон дар муассисахои таълимии давлатии тахсилоти миёнаи касби;

– таъмини хукук ва хифзи манфиатхои ичтимоии таълимгирандагон дар низоми давлатии тахсилоти миёнаи касби;

– мухайё кардани шароит барои таъмини дастрасии баробар ба тахсилоти миёнаи касби;

– таъмини интихоби озоди шаклхои тахсилоти миёнаи касби, муассисаи таълими ва тахассус;

– расонидани ёри ва дастгирии таълимгирандагони болаёкат аз руи имконият;

– хукуки баробари хатмкардагони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, новобаста ба шакли ташкилию хукуки, барои идомаи тахсил дар зинахои минбаъдаи тахсилот;

– таъминот, харочот ва тахсили кудакони ятиму бепарастор, кудакони дорои имконияти махдуд, кудакони маъюб ва шахсони дигар, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст, аз хисоби маблагхои бучети давлати дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбии давлати;

– таъмини хукуки шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванди мукими Чумхурии Точикистон барои интихоби муассисаи таълими ва шакли тахсил.

БОБИ 2.

НИЗОМИ ТАХСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИ

Моддаи 5. Низоми тахсилоти миёнаи касби

Низоми тахсилоти миёнаи касби аз сохторхои зерин иборат мебошад:

– Стандарти давлатии тахсилоти миёнаи касби;

– стандартхои тахассусии тахсилоти миёнаи касби;

– муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби;

– барномахои таълими;

– шакл ва меъёри гирифтани тахсилоти миёнаи касби;

– субъектхои раванди таълиму тарбия дар зинаи тахсилоти миёнаи касби;

– макомоти идоракунии тахсилоти миёнаи касби.

Моддаи 6. Стандарти давлатии тахсилоти миёнаи касби, стандартхои тахассусии тахсилоти   миёнаи касби ва барномахои таълими

  1. Барои зинаи тахсилоти миёнаи касби Стандарти давлатии тахсилоти миёнаи касби мукаррар карда мешавад, ки он аз нишондихандахои зерин иборат аст:

– хадди акалли хатмии мазмуни барномаи таълими ва шарту шароити ичрои он;

– хачми хадди акал ва нихоии соатхои таълими;

– талаботи асоси ва дарачаи тайёрии хатмкунандагон;

– мухлати азхудкунии барномахои таълими.

  1. Стандартхои тахассусии тахсилоти миёнаи касби:

– мукаррар намудани мачмуи таъминоти таълимию методи, тартиб додани накша ва барномахои таълими, адабиёти таълими ва методи, мукаррарот оид ба назорати тахсилоти миёнаи касбиро дар бар мегиранд;

– талаботи ягонаро барои тахассусхои тахсилоти миёнаи касби мукаррар менамоянд;

– давра ба давра вобаста ба талаботи муосир тачдид карда мешаванд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тахия ва тасдик карда мешаванд.

  1. Барномахои таълимии тахсилоти миёнаи касби аз руи шакл ба барномахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ва тахсилоти умуми таксим карда мешаванд, ки:

– барои ноил гаштан ба татбики стандартхои давлатии тахсилот, муттасил баланд бардоштани сатхи омодагии касби ва тахсилоти  таълимгирандагон, омодагии босифати онхо чун кормандони сохибтахассус равона карда шудаанд;

– мундаричаи тахсилоти миёнаи касбиро муайян менамоянд;

– бо тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф тахия ва тасдик карда мешаванд.

Моддаи 7. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби

  1. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби дар Чумхурии Точикистон дар шакли давлати, гайридавлати, муштарак ва байналмилали фаъолият менамоянд.
  2. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби шахсони хукуки буда, дар намудхои зерин фаъолият менамоянд:

– коллечхо;

– коллечхои сохтории муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, ки таъсис ва тартиби фаъолияташонро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

  1. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби метавонанд дар доираи фармоиши давлати ройгон ва берун аз доираи фармоиши давлати тибки карордод пулаки фаъолият намоянд.

Моддаи 8. Муассисони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби

  1. Муассисони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби шуда метавонанд:

– макомоти марказии хокимияти давлати;

– макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати;

– шахсони вокеи ва хукуки;

– иттиходияхои (ассотсиатсияхои, иттифокхои) муассисахои таълими;

– шахсони вокеи ва хукукии хоричи бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Муносибатхои байни муассисон ва муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд.

Моддаи 9. Оинномаи муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби

  1. Оинномаи муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон тахия гардида, дорои маълумотхои зерин мебошад:

– ном, маком ва махалли чойгиршавии муассисаи таълими;

– муассис (муассисон);

– санаи таъсисёби;

– шакли ташкилию хукуки;

– шуъба, филиал, намояндагихо, паркхои технологи, муассисахои таълимии тахсилоти умуми ва ибтидоии касби ва дигар вохидхои сохтори;

– максади раванди таълиму тарбия, намуд ва шаклхои барномахои татбикшавандаи таълими;

– тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз чумла забони таълим, тартиби хорич ва баркарор намудани таълимгирандагон, мухлати тахсил, тартиби гузаронидани санчишу имтихонхо, речаи кори муассисаи таълими, тартиботи дохилии фаъолияти муассиса, инчунин хизматрасонии пулаки ва тартиби пешниходи он;

– тартиби ба расмият даровардани муносибатхои муассисаи таълимии тахсилоти миёнаи касби бо таълимгирандагон ва падару модари (шахсони ивазкунандаи) онхо;

– сохтори фаъолияти молияви ва хочагидории муассисаи таълимии тахсилоти миёнаи касби, аз чумла тартиби ташаккул ва истифодаи объектхои моликият, манбаъхои маблаггузори ва таъминоти моддию техники, намудхои фаъолияти сохибкори ва хизматрасонихои пулаки;

– тартиби идоракунии муассисаи таълимии тахсилоти миёнаи касби, аз чумла салохияти муассис ( муассисон), тартиби ба кор кабул намудан, чобачогузории кормандон, шартхои пардохти музди мехнати онхо, тартиби ворид намудани тагйиру иловахо ба оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисаи таълими;

– хукук ва ухдадорихои иштирокчиёни раванди таълиму тарбия(КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

– дигар маълумотхоеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудааст.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

  1. Оинномаи муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбиро муассиса тахия намуда, баъд аз тасдики муассис (муассисон) бо тартиби мукарраргардида аз кайди давлати мегузаронад.

Моддаи 10. Тартиби кабули таълимгирандагон ба муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи   касби

  1. Тартиби кабули таълимгирандагон ба муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  2. Кабули таълимгирандагон ба муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби метавонад аз тарики имтихонхои марказонидаи дохилшави, ки тартиби ташкил ва гузаронидани онро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд, амали карда шавад.
  3. Шумораи умумии кабули таълимгирандагонро, ки барои тахсил аз хисоби маблагхои бучети давлати кабул карда мешаванд, хар сол макомоти дахлдори давлати мутобики меъёрхои мукарраршуда муайян менамоянд.
  4. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд ба муассисахои  таълимии тахсилоти миёнаи касби дар асоси шартнома кабул карда мешаванд.
  5. Дар сурати бомуваффакият супоридани имтихонхои марказонидаи дохилшави (ба даст овардани холхои гузариш аз фанхои таълимии дахлдор) ба муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ба довталабони зерин имтиёз дода мешавад: (КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

– ятимон;   (КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

– бепарасторон;   (КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

– кудакони маъюб (тибки хулосаи макоми ваколатдори давлати);  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

– маъюбони гуруххои I ва II, ки тибки хулосаи макоми ваколатдори давлати дар муассисахои таълимии дахлдор тахсили онхо манъ карда нашудааст;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

– шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки хизмати харбиро дар сафхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон адо кардаанд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

– дигар шахрвандоне, ки барои онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон имтиёзхо пешбини шудаанд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

  1. Хиссачудокуни (квота) барои ба муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби кабул намудани шахсони дар кисми 5 моддаи мазкур номбаршуда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон дар доираи фармоиши давлати мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

Моддаи 11. Тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби

  1. Мухлати тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби барои шахсони дорои тахсилоти умумии асоси то 4 сол, барои шахсони дорои тахсилоти миёнаи умуми то 3 сол ва барои шахсоне, ки муассисахои таълимии сохаи тиб ва фархангро мувофик ба хусусиятхои тахассусхо хатм менамоянд, то 4 сол мукаррар карда мешавад.
  2. Тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби дар шакли рузона, гоибона, шабона, фосилави ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онхоро макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф муайян менамояд.
  3. Шаклхои тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби бо назардошти талабот ва имкониятхои таълимгирандагон интихоб карда мешаванд.
  4. Номгуи тахассусхое, ки аз руи онхо имконияти гирифтани тахсилоти миёнаи касби танхо дар шакли рузона мумкин аст, аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф, вазорату идорахое, ки дар сохтори худ муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби доранд, мукаррар карда мешавад.
  5. Раванди таълим дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби метавонад тавассути низоми кредити ва ё анъанави амали карда шавад.
  6. Таълимгирандагоне, ки дар коллечхои сохтори тахсилро аз руи барномаи таълимии тахсилоти миёнаи касби ба итмом нарасонидаанд, вале аз аттестатсияи чори бомуваффакият гузаштаанд, метавонанд тахсилро ба тарики гузариш бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар дигар муассисахои таълими давом диханд.
  7. Хуччати намунаи давлати дар бораи хатми зинаи тахсилоти миёнаи касби, ки бо мухри муассисаи таълими тасдик шудааст, шарти асосии идомаи тахсил дар зинаи минбаъдаи тахсилоти касби ба хисоб меравад.
  8. Таълимгирандагоне, ки бо тахсилоти миёнаи асоси дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби тахсил менамоянд, дар баробари гирифтани тахассус тахсилоти миёнаи умуми низ гирифта метавонанд.

Моддаи 12. Хуччатхо оид ба тахсилоти миёнаи касби

  1. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби пас аз гирифтани ичозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълими ва гузаштан аз аккредитатсияи давлати хукуки додани хуччатхои намунаи давлати дар бораи тахсилоти миёнаи касбиро пайдо мекунанд.
  2. Ба таълимгирандагоне, ки тахсилро аз руи барномахои таълимии тахсилоти миёнаи касби анчом додаанд ва аз аттестатсияи хатм гузаштаанд, хуччати намунаи давлати дар бораи тахсилоти марбута дода мешавад.
  3. Ба таълимгирандагоне, ки аз аттестатсияи хатм нагузаштаанд ё зинаи тахсилотро пурра ба охир нарасонидаанд, маълумотнома дода мешавад. Аттестатсияи такрории хатм барои шахсони мазкур бо тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф гузаронида мешавад.
  4. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, ки шаходатномаи аккредитатсияи давлати доранд, ба хатмкунандагон дар бораи тахсилоти марбута хуччати намунаи давлати медиханд. Хуччати намунаи давлатиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.
  5. Муассисахои таълимии гайридавлати, ки аз аккредитатсияи давлати нагузаштаанд, хуччати намунаи давлати дар бораи тахсилотро бо мухри худ тасдик мекунанд.
  6. Муассисахои таълимии гайридавлати, ки аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, ба хатмкунандагони худ намунаи хуччатхоеро месупоранд, ки бо хуччатхои намунаи давлати эътибори баробар доранд.
  7. Хуччате, ки ба итмом расидани тахсилоти касбиро тасдик мекунад, диплом дар бораи тахсилоти миёнаи касби барои хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби мебошад.

Моддаи 13. Тартиби таъсис, ичозатномадихи, аттестатсия, аккредитатсия, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби

  1. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис дода шуда, аз кайди давлати мегузаранд.
  2. Ба муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълими дода мешавад.
  3. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби танхо пас аз гирифтани ичозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълими ба истифодаи имтиёзхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хукук пайдо менамоянд.
  4. Аттестатсия ва аккредитатсияи муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбии Чумхурии Точикистон, новобаста ба шакли ташкилию хукукии онхо, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида мешаванд.
  5. Шаходатнома дар бораи аккредитатсияи давлати вазъи хукукии муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, фехристи самтхои таълим (тахассусхо)-ро, ки аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд ва аз руи он муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби хукук доранд ба хатмкунандагон хуччатхои намунаи давлатиро дар бораи тахсилоти миёнаи касби диханд, хамчунин зинахои тахсилот ва тахассусро мукаррар менамояд.
  6. Филиалхои муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбии давлатхои хоричи дар асоси шартномахои байнидавлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис ёфта, баъди гирифтани ичозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълими дар доираи барномахои таълими ва стандартхои давлатии тахсилоти Чумхурии Точикистон фаъолият менамоянд.
  7. Азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегиранд.

БОБИ 3.

НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ТАХСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИ

Моддаи 14. Низоми идоракунии тахсилоти миёнаи касби ва сохтори он

  1. Ба низоми идоракунии тахсилоти миёнаи касби макомоти марказии хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти идоракунии чамъиятии тахсилоти миёнаи касби, муассиси (муассисони) муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ва маъмурияти муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби дохил мешаванд.
  2. Фаъолияти макомоти идоракуни ба таъмини ичрои барномаи давлатии рушди маориф дар зинаи тахсилоти миёнаи касби, риояи Стандарти давлатии тахсилоти миёнаи касби, амали гардидан ва рушди низоми тахсилоти миёнаи касби мутобики талаботи иктисодиёти бозори ва равандхои ичтимои дар чомеа нигаронида мешавад.
  3. Ваколатхои макомоти давлати ва макомоти идоракунии чамъиятии тахсилоти миёнаи касби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
  4. Идоракунии давлатию чамъиятии тахсилоти миёнаи касби самти афзалиятноки идоракунии низоми тахсилоти миёнаи касби буда, фаъолияти субъектхои идоракунии шакли чамъияти ва давлатиро танзим  намуда, ба амалишави ва рушди он равона шудааст.
  5. Сохтори ташкилии низоми идоракунии давлатию чамъиятии тахсилоти миёнаи касби аз инхо иборат аст:

– макомоти маркази ва махаллии хокимияти давлати;

– макомоти идоракунии давлатии тахсилоти миёнаи касби;

– макомоти идоракунии давлатию чамъиятии тахсилоти миёнаи касби (мачлисхои умуми, конфронсхои иштирокчиёни раванди таълими) ва шурохои чамъиятие, ки аз хисоби намояндагони таълимгирандагон, падару модарон (шахсони онхоро ивазкунанда) ва кормандони сохаи омузгори интихоб шудаанд.

  1. Тартиби ташкил ва фаъолияти макомоти идоракунии давлатию чамъиятии тахсилоти миёнаи касби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар мегардад.

Моддаи 15. Мохият, максад ва принсипхои идоракунии тахсилоти миёнаи касби

  1. Идоракунии тахсилоти миёнаи касби мачмуи чорабинихоро оид ба танзими фаъолияти муассисахои таълими барои дар амал татбик намудани максадхои ин зинаи тахсилот дар бар мегирад.
  2. Максадхои асосии идоракунии тахсилоти миёнаи касби инхо мебошанд:

– таъмини хамачонибаи низоми тахсилоти миёнаи касби, ки ба ташкили фаъолият ва инкишофи он равона шудааст;

– татбики сиёсати давлати оид ба ташкили фаъолият ва рушди низоми тахсилоти миёнаи касби, ки барои конеъ намудани талаботи марбутаи таълимии таълимгирандагон равона шудааст;

– татбики хукуки шахрвандон барои гирифтани тахсилоти миёнаи касби, ки иштироки таълимгирандагонро дар идоракунии муассисаи марбута таъмин менамояд.

  1. Принсипхои асосии идоракунии тахсилоти миёнаи касби инхо мебошанд:

– хамгироии идоракунии чамъияти ва худидоракунии иштирокчиёни раванди таълиму тарбия;

– чанбаи демократи ва давлати-чамъиятии идоракуни;

– мустакилияти муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби;

– кабули санадхои меъёрии хукуки ва барномахои умумидавлатии марбут ба тахсилоти миёнаи касби ва татбики онхо аз чониби макомоти давлати дар хамкори бо ташкилотхои чамъиятии дар идоракунии тахсилоти миёнаи касби иштироккунанда;

– хамрохшави ба барномахои байналмилали ва санадхои байналмилалии марбута.

Моддаи 16. Салохият ва ваколатхои макомоти давлати дар сохаи тахсилоти миёнаи касби

  1. Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи тахсилоти миёнаи касби мансубанд:

– тасдики дурнамо, консепсия, стратегия ва барномахои давлатии тахсилоти миёнаи касби ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии тахсилоти миёнаи касби, Стандарти давлатии тахсилоти миёнаи касби, тартиби тахия ва тасдики стандартхои тахассусии тахсилоти миёнаи касби;

– муайян намудани меъёрхои таъминоти моддию техники ва молиявии тахсилоти миёнаи касби, инчунин кафолатхои ичтимоии кормандони сохаи тахсилоти миёнаи касби ва таълимгирандагони муассисаи таълимии тахсилоти миёнаи касби;

– тасдик намудани шакли хуччати намунаи давлати дар бораи тахсилоти миёнаи касби;

– амали намудани салохиятхои дигар тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.

  1. Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф оид ба тахсилоти миёнаи касби дохил мешаванд:

– амали намудани сиёсати давлати дар сохаи тахсилоти миёнаи касби;

– рохбарии умуми ба тахсилоти миёнаи касби;

– тасдики накша ва барномахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ва назорати ичрои онхо;

– муайян намудани самтхои афзалиятноки рушди тахсилоти миёнаи касби;

– назорати ичрои вазифахои тахсилоти миёнаи касби ва рохбарии илмию методии раванди таълиму тарбия;

– бо тартиби мукарраргардида додани ичозатнома ба муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби доир ба пешбурди фаъолияти таълими;

– бо тартиби мукарраргардида ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кормандони дахлдори муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбии дахлдор;

– амали намудани хамкорихои байналмилали дар сохаи тахсилоти миёнаи касби;

– амали намудани ваколатхои дигар тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.

  1. Ба ваколатхои вазорату идорахое, ки дар сохтори худ муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби доранд, дохил мешаванд:

– таъмини раванди тахсилоти миёнаи касби тибки талаботи низомномаи намунавии муассисаи таълимии тахсилоти миёнаи касби, Стандарти давлатии тахсилоти миёнаи касби, стандартхои тахассусии тахсилоти миёнаи касби, накша ва барномахои тахсилоти миёнаи касби;

– ташкил ва гузаронидани такмили ихтисос, бозомузи, тахсилоти иловаги, аттестатсияи омузгорон ва кормандони ихтисосхои (фанхои) тахассусии муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби;

– рохбарии умуми ва назорати  фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ва маблаггузории онхо;

– барраси ва пешниходи накша ва барномахои таълими, адабиёти таълимии (гайр аз адабиёти илмию таълимии тахассуси ва сохави)  муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбии сохтории худ барои тасдик ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва нашри онхо вобаста ба имкониятхои молияви;

– бо тартиби мукарраргардида иштирок намудан дар раванди назорат, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ва ичозатномадихи ба онхо;

– амали намудани ваколатхои дигар тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.

  1. Ба ваколатхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар сохаи тахсилоти миёнаи касби дохил мешаванд:

– ба рох мондани  маблаггузории муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбии давлати ва тахкими заминаи моддию техникии онхо дар доираи меъёрхои мукарраргардида;

– таъмини  хифзи ичтимоии таълимгирандагон ва кормандони сохаи тахсилоти миёнаи касби;

– дастгирии молиявии муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби дар доираи имкониятхои бучети махалли(КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

– амали намудани ваколатхои дигар тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.

Моддаи 17. Назорати давлати дар сохаи тахсилоти миёнаи касби

  1. Назорати давлати дар сохаи тахсилоти миёнаи касби ба таъмини татбики сиёсати давлати, такмили сифати омодасозии хатмкунандагон, истифодаи максадноки маблагхои бучети давлати ва риояи стандартхои давлати дар низоми тахсилоти миёнаи касби нигаронида шудааст.
  2. Тартиби амали намудани назорати давлати дар сохаи тахсилоти миёнаи касби аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф мукаррар карда мешавад.

БОБИ 4.

ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ СУБЪЕКТХОИ ТАХСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИ

Моддаи 18. Субъектхои тахсилоти миёнаи касби

Ба субъектхои тахсилоти миёнаи касби дохил мешаванд:

– таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби;

– кормандони сохаи омузгори (омузгорон, устохои таълими истехсоли, ходимони илми);

– кормандони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби;

– падару модарони (шахсони онхоро ивазкунандаи) таълимгирандагон;

– намояндагони  муассисаву дигар ташкилотхои чамъияти, иттифокхои касаба, дигар шахсони вокеи ва хукуки, ки дар фаъолияти муассисахои таълими иштирок мекунанд.

Моддаи 19. Хукук ва ухдадорихои субъектхои тахсилоти миёнаи касби 

  1. Таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбие, ки аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд, баъди анчоми тахсил хукуки гирифтани тахсилотро дар зинаи минбаъдаи тахсилот доранд ва метавонанд ба муассисахои дигари таълимии тахсилоти миёнаи касби, ки ичрои барномахои таълимии ба хамон сатх ва тахассус мувофикро таъмин мекунанд, ба таври истисно гузаранд. Тартиби мазкурро макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф муайян мекунад.
  2. Таълимгирандагони муассисахои таълимии давлатии тахсилоти миёнаи касби бо стипендия, ёрдампули, хизматрасонии тибби ва солимгардони, инчунин дастгирии дигари моддие, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, таъмин карда мешаванд.
  3. Таълимгирандагон хангоми тачрибаомузии истехсоли (касби) бо тартиби мукарраргардида бо чойи кор, шароити бехатари мехнат ва дар асоси шартнома оид ба тайёр намудани кадрхо бо музди мехнат таъмин карда мешаванд.
  4. Таълимгирандагоне, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбии давлати дар асоси шартнома тахсил менамоянд, хукук доранд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба гуруххои тахсили ройгон гузаранд.
  5. Таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ухдадоранд:

– интизоми таълим, коидахои тартиботи дохили ва оинномаи муассисахои тахсилоти миёнаи касбиро риоя намоянд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

– бо идора намудани воситахои наклиёти механики ба муассисаи таълими наоянд. Дар сурати риоя накардани талаботи меъёри мазкур таълимгирандагон бе хукуки баркарор шудан ба мухлати як сол аз муассисаи таълими хорич карда мешаванд;  (КЧТ аз 28.08.17 с., №1464)

– донишхои назариявию амали омузанд ва махорати касбиро аз руи тахассуси интихобнамуда ба даст оранд;

– дар мухлати мукарраргардида талаботхои дар накша ва барномахои таълими пешниходшударо ичро намоянд.

  1. Кормандони сохаи омузгори ва кормандони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби хукук доранд:

– шараф ва эътибори касбияшонро химоя намоянд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи оиннома дар идора кардани муассисахои тахсилоти миёнаи касби иштирок намоянд;

– ба макомоти идоракунии чамъияти намояндагони худро интихоб кунанд ва худ интихоб шаванд, дар мухокима ва халли масъалахои алокаманд ба фаъолияти муассисахои таълими, аз чумла ба воситаи макомоти идоракунии чамъияти, иштирок намоянд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории  Чумхурии  Точикистон ба фармоиши рохбарияти муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби шикоят кунанд;

– хизматрасонии вохидхои сохтори, аз чумла  китобхона, хадамоти шуъбахои ичтимоию маиши, муоличави ва чузъхои дигари муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, инчунин захирахои иттилоотиро мувофики оинномаи онхо ва (ё) шартномаи коллективи ба таври ройгон истифода баранд.

  1. Кормандони сохаи омузгори ва кормандони муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ухдадоранд:

– самаранокии раванди таълиму тарбияро  таъмин  кунанд;

– савияи донишу ихтисоси худро пайваста баланд бардоранд;

– вазифахои ба зиммаи онхо гузошташударо босифат ичро намоянд;

– аз рафтор ва суханхое, ки боиси мураккаб гардидани фазои  ахлокию маънавии муассисахои таълими мегарданд, худдори намоянд.

  1. Хукук ва ухдадорихои падару модарони (шахсони онхоро ивазкунандаи) таълимгирандагон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
  2. Субъектхои тахсилоти миёнаи касби дорои хукук ва ухдадорихои дигаре низ мебошанд, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ва оинномаи муассисахои таълими мукаррар намудаанд.

Моддаи 20. Хукуку ухдадорихои муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби 

  1. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби дорои хукукхои зерин мебошанд:

– мустакилият дар амали намудани раванди таълиму тарбия, интихоб ва чобачогузории кадрхо, фаъолияти илми ва молиявию хочагидори дар доираи меъёрхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва оинномаи муассисаи таълими;

– ба муассис (муассисон) барои тасдик пешниход намудани тагйиру иловахои ба оинномаи муассисаи таълими воридшаванда;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1427)

– тахия ва тасдики коидахои тартиботи дохилии муассисаи худ ва назорат намудани ичрои онхо;

– тахия ва тасдики накшаи кории раванди таълим, чадвали солонаи тахсил ва чадвали дарсхо;

– чори намудани усулхои фаъоли таълими ба раванди таълиму тарбия;

– назорат намудани сатхи сифати таълим ба воситаи гузаронидани  аттестатсияи мобайни ва хатми давлатии таълимгирандагон;

– чори намудани шаклхои нави таълим, аз чумла таълими кредити;

– ташкил намудани такмили ихтисос ва бозомузии кадрхои омузгори тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

– андешидани тадбирхо барои чалби сарчашмахои иловагии молияви бо максади амалигардонии фаъолияти оинномави тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;

– мукаррар намудани имтиёзхои иловаги ба таълимгирандагони эхтиёчманд тибки талаботи пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва бо маводи зарури таъмин кардани онхо;

– тасдик намудани сохтор, чадвали вазифахо, музди мехнат ва таксими ухдадорихои вазифавии кормандони муассисаи худ;

– мукаррар намудани иловапули ба маоши вазифавии омузгорони муассисаи худ мутобики талаботи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– тахкими заминаи моддию техникии муассисаи худ ва мутобики талаботи меъёри таъмин намудани он бо тачхизот ва ашёи таълими;

– тахия ва тасдики санадхои меъёрии дигари танзимкунандаи раванди таълиму тарбия дар доираи ваколатхои худ;

– амали намудани намуди дигари фаъолият, ки оинномаи муассисаи таълими пешбини кардааст.

  1. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби барои ичрои амалхои зерин ухдадоранд:

– дар хачми пурра татбик гардидани барномахои таълими тибки накшаи таълими ва чадвали раванди таълим, таквияти касбияти таълимгирандагони худ;

– хифзи хаёт ва саломатии таълимгирандагон ва кормандони муассисахои таълими дар раванди таълиму тарбия;

– риояи хукук ва озодихои таълимгирандагон ва кормандони муассисахои таълими;

– таргиби тарзи хаёти солим дар байни таълимгирандагон, риоя намудани меъёрхои санитарию гигиени ва бехатари;

– мусоидат ба фаъолияти омузгорон, дигар кормандон ва макомоти худидоракунии муассисахои таълими;

– масъул будан барои бакайдгири, хифз ва нигохдории молу мулк, ашё ва тачхизоти таълими;

– ичрои ухдадорихои дигар, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.

БОБИ 5.

ФАЪОЛИЯТИ ИКТИСОДИ ДАР СОХАИ ТАХСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИ

Моддаи 21. Маблаггузории фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби

  1. Маблаггузории фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис дода шудаанд, аз чониби макомоти ваколатдори давлати дар сохаи маориф, инчунин вазорату идорахое, ки дар сохторашон чунин муассисахои таълимиро доранд, амали карда мешавад.
  2. Маблаггузории фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, ки бо карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати таъсис дода шудаанд, аз чониби макомоти мазкур амали карда мешавад.
  3. Фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбии гайридавлати аз чониби муассис (муассисон) мутобики шартномаи тарафайн маблаггузори карда мешавад. Дар асоси шартномаи байни муассис (муассисон) ва муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби ин фаъолият метавонад кисман ё пурра тавассути худмаблаггузори амали гардонида шавад.
  4. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби дар бонкхо ва ташкилотхои карзии гайрибонки суратхисобхо кушода метавонанд.
  5. Хизматрасонии молияви ва амалиёти пулии муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбии давлати, ки аз хисоби маблаги бучети давлати маблаггузори карда мешаванд, тавассути макомоти хазинадори амали мегарданд.
  6. Фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби инчунин аз хисоби дигар манбаъхо, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, маблаггузори карда мешавад.
  7. Фаъолияти пулакии муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби дар сурате фаъолияти гайритичорати махсуб мешавад, ки даромадхо аз чунин фаъолият танхо барои ичрои максадхои оинномави сарф карда шаванд.

Моддаи 22. Шартномахои муассисахои таълими оид ба тайёр намудани кадрхо

  1. Муассисахои таълими, ки дорои шаходатномаи аккредитатсияи давлати мебошанд ва аз хисоби маблагхои муассис (муассисон) маблаггузори мешаванд, дар доираи фармоиши давлати барои кабули таълимгирандагон метавонанд  мутобики шартномахо бо макомоти давлати бо максади хамкори дар тайёр намудани кадрхои зинаи марбутаи тахсилот бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амал намоянд.
  2. Муассисахои таълими, ки дорои ичозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълими мебошанд ва аз хисоби маблагхои муассис (муассисон) маблаггузори мешаванд, илова ба фармоиши давлати барои кабули таълимгирандагон, метавонанд омодаги ва бозомузии мутахассисони зинаи марбутаи тахсилотро мутобики шартномахо бо шахсони вокеи ва хукуки бо пардохти харочоти таълим бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали намоянд.
  3. Шартнома оид ба тайёр намудани кадрхо байни муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбии аз аккредитатсия гузашта ва ташкилоти фармоишгари кадрхо аз хисоби маблаги бучети давлати ва (ё) бучети махалли метавонад талаботи зеринро дар бар гирад:

– шумораи шахсоне, ки барои тахсил кабул мешаванд, тартиби тахсили онхо ва тахассуси пешбинишуда;

– тахассус, ки онро ташкилоти фармоишгари кадрхо фармудааст;

– иштироки чонибхои манфиатдор дар тахияи накша ва барномахои таълими;

– шароити пардохти музди мехнати таълимгирандагон хангоми таълими истехсоли, аз чумла тачрибаомузии истехсоли (касби);

– интихоб ва маблаггузории иншоот барои гузаронидани таълими истехсоли;

– таъмини шароити мусоид ва бехатари мехнат барои таълимгирандагон дар рафти таълими истехсоли;

– коромузии кормандони сохаи омузгори ва кадрхои дигар дар ташкилотхои фармоишгари кадрхо;

– иштироки намояндагони ташкилоти фармоишгари кадрхо дар аттестатсияи хатм;

– таксимот ва бо чои кор таъмин намудани хатмкунандагон мувофики тахассус (касб);

– мухлати фаъолияти мехнатии хатмкунанда дар ташкилоти фармоишгари кадрхо;

– идомаи тахсили хатмкунанда дар муассисахое, ки гирифтани тахсилоти олии касбиро аз руи тахассусхои фармудаи ташкилоти фармоишгари кадрхо таъмин менамояд.

  1. Бастани шартнома бо шахсони то 18-сола ва катъ намудани амали он бо розигии падару модар (шахсони онхоро  ивазкунанда) амали мешавад.
  2. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбии аз аккредитатсияи давлати гузашта тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба шахрвандон хизматрасонии иловагии пулакии таълими пешниход менамоянд, ки тибки барномахои таълимии марбута ва стандартхои давлатии тахсилот пешбини нашуда, аммо дар оинномаи муассисаи таълими дарч гардидаанд. Даромади аз ин намуди фаъолият бадастомада бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон истифода мегардад.

Моддаи 23. Хукуки молумулки дар низоми тахсилоти миёнаи касби

Хукуки молумулки дар низоми тахсилоти миёнаи касби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

БОБИ 6.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 24. Хамкорихои байналмилали ва фаъолияти иктисодии хоричии муассисахои

                        таълимии тахсилоти миёнаи касби 

  1. Муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби хамкорихои байналмилалии таълими ва илмиро дар шаклхои зерин амали менамоянд:

– иштирок дар доираи барномахои байналмилали, лоихахои рушд ва такмили тахсилоти миёнаи касби ва идоракунии он;

– иштирок дар доираи барномахои дучониба ва бисёрчонибаи мубодилаи таълимгирандагон, кадрхои омузгори ва илми, ки бо масъалахои тахсилоти миёнаи касби машгуланд;

– бо шарикони хоричи ва ташкилотхои байналмилали гузаронидани тахкикотхои илми вобаста ба масъалахои тахсилоти миёнаи касби, ташкили анчуманхо, конфронсхо, симпозиумхо ва дигар чорабинихо, ки дар онхо масъалахои тахсилоти миёнаи касби барраси мегарданд;

– иштирок дар барномахои тачрибаомузи ва коромузи барои кормандони сохаи омузгори дар хорича;

– бастани шартномахо оид ба хамкорихо бо шахсони вокеи ва хукукии хоричи;

– таъмини эътибори баробари хуччатхо доир ба тахсилоти миёнаи касби тибки шартномахо оид ба хамкори.

  1. Маблаге, ки муассисахои таълими аз фаъолияти иктисодии хоричи ба даст меоранд, барои рушди муассисахои таълими, тахкими заминаи моддию техникии онхо ва ба таври иловаги пардохт намудани музди мехнати кормандони муассисахои таълими бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сарф карда мешавад.

Моддаи 25. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                  Эмомали РАХМОН

ш. Душанбе, 8 августи соли 2015,

№1225

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …