Главная / Чамъият / ТАХСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБИ

ТАХСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

ДАР БОРАИ ТАХСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2003, №4, мод. 151; с. 2007, №7, мод. 696; с. 2009, №3, мод. 84; с. 2012, №7, мод. 718; с. 2014, №7, к. 2, мод. 424; Конуни ЧТ аз 28.08.2017 с., №1463)

Конуни мазкур асосхои хукуки, ташкили ва иктисодии тахсилоти ибтидоии касбиро муайян намуда, фаъолияти субъектхои сохторхои таълимию истехсолии Чумхурии Точикистонро, ки ба таъмини хукуки шахрвандон хангоми гирифтани касб, тайёр намудан, бозомузи ва такмили ихтисоси кадрхо дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби равона карда шудаанд, танзим менамояд.

maktab

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

тахсилоти  ибтидоии касби – конеъгардонии максадноки талаботи шахрвандон тавассути таълим, ки кисмхои таркибии он метавонанд таълими кадрхо, бозомузи ва такмили ихтисоси шахрвандоне бошанд, ки  тахсилоти ибтидоии касби надоранд;

муассисаи таълимии тахсилоти ибтидоии касби – муассисае, ки дар равванди таълим як ё якчанд барномахои таълимии тахсилоти ибтидоии касбиро амали намуда, таълим ва тарбияи хонандагонро таъмин менамояд;

кормандони мухандисию педагоги – шахсони дорои тахсилоти дахлдоре, ки дар асоси касби ба таълиму тарбияи хонандагон дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби машгуланд;

тахассус – дарачаи касбие, ки дар раванди тахсилоти ибтидоии касби хонанда аз худ намуда, он бо хуччати намунаи давлатии тахсилоти ибтидоии касби тасдик карда мешавад. (КЧТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тахсилоти  ибтидоии касби

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тахсилоти ибтидоии касби ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Самтхои сиёсати давлати дар сохаи  тахсилоти  ибтидоии касби

 

Чумхурии Точикистон сохаи  тахсилоти  ибтидоии касбиро афзалиятнок эълон менамояд. Самтхои сиёсати давлати дар сохаи  тахсилоти  ибтидоии касби аз инхо иборатанд:

– хусусияти башардустона ва демократи доштани таълим ва тарбия;

– муттасили ва пайдарпаи;

– дастрас будани  тахсилоти  ибтидоии касби, мутобикшавии низоми тахсилоти ибтидоии касби ба сатх, хусусиятхои инкишоф ва тарбияи касбии хонандагон;

–  хусусияти дуняви доштани низоми тахсилоти  ибтидоии касби;

–  хусусияти демократии давлатию чамъиятии идораи низоми тахсилоти  ибтидоии касби; (КЧТ аз 3.07.12с., №868)

–  дастгирии маърифатноки ва  истеъдод.

Дар муассисахои таълимиии сохаи  тахсилоти ибтидоии касби, макомоти идораи сохаи  тахсилоти ибтидоии касби ба таъсис ва фаъолияти сохторхои ташкилии хизбхои сиёси ва ташкилотхои дини ичозат дода намешаванд.

 

Моддаи 4. Кафолатхои давлати дар сохаи  тахсилоти  ибтидоии касби

Бо максади амали намудани сиёсати давлати дар сохаи  тахсилоти ибтидоии касби ва тайёрии касби давлат ба шахрвандоне, ки  тахсилоти умумии асоси ё  тахсилоти миёнаи умумиро гирифтаанд, хукуки гирифтани  тахсилоти ибтидоии касбиро кафолат медихад.

Дар муассисахои таълимии давлати мутобики талаботи стандарти давлатии таълимии  тахсилоти ибтидоии касби ба шахрвандони Чумхурии Точикистон кафолати бепул гирифтани  тахсилоти касби дода мешавад, агар шахрванд сатхи  тахсилоти мазкурро бори аввал гирад. Хонандагони ятим метавонанд касби дуюми  тахсилоти ибтидоии касбиро беgул гиранд.

Ба шахрвавдони Чумхурии Точикистон барои интихоби озодонаи муассисаи таълими, инчунин шаклхои гирифтани  тахсилоти  ибтидоии касби кафолат дода мешавад.

 

Моддаи 5. Оинномаи муассисаи таълимии  тахсилоти  ибтидоии касби

 

Оинномаи муассисаи таълимии тахсилоти ибтидоии касби дар мачлиси умумии мухандисону педагогхои муассисаи таълими кабул ва аз чониби муассис тасдик карда мешавад.

Дар оинномаи муассиаи таълими бо тартиби хатми: ном, махалли чойгиршави (сурогаи хукуки ва вокеи), вазъи хукукии муассисаи таълими, муассис, шакли ташкилию хукукии муассисаи таълими, максадхои равади таълим, навъ ва намудхои барномахои татбикшавандаи таълими, сохтори фаъолияти молияви ва хочагии муассисаи таълими ва тартиби идораи муассисаи таълими нишон дода мешаванд. (КЧТ аз 3.07.12с., №868)

Он кисмати оинномаи муассисаи таълимии тахсилоти ибтидоии касби, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон танзим нагардидааст, аз тарафи муассисаи таълими мустакилона тахия гардида, аз чониби муассис тасдик карда мешавад.

Хангоми зарурати танзими самтхои фаъолияти дар моддаи мазкур зикргардидаи муассисаи таълими тавассути санадхои дигари дохилии онхо хамчун илова ба оинномаи муассисаи таълими бояд ба кайд гирифта шаванд.

Санадхои дохилии муассисаи таълими мухолифи оинномаи он буда наметавонанд.

 

Моддаи 51. Забони тахсил

 

Забони тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.  (КЧТ аз 3.07.12с., №868)

 

БОБИ 2.

НИЗОМИ ТАХСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБИ

 

Моддаи 6. Низоми тахсилоти ибтидоии касби

 

Низоми тахсилоти ибтидоии касби аз инхо иборат аст:

– стандарти давлатии тахсилоти ибтидоии касби;

– барномахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби;

– муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, новобаста  аз шакли ташкилию хукуки ва моликият;

– макомоти идораи тахсилоти ибтидоии касби, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои (хочагихои таълими-тачрибавии) тобеи онхо;

– хонандагон, падару модари онхо, омузгорон ва дигар кормандони муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби.

 

(КЧТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 7. Сохтори низоми тахсилоти ибтидоии касби

 

Дар Чумхурии Точикистон муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касбии зерин таъсис дода мешаванд:

– литсейхои касби-техники;

– литсейхои касби;

– литсейхои махсуси касби;

– комбинатхои таълими-истехсоли;

– марказхои таълимии калонсолони макомоти давлатии шугли ахоли;

– марказхои таълимии ичтимоию сохибкори;

– марказхои таълимии назди корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо.

 

(КЧТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 8. Стандартхои давлатии  тахсилоти  ибтидоии касби

 

Тахсилоти ибтидоии касби дар доираи стандартхои ягонаи давлатии  тахсилоти ибтидоии касби, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мегарданд, амали карда мешавад.

Стандартхои давлатии  тахсилоти ибтидоии касби иборатанд аз:

– талаботи умуми ба барномахои асосии  тахсилоти  ибтидоии касби;

– талабот ба хадди акали хатмии мундаричаи барномахои асосии  тахсилоти  ибтидоии касби, ба шартхои татбики онхо, аттестатсияи чамъбастии хатмкунандагон ва сатхи омодагии онхо мутобики хар як касб;

– мухлатхои аз худ намудани барномахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби;

– хачми хадди нихоии сарбории таълимии таълимгирандагон.

 

Моддаи 9. Барномахои таълимии касбии  тахсилоти ибтидоии

 

Барномахои таълимии зерини тахсилоти ибтидоии касби дар муассисахои тахсилоти ибтидоии касби муттасил ва зина ба зина татбик карда мешаванд:

– барномаи ягонаи якчояшудаи  тахсилоти умуми ва касби дар заминаи  тахсилоти асосии умуми (синфи 9) бо мухлати тахсил то 3 сол; (КЧТ аз 26.07.14с., №1127)

–  тахсилоти ибтидоии касби дар заминаи  тахсилоти асосии умуми (синфи 9) бидуни гирифтани  тахсилоти миёнаи (пурраи) умуми бо мухлати тахсили 1 – 2 сол;

–  тахсилоти ибтидоии касби дар заминаи  тахсилоти миёнаи (пурраи) умуми (синфи 11) бо мухлати тахсил то 2 сол; (КЧТ аз 26.07.14с., №1127)

– тайёрии касби,  тахсилоти иловагии касби, аз чумла бозомузи ва такмили ихтисос бо мухлати тахсили то 1 сол.

Барномахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби метавонанд зина ба зина сохта шаванд. Баробари ба охир расидани хар як зина имтихоноти хатмкуни пешбини шудааст, ки супоридани онхо ба хонанда хукук медихад, хуччати намунаи давлатиро гирад ва тибки тахассуси дар давраи тахсили хар як зина гирифтааш кор кунад.

Бо хохиши худ хонанда метавонад тахсилро дар зинахои минбаъда идома дихад. Дар хар як зинаи минбаъдаи тахсил хонанда донишхои махсус, махорату малакаи сатхи нисбатан баландтари касб ва тахассусро сохиб мешавад. Ихтисори мухлатхои таълим аз руи зинахо низ ичозат дода мешавад.

Шахсони хуччатхои намунаи давлатии  тахсилоти  ибтидоии касбиро сохибгардида, инчунин барномахои  тахсилоти ибтидои ва миёнаро омухта хукук доранд аз руи барномахои кутохмуддат дар муассисахои  тахсилоти миёнаи касби ва  тахсилоти олии касби мутобики намуди тайёрии касби тахсил намоянд.

Шахсони сохиби хуччатхои намунаи давлатии тахсилоти ибтидоии касби, инчунин барномахои таълимии тахсилоти ибтидоии касбиро азхуднамуда хукук доранд дар зинахои тахсилоти миёнаи касби ва олии касби дар асоси барномахои кутохмуддат мувофик ба самти тайёрии касби ба таълим фаро гирифта шаванд. (КЧТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 10. Шаклхои гирифтани  тахсилоти ибтидоии касби

 

Хонандагон барномахои касбии таълимии тахсилоти ибтидоии касбиро метавонанд дар шаклхои рузона, шабона, гоибона ва экстернат аз худ намоянд. Ба якчоя кардани шаклхои гуногуни гирифтани  тахсилоти ибтидоии касби ва бозомузии касби ичозат дода мешавад.

Тахсилоти ибтидоии касби дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касбии давлати ба таври ройгон сурат мегирад.

Муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касбии давлати илова ба фармоиши давлати метавонанд хонандагонро бо тарики шартнома  кабул намоянд. (КЧТ аз 3.07.12с., №868)

Номгуи касбхое, ки аз руи онхо гирифтани  тахсилоти ибтидоии касби дар шакли экстернат ичозат дода намешавад, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Хамаи шаклхои гирифтани  тахсилоти ибтидоии касби аз руи барномаи мушаххаси таълими бояд дар доираи стандартхои ягонаи давлатии  тахсилоти ибтидоии касби анчом дода шаванд.

Шахсоне, ки дар муассисахои  тахсилоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлати надошта тахсил намуда, онхоро бомуваффакият хатм намудаанд, барои аттестатсияи байнифосилави ва чамъбасти дар муассисахои  тахсилоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлати дошта бо шартхои экстернат хукук доранд.

Ба шахсоне, ки тахсилро тибки барномахои таълимии касбии  тахсилоти  ибтидоии касби хатм намудаанд ва аз аттестатсияи чамъбасти гузаштаанд, дар хусуси сатхи дахлдори тахсил хуччатхои намунаи давлатии дорои нишонаи расмии Чумхурии Точикистон дода мешаванд.

 

Моддаи 11. Таълим ва бозомузии касбии шахрвандони бешугл ва калонсол

 

Таълим ва бозомузии касбии шахрвандони бешугл ва калонсол дар литсейхои касби, марказхои таълимии калонсолони макомоти давлатии шугли ахоли ва марказхои таълимии ичтимоию сохибкори бо тарики ташкили курсхои кутохмуддат вобаста ба талаботи бозори мехнат тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.

 

 (КЧТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 12. Намудхо ва категорияхои муассисахои таълимии тахсилоти  ибтидоии касби

 

Тахсилоти ибтидоии касбиро дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби ё дар муассисахои дигари таълими, гирифтан мумкин аст.

Ба муассисахои  тахсилоти ибтидоии касби инхо мансуб мебошанд:

литсейхои касби, ки дар онхо барномахои касбии таълимии тахсилоти ибтидоии касбии таъминкунандаи ба даст овардани касбу тахассусе, ки барои фаъолияти мустакилонаи мехнати кифояанд, амали карда мешаванд. Литсейхои касби намуди асосии муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби ба хисоб мераванд;

марказхои таълимии калонсолони макомоти давлатии шугли ахоли, комбинатхои таълимию дарсомузи, марказхои таълимию истехсоли ва дигар муассисахои таълимии сатхи мазкур, ки дар онхо тайёрии касби, бозомузи ва такмили ихтисоси кадрхои коргари, малакахои мехнатии ичрои корхои муайян ё гурухи корхоро зуд аз худ намудани таълимгиранда анчом дода мешавад ва баланд намудани сатхи таълимиро пешбини намекунад;

– маркази таълимии ичтимоию сохибкори – корхонаи вохид (корхонаи давлатии дорои хукукхои пешбурди хочагидори), ташкил ва тахияи барномахоро оиди мутобикшавии ахоли ба бозори мехнат, мусоидат кардан ба шугл тавассути рахнамоии касби, таълим ва бозомузии ахолиро амали намуда, фаъолияти худро дар асоси тичорат ба сифати объекти мустакили хочагидор ичро менамояд.

Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси тахсил ва таълим эхтиёч доранд, муассисахои махсуси  тахсилоти ибтидоии касби – литсейхои махсуси касби таъсис дода мешаванд. Муассисахои  тахсилоти ибтидоии касби давлати ва гайридавлати шуда метавонанд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №868)

 

Моддаи 13. Тартиби таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои таълимии

                        тахсилоти ибтидоии касби

 

Муассисахои давлатии таълимии  тахсилоти ибтидоии касби аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти ваколатдори он бо тартиби дархост ва бо мувофикаи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис дода, аз нав ташкил карда ва бархам дода мешаванд.

Тартиби таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касбии гайридавлати мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба амал бароварда мешаванд. (КЧТ аз 03.07.2012с., №868)

 

  Моддаи 14. Аттестатсия, аккредитатсияи муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касбї

                         ва ичозатномадихии фаъолияти онхо

 

Аттестатсия, аккредитатсияи муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касбї ва ичозатномадихии фаъолияти онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.

 

Моддаи 15. Идоракунии муассисаи таълимии тахсилоти  ибтидоии касби

 

Муассисаи таълимии тахсилоти ибтидоии касби мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва оинномаи муассисаи таълими дар асоси таносуби принсипхои яккасардори ва дастачамъи идора карда мешавад.

Муассисаи таълимии тахсилоти ибтидоии касби раванди таълим, интихоб ва чобачогузории кадрхо, фаъолияти молиявию хочаги ва гайраро дар доираи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва оиннома амали менамояд.

Фаъолияти муассисахои таълимии гайридавлатии тахсилоти ибтидоии касби дар кисмати риояи стандартхои давлатии тахсилоти ибтидоии касби аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ё макоми ваколатдори он танзим карда мешавад.

 

БОБИ 3.

СУБЪЕКТХОИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИИ ТАХСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБИ,

ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ОНХО

 

Моддаи 16. Хонандагони муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби

 

Хонандагони муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби шахсоне мебошанд, ки бо тартиби мукарраргардида барои тахсил ба муассисаи таълими кабул гардидаанд.

Хонандагон дар давраи тахсил ба таъминоти модди аз руи меъёрхои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон хукук доранд.

Ба хонандагон дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби овардан ва истифода бурдани телефонхои мобили манъ аст. (КЧТ аз 26.03.09с., №491)

Ба хонандагон бо идора намудани воситахои наклиёти механики ба муассисаи таълими омадан манъ аст. Хонандагоне, ки бо идора намудани воситахои наклиёти механики ба муассисаи таълими меоянд, аз муассисаи таълими хорич карда мешаванд.  (КЧТ аз 28.08.17 с., №1463)

Давраи тахсили хонандагон дар муасиссаи таълимии  тахсилоти ибтидоии касбии шакли рузона ба собикаи умумии кори ва муттассили мехнати дохил мешавад.

 

Моддаи 17. Кормандони мухандисию педагогии муассисахои таълимии  тахсилоти  ибтидоии

                       касби ва талабот нисбати онхо

 

Ба кормандони мухандисию педагогии муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби инхо дохил мешаванд: маъмурият, омузгорон, устохои калон, устохои (инструкторхои) таълими истехсоли, мураббиён, методистхо ва дигар кормандоне, ки раванди таълим ва тарбияро амали менамоянд.

Дар муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби бо фаъолияти мухандисию педагоги он шахсоне машгул шуда метавонанд, ки дорои  тахсилоти  миёнаи касби ё  тахсилоти олии касби, малакахои зарурии касби ва тахассус аз руи ихтисос, тайёрии амалии касби бошанд; инчунин шахсоне, ки дар сохахои иктисодиёт тачрибаи кории истехсоли ва сифатхои баланди ахлоки дошта бошанд.

Ба кормандони мухандисию педагогии муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касбї дар раванди таълим истифода бурдани телефонхои мобилї манъ аст. (КЧТ аз 26.03.09с., №491)

Муносибатхои мехнатии кормандони мухандисию педагоги тибки шартномаи (карордоди) мехнати танзим карда мешаванд. Мукаррароти шартнома (карордод) бо Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд.

Давлат барои кормандони мухандисию педагогии муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби на камтар аз як маротиба дар панч сол такмили ихтисоси бепулро кафолат медихад.

Такмили ихтисоси кормандони мухандисию педагогии муассисахои гайридавлатии таълимии тахсилоти ибтидоии касби аз хисоби маблагхои муассис (муассисон) ва дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, амали карда мешавад. (КЧТ аз 3.07.12с., №868)

Такмили тахассуси кормандони мухандисию педагоги метавонад инчунин тибки шартномахои басташудаи шахсони вокеи ва (ё) хукуки бо донишкадахои такмили ихтисос, муассисахои олии таълими ва ташкилот ё муассисахои илми аз хисоби маблаги шахсони вокеи ва (ё) хукуки анчом дода шавад.

Талабот ба кормандони мухандисию педагоги ба воситаи тавсифномахои тахассуси, ки бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик шудаанд, муайян карда мешавад.

Бо максади такмили фаъолияти мухандисию педагоги, интихоб ва чобачогузории кадрхо, таъмини мутобикати онхо бо вазифаи ишголкардаашон, хавасмандгардонии рушди сатхи касби, такмили сифат ва самаранокии кор, мунтазам дар панч сол як маротиба аттестатсияи кормандони низоми тахсилоти ибтидоии касби гузаронида мешавад.

Тартиб ва шартхои гузаронидани аттестатсияи кормандони муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби тибки конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Ба фаъолияти мухандисию педагоги дар муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби шахсоне рох дода намешаванд, ки ба онхо ин фаъолият бо хукми суд ё бо нишондодхои тиббие, ки номгуи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд, манъ карда шудааст.

 

Моддаи 18. Хукук ва ухдадорихои кормандони муассисахои таълимии  тахсилоти  ибтидоии

                        касби

 

Кормандони муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби барои иштирок дар идораи муассисаи таълими, хифзи шаъну эътибори касбии худ, таъмини шароити зарури барои фаъолияти касби, такмили тахассус бо тартиби мукарраргардида, ташаббуси педагоги ва пахн намудани тачрибаи худ, интихоби озодонаи шаклхо, усулхо ва тарзхои самараноки таълим хукук доранд.

Хангоми ичрои ухдадорихои касби, кормандони мухандисию педагоги барои интихоби озоди истифодаи усули таълиму тарбия, дастурхои таълими, маводхо, китобхо ва усулхои баходихии дониши хонандагон хукук доранд.

Сарбории таълимии корманди мухандисию педагогии муассисаи таълимии  тахсилоти ибтидоии касби, ки дар шартномаи (карордоди) мехнати нишон дода шудааст, бо хадди нихоии муайяннамудаи шакл ва намуди дахлдори муассиса махдуд карда мешавад.

Ухдадорихои кормандони мухандисию педагогии муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби аз инхо иборатанд:

таъмини татбики сифатноки стандарти давлатии таълим, ташаккули сифатхои ахлокию эстетики ва шахрванди;

таъмини аз худ намудан ва ичрои барномахои таълими дар сатхи хатмии талаботи давлати аз тарафи хонандагон;

риояи одоб ва ахлоки педагоги, эхтироми хукук ва шаъни хонандагон;

хифзи хонандагон аз шаклхои гуногуни зуроварии чисмонию равони, амали намудани корхои маърифатию фахмондадихи чихати пешгирии истеъмоли  воситахои нашъадор, моддахои психотропи ва машрубот. (КЧТ аз 3.07.12с., №868)

 

БОБИ 4.

ТАХСИЛОТИ  ИБТИДОИИ КАСБИИ ШАХСОНЕ,

КИ БО ХИФЗИ МАХСУСИ ИЧТИМОИ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАНД

 

Моддаи 19. Категорияи шахсоне, ки бо хифзи махсуси ичтимои таъмин карда мешаванд

 

Ба шахсоне, ки мутобики Конуни мазкур бо хифзи махсуси ичтимои таъмин карда мешавад, инхо дохил мешаванд:

– маъюбон, ятимон ва ноболигоне, ки бе сарпарастии падару модар мондаанд;

– хонандагони муассисахои махсуси таълимии  тахсилоти  ибтидоии касби;

– хонандагони муассисахои таълимии касбии сохаи хифзи ичтимои;

– мухочирони ичбори, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касбии чумхури тахсил менамоянд.

 

Моддаи 20. Таъмини тахсили маъюбон

 

Давлат ба маъюбони модарзод, шахсоне, ки дар натичаи ярадоршави ва чарохатхо маъюб гардидаанд, мутобики хохиши онхо ва тавсияномахои мехнатии комиссияи экспертии тиббию мехнати (КЭТМ) хукукхои имтиёзнокро барои дохил шудан ба муассисахои таълимии давлатии  тахсилоти ибтидоии касби барои омухтани касбхо кафолат медихад.

 

Моддаи 21. Таъмини хукуки ятимон, ноболигони бе сарпарастии волидайн монда ва

                         мухочирони ичбори, ки дар муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби

                         тахсил менамоянд

 

Давлат ба ятимон, ноболигони бе сарпарастии волидайн монда ва мухочирони ичбори барои дохил шудан ба муассисахои давлатии таълимии  тахсилоти  ибтидоии касби хукукхои имтиёзнок медихад.

Дар давраи тахсил дар муассисахои давлатии таълимии тахсилоти ибтидоии касби давлат харочоти иловагиро барои таълим ва таъмини онхо ба зимма мегирад.

 

Моддаи 22. Таъмини хукуки хонандагони литсейхои махсуси касби

 

Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таълими эхтиёч доранд, литсейхои махсуси касби таъсис дода мешаванд.

Давлат мутобики ихтисоси литсейхои махсуси касби ба хонандагони муассисахои махсуси таълимии  тахсилоти ибтидоии касби хукуки идома додани  тахсилоти умуми ё таълими касбиро кафолат медихад.

Шахсоне, ки дар муассисахои махсуси ибтидоии касби ба гирифтани  тахсилоти касби фурсат наёфтаанд, барои давом додани тахсил дар курси дахлдори муассисахои давлатии таълимии тахсилоти ибтидоии касби хукук доранд. (КЧТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 23. Таълими наврасони маъюби дорои нуксонхои инкишофи чисмони ва кудакони

                        маъюб

 

Барои таълим, тарбия ва табобати наврасони маъюби дорои нуксонхои инкишофи чисмони ва кудакони маъюб литсейхои махсуси касби таъсис дода мешаванд. (КЧТ аз 3.07.12с., №868)

Хонандагони муассисахои махсуси давлатии таълими дар таъминоти пурраи давлат мебошанд.

 

БОБИ 5.

ИДОРАИ низоми ТАХСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБИ

 

Моддаи 24. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи тахсилоти ибтидоии касби

 

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи тахсилоти ибтидоии касби дохил мешаванд:

– муайян намудани сиёсати давлати дар сохаи тахсилоти ибтидоии касби;

– маблаггузории рушди соха аз хисоби бучети давлати;

– мукаррар намудани тартиби аттестатсия ва аккредитатсияи муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби;

– тахия ва кабули санадхои меъёрии хукукие, ки татбики низоми тахсилоти ибтидоии касбиро таъмин мекунанд;

– тасдики стандартхои давлатии тахсилоти ибтидоии касби;

– тасдики фехристи касбхо ва ихтисосхои тахсилоти ибтидоии касби;

– муайян ва тасдик намудани тавсифномахои тахассусии талабот ба кормандони мухандисию педагогии муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби;

– мукаррар намудани номгуи касбхое, ки аз руи онхо гирифтани тахсилоти ибтидоии касби дар шакли экстернат ичозат дода намешавад.

 

(КЧТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 241. Ваколатхои макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф дар сохаи тахсилоти

                       ибтидоии касби 

 

Макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф дар сохаи тахсилоти ибтидоии касби:

– сиёсати давлатиро дар сохаи тахсилоти ибтидоии касби амали мегардонанд;

– рохбарии сохаро таъмин мекунанд;

– раванди таълимро тибки стандартхои давлатии тахсилоти ибтидоии касби дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, новобаста аз шакли ташкилию хукуки ва моликияташон, назорат мекунанд;

– накша ва барномахои таълимии тахсилоти ибтидоии касбиро тибки стандартхои давлатии тахсилот тахия ва тасдик менамоянд;

– коидахои кабули хонандагонро ба муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби тахия ва тасдик менамоянд;

– санадхои меъёрии хукукии вобаста ба сохаи тахсилоти ибтидоии касбиро дар доираи ваколатхояшон кабул менамоянд.

(КЧТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 25. Назорати давлатии сифати  тахсилоти  ибтидоии касби

 

Назорати давлатии сифати  тахсилоти ибтидоии касби ба таъмини сиёсати ягонаи давлати дар сохаи  тахсилоти ибтидоии касби, баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон, истифодаи дурусти маблагхои бучети давлати, ки барои маблаггузории муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби чудо шудаанд, равона карда мешавад.

Назорати давлатии сифати  тахсилоти  ибтидоии касбиро макомоти ваколатдори давлати дар ин соха тибки хамин Конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон анчом медихад.

 

БОБИ 6.

МУНОСИБАТХОИ ИКТИСОДИ ДАР СОХАИ  ТАХСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБИ

 

Моддаи 26. Маблаггузории муассисахои таълими тахсилоти ибтидоии касби

 

Тартиби умумии маблаггузории муассисахои таълимии  тахсилоти ибтидоии касби мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон танзим карда мешавад.

Манбаи асосии маблаггузории фаъолияти таълимию истехсоли ва хочаги, рушди ичтимоии муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касбии давлати маблагхои бучети давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, инчунин дигар манбаъхо мебошанд.

Маблаггузории муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби метавонад бо маблагхои зерини гайрибучети пурра карда шавад:

– даромади фаъолияти истехсоли;

– хизматрасонии таълимии пулаки;

– маблаги корфармоён;

– маблаги макомоти давалатии шугли ахоли;

– маблаги сарпарастон;

– маблаги шахсии хонандагон ва падару модари онхо;

– маблагхои эхсонкори;

– дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

Тайёр намудани мутахассисон дар муассисахои гайридавлатии таълимии  тахсилоти ибтидоии касби метавонад мутобики меъёрхои давлати аз лахзаи аккредитатсияи давлати гирифтан ва хангоми мавчуд будани супориши давлати чихати тайёр намудани кадрхо аз бучети давлати маблаггузори карда шавад.

Маблаггузории тайёрии касби, бозомузи ва такмили ихтисоси коргарон, хизматчиён ва шахрвандони бекор аз хисоби маблаги корхонахо, муассисаю ташкилотхои манфиатдор, инчунин аз хисоби маблаги макомоти давлатии шугли ахоли анчом дода мешавад. (КЧТ аз 3.07.12с., №868)

 

Моддаи 27. Хизматрасонии пулакии муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби

 

Муассисахои таълимии давлати хукук доранд ба ахоли, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, ба таври шартномави (пулаки) ва хизматрасонии иловагии таълимро аз руи барномахои иловагии тахсил, дарсомузи дар курсхои махсус ва силсилаи фанхо, репетитори, машгулиятхо бо хонандагон ба омузиши амики касбхо ва дигар хизматрасонихо, ки барномахои дахлдор ва стандартхои таълимии давлатии тахсилоти ибтидоии касби пешбини намекунанд, расонанд.

Муассисахои таълимии гайридавлатии  тахсилоти ибтидоии касби хукук доранд, ки аз хонандагон барои хизматрасонихои таълими, аз чумла барои тахсил дар доираи стандартхои давлатии таълимии  тахсилоти ибтидоии касби маблаг руёнанд, ки он хамчун сохибкори барраси намешавад, агар даромади аз он ба даст оварда шуда, барои чуброни харочоти таъмини раванди таълим, аз чумла барои музди мехнат, инкишоф ва такмили он дар муассисахои таълимии  тахсилоти  ибтидоии касби равона гардида бошад.

Муносибати муассисаи гайридавлатии таълими ва таълимгиранда, падару модари он  (шахсони онхоро ивазкунанда)ба воситаи шартнома, ки сатхи таълим, мухлати тахсил, хачми пардохти тахсил ва дигар шароитхоро муайян мекунад, танзим карда мешавад. (КЧТ аз 3.07.12с., №868)

Хизматрасонии таълимии шартномави (пулаки) наметавонад ба чои фаъолияти таълими, ки аз хисоби бучети давлати маблаггузори мешавад, амали гардад.

 

БОБИ 7.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 28. Хамкории байналмилали ва фаъолияти иктисодии хоричи

 

Муассисахои  тахсилоти ибтидоии касби тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, хукук доранд дар сохаи  тахсилоти ибтидоии касби робитахои байналмилалиро анчом диханд.

 

Моддаи 29. Чавобгари барои вайрои кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки, ки конунгузории Чумхурии Точикистонро дар сохаи  тахсилоти  ибтидоии касби вайрон менамоянд, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 30. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода мешавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                      Э. РАХМОНОВ

 

ш. Душанбе, 22 апрели соли 2003

№21

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …