Главная / Гуногун / ТАХСИЛИ ИЛМХОИ ЗАМОНАИ РУДАКИ

ТАХСИЛИ ИЛМХОИ ЗАМОНАИ РУДАКИ

Аз ашъори бокимондаи Рудаки, навиштахои ахли китоб ва шаходати маъхазхои гуногун ошкор мегардад, ки у яке аз шахсиятхои аз улуми расми ва гайрирасмии замони худ хеле огох буда, дар бисёр риштахои онхо дасти тавоное доштааст. Кабл аз хама, дар ашъори дастраси Рудаки ва маълумоти маъхазхои адабиву таърихи гуфта мешавад, ки Рудаки аз кудаки сохиби зехни гиро ва фахми расо буда, ба кавли Мухаммади Авфи, «чунон заки ва тезфахм буд, ки дар хаштсолаги ба тамомат Куръон хифз карду кироъат биёмухт». 92

Куръонро амик донистани Рудаки аз таваччухи у дар ривоёт рочеъ ба хазрати Одам, Нухи наби, оби азоб, киштии Нух, Мусо, Имрон, Хорут, чохи Хорут, Лукмон, Довуд, Сулаймон, Яъкуб, Юсуф, Рухалкудус, Чабраил, шаби лайлатулкадр, шаби меъроч, рузи киёмату амсоли инхо ва киссаву ривоятхои марбут ба онхо хувайдо мегардад. Ин таваччухи Рудаки бурхони он аст, ки аз тафсири Куръон ва ривоёти мардуми низ ба хуби огох буда, дар хадису шариъату тарикат, чараёнхои мафкурави, аз кабили ирфону тасаввуф, таълимоти шуъубия, ихвонуссафо, карматия, ринди ба макоми сазоворе молик буда, худ иброз медорад:

Маро зи мансаби тахкики анбиёст насиб,

Чи об чуям аз чуйи хушки юнони?!

Барои парвариши чисм чон чи ранча кунам,

Ки хайф бошад Рухалкудус ба сагбони!

Ба хусни савт чу булбул мукайяди назмам,

Ба чурми хусн чу Юсуф асиру зиндони!

Дониши амики Рудаки аз саргузашту сияри Пайгамбар, манокиби хазрати Али ибни Абетолиб (Ай шохи набисират, имон ба ту махкам, — Ай мири Алихикмат, олам ба ту даргол!), харакати фотимиён (К-андар чахон ба кас магарав чуз ба фотими), саргузашти сохибони мазохиби суннат ва чамоъат: Имоми Аъзам Абуханифа, Шофеъи ва факеху мухаддиси сунниён Суфён (В-ар ту факехиву суви шаръ гаройи, — Шофеъи инакт-у Буханифаву Суфён!), фармудахои Куръон (Хуччати якто Худову сояи уяст, — Тоъати у карда вочиб ояти Фуркон), мумаййизоти забони араби, сарфу нахву лугати он ашьори Устодро аз чихати мазмуну мухтавиёт басо гани гардонидааст. Аз аходиси набави ба дарачаи аъло муталлеъ будани Рудакиро аз аглаби ашъораш фахмидан мумкин аст, ки дар байте мегуяд:

Ба рузи неки касон, гуфт, гам махур зинхор,

Басо касо, ки ба рузи ту орзуманд аст.

 

         Ин байт бо хадиси зерини Пайгамбари акрам хаммазмун аст, ки фармуда: «Унзур ило ман хува дуникум ва ло тунзир ило ман хува фавкакум» — «Бузургии касони аз худат фурутарро нигар ва ба рузгори одамони аз худат болотар нигох макун».

Ё аз хадиси «Ад-дунё ка хулм-ун-ноим» —«Ин дунё ба хоби хобидае монанд аст» илхом гирифтани Рудаки дар иншои байт аёну равшан аст:

Ин чахон пок хобкирдор аст,

Он шиносад, ки дил-ш бедор аст!

Бар замми ошкор будани каробати абёти иктибосгардида бо хадисхои Пайгамбари акрам (с), Самъони ривояте мекунад, ки аз Абдуллох ибни Мухаммад ибни Аслами козии Самарканд шунидааст, ки Рудаки аз Абуабдуллох ибни Абехамзаи Самарканди, ки аз мухаддисони тавонои замони худ буд, хадис фаро гирифта будааст. «Рудаки, пеш аз он ки ба Бухоро— пойтахти Сомониён биравад, дар Самарканд зистааст ва пайдост, ки дар чавони барои касби дониш ба Самарканд рафтаву дар он чо хадисро аз Исмоил ибни Мухаммад ибни Аслами козии Самарканд фаро гирифтааст».93

Сохиби овози хуш, савти дилкаш, дар навохтани чанг чирадаст ва дар илми мусики мохиру устод будани Рудакиро хануз Низомии Арузии Самарканди, Мухаммади Авфи, Абдуррахмони Чоми ва тазкиранависону таърихнигорони баъди низ таъкид намудаанд, ки дар ин мавзуъ боз сухан хохем гуфт.

Нуктаи дигаре, ки шоёни таъкид аст, он мебошад, ки Рудакии чавонро ба даргохи Насри I, ки пойтахташ дар Самарканд буд, даъват мекунанд. Ин даъватро бо хуши мепазирад ва бо калби софу андешаи пок онро кобили кабул карор медихад. Гуё, байти зайл дар хамин мавзуъ гуфта шудааст:

Ман бад-он омадам ба хидмати ту,

Ки барояд рутаб зи конозам.

Саъид Нафиси менависад, ки шахси Рудакиро ба дарбор чалбкарда бояд Абулфазли Балъами бошад. Абдулгани Мирзоев ба хулосае меояд, ки муносибати дустонаи Рудакиву Абулфазли Балъами ва яке аз мураббиёни асосии шоъир гардидани ин марди донишманд шояд баъд аз ин вокеъа шуруъ шуда бошад.94

Шеърро дар бисёр китобхои адабиётшиноси бо калимаи «шуъур» вобаста медонанд ва шоъирро чун донандаи таърих, адабиёт, эътикодот, мукаддасот, урфу одат, чахонбини, чахонфахми, донишу биниш ва каси огох аз ботину пиндори мардум мешиносанд. Шоъир раванди чомеъаро солхо ва хатто карнхо пештар аз хамзамонону муъосирони худ пай мебарад. Тасвири инсон, фикру омол ва талкини ахлоки писандида ва таргиби одаму одамгари равияи асосии адабиёти бадеъи мебошад. Бинобар хамин, аллома Мухаммад Икболи Лохури (1877—1938) гуфта буд:

Шеърро максад агар одамгарист,

Шоъири хам вориси пайгамбарист!

Адабиёт дониш аст, донише, ки бо хунари волои эчодкор ва услуби хоси дилангез баён гардида, ба инсон маърифат мебахшад. Адибони бисёрдонро мутабаххир ва андешапарварро мутафаккир меноманд, ки нахустин шоъири илмдон дар адабиёти форсу точик, бидуни шак, Устод Рудакист.

Уро бархак бояд Хаким номид. Муаллифони мутааххир уро Хаким лакаб додаанд.95 Устод Рудаки хикмату фалсафа, улуми адаби, таъриху донишхои гуногуни чугрофи, асотир, илми адвору мусики, дорусози ва табобатро наку медониста ва дар мавриде хакдорона фармудааст:

Хаким он кас, ки хикмат нек донад,

Сухан махкам ба хукми хеш ронад.

Лугати араби, форси, сугди ва авастоиро96 нек донистани Рудаки аз абёти бокимондаи у хувайдост. Умуман, агар касе худ аз ин забонхо бохабар бошад, хохад донист, ки Рудаки то чи андоза ба он забонхо ошно будааст. Номхои «Авасто», «Занд» (Хамчу муъаммост фахру химмати у шарх, — Хамчу Авастост фазлу сирати у Занд), Мони, пурнакшу нигор будани китоби мукаддаси у Аржанг (Он сахни чаман, ки аз дами дай, — Гуфти, дами гург ё паланг аст, — Акнун зи бахори монавитабъ — Пурнакшу нигор хамчу Жанг аст), Кисро, яъне Хусрави Парвизи Анушервон, бо номи «Панднома» уро дар андарзу хикмат китобе будан («Сурати у буд вахйнома ба Кисро, — Чунки ба ойин-ш «Панднома» биёганд), аз насли Кайковус ба вучуд омадани Кисро ва ба номи Дурсити аз у духтаре ба камол расидан (Духти Кисро, зи насли Кайковус,— Дурсити ном, нагз чун товус), Исфандиёр, Сом, Дастон, Рустам, Коваи охангар, Оли Сосонро дар гуфтори худ зикр намудани Устод Рудаки то чи андоза ба таърихи Эронзамин ва асотиру афсонахои мардуми  мусаллат  будани  уро  нишон  медихад. Разманда  ва  чанговар

будани Исфандиёрро Рудаки хос таъйид менамояд. Иттилооти Рудаки аз адёни олам дар фахр намудани мусулмонон ба Маккаву Каъба, алавиён, яъне исмоилиён ва шиъахо ба хазрати Али, карамаллоху вачхаху, сухани епископро овезаи гуш кардани насронихо (Макки ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил,— Тарсо ба ускуфу алави ба ифтихори чад), эътибори барахманхо дар кеши бутпарастони хинди, ба асноми гуногун ибодат намудани шаманхо ва амсоли инхо возех мегардад. Асомии Сукроту Афлотун барин доноёни Юнони Кадим хамчун мубаллигони дини илохи дар абёти Рудаки ба назар мерасанд. Таърихро донистани Рудаки ба хамин махдуд намешавад. Вай таърихи Оли Сосон ва хилофат, саргузашти Чариру Хассон, ишки фочиъафарчоми Лайливу Мачнун, бахшандагиву саховати Хотами Тойи ва бисёр санаду хуччатхои таърихиро хуб тавчех медихад.

Баробари таърих, Устод Рудаки аз илми чугрофия хеле огах будааст: мавзеъхову кишвархои Эрон, Мовароуннахр, Бадахшон, Сичистон, Хинд, Чин, Тотор, Хуросон, Нимруз, Хутан, Уммон, Яман, Юнон, Шарвон, шахрхои Бухоро, Нишопур, Рай, Сарахс, Сори, Сориён, Фархор, ки дар Эрону Мовароуннахру Хуросон чойгиранд, хамчунин шахрхои кишвархои дурдаст, аз кабили Багдод, Тароз, Чандон (шахре дар Чин), куххои вокеъиву афсонави —Коф, Сиём, Сихрон (дар Начаф), Чади (Арарати арманихо, ки имруз дар Туркия чойгузин аст)-ро бо хисоису вижагихояшон зикр мекунад. Ба унвони мисол шахри Танча, ки аслан номи он Танчир аст, дар кораи Африко, дар наздикии гулугохи Чабалутторик, вокеъ гардидааст. Рудаки мавчудияти онро чунин ёд мекунад:

Андухи дахсоларо ба Танча рамонад,

Шодии навро зи Рай биёраду Уммон!

Руди Нил, дарёи Чайхун, регистони Омуро низ чун воситахои бадеъи ба кор бурдани Рудаки низ рочеъ ба неруманд будани у дар илми чугрофия далел мебошад.

Турфа он аст, ки баробари таъриху чугрофия ва улуми дину арабият, Устод Рудаки аз асрори илми пизишки ва табобат хам ба хуби хабардор будааст, ки дар чое мегуяд:

Суси парварда ба май бигдохта,

Нек дармоне занонро сохта!

Лугатшинос Амон Нуров «сус»-ро чунин шарх медихад: «Сус —I. Мурод аз чарбуи сусмор аст, ки онро занон ба чихати кулфате мехуранд ва бар бадан мемоланд. 2. Номи гиёхест, ки дар дорусози ба кор мебаранд. Боз, сусмор чонварест, ки пих ва чарбуи онро занон барои фарбех нашудан хуранд ва дар бадан моланд, назди шофеъимазхабон гушти он халол аст:

Чунон бор баровард ба хештан,

 Ки ман гуям: —Хурдаст сусмор». 97 

Ду байти дигари Рудаки (Чу гулшакар дихим, дарди дил шавад таскин, — Чу туршруй шави, ворахони аз сафро  ва  Чунки молида ба у густох шуд,— Дар дурусти омаду дарвох шуд) барои илми пизишкиро неку донистани шоъири хакимро ба исбот расондан басанда аст.

Устод Рудаки аз нучум, хандаса, кишоварзи, дехкони, илми калом, фалсафаи зиндаги, мардумшиноси, аруз низ комилан огох буд. У дуруст мегуяд:

Бифнуд танам бар дираму обу замин,

Дил бар хираду илму ба дониш бифунуд.

Дониши сипехршиноси, таркиби коинот, нучум ва харакати сайёрахо ва дигар чирмхои осмониро донистани Устод Рудаки мисли офтоб рушан аст. У дар ин бора хатто тахти унвони «Даврони Офтоб» маснавии чудогона навишта, суннати сурудани достонхои илмиро дар адабиёти форсу точик ба хукми анъана дароварда буд.

Рудаки бо хамин дониши баланду истеъдоди фавкулоддаи суханофарини хануз дар овони чавони дар шахри Самарканд овоза пайдо карда буд, ки хануз на зан дошту на фарзанду на ташвиши рузгор:

Иёл на, зану фарзанд на, маъунат на,

Аз ин хама танам осуда буду осон буд.

Дар хамон рузхо зебдихандаи махфилхои шеъру базмхои айшу нуш буда, дар манзили сарватмандон ашёву бозёфтхои худро амонат мегузоштааст. Аз ин ба хулосае метавон омад, ки он вактхо Рудаки зану фарзанду гами рузгор надошта бошад хам, сохиби сарвате будааст, ки ба ин маъни дар касидаи «Шикоят аз пири» хабар медихад:

Кучо ба гети будаст номвар дехкон,

Маро ба хонаи у сим буду хамлон буд.

Гумон бурдан мумкин аст, ки баъди хамин Рудаки сохиби зану бо номи Абдуллох писаре мегардад, ки ба ин кунияи у «Абуъабдуллох» далел аст ва ин матлабро А. Тохирчонов сахт чонибдор аст.98

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …