Главная / Илм / ТАХРИРГАРИ ГРАФИКИИ PAINT

ТАХРИРГАРИ ГРАФИКИИ PAINT

Тахриргарони графики барои сохтан ва тахрир на- мудани расму графикхо пешбини карда шудаанд. Программаи Paint – яке аз тахриргарони оддитарини графики ба шумор меравад. Гарчанде воситахои ин программа имкониятхои васеи сохтани расмхои дарачаи касбиро надошта бошанд хам, вале омузиши он хамчун про граммаи стандартии Windows дар истифодабарии тахриргарони пуриктидори CorelDraw, Fotoshop ва гайра беандоза калон мебошад. Равзанаи тахриргари графикии Paint Панели асбобхо Сатри меню Сатри сарлавха Палитраи танзимсози асбобхо Палитраи танзимсози рангхо Майдони кори

Командаи Пуск  Программы  Стандартные  Paint (ОгозПрограммахоСтандартиPaint) программаи Paint-ро ба кор медарорад. Равзанаи программаи Paint дар расми 47 оварда шудааст.

230460f

Пеш аз хама бояд кайд намуд, ки программаи Paint тахриргари графикаи растри мебошад. Дар Windows ба гайр аз тахриргарони графикаи растри, боз тахриргарони графикаи вектори амал мекунанд. Усулхои кор бо ин тахриргарон аз хамдигар тамоман фарк доранд. Агар элементи хурдтарини тасвиркунии экрани дар тахриргарони графикаи растри нукта (пиксел) ба хисоб равад, он гох дар тахриргарони графикаи вектори чунин элементро хатхо (рост, кач) ташкил медиханд, ки онхо ба воситаи функсияхои математики ифода карда мешаванд.

Дар равзанаи Paint ба гайр аз сатри меню, боз панели асбобхои он ва палитрахои танзимсози асбобхо ва рангхо мавчуданд. Тугмахои панели асбобхои Paint барои ба кор

даровардани асбобхои графиксоз хизмат мерасонанд. Ба во ситаи палитраи танзимсози асбобхо параметрхои асбобхоро (гафсии хат, усули рангпуркунии фигура ва гайра) тагйир додан мумкин аст. Элементхои палитраи ранги бошанд, барои интихоб намудани ранги асосии тасвир (пахшкунии тугмаи чапи муш) ва ранги заминаи расм (пахши тугмаи рости муш) хизмат мерасонанд.

Пеш аз огози кор бо Paint бояд андозаи такрибии расми мекашидагиро муайян созем. Андозахои расм бо ёрии майдончахои Ширина (Бар) ва Высота (Баланди)-и равзанаи

робитавии Атрибуты (Атрибутхо, Хосиятхо) муайян карда мешавад, ки он ба воситаи командаи менюи равзанаи Paint РисунокАтрибуты (РасмАтрибутхо) кушода мешавад. Аз байни вохиди ченакхои андоза – дюйм, см (сантиметр), нукта (пиксел) мо бояд хангоми кор дар экран пиксел ва хангоми дар когаз чоп намудани расм см-ро интихоб намоем.

Расмкаши дар майдони кории равзанаи Paint дар дохили андозаи интихобкардашудаи расми оянда амали мегардад.

Функсияхои асбобхои расмкашии Paint чунин аст:

  • – чудокунии сохаи ихтиёри. Бо сохаи ихтиёрии чудокардашуда амалиёти кучонидан, нусхабардори кардан ва нест намуданро ичро кардан мумкин аст.
  • – чудокунии сохаи росткунчави. Бо сохаи росткунчавии чудокардашуда низ амалиёти кучонидан, нусхабардори кардан ва нест намуданро ичро кардан мумкин аст.
  • – хатпоккунак. Ранги асосиро ба ранги заминаи расм иваз менамояд.
  • – рангрезак. Контури сарбастаро бо ранги интихобкардашуда пур мекунад.
  • – рангинтихобкунак. Аз мачмуи рангхои дар расм истифодабурда шуда, яке аз рангхоро ба ранги чори табдил медихад.
  • – масштаб. Масштаби элементи расмро тагйир медихад.
  • – калам. Барои кашидани хатхои (рост, кач) ихтиёри хизмат мерасонад.
  • – мукалам. Принсипи кори мукалам ба калам монанд аст.

Мукаламхо андозахои гуногун доранд.

  • – рангпошак. Барои расмкаши бо усули пошидани ранг истифода бурда мешавад.
  • – бо ёрии ин асбоб дар расм матнхо хамрох карда мешаванд.
  • – хати рост. Барои кашидани хатхои рост хизмат мерасонад.
  • – хати кач. Барои кашидани хатхои качи суфта хизмат мерасонад.
  • – росткунча. Барои кашидани фигурахои роскунчави истифода бурда мешавад. Агар хангоми кашидани росткунча тугмаи Shift пахш карда шавад, он гох квадрат хосил мешавад.
  • – бисёркунча. Барои кашидани бисёркунчаи ихтиёри хизмат мерасонад.
  • – эллипс. Барои кашидани фигурахои эллипсшакл истифода бурда мешавад. Агар хангоми кашидани эллипс тугмаи Shift пахш карда шавад, он гох давра хосил мешавад.
  • – росткунчаи хамворкунч. Росткунчае мекашад, ки кунчхояш суфтаанд.

Саволхо:

  1. Тахриргарони графики чи вазифа доранд?
  2. Кадом тахриргарони графикиро медонед?
  3. Тахриргари графикии Paint-ро чи гуна ба кор даровардан мумкин аст?
  4. Равзанаи тахриргари графикии Paint аз равзанаи дигар программахо чи фарк дорад?
  5. Фарки графикаи растри аз графикаи вектори дар чист?
  6. Панели асбобхои Paint ва палитрахои он барои ичрои кадом амалиёт хизмат мерасонад.

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Таъиноти тугмахои панели асбобхои Paint-ро дар дафтар дар шакли таблитса биёред.
  3. Аз Менюи асосии Windows истифода бурда тахриргари графикии Paint-ро ба кор дароред ва ба намуди зохирии равзана ва элементхои идоракунии он ахамият дихед?
  4. Аз имкониятхои тахриргари графикии Paint истифода бурда расмхои Парчами Чумхурии Точикистон, телевизор ва чойнику пиёларо кашед ва ба файлхои онхо мувофикан номхои Парчам, Телевизор ва Чойник гузоред.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

komputer-3

КОМПЮТЕР – МОШИНИ УНИВЕРСАЛИ

  Имкониятхо ва хосиятхои компютер. Компютер пеш аз хама як намуд мошин аст. Он бо …