Главная / Биология / ТАЧРИБАХОИ ЛАБОРАТОРИ

ТАЧРИБАХОИ ЛАБОРАТОРИ

№1 ШИНОХТАНИ УЗВХОИ РАСТАНИХОИ ГУЛДОР

  1. Растанихои ба шумо додашударо бодиккат аз назар гу- заронед. Узвхои онхоро аник кунед. Сипас, узвхои онхоро бо якдигар мукоиса кунсд. Монанди ва фаркдяти онхоро муайян кунед.
  2. Расми яке аз ин растанихоро дар дафтаратон кашед. Дар шафати узвхо номи онхоро кайд кунед.
  3. Гули турбкохак ё ягон растании дар махаллатон маъмул- ро гирифта, аз назар гузаронед. Думчаи гул, гулпуш (косачабаргхо, гулбаргхо), гардбарг ва тухмдони онхоро ёбед. Аник кунед, ки гул чандто косабарг, гулбарг, гардбарг ва тухмдон дорад. Натичаи кори гузарондаатонро дар дафтар кайд кунед.

injenerno-ekolog-izyskan-1

ШИНОСОИ БО МЕВАХОИ ХУШК ВА СЕРШИРА (ТАР)

  1. Мевахои гуногуни додашударо аз назар гузаронед. Он- хоро ба ду гурух — мевахои хушк ва тар чудо кунед.
  2. Мевахои тарро дар навбати худ ба мевахои яктухма ва бисёртухма чудо кунед. Бо истифодаи китоби дарси номи он- хоро аник кунед.
  3. Мевахои хушкро ба гурухи мевахои яктухма ва бисёр- тухма чудо кунед. Номи онхоро маълум кунед. Дони (меваи) гандумро бо меваи офтобпараст мукоиса кунед. Аломатхои монанд ва фаркноки онхоро нишон дихед. Чадвалро пурра кунед.
Навъи мева Навъи мева Кадом растанихо ин гуна мева доранд
сершира ё хушк яктухма ё бисёртухма

ШИНОСОИ БО СОХТИ ПУРБИН ВА МИКРОСКОП

  1. Пурбини дастиро аз назар гузаронед. Вай аз кадом кисм- хо иборат аст? Вазифахои хар як кисмро муайян кунед.
  2. Бо ёрии муаллим тарзи истифодаи пурбинро ёд гиред.
  3. Ба сохти микроскоп аз наздик шинос шавед ®. Кисм- хои асосии онро бодиккат аз назар гузаронед. Тубус (най- чаи биниш), окуляр, объективу шишаи пурбин (калоннишон- диханда), появу мизчаи ашёгузор, ойина ва мехи тобак (винт)-ро ёбед. Вазифахои хар кадоми онхоро дар алохидаги аник кунед. Муайян кунед, ки микроскоп ашёро чанд маро- тиба калон нишон медихад.
  4. Ба тарзи истифодаи микроскоп тавассути расми И ши- нос шавед.
  5. Тартиби пайдархам ба кор омода кардани микроскопро хангоми омузиши ашёхо нагз азхуд кунед.

СЕВ ТАЙЁР КАРДАНИ МИКРОПРЕПАРАТИ ПУСТИ ПИЁЗ

  1. Ба туфайли расми 4 ба амали пайдархам тайёр кардани микропрепарати пустпардаи пиёз шинос шавед.
  1. Бо докаи тоза шишаи ашёгузорро нагзакак тоза кунед.
  2. Ба шишаи ашёгузори тоза тавассути катрачакконак як- ду катра оби тоза чакконед.
  3. Бо ёрии сузан аз сатхи даруни пулакчаи пиёз пусти ту- нуку шаффофи онро чудо кунед. Онро дар катраи оби болои шишачаи ашёгузор нагзакак хамвор кунед.
  4. Пустпардаро бо шишаи руйпуш пушонед (чуноне, ки дар расм нишон дода шудааст).
  5. Микропрепарати тайёркардаатонро ба зери микроскоп гу- зошта бубинед.

Чузъхо (ё кисмхои)-и хучайраи пусти пиёзро мушохида ку- нед. Акси дидаатонро бо расми 15 мукоиса кунед.

  1. Ба препарати тайёркардаатон як катра махлули сусти йод чакконда онро рангнок кунед.
  2. Препарати рангноккардаро дар зери микроскоп буби- нед. Чи тагйирот ба амал омад?
  3. Дар хучайрахои бо таъсири йод зардрангшуда чилди хучайра, ситоплазма, ядро ва вакуоларо ёбед. Ядрои дар си- топлазма чойгирбуда нагз аён аст. Вакуоларо, ки аз руи ран- гаш аз ситоплазма фарк мекунад, аник кунед.
  4. Дар асоси мушохидаатон расми якчанд хучайрахои пусти пиёзро дар дафтаратон кашед. Номи чузъ ё кисмхои хучайраро дар расм кайд кунед.

ДАР ЗЕРИ МИКРОСКОП МУОИНА КАРДАНИ ПЛАСТИДХО

  1. Аз барги растании оби – элодея (чилбанди оби) микро- препарат тайёр кунед. Барои ин як барги элодеяро аз пояча- аш чудо карда, онро ба дохили катраи оби шишачаи ашё- гузор гузоред. Онро бо шишаи руйпуш пушонед.
  2. Микропрепаратро ба зери микроскоп гузошта, мушохи- да баред. Доначахои (заррачахои) сабзи хучайра — хлоропластхоро ёбед.
  3. Расми хучайрахои элодеяро дар дафтаратон кашед. Кисм- хои хучайра — чилд, ситоплазма, ядро ва хлоропластхоро ёфта, онхоро дар расм кайд кунед.

ОМУХТАНИ СОХТИ ТУХМИ РАСТАНИХОИ ДУПАЛЛА

  1. Тухми хушк ва варамкардаи (таркардашудаи) лубиёро аз назар гузаронед. Тавассути чадвал дарози ва бари ин тухм- хоро чен кунед. Андоза ва шакли онхоро мукоиса кунед.
  2. Дар тарафи фурухамидаи тухми варамкарда чоки донро ёбед. Пусти тухмро чудо карда чанинро омузед. Барои ин чанинро ба ду хисса бурида чудо кунед. Тухмпалла, решача, пояча ва мугчачаи чанинро ёбед.
  3. Расми тухми лубиёро дар дафтаратон кашед ва кисмхои онро нависед.
  4. Аник кунед, ки дар кадом кисми тухми лубиё моддахои гизои захира шудаанд ва он дар сабзиши тухм чи ахамият до- рад.
  5. Китоби дарсиро истифода бурда, аник кунед, ки дар кадом кисмхои тухми дигар растанихои дупалла моддахои гизои захира шуда метавонанд.

ОМУХТАНИ СОХТИ ТУХМИ РАСТАНИХОИ ЯКПАЛЛА

  1. Шакл ва ранги дони гандумро мушохида кунед.
  2. Бо ёрии сузан кушиш кунед, ки пуст (парда)-и тухми ва- рамида ва хушки гандумро чудо кунед. Шарх дихед, ки чаро пусти дони хушкро чудо кардан мушкил аст.
  3. Тухми варамидаи баркад буридашударо бо пурбин бу- бинед. Эндосперм ва чанинро ёбед. Аз расми Н -и китоби дарси истифода бурда, бо рохи мукоиса ба сохти чанини тухми гандум шинос шавед.
  4. Расми сохти дони (тухми) гандумро кашед ва номи кисм- хои онро нависед.
  5. Сохти тухми лубиёро бо сохти дони гандум мукоиса ку- нед. Монанди ва фаркияти онхоро ошкор кунед.

АЗ ТУХМ ЧУДО КАРДАНИ ОХАР, САФЕДА (КЛЕЙКОВИНА), РАВГАН

  1. Камтар орди гандумро гирифта, каме об илова карда ха- мир тайёр кунед.
  2. Лундаи хамирро дар дока печонда, онро дар стакани об- дор шустан лозим аст. Ранги оби стакан тира мешавад. Чаро?
  3. Ба стакани обаш тирагун 1-2 катра махлули йод чакко- нед. Ранги оби тирагуни стакан чи тавр тагйир ёфт? Бояд дар назар дошт, ки охар бо таъсири йод кабудранг мешавад.
  4. Докаро кушоед. Дар он шумо чисми (моддаи) гализи час- пак – ширеш (сафеда ё клейковина)-ро мушохида мекунед.
  5. Донаи офтобпараст ё магзи чормагзро гирифта, дар ко- гази сафед печонед ва онро бо даст сахт фушуред. Дар когаз изи равган боки мемонад.
  6. Дар асоси натичахои бадастомада чадвали зеринро пур кунед.

ОМУХТАНИ СИСТЕМАИ ТИРРЕША ВА ПАТАКРЕША

  1. Ба сохти решаи растанихо бодиккат шинос шавед. Онхо аз якдигар чи фарк доранд?
  2. Расмхои 27 ва 28 -и китоби дарсиро истифода бурда, бо сохти тирреша ва патакреша шинос шавед.
  3. Растанихоеро номбар кунед, ки тирреша ё патакреша до- ранд.
  4. Сохти решагии растанихои мушохидашавандаро ба назар гирифта, муайян кунед, ки кадоми онхо ба растанихои дупал- ла ва ё якпалла тааллук доранд.
  5. Чадвалро пур кунед.
Номи растани Хели шабакаи реша Ба кадом синфи растанихо тааллук дорад

ТАЧРИБАХОИ.ЛАБОРАТОРЙ, СИНФИ 5              

МУОИНАИ МУЯКЧАХОИ РЕША ВА ГИЛОФАКИ РЕША

  1. Решаи майсаи гандум ё навнихоли нахудро аз назар гу- заронед. Сипас, бо пурбин решаро муоина карда, гилофаки нуги решаро ёбед.
  2. Дар кисми мобайнии реша, болотар аз гилофаки реша ва чузъи сабзиш шумо пушиши тибитмонандро мебинед. Онхо муякрешахо мебошанд. Дар хусуси сохт ва ахамияти он бо истифодаи китоби дарси маълумоти муфассал гиред.
  3. Аз кисми реша бо муякрешахояш микропрепарат тайёр кунед. Онро ба зери микроскоп гузошта, бо сохти як муякреша шинос шавед. Акси ёфтаатонро бо расми 34: -и китоби дарси мукоиса кунед. Сипас, расмашро дар дафтаратон кашед.
  4. Дар микропрепарати тайёркардаатон нуги решаро ёбед. Вай бо гилофаки реша пушида шудааст.
  5. Сохти хучайраи муякреша ва хучайраи пусти пиёз чи уму- мият дорад? Сабаби фаркияти онхоро чи тавр метавон маъ- нидод кард?

ОМУХТАНИ БУРИШИ КУНДАЛАНГИИ РЕША – МЕВАИ САБЗИ

  1. Решамеваи сабзиро бодиккатона аз назар гузаронед. Дар онхо сарак, гарданак ва худи решаро ёбед.
  2. Расми решамеваи сабзиро дар дафтаратон кашед ва кисм- хои онро кайд кунед.
  3. Бо корди тез решамеваи сабзиро ба таври кундаланги ту- нук бурида, микропрепарат тайёр кунед. Онро тавассути мик- роскоп мушохида намоед. Дар он кабатхои пустлох, камбий ва чуб дида мешаванд. Расми акси дидаатонро дар дафтаратон кашед ва номи кабатхои онро нависед.

СОХТИ МУГЧА, МАВКЕИ ОН ДАР НАВДА

  1. Навдаи растанихои гуногуни махаллатонро аз назар гу- заронед. Чойгиршавии мугчахоро дар оихо муайян кунед. Расми баъзеи онхоро кашед.
  2. Ягон мугчаро аз навда чудо карда, ба сохти он тавассути пурбин шинос шавед, Мугча чи хел хусусиятхои (аломатхои) мухофизати дорад?
  • Мугчаи нашвиро (мугчабаргро) баркад бурида, бо пур- бин бо сохти он шинос шавед. Мушохидаатонро бо расми Щ мукоиса кунед ва расми онро кашед,
  1. Мугчаи калону гирд (мугчагул)-ро гирифта, бо корди тез баркад (ба дарозиаш) буред. Бо ёрии пурбин ба сохти дохилии он шинос шавед. Дар поячаи тухммугча гулгунчахоро ёфта бо расми Ж-и китоб мукоиса карда, расмашро кашед.

МУАЙЯН КАРДАНИ НАВЪИ ЧОЙГИРШАВИИ БАРГХО

  1. Растанихои баргашон гуногуншакл ва гербарияхои (рас- танихои хушкондашудаи дар когази махсус духташуда) рас- танихои гуногунро аз назар гузаронед. Ба чойгиршавии бар- ги онхо дар поя ё навда диккат дихед.
  2. Баъд аз мушохида онхоро ба растанихои баргашон нав- бати, ру ба ру ва халкаги чудо кунед. Ба шакли пахнаки барг, рагрони ва канорхои барг диккат дода, расми баъзе баргхои гуногуншаклро дар дафтаратон кашед.
  3. Дар асоси натичаи коратон чадвали зеринро пур кунед;
Номи растани Чойгиршавии барг Шакли пахнаки барг Холати канори барг

МУОИНАИ ПУСТИ БАРГ ВА БОФТАХОИ АСОСИИ БАРГ

  1. Барги ягон растании хонаги (анчибар, традескансия)-ро гирифта, сараввал бо пурбин кисми поёни ва болоии баргро аз назар гузаронед. Сохти онхоро ба якдигар мукоиса кунед. Сипас, онро шикаста аз кисми поёни барг эхтиёткорона пусти шаффофашро чудо кунед. Аз он микропрепарат тайёр кунед (аз расми 14 -и китоби дарси истифода баред). Онро ба зери микроскоп гузошта, мушохида намоед.
  1. Дар микропрепарат хучайрахои беранги бофтаи пушиш- ро ёбед. Онхо чи хел шакл доранд? Ахамияти онхо дар хаёти барг аз чи иборат аст?
  2. Дар препарати тайёркардаатон масомахоро ёбед. Масо- махо аз хучайрахои шаффофи пуст чи фарк доранд? Расми онхоро кашед.
  3. Микропрепарати тайёри буриши кундаланги баргро (“Барги камелия — буриши кундаланги”) бо ёрии микроскоп омузед. Ба сохти хучайрахои пусти руй, пушти барг ва масо- махо диккат дихед.
  4. Дар микропрепарат бандчахои гузаронандаро ёбед. Дар бандчахои гузаронанда рагхо, найчахои элакшакл ва наххоро аник кунед.
  5. Хучайрахои магзи баргро аз назар гузаронед. Дар бофтаи асосии барг (магзи барг) ду намуди хучайрахоро ёбед. Онхо- ро бо расми 51 -и китоби дарси мукоиса карда, расмашон- ро дар дафтаратон кашед. Номи кисмхои онхоро нависед.

МУОИНАИ СОХТИ ДАРУНИИ ШОХАИ ДАРАХТ

  1. Намуди берунии ягон шохчаи нисбатан гафстари дарахт- ро аз назар гузаронед. Бо ёрии пурбин дар пустлохи он “наскдонахо” (барчастагихои сурохдор)-ро пайдо кунед. Онхо чи ахамият доранд?
  2. Буриши кундаланг ва баркади шохчаро тайёр кунед. Дар буриши кундаланг пустлохро ёбед. Дар зери пустлох кабати нисбатан равшан – чубро ёбед. Дар мобайни буриш кабати нисбатан тираранг — диларо мушохида кунед.
  3. Дар дафтаратон бо истифодаи китоби дарси буриши кундалангии шохчаро накшбанди карда, кабатхои ёфтаатон- ро ба кайд гиред.
  4. Дар буриши баркади шохча пустлох, чуб ва диларо аник кунед. Пустлохро аз чуб чудо карда, онро кат кунед ва оиди мустахкамиаш хулоса бароред.
  5. Ба чуби пустлохаш чудокардашуда даст расонед, вай лаг- жонак аст. Чаро? Дар хусуси ин кабат ва ахамияти он аз китоби дарси маълумот гиред.
  1. Чубро кат кунед ва мустахкамии онро санчед. Бо нуги корд ба дила фишор оварда, мустахками ё холати онро му- айян кунед.
  2. Дар охир расми буриши баркади шохчаро кашед, кисмхои онро нависед.

ОМУХТАНИ СОХТИ ПИЁЗАК, ЛУНДА ВА РЕШАПОЯ

  1. Бо сохти берунии пиёзак шинос шавед. Вай аз берун бо чи пушида шудааст? Кабати (пулакчахои) хушк чй ахамият доранд?
  2. Пиёзакро баркад буред. Сохти онро аз назар гузаронда, пулакча, узак, мугча^ва решахои иловагии онро ёбед. Аз ки- тоби дарси истифода бурда, расми онро кашед.
  3. Исбот кунед, ки пиёзак — навдаи шаклдигаркардаи зе- ризаминист.
  4. Лундаи картошкаро аз назар гузаронед. Дар сатхи лунда чукурчахоро бо чашмакчахояшон (мугчахояшон) мушохида кунед.
  5. Буриши кундаланги нихоят тунуки лундаи картошкаро тайёр кунед. Онро ба тарафи равшани дошта нигох кунед. Дар он кабатхои пустлох, чуб ва диларо ёбед.
  6. Ба буриши лунда як катра махлули сусти йод чакконед. Чиро мушохида кардед? Кабудранг шудани буриши лунда ба мавчудияти кадом моддаи органики шаходат медихад?
  7. Лундаи картошка — навдаи шаклдигаркарда аст. Чаро?
  8. Растании гандумачирик ё гумойро бо решапояаш кофта гиред. Решапояи онро бодиккат аз назар гузаронед. Хусусан, бо пурбин мушохида кардан айни муддаост.
  9. Расми решапояи онро кашида, кисмхои хосашро ба кайд гирифта, исбот кунед, ки решапоя — навдаи шаклдигаркарда аст.

ОМУХТАНИ СОХТИ ГУЛХОИ ДУЧИНСА

  1. Гули зардолу ё олуболуро аз назар гузаронед. Думча, гулбанд, гулпуш, гардбарг ва тухмдони гулро ёбед.
  2. Гулро ба чузъхои таркибиаш чудо кунед. Мивдори ко- сабарг, гулбарг ва гардбаргхоро хисоб кунед.
  3. Тавассути пурбин ба сохти гардбарг шинос шавед. Поячаи гарддон ва худи гарддонро ёбед. Дар он гарддонхои бешуморро мебинед.
  4. Сохти тухмдонро аз назар гузаронед. Бо пурбин чузъхои он — гардгирак, сутунча ва гуракро ёбед.
  5. Расми чузъхои (узвхои) гули олуболу ё зардолуро кашед ва исбот кунед, ки растанихои номбурда гулхои дучинса до- ранд.

ОМУХТАНИ СОХТИ ГУЛХОИ ЯКЧИНСА

  1. Тудагули зардранги бедро аз назар гузаронед. Бо муйчи- нак (пинсет) як гули алохидаи онро чудо карда, бо пурбин мушохида кунед.
  2. Дар гул гардбаргро ёбед ва мивдорашро аник кунед. Му- айян кунед, ки гул тухмдон дорад ё не. Гуле, ки тухмдон на- дорад, чй хел гул номида мешавад?
  3. Акнун тудагули сабзранги бедро, ки аз дарахти дигар ги- рифта шудааст, аз назар гузаронед. Як гули онро бо муйчинак чудо карда, бо пурбин мушохида кунед.
  4. Дар гул тухмдонро ёфта, кисмхои онро аз назар гузаро- нед. Ин гул гардбарг дорад ё не? Ин хел гулхое, ки факат тухм- дон доранд, чи хел гул номида мешаванд?
  5. Мушохидахоятонро бо расми 86 -и китоби дарси мукои- са карда, расми гулхои нарина ва модинаи гули бедро кашед. Исбот кунед, ки бед растании духонаги буда, гулхои якчинса дорад.

ШИНОСОИ БО НАМУДХОИ ГУНОГУНИ ТУДАГУЛХО

  1. Аз руи имкониятатон тудагулхои себарга, коку, пиёз, сабзи, барги зулф, чуворимакка, офтобпараст, олуболу, гандум, турбкохак ва гайрахоро аз назар гузаронед. Ба ин максад ме- тавонед аз гербарияи (намунаи хушки растанихо) растанихои гуногун истифода баред.
  2. Тартиби чойгиршавии гулхоро дар гулпояи асосии рас- танихои барои санчиш гирифтаатон муайян кунед. Расми 87 -и китоби дарсиро истифода бурда, номгуи тудагулхоро аник кунед ва накшаи онхоро дар дафтаратон тасвир кунед, Дар бари накшахои тудагули кашидаатон номи онхоро на- висед.
  3. Боз кадом растанихои тудагулдори махалли зистатонро медонед? Онхоро номбар кунед.

ШИНОСОИ БО НАМУДХОИ ГУНОГУНИ МЕВАХО

  1. Мевахои гуногуни хушки соддаро аз назар гузаронед. Онхоро ба гуруххои мевахои яктухма ва бисёртухма, кушо- дашаванда ва кушоданашаванда чудо кунед. Номи онхоро аник карда, дар дафуаратон кайд кунед.
  2. Бо сохти булак ва бугуммевахо (меваи дутухмаи сабзи, дуканотаки заранг ва бугумакгилофаки турбкохак) шинос ша- вед. Расми онхоро дар дафтаратон кашед.
  3. Бо сохти мевахои мураккаб ва тудамевахо шинос шавед. Муайян кунед, ки мевахои тамашк, марминчон, лаблабу, шох- тут ба кадом гурухи мевахо тааллук доранд. Расм ё накшаи мевахои мураккаб ва тудамеваро кашед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …