Главная / Гуногун / Сузан дар кори дузандаги

Сузан дар кори дузандаги

Сузан – асбоби дузандаги буда аз замонхои кадим истифода мешавад. Инсон аввалхо барои духтан хори дарахтон, устухони мохию хайвонотро кор мефармуд. Баъд сузанро аз нукра мис, тилло ва охан месохтаги шуданд. Дарозии ин сузанхо то 2 см расида, суфта буданд.

po-igolke-s-nitkoj1-560x320

Сузанро дар замонхои кадим дасти месохтанду боэхтиёт дар сузандони махсус хифз мекарданд.

Сузанро дар асри ХIХ ба усули фабрикави месозанд. Андозаи сузанхои замонави хозира аз №1 то №12 буда, асосан аз пулод сохта мешавад. Вобаста ба ракамхояшон сузанхо ба суроххои гуногун тайёр карда мешавад. Сузанхои сурохиашон калон барои кашидадузи, руфукори истифода мешаванд. Дар ин кабил сузан ресмони нисбатан гафсро гузаронидан нихоят бобу осон аст.

suzan

Оё шумо медонед

Дар тахти калимаи сузан мо асосан як асбоби тези металлии хурдеро, ки дар окибаш гушак барои гузаронидани ришта дорад, мефахмем, ки асосан дар матоъхо истифода мебарем ва матоъро пайваст мекунем. Сузанхое низ хастанд, ки дар сохаи тиб истифода бурда мешаванд.

Сузанхои пештара, албатта металли ё пулоди набуданд, онхо аз устухони мохи ё дигар нави устухон сохта мешуданд.

Дар асри сангин сузанхоро дарёфт карданд, ки сангро тарошида ба он гушак тайёр карда, пусти хайвонотро ба воситаи рудаи хайвонот бо сузанхои санги медухтанд. Баъд бо чои сузанакхои устухони сузанхои биринчи, баъд охани, дар хонахои одамон сарватманд сузанхои нукрагин пайдо шуданд.

Якумин сузанхои металли, пулодинро ба Европа дар асри ХIV (14) арабхо оварданд.

Дар худи вилоятхои Москва 25 намуди сузан барои духтани маснуоти дузандаги истехсол мешавад, ки он барои духтани (дасти, мошини одди, автомати ва гайра) либос, кашидадузи мошинаги ва гайра истифода бурда мешавад.

Сарсузан. (сузанак) – хангоми буридани либос, матоъ истифода мешавад, махсусан мистарколаб ё андозаро ба матоъ ба воситаи сузанак аз металл сохта мешавад ва нугашро бо сарпуши шишагини ё аз масолехи сохта шуда сохта мешавад. Сузанак бояд тез ва хамвор бошад.

Коидаи техникаи бехатари кор бо сузан ва сузанак.

  1. Барои нигох доштани ангуштон аз неши сузан бояд ангуштпонаро истифода бурд.
  2. Пеш аз корро сар кардан бояд шумораи сузанхоро донист. Баъдиитмоми кор низ шумораи сузан ва сузанакро шуморид. Агар сузан ками кунад онро хатман ёфтан зарур аст.
  3. Дар хона набояд ба диван, кресло ё тачхизот мулоим нишаста духтан лозим аст. Сузанхоро ба маснуот намегузоранд.
  4. Агар сузанхо дар вакти кор шиканад, онро хатман чида, хамаи кисмашро ба муаллим ё навбатдор супоридан зарур аст. Агар дар хона ин холат руй дихад, албатта сузанхои шикастаро ба когази гафс печонида ба чои бехатар гузоштан ё сатили партовхо андохтан лозим аст.
  5. Сузан ва сузанакхо бояд дар чои муайяншуда, дар куттии махсус ё болиштча нигох доштан лозим аст.
  6. Сузанро дар чои кори ва дар руи миз мондан манъ аст.
  7. Сузанро ва сузанакхоро ба дахон гирифтан манъ аст.
  8. Бо сузани зангзада духтан манъ аст.
  9. Колабхоро ба матоъ бо сузанакхо мустахкам кардан лозим аст, ки он аз тарафи мукобили дузанда бошад.
  10. Баъди буридани колабхо сузанакхо бояд аз матоъ гирифта шаванд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …