Главная / Илм / Шурои Нозирон дар Ташкилот/Бонк (Низомнома)

Шурои Нозирон дар Ташкилот/Бонк (Низомнома)

1.  МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Шурои Нозирон Низомнома «Дар бораи Шурои Нозирони ЧСП «Бонки Точикистон» (минбаъд Низомнома) мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва Оинномаи ЧСП «Бонки  Точикистон» тахия шудааст.

  • Низомномаи мазкур тартиби даъват ва гузаронидани мачлисхои Шурои Нозирони нозирони ЧСП «Бонки Точикистон», тартиби кабул кардани карорхо ва назорат аз болои ичроиши онхо, тартиби таъсис додани кумитахо ва усулхои бахогузориро ба фаъолияти Шурои Нозирони нозирони ЧСП «Бонки  Точикистон» (минбаъд Шурои Нозирон), муайян менамояд.
  • Шурои Нозирон, ба манфиати Бонк рохбарии умумии фаъолияти Бонкро анчом медихад, ба истиснои масъалахое, ки тибки конунгузори ба салохияти Мачлиси умумии сахмдорон дахл доранд.
  • Дар фаъолияти худ, Шурои Нозирон конунгузории Чумхурии Точикистон, Оинномаи Бонк, Кодекси идоракунии корпоративи, низомномаи мазкур ва дигар хуччатхои дохилие, ки аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон ва Шурои Нозирон тасдик шудаанд, ба рохбари мегирад.
  • Тартиби таъсисёби ва салохияти Шурои Нозирон бо конунгузори ва Оинномаи ЧСП «Бонки Точикистон» муайян карда мешавад.

2.  МУХЛАТХО ВА ТАРТИБИ ДАЪВАТ КАРДАНИ МАЧЛИСХОИ ШУРОИ НОЗИРОН

  • Шурои Нозирон мачлисхои худро мувофики накшаи тасдикшуда, инчунин бо талаботи шахсоне, ки дар банди 2.6 Низомномаи мазкур зикр шудаанд, мегузаронад.
  • На дертар аз як мох баъд аз интихоб шудани хайати нави Шурои Нозирон, бояд мачлиси якуми он даъват шуда, дар он Раиси Шурои Нозирон  интихоб гарданд, накшаи кори Шурои Нозирон,  хайат  тасдик карда шаванд.
  • Накшаи кори Шурои Нозирон, барраси намудани хамаи масъалахои калидии рушди Бонк, тасдик кардани Бизнес – накшаи Бонк, дида баромадани рафти ичрои он ва дигар масъалахоеро, ки дида баромаданашон дар мачлиси Шурои Нозирон зарур мебошад, пешбини менамояд.
  • Накшаи кори Шурои Нозирон барои як сол тартиб дода мешавад, хангоми зарурат Накшаи кори метавонад сахехтар карда (тахрир карда) шавад.
  • Раиси Шурои Нозирон фаъолияти онро ташкил менамояд, мачлисхои Шурои Нозиронро даъват мекунад ва дар онхо раиси мекунад, инчунин омода сохтани пайнавишти мачлисхои Шурои Нозиронро ташкил менамояд. Раис, вазифахои дигарро, ки бо конунгузори ва хуччатхои дохилии Бонк пешбини шудаанд, ичро мекунад.
  • Мачлисхои Шурои Нозирон бо ташаббуси шахсии Раиси Шурои Нозирон, бо талаби аъзои Шурои Нозирон, аудитор, Раёсат ва Раиси Раёсати Бонк даъват карда мешавад.
  • Ба кори мачлисхои Шурои Нозирон метавонанд аъзоёни Раёсати Бонк, мутахассисони масъалахое, ки Шурои Нозирон онхоро мухокима менамояд, кормандони Бонк ва чамъиятхои фаръи даъват шаванд.
  • Рузномаи мачлиси Шурои Нозирон, аз чониби Раиси Шурои Нозирон, дар асоси Накшаи кори тасдикшудаи Шурои Нозирон ва масъалахои иловагии барои барраси аз чониби шахсон ва макомотхое, ки дар банди 2.6. Низомномаи мазкур зикр шудаанд, пешниход гардидаанд, ташаккул дода мешавад. Пешниходот дар бораи ба рузномаи мачлис ворид намудани масъалахои иловаги, бояд на дертар аз замони иттилодихи доир ба баргузории мачлис, дохил гарданд. Ба рузномаи мачлис ворид намудани масъалахои иловаги аз чониби Раиси Шурои Нозирон, дар асоси мурочиатхои хаттии шахсони дар боло зикршуда, анчом дода мешавад.
  • Рад намудани воридкунии масъалаи иловаги ба рузномаи мачлиси Шурои Нозирон танхо дар холатхои зерин имкон дорад:
  • масъала ба салохияти Шурои Нозирон дахл надорад;
  • зарурияти дида баромадани масъалаи пешниходшуда асоснок карда нашудааст;
  • аз чониби шахси ташаббускор маводхо барои дида баромадан омода нашудаанд.
    • Хамаи масъалахои рузномаи мачлис бояд тасвияхои сахехех дошта бошанд, ки имконият диханд доир ба мухтавои масъалахои баррасишаванда хулосаи дуруст бароварда шавад.
    • Мачлиси Шурои Нозирон аз чониби Котиб, тахти рохбарии Раиси Шурои Нозирон ташкил карда мешавад. Котиб корхои ташкили ва пешбурди коргузори, чамъовари ва ба низом даровардани маводхоро барои мачлисхо, ба аъзоёни Шурои Нозирон фиристодани огохинома доир ба гузаронида шудани мачлиси Шурои Нозирон, рузномаи мачлис, маводхо аз руи рузномаи мачлис, инчунин омода намудани лоихахои карорхои Шурои Нозиронро таъмин менамояд.
    • Коргузори дар Шурои Нозирон бо забони точики сурат мегирад. Дар холатхои зурури Котиб тарчумаи хуччат ва маводхои Шурои Нозиронро ба забонхои руси ва/ё англиси таъмин менамояд.

Вазифахои Котиби Шурои Нозиронро Котиби    дигар, ки аз тарафи Шурои Нозирон таъин мегардад ичро мекунад. Корхои ташкилии Шурои Нозирон ба зиммаи дастгохи Шурои Нозирон вогузор мешавад.

  • Ашхос ва макомоте, ки хукук доранд даъват намудани мачлиси Шурои Нозирон талаб кунанд, 20 руз кабл аз санаи эхтимолии баргузории мачлиси Шурои Нозирон, талаботро доир ба даъват шудани Шурои Нозирон ба Котиби Шурои Нозирон пешниход мекунанд. Ин гуна талабот бояд дар шакли хатти ба расмият дароварда шавад ва ба Котиб тавассути почта бо огохинома доир ба супурда шудан, тарики алокаи факси бо тасдик намудани фиристодашави, ирсол гардад ё худ бевосита бо гирифтани имзо супорида шавад. Санаи пешниходи талабот оид ба даъват намудани мачлис, аз руи огохинома доир ба супорида шудан ё санаи ба Котиб супоридан, муайян карда мешавад.
  • Талабот доир ба даъват намудани мачлиси Шурои Нозирон бояд дар бар гирад:
  • номи ташаббускори даъват кардани мачлис;
  • ташрехи масъалахои рузномаи мачлис;
  • маводхои (хуччатхои) зарури барои дида баромадани масъалахо;
  • сабабхои даъват намудани мачлиси Шурои Нозирон;
  • имзои ташаббускор.
    • Дар давоми панч руз баъд аз пешниход шудани талабот, Раиси Шурои Нозирон дар бораи гузаронидани мачлиси Шурои Нозирон, мукаррар намудани санаи баргузории мачлис ё овоздихии гоибона ё худ дар бораи рад намудани даъвати мачлиси Шурои Нозирон, карор кабул мекунад. Карори асосноккардашуда дар бораи рад шудани даъвати мачлис, ба шахс ё макомоте, ки даъват шудани мачлиси Шурои Нозиронро талаб менамояд, дар тули се руз, пас аз лахзаи аз чониби Раис кабул шудани карор дар бораи рад шудани даъвати мачлис, ирсол мегардад.
    • Огохинома доир ба мачлиси Шурои Нозирон, дар якчояги бо хамаи маводхо аз руи масъалаи баррасишаванда, аз чониби Котиб ба хар як аъзои Шурои Нозирон бо тарзе, ки дар карори Раиси Шурои Нозирон оид ба гузаронида шудани мачлис муайян карда шудааст, фиристода мешавад. Усули афзалиятноки расонидани хабар дар бораи баргузории мачлиси Шурои Нозирон, истифодаи воситахои алокаи электрони мебошад. Ба аъзоёни Шурои Нозирон на дертар аз 10 руз то санаи баргузории мачлис огохинома фиристода мешавад, ба истиснои холатхое, ки дар банди 2.18 Низомномаи мазкур нишон дода шудаанд.

Дар огохинома доир ба баргузоршавии мачлис дарч мешавад:

  • маълумот дар бораи сана, вакт ва макони баргузории мачлис;
  • рузномаи мачлис;
  • ташаббускори даъват намудани мачлис (сабабхои гузаронида шудани мачлис).
    • Хангоми сар задани холатхое, ки сади рохи дар вакт ва макони муайянгардида гузаронида шудани мачлиси Шурои Нозирон мешаванд, Раиси Шурои Нозирон хукук дорад, доир ба тагйир додани вакт ва макони баргузории мачлис карор кабул намояд. Ин гуна карор ба маълумоти аъзоёни Шурои Нозирон ва шахсони даъватшуда махз бо хамон тартибе, ки огохинома дар бораи баргузории мачлис расонида шуда буд, расонида мешавад.
    • Бо максади аз тарафи Шурои Нозирон кабул шудани карорхои таъчилии алокаманд бо ичрои талаботхои конунгузори, амалхои бетаъхири зарури, барои таъмини фаъолияти меъёрии молияви – хочагидории Бонк, бо карори Раиси Шурои Нозирон замони гузаронида шудани мачлисхои Шурои Нозирон (овоздихии гоибона), инчунин вакти фиристодани огохинома, метавонанд тагйир дода шаванд.

3.  ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ МАЧЛИСХОИ ШУРОИ НОЗИРОН

  • Мачлисхои Шурои Нозирон метавонанд дар шакли мачлис бо иштироки якчояи аъзоёни Шурои Нозирон ва дар шакли гоибона гузаронида шаванд, ки доир ба онхо бо рохи гузаронидани овоздихии гоибона карорхо кабул карда мешаванд.
  • Барои гузаронида шудани мачлис, кворум он гох мешавад, ки агар на камтар аз нисфи аъзоёни интихобгардидаи Шурои Нозирон дар мачлис иштирок дошта бошанд. Мавчуд будани кворум аз чониби Раиси Шурои Нозирон дар вакти кушодани мачлиси Шурои Нозирони Бонк муайян карда мешавад. Хангоми набудани кворум, Раиси Шурои Нозирон санаи нави гузаронида шудани мачлиси Шурои Нозиронро муайян мекунад.
  • Хангоми муайян кардани мавчудияти кворум, барои гузаронидани мачлиси Шурои Нозирон ва натичахои овоздихи, фикру мулохизахои хаттии аъзои Шурои Нозирон, аз руи масъалахои рузномаи мачлис, ки дар мачлис иштирок надорад, ба инобат гирифта мешавад. Фикру мулохизахои хаттии аъзои Шурои Нозирон он гох дуруст фиристодашуда хисобида мешавад, ки агар он аз руи шакле, ки дар Замимаи №1 ба Низомномаи мазкур омадааст, ирсол шуда бошад, ирсолдихи тавассути почта бо огохинома доир ба супурда шудан, тарики алокаи факси бо тасдикнома оид ба ирсол шудан, дар шакли маълумотномаи электрони (e-mail) ё худ агар шахсан ба Котиб супорида шуда, имзояш гирифта шуда бошад. Барои муайян намудани кворум ва натичахои овоздихи, фикру мулохизахои хаттие, ки пеш аз огози мачлис Котиб кабул намудааст, ба хисоб гирифта мешаванд.

Он аъзои Шурои Нозирон, ки имконият надорад бевосита дар мачлис иштирок намояд, метавонад дар мачлиси Шурои Нозирон ба воситаи телефон ё бо истифодабари аз низоми телеконференсия иштирок намояд. Хангоми муайян намудани кворум ва натичахои овоздихи, овози чунин аъзои Шурои Нозирон, танхо хангоми бо тартиби дар сархати 1 банди 3.3 – и Низомномаи мазкур пешбинишуда ба расмият даровардани фикру мулохизахои хатти, ба хисоб гирифта мешавад.

  • Раиси Шурои Нозирон раисии мачлисхои Шурои Нозирони Бонкро ба ухда дорад. Дар холати хозир набудани у, мачлисхои Шурои Нозирон тахти раисии Чонишини Раиси Шурои Нозирон мегузарад. Агар на Раиси Шурои Нозирон ва на Чонишини Раиси Шурои Нозирон имконият надошта бошанд, ки дар мачлис иштирок намоянд, дар ин мачлис бо карори Шурои Нозирон яке аз аъзоёни он раиси мекунад.
  • Аъзоёни Шурои Нозирон вазифадоранд дар мачлисхои Шурои Нозирон иштирок намоянд, дар холати имконнопазир будани иштирок дар мачлис, аъзои Шурои Нозирон вазифадор аст доир ба ин масъала саривакт ба Раиси Шурои Нозирон хабар дихад.
  • Раисикунандаи мачлиси Шурои Нозирон:
  • мачлиси Шурои Нозиронро рохбари мекунад;
  • мачлисро ифтитох намуда, пушида эълон мекунад;
  • барои маъруза ва баромадхо сухан медихад;
  • мавкеи худро нисбати масъалаи мухокимашаванда иброз медорад;
  • мубохисахоро натичагири намуда, пешниходоти воридгардидаро чамъбаст менамояд ва тасвият медихад;
  • риоя шудани тартиботи бурдани мачлисро назорат мекунад;
  • лоихаи карорхои Шурои Нозирон, пешниходоти аъзоёни Шурои Нозиронро оид ба масъалахои дар мачлис мухокимашаванда ба овоз монда, овоздихи ва хисоб кардани овозхоро ташкил менамояд ва натичаи онро эълон мекунад;
  • пешниходот, аризахо, маълумотномахо, дархостхо, саволхоеро, ки ба мачлиси Шурои Нозирон ворид шудаанд, эълон мекунад;
  • навиштани пайнавишт ва дар холати зарури навиштани стенограммаи мачлисро ташкил намуда, ба пайнавишт имзо мегузорад.
  • Дар мачлиси Шурои Нозирон дида баромадани масъалахои рузномаи мачлис бо тартиби зерин сурат мегирад:
  • шахсе, ки барои омода намудани масъала масъул аст, шунида мешавад;
  • аъзоёни Шурои Нозирон ба баромадкунанда, инчунин ба дигар кормандони мансабдори Бонк, ки дар мачлис иштирок доранд, савол медиханд;
  • аъзоёни Шурои Нозирон ва дигар шахсони даъватшуда, дар музокирахо аз руи масъала баромад мекунанд;
  • пешниходоти хатти нисбат ба лоихаи карор, ки аз аъзоёни Шурои Нозирон ворид шудаанд, эълон карда мешаванд;
  • Раиси Шурои Нозирон натичаи музокирахоро чамъбаст менамояд ва пешниходоти нисбат ба лоихаи карори Шурои Нозирони Бонк воридшударо тасвият мекунад;
  • аз руи хамаи пешниходхои воридшуда овоздихи ва хисоб кардани овозхо анчом дода мешавад. Овоздихи метавонад аз руи тамоми карор ё худ аз руи бандхои алохидаи он сурат гирад;
  • натичахои овоздихи эълон карда мешаванд;
  • ба аъзоёни Шурои Нозирон имконият фарохам оварда мешавад, ки мулохизахои махсуси худро (ба пайнавишти мачлис замима намоянд) иброз намоянд.
  • Дар мачлиси Шурои Нозирон барои маърузахо, маърузахои иловаги ва баромадхо, инчунин барои маълумотдихи, вобаста ба мураккабии масъалаи баррасишаванда, аз чониби раисикунанда вакт мукаррар карда мешавад. Аъзоёни Шурои Нозирон ва шахсони ба мачлис аз руи масъалахои алохида даъватшуда, метавонанд дар музокирахо баромад кунанд, таклифхо пешниход намоянд, эрод гиранд, аз руи масъалахои дахлдори мухокимашаванда, маълумот пешниход кунанд.
  • Забони кории мачлисхои Шурои Нозирон забони точики мебошад, хангоми зарурат Котиби Шурои Нозирон метавонад дар мачлис тарчумаро ба забонхои руси ва/ё англиси таъмин намояд.
  • Котиби Шурои Нозирон сабти стенографи ва ё аудиоии мачлис ва нигохдории минбаъдаи маводхоро таъмин менамояд.
  • Хар як аъзои Шурои Нозирон як овоз дорад. Аз чониби аъзои Шурои Нозирони Бонк ба шахсони дигар вогузор намудани хукуки овоздихии худ, аз он чумла ба дигар аъзоёни Шурои Нозирон, мумкин нест.
  • Карорхо дар мачлисхои Шурои Нозирон бо овоздихии кушода, бо аксари овозхои аъзоёни Шурои Нозирон, ки дар овоздихи иштирок менамоянд, ба истиснои холатхое, ки дар сарсатри дуюм ва сеюми банди мазкур дарч шудаанд, кабул карда мешавад.

Кабули карор аз руи масъалахое, ки дар сархати дахум ва бисту хафтуми банди 11.26 Оинномаи ЧСП «Бонки  Точикистон» нишон дода шудаанд, бо аксари овозхои аз се ду хиссаи аъзоёни Шурои Нозирон, ки дар мачлис иштирок доранд, анчом дода мешавад.

Аз руи масъалахое, ки ба ваколати Шурои Нозирон мансуб карда шудаанд, карор бо як овоз кабул карда мешавад, агар дар кори мачлис танхо теъдоди хадди акали аъзоёни Шурои Нозирон, ки барои салохият доштани мачлис (мавчуд будани кворум) зарур аст, иштирок дошта бошанд.

  • Дар холати баробар будани овозхо, овози шахси дар мачлиси Шурои Нозирон раисикунанда халкунанда мебошад.
  • Дар холати зарур будани кабули карорхои фаври, аз чониби Шурои Нозирон кабул шудани карорхо бо рохи овоздихии гоибона ичозат дода мешавад. Овоздихии гоибонаи аъзоёни Шурои Нозирон аз руи дилхох масъалахое, ки ба салохияти Шурои Нозирон дохил мешаванд, гузаронида мешавад, ба истиснои масъалахое, ки Шурои Нозирон хукук дорад тибки Оиннома танхо пас аз дида баромадани онхо дар мачлис бо иштироки хамаи аъзоёни Шурои Нозирон, карор кабул намояд.
  • Карор дар бораи гузаронида шудани овоздихии гоибона аз тарафи Раиси Шурои Нозирон кабул карда мешавад. Пас аз чониби Раиси Шурои Нозирон кабул шудани карор дар бораи гузаронидани овоздихии гоибона, Котиби Шурои Нозирон ба хамаи аъзоёни Шурои Нозирон дар бораи гузаронидани овоздихии гоибона огохиномаро, бо замима намудани маводхои зарури ва варакахои овоздихи, исрол менамояд.
  • Хамаи маводи зарури барои гузаронидани овоздихии гоибона бо тартиби дар банди 2.16. Низомномаи мазкур нишондодашуда ирсол мегарданд.
  • Баъд аз гирифтани огохинома, аъзоёни Шурои Нозирон дар мухлате, ки бо карор дар бораи гузаронида шудани овоздихии гоибона пешбини гардидааст, варакахоро пур карда, ба Котиби Шурои Нозирон нусхахои асли онхоро ирсол менамоянд. Варакахои овоздихи он гох дуруст ирсолшуда хисоб карда мешаванд, агар онхо ба Котиби Шурои Нозирон супорида шуда бошанд, дар шакли иттилооти электрони (e-mail) ирсол гашта бошанд ё бо почта ба сурогаи Бонк фиристода шуда бошанд. Санаи пешниход шудани варакахо барои овоздихи, санаи супорида шудани огохинома, санаи ворид шудани иттилооти электрони (e-mail) ё санаи ба Котиби Шурои Нозирон супоридани варакахои овоздихи, махсуб мешавад.
  • Он аъзоёни Шурои Нозироне, ки варакахои овоздихии худро саривакт ва бо тартиби дар банди 3.17 Низомномаи мазкур пешбинишуда ирсол доштаанд, дар овоздихи иштирокнамуда хисоб карда мешаванд.
  • Варакаи овоздихи аз тарафи Раиси Шурои Нозирон метавонад беэътибор хисоб карда шавад. Дар чунин холат овози аъзои Шурои Нозирон, ки бо тарзи мазкур дар овоздихи иштирок намудааст, ба хисоб гирифта намешавад.
  • Варакаи овоздихи метавонад беэътибор дониста шавад:
  • хангоми хат назада мондани бештар аз як сутуни вариантхои имконпазири овоздихи;
  • хангоми мавчуд набудани имзои аъзои Шурои Нозирон, ки овоз додааст;
  • дар холатхое, ки аз руи варакаи овоздихии кабулшуда муайян намудани хохиши аъзои Шурои Нозирон имконнопазир аст.
  • Карори Шурои Нозирон бо пайнавишти мачлиси Шурои Нозирон ба расмият дороварда мешавад. Пайнавишт на дертар аз се руз пас аз гузаронида шудани мачлис ё овоздихии гоибона тартиб дода мешавад. Дар холате, ки агар мачлис дар тули чанд руз гузаронида шуда бошад, рузи охирини баргузории мачлис санаи хисобкуни ба хисоб меравад. Навиштани пайнавиштро Раиси Шурои Нозирон ташкил менамояд.
  • Дар пайнавишт кайд карда мешавад:
  • номи Бонк;
  • сана, макон ва замони баргузории мачлис ё санаи гузаронида шудани овоздихии гоибона;
  • руйхати аъзоёни Шурои Нозирон ва дигар шахсоне, ки дар мачлис иштирок доранд;
  • рузномаи мачлис;
  • масъалахое, ки ба овоздихи гузошта шудаанд ва натичаи овоздихи аз руи онхо;
  • карорхои кабулшуда.
  • Пайнавиштхои Шурои Нозирон аз чониби шахси дар мачлис раисикунанда ва Котиби Шурои Нозирон ба имзо мерасанд.
  • Раис ва Котиби Шурои Нозирон, ки ба пайнавишт имзо гузоштаанд, барои дуруст тартиб дода шудани он масъул мебошанд. Дар холати зарури пайнавиштхои Шурои Нозирон метавонанд бо мухри Бонк тасдик карда шаванд.
  • Пайнавиштхои Шурои Нозирони бонк дар макони чойгаршавии (сурогаи хукукии) Бонк махфуз нигох дошта мешаванд. Нусхахои аслии варакахои овоздихии аъзоёни Шурои Нозирон якчоя бо пайнавиштхои дахлдор махфуз нигох дошта мешаванд.
  • Беруннавиштхо аз пайнавиштхои Шурои Нозирон аз чониби Котиби Шурои Нозирон имзо гардида дода мешаванд, дар холати зарури бо мухри Бонк тасдик мегарданд.

4.  НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ ИЧРОИШИ КАРОРХОИ ШУРОИ НОЗИРОН

  • Назорат аз руи ичро шудани карорхо, кисми таркибии мухими фаъолияти Шурои Нозирон ба хисоб меравад. Дар кори назорат аз болои ичроиши карорхо ва хуччатхои тасдикшуда, ду самти асоси ба якдигар вобаста мешаванд:
  • Назорати умуми аз болои равиш ва натичахои ичроиши карорхо ва дар мачмуъ хуччатхои тасдикшуда;
  • Назорати харруза (амали) аз болои мухлатхои ичроиши карорхо ва хуччатхои тасдикшуда.
    • Тибки таксимоти вазифахо, назорати умуми аз болои ичроиши карорхо ва хуччатхои тасдикшуда, аз чониби  Раиси Шурои Нозирон сурат мегирад.
    • Назорати амалии мухлати ичрои карорхо ва хуччатхои тасдикшуда аз чониби Котиби Шурои Нозирон сурат мегирад.
    • Котиби Шурои Нозирон карорхои кабулшуда ва супоришхои ба ин карорхо дахлдоштаро ба маълумоти ичрокунандагон мерасонад ва доир ба рафти ичроиши карорхои аз чониби Шурои Нозирон кабулшуда, хулосаи маълумотхоро омода месозад.
    • Хамаи карорхое, ки аз чониби Шурои Нозирон кабул шудаанду аз руи хислати худ халталаб мебошанд ё посух мехоханд, бояд тахти назорат бошанд. Мухлати ичроиш, шахсони мансабдор ё макомоте, ки барои ичрои он масъул мебошад, дар матни пайнавишт муайян карда мешавад.
    • Дар холате, ки агар ичрои карор ба якчанд шахс ё макомот супорида шуда бошад, пас шахси мансабдоре, ки номаш якум дарч шудааст, барои ичрои саривакти ва босифати супориш масъул мебошад. Ичрокунандаи масъул, байни ичрокунандагони иловаги барои ичрои карор фаъолиятро хамоханг месозад ва хисоботи чамъбастиро омода мекунад.
    • Карор ва супоришхоеро, ки дар хуччатхои аз чониби Шурои Нозирон тасдикшуда дарч гардидаанд, Котиби Шурои Нозирон ба ичрокунандагон ирсол менамояд. Хар як банди карор, ки ичроишро талаб мекунад, тахти назорат гирифта мешавад.
    • Назорат аз руи ичроиши карорхои Шурои Нозирон бо рохи аз чониби ичрокунандагоне, ки бо карори дахлдори Шурои Нозирон таин шудаанд, пешниход шудани хисоботхо таъмин карда мешавад.
    • Усули асосии назорати вокеи, ин омухтани рафти ичроиши карор мебошад. Бо максади гирифтани маълумот дар бораи равиш ва натичахои ичроиши хуччати назоратшаванда, маълумотхои гузориш ва хисоботхо, маводхои санчишхо ва тафтишот, инчунин дигар маълумотхо истифода бурда мешаванд.
    • Бо максади анчом додани назорат аз болои ичроиши карорхои Шурои Нозирон, Котиби Шурои Нозирон гузаронидани тахлили равиш ва натичаи ичроиши карорхои Шурои Нозиронро ташкил мекунад. Котиби Шурои Нозирон ба Раис ва аъзоёни дигари Шурои Нозирон, дар бораи ичрои карорхои Шурои Нозирон маълумот пешниход менамояд.
    • Котиби Шурои Нозирон аз болои саривакт пешниход шудани хисобот доир ба ичроиши карорхо назорат мекунад ва дар Чадвали назорати ичроиши карорхо, баробари ворид шудани маълумот дар бораи ичроиш ё ба таъхир афтодани ичрои карори Шурои Нозирон, кайдхои дахлдор ворид менамояд.
    • Чун коида, карорхои Шурои Нозирон аз руи масъалахои асоси (накшави), баробари аз чониби Раёсати Бонк пешниход шудани маълумот дар бораи ичро шудан ё худ тамдид ёфтани мухлати ичроиши он, аз тахти назорат бароварда мешаванд.
    • Карорхои алохида, аз назорати Чадвали назорат аз болои ичроиши карорхо, пас аз гирифтани маълумот доир ба ичро шудани онхо, бароварда мешаванд.
    • Котиби Шурои Нозирон карорхои назоратшаванда ва аз тахти назорат баровардашударо, бо Чадвали назорат аз болои ичроиши карорхо, ки аз руи кисматхои зерин тасниф шудааст, бахисоб мегирад:
  • онхое, ки дар мохи чори бояд ичро шаванд;
  • онхое, ки дар моххои баъди бояд ичро шаванд;
  • аз тахти назорат баровардашуда.
    • Мухлати ичроиш бо рузхои таквими, аз санаи ба имзо расидани (тасдик шудани) карор хисоб карда мешавад. Дар холате, ки агар санаи ичроиш нишон дода нашуда бошад, карор бояд дар тули мох ичро шавад, ба истиснои карорхое, ки ичроиши хатмиро талаб менамоянд.
    • Дар чараёни назорат аз болои ичроиши карорхо, Котиби Шурои Нозирон ичрокунандагонро дар бораи наздик шудани мухлатхои ичроиши карорхо огох менамояд. Ичрокунандаи масъул вазифадор аст, ба хамаи саволхои Котиби Шурои Нозирон вобаста ба ичро шудани карорхо чавоб дихад:
  • ичрои карор дар кадом мархила карор дорад;
  • санаи эхтимолии ичро шудани карор;
  • сабабхои ба таъхир афтодани ичроиши карорхо.
    • Дар холати саривакт ичро нашудани карор, Котиби Шурои Нозирон доир ба камбудиву норасоихои ошкоргардида ба Раиси Шурои Нозирон маълумот медихад.
    • Мухлати ичроиш, санаи ба Котиби Шурои Нозирон ворид шудани хисобот доир ба ичроиш ба хисоб меравад. Тагйир додани мухлатхои ичроиши карор ва бандхои алохидаи карорхо, бо карори иловагии Шурои Нозирон сурат мегирад.
    • Ба холати санаи понздахуми хар мох натичахои назорати ичроиши карорхо чамъбаст гардида, ба Раиси Шурои Нозирон хисобот дода мешавад.
    • Шурои Нозирони Бонк хукук дорад, бо пешниходи Раиси Шурои Нозирон дар мачлисхои худ хисоботро дар бораи ичроиши карорхои Шурои Нозирон мухокима намояд.

5.  БАХОГУЗОРИ БА ФАЪОЛИЯТИ ШУРОИ НОЗИРОН

  • Шурои Нозирон ба натичаи фаъолияти яксолаи худ бахогузори менамояд. Натичаи фаъолияти Шурои Нозирон дар мачлиси Шурои Нозирони Бонк, кабл аз мачлиси Шурои Нозироне, ки дар он хуччатхои хисоботии фаъолияти молиявии Бонк (хисоботи мухосибавии солонаи Бонк) мухокима мешаванд, бахогузори карда мешавад.
  • Бахогузори ба фаъолияти Бонк, дар мачмуъ дар асоси натичахои фаъолияти Бонк барои ноил гардидан ба максадхои дарозмухлат ва вазифахо, самараноки ва татбики бомуваффакияти дурнамои интихобкарда, сурат мегирад. Меъёрхои бахогузории аъзоёни алохидаи Шурои Нозирон, мувофики Кодекси идоракунии корпоративии ЧСП «Бонки Точикистон» муайян карда мешаванд.
  • Бахогузори ба фаъолияти кумитахои алохидаи Шурои Нозирон ва худи Шурои Нозирон аз тарафи Кумита доир ба масъалахои кормандон ва мукофотони сурат гирифта, хисоботи аз чониби Кумитаи мазкур омадашуда барои барраси ба Шурои Нозирон пешниход карда мешавад.
  • Гайр аз ин, хар як аъзои Шурои Нозирон фаъолияти худро бахогузори намуда, хулосахои хешро бо Раиси Шурои Нозирон мухокима менамояд.

6.  КУМИТАХОИ ШУРОИ НОЗИРОНИ БОНК

  • Дар холати зарури Шурои Нозирон метавонад, кумитахои муваккати ва доимии кориро ташкил намояд. Кумитахои доими барои баррасии пешаки ва тахлили масъалахое, ки ба Шурои Нозирони Бонк ворид шудаанд, инчунин барои тайёр кардани тавсияхо аз руи натичаи баррасии онхо, ташкил карда мешаванд.

Фаъолияти кумитахои Шурои Нозирон, нисбатан батафсил бо низомномахои алохида доир ба кумитахо ба тартиб оварда мешавад.

  • Дар холати пеш омадани зарурияти махсус, бо максади мутобик сохтани фаъолият барои хал намудани масъалахои алохидаи фаъолияти ЧСП «Бонки Точикистон», кумитахои муваккати таъсис дода мешаванд.
  • Шурои Нозирон барои дида баромадани кумита ва барои ба мухокима дар мачлиси Шурои Нозирон омода намудан, масъалахоеро ирсол медорад, ки ба салохияти он дахл доранд.
  • Шурои Нозирони Бонк хукук дорад дар фаъолияти як ва ё якчанд кумитахои дар назди Шурои Нозирони Бонк таъсисдодашуда ширкат намояд, вале на дар бештар аз ду кумита.
  • Раиси Кумита хукук дорад дар холати зарури ба кори Кумита аъзои Шурои Нозиронро, ки ба хайати кумита дохил намешавад, инчунин кормандони Бонк ва коршиносони берунаро барои машварати дахлдор чалб намояд.
  • Дар доираи фаъолияти худ, кумитахои доими ва муваккати ба Шурои Нозирони Бонк барои кабули карори нихои, тавсияхо омода намуда, пешниход мекунанд. Аъзоёни Шурои Нозирони Бонк барои карорхое, ки аз чониби онхо дар асоси тавсияхои кумитахо кабул шудаанд, чавобгариро ба душ доранд.

7.  ТАСДИК КАРДАН ВА ВОРИД НАМУДАНИ ТАГЙИРОТ БА НИЗОМНОМА ДАР БОРАИ ШУРОИ НОЗИРОН

 7.01.Низомнома дар бораи Шурои Нозирони ЧСП «Бонки  Точикистон», инчунин хамаи тагйироту иловахо ба он, аз чониби Мачлиси умумии сахмдорон, бо аксари овозхои аз чор се хиссаи сахмдорони дар Мачлиси умуми иштирок намуда, кабул карда мешавад.

      7.02.Пешниходхо доир ба тагйироту иловахо ба Низомнома, бо тартибе ворид карда мешаванд, ки барои даровардани пешниходхо ба рузномаи Мачлиси умумии сахмдорон пешбини шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …