Главная / Гуногун / “Шуриши сипохиён” ва тагйири идораи мустамликавии Хиндустон

“Шуриши сипохиён” ва тагйири идораи мустамликавии Хиндустон

Солхои 1857 – 1859 дар Хиндустон ба мукобили мустамликадорони англис шуриши калоне ба амал омад, ки он бо номи “Шуриши сипохиён” машхур аст. Харчанд дар ин шуриш асосан аскарони англисии баромадашон аз Хиндустон ширкат варзиданд, вале он дар байни халки ин мустамликаи Британия хамовозии калон пайдо намуд. Англисхо тавассути аскарони хиндустони ба мукобили халки ин мамлакат мубориза мебурданд ва инчунин онхоро дар забт намудани мустамликахои нав истифода мекарданд. Ба маъмурияти мустамликадории англис муяссар гардид, ки бо мушкилии зиёд шуриши сипохиёнро пахш кунад. Сиёсати пештараи мустамликадории англис дар Хиндустон баъди ин шуриш дер давом карда наметавонист, зеро он хукукхои халкхои Хиндустонро хаматарафа поймол менамуд.

46-1

Шуриши халкии солхои 1857 – 1859 англисхоро мачбур кард, ки ба системам мустамликадории худ баъзе тагйирот дохил намоянд. 2 августи соли 1858 парламенти Англия дар бораи идораи Хиндустон конуни махсус кабул кард, ки мувофики он, идораи ин давлат аз ширката Ост-Индия ба ихтиёри шохи Англия гузашт. Моликияти ширкат аз хукумати Англия шуд. Сохибони сахмияхои ширкати Ост-Индия аз хисоби андоздихандагони хинди чуброн карда шуданд. Оид ба Хиндустон вазорати алохида ташкил дода шуд, ки дар назди он бо ваколатхои маслихати аз чумлаи мансабдорони мустамликави Шурои Хиндустон таьсис ёфт. Генерал-губернатори англиси унвони ноиби шохи Англияро гирифт.

Тачрибаи талхи шуриши халкиро ба назар гирифта, солхои 1860-1861 англисхо дар Хиндустон артиши мустамликавиро аз нав сохтанд. Дар он шумораи хайати чузъу томхои англисиро нисбат ба хайати шахсии чузъу томхои сипохиён зиёдтар карданд. Дар кори аз хисоби халкхои махалли ташкил кардани дастахои алохидаи артиш онхо принсипи бо хамдигар мукобил гузоштани гуруххои этники, кастахо ва дину мазхабро истифода бурданд. Дар баробари ин бо максади дар байни халки махалли такягох пайдо намудан имконият фарохам оварда шуд, ки ашрофзодагони махалли дар вазифахои афсархои артиши мустамликави хизмат кунанд.

Англисхо аз сиёсати радкунии табакахои болоии феодалии Хиндустон даст кашида, ба онхо хукукхои муайян доданд. Масалан, князхо хукук пайдо намуданд, ки меросхури худро пешаки эълон кунанд. Он аъзои табакаи болоие, ки хангоми шуриши сипохиён англисхоро дастгири карда буданд, аз тарафи мустамликадорон заминхои зиёд тухфа гирифтанд. Тавре ки мебинем, иттифоки феодалхои хинди бо режими мустамликави дар хиёнат ба манфиатхои миллии Хиндустон асос ёфта буд. Назорат аз болои фаъолияти князихои тобеъ тавассути “департаменти ассси”-и назди ноиби шох ва намояндагони дар пойтахтхои князихобудаи у ба амал бароварда мешуд. Ба ин амалдорон чузъу томхои артиши англисию хинди такягохи боэътимод буданд.

Интихоби рохи бастани иттифок бо князхо ва заминдорони феодали кисми таркибии васеъ ва мустахкам кардани базаи ичтимоии режими мустамликави буд. Бо хамин максад соли 1861 дар назди ноиби шох ва губернаторхои музофотхо шурохои конунгузори салохияти маслихатдошта ташкил карда шуданд. Хайати онхо аз намояндагони табакахои дорои Хиндустони Британияи Кабир иборат буд. Мусгамдикадорон системаи додгохи Хиндустонро низ аз нав сохта, онро ба системаи додгохи англиси як кадар наздик кунонданд.

Тагйирот дар идораи мустамликавии мамлакат хам ба мустахкам кардани дастгохи давдатии идораи Хиндустон ва хам барои ташкил намудани такягохи мустахками ичтимоии режими мустамликави равона карда шуда буд. Дар нимаи дуюми асри XIX ташаккули дастгохи давдатии идораи Хиндустон асосан ба охир расид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …