Главная / Гуногун / Шуриши Махмуди Тороби

Шуриши Махмуди Тороби

Аз солхои 30-юми асри ХIII дар байни ахолии вохахои зироати ва пешаварони шахр чунбиши зидди золимони ачнаби ва махалли шуруъ гардид. Ин чунбиш махсусан дар Бухоро пуркувват шуд ва дар соли 1238 шурише дар ин чо ба амал омад, ки бо номи «шуриши Махмуди Тороби» машхур аст.[1]

Бухороро асосан намояндагони аъён ва ашрофи феодалии махалли (амирон ва садрхо), ки дар зулм кардан ба халк аз хонхои мугул акиб намемонданд, идора мекарданд. Бинобар ин, хеч чои тааччуб нест, ки аввалин душмани бархурдаи шуришиён хукмронони махаллии Бухоро буданд.

Рохбари шуриш «Махмуд» ном яке аз пешаварони элакбофи дехаи Тороб буд. Вай дар кучахои Тороб ва дехахои атрофи он нуткхои газабнок эрод карда, оммаро ба муборизаи зидди зулми истилогарон ва тарафдорони онхо даъват намуд. хукмронони Бухоро дар садади дастгир кардани у афтоданд. Пас аз он ки кушиши фуру нишондани шуриш натичае набахшид, онхо хостанд, ки Махмудро бо фиреб аз Тороб ба Бухоро бурда, дар он чо ба катл расонанд ва, ба ин тарика, шуришро бе рахбар кунанд. Лекин Махмуди Тороби касди душманро пешаки фахмида, хатари тахдидкунандаро бартараф намуд. У ба Бухоро танхо нарафта, бисёре аз пайравонашро бо худ гирифт.

Тарафдорони пуршумори Махмуд дар яке аз теппахои наздикии шахри Бухоро чамъ шуданд ва Махмуд дар хузури иддаи зиёди ахолии захматкаш нутк эрод намуд ва мардумро ба муборизаи мусаллахона даъват кард. Ин нутки Махмуди Тороби хеле муваффакият пайдо кард. хамаи ахолии махалхои атроф омада ба у хамрох шуданд. Вакте ки Махмуд кувваи бузурге чамъ намуд, аз рухониён, садрхо ва дигар намояндагони табакаи хоким талаб намуд, ки уро халифа хонанд. Намояндагони синфи хоким ба вазъияти танг афтоданд: азбаски халк тамоман ба тарафи шуришиён гузашта буд, онхо ба чуз кабул кардани талаби Махмуд дигар чорае надоштанд. Махмуд касри пешвои киёми халки — Малик Санчарро, ки дар соли 1206 сохта шуда буд, икоматгохи худ мукаррар карда, ба ичрои накшахояш икдом намуд. Садрхо ва соири намояндагони табакаи хоким аз шахр ронда шуданд.

Муаррих Чувайни, ки шуриши Махмуди Торобиро аз мавкеи синфии худ бо назари манфи тасвир намудааст, дар бораи тадбироти нисбат ба синфхои хоким пеш гирифтаи Махмуд чунин менависад: «Вай аксарияти одамони начиб ва мухтарамро тахкир намуд ва кисми дигари ин гурух гурехта, худро аз у халос карданд».

Дар айни замон Чувайни мачбур шудааст эътироф намояд, ки у (Махмуди Тороби) ба мардуми авом ва дарбадарони бехонумон хайрхохи мекард… Одамонро ба хонахои тавонгарон мефиристод, ки аз он чо хайма ва колин оварда урдугох созанд.

Аз ин суханони Чувайни маълум мешавад, ки Махмуд барои мархилаи минбаъдаи мубориза ба тарзи чидди тайёри медидааст. У ба хуби медонист, ки «бузургони» Бухоро аз муковимат даст намекашанд ва онхо барои баргардонидани хокимияти аздастрафтаи худ, албатта, кушиш хоханд кард.

Садрхо ва дигар намояндагони табакаи хоким дар Кармина карор гирифта, бо хамрохии куввахои мусаллахи мугулхо низ ба чанг омода мегардиданд.

Дар наздикии шахри Бухоро дар байни шуришиён ва аскарони мугул мухорибаи сахте ба амал омад. Кувваи шуришиён хеле хуб ташкил шуда буд. Онхо бо шучоат ва мардонаги мечангиданд. Махмуди Тороби шахсан хамеша дар миёни корзор буд. Ахолии дехахои атроф бо каланд ва табар мусаллах шуда, ба кумаки шуришиён омаданд. Ин хеле галабаи шуришиёнро тезтар намуд. Кушуни мугулхо ва феодалони махалли шикаст хурда, акиб нишастанд. Шуришиён онхоро то Кармина таъкиб намуда, аксарашонро нобуд карданд. Чунон ки Чувайни тасдик мекунад, дар ин мухориба 10 хазор кас кушта шуд.

Лекин чараёни мубориза ба зуди тагйир ёфта, шуриш ба шикаст дучор гардид. Пешво ва ташкилкунандаи он — Махмуди Тороби дар наздикии Кармина кушта шуд. Дигар аз рохбарони боистеъдоди шуришиён, дусти Махмуд – Шамсиддин Махбуби низ халок гардид. Шуришиёне, ки аз сардор махрум монда ва аз чихати ярок камбуди доштанд, чанд руз пас аз ин вокеа комилан маглуб гардиданд. Ахолии Бухоро ва сокинони атрофи он ба тарзи берахмонае катлу горат шуданд.

Чувайни дар вокеаномаи худ бо хар васила кушиш кардааст, ки симои Махмуди Торобиро бар хилофи хакикат нишон дихад. У Махмудро хамчун як марди мутаассиби нимдевона тасвир намуда, мегуяд, ки аз паси вай факат «мардуми авом ва дарбадар» мерафтанд. Ин суханони душмани синфии шуриши халк бори дигар ба исбот мерасонанд, ки чунбиши Махмуди Тороби хакикатан дорои хусусиятхои халки будааст.

Шуриши Махмуди Тороби на факат ба мукобили госибони мугул ва зулми онхо, балки бар зидди рухониён, точирон ва феодалони махалли, ки истилогаронро пуштибони мекарданд, равона гардида буд. Барзгарон ва пешаварон ба ин сабаб аз паси Махмуд рафтанд, ки у ба мукобили зулму чабри номахдуди тавонгарон сар бардошта, таксим намудани молу мулки онхоро дар байни факирон ва бенавоён талаб мекард.

Махмуди Тороби дар асл, бар хилофи Чувайни, ки «одами мутаассиби нимдевона» тасвир мекунад, як марди окили хеле шучоъ буд. У дар рохи манфиати халк аз хеч душвори ру намегардонд ва намехаросид. Аз ин чост, ки Махмуди Тороби дар таърихи халки точик ва дигар халкхои Осиёи Миёна макоми барчастаеро ишгол намудааст.

[1] Бартольд В.В., 1963 6, с. 545-547; Якубовский А. Ю., 1936, с. 101-135.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Андозхо дар Аморати Бухоро

Шакли гуногуни истисмори дехконон такрибан дар хамаи намуди замин мушохида мегардид. Махсусан, ахволи сокинони нохияхои …