Главная / Чамъият / Суратхисобхои бонки

Суратхисобхои бонки

Моддаи 56-и Кодекси Андоз. Суратхисобхои бонки

bank-bonk

Ташкилотхои карзи ухдадоранд:

-суратхисобхои бонкии шахсони вокеи ва хукукиро (ба истиснои суратхисобхои пасандозии шахсони вокеи) танхо бо пешниходи хуччатхое, ки аз чониби макомоти андоз додани раками мушаххаси андозсупоранда ё рамзи сабаби ба хисоб гузоштанро тасдик менамоянд, кушода, дар мухлати 5 руз ба воситаи шабакахои алокаи электрони ё дар шакли когази макомоти андозро дар хусуси аз чониби андозсупоранда кушодани суратхисобхои номбурда огох намоянд ва бе зикри раками мушаххаси андозсупоранда дар хуччатхои бонки бо суратхисобхо амалиёт анчом надиханд;

-пардохти андозхоро аз руи навбати мукаррарнамудаи конунгузории граждании Чумхурии Точикистон оид ба пардохти маблагхо аз суратхисобхои бонки, аз чумла аз суратхисобхои асъории андозсупорандагон анчом диханд;

-бо супориши андозсупоранда ба суратхисоби Хазинадории марказии Вазорати молияи Чумхурии Точикистон маблаги андозхоро дар мухлати на дертар аз рузи дигари баъди гузаронидани амалиёт чихати аз хисоб баровардани маблагхо аз суратхисоби бонкии андозсупоранда ба даромадхои бучети дахлдор дохил намоянд (гузаронанд);

-бо дархости хаттии макомоти андоз дар мухлати 5 руз иттилоотро дар бораи суратхисобхои бонки, бакия ва гардиши маблагхо дар ин суратхисобхои андозсупорандаи санчишшаванда ба макомоти андоз пешниход намоянд;

-хангоми кабули хуччатхои вобаста ба пардохти андозхо зикр намудани раками мушаххаси андозсупоранда, намудхои андозхои пардохтшавандаро (рамзхои андозхоро) талаб намоянд, инчунин дурустии нишон додани маълумотхои (реквизитхои) бонкии гирандаи пардохтро назорат кунанд;

– тибки дархости хаттии макомоти андоз дар мухлати 5 руз дар бораи суратхисобхои бонки, бакия ва гардиши маблагхо дар ин суратхисобхои андозсупорандахое, ки нисбат ба онхо карор дар бораи ба таври гайрисуди руёнидани карзхои эътирофшудаи андоз ва (ё) дар бораи андозсупорандагони бемасъулият кабул гардида, дар бораи онхо дар сомонаи электронии макоми ваколатдори давлати иттилоот чойгир карда шудааст, ба макомоти андоз маълумот пешниход намоянд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …