Главная / Маданият ва санъат / Сураи ихлос ба забони точики (Матн/Текст –MP3)

Сураи ихлос ба забони точики (Матн/Текст –MP3)

Сураи «ИХЛОС» ин сураи 112-уми китоби Куръони карим мебошад ва иборат аз 4-оят аст ва аз забони араби ба забони точики он хамчун «Тозашави» ва ё «Хакики» тарчума мешавад.

Мазмуни сураи ихлосро хадисхои зерин шарх медиханд. Ин сура ба кавли худ барои чазо додани шахсони бисёрхудогиро пешагирифта мебошад. Сураи Ал Ихлос барои нафароне, ки дар зиндаги рохгумкарда шудаанд рохи дурустро меомузонад.

Ин сура мисли дигар порахои Куръон дар шахри Макка ба паёмбар Мухаммад (Салаллохи Алайхи Васаллам) нозил (ирсол) шудааст. Он замонхо бисёрихо ба харгуна хайкалхо ибодат мекарданд ва ба мавчудияти Худои ягона шубха мекарданд, ки инро ба забони араби (Ширк) меноманд ва чунин амал дар дини ислом гунохи нихоят калон аст.

Сураи Ихлос

Одамони рохгумзада акидае доштанд, ки хар як кабила Худои худро дорад. Дар муснади (китоби хадисхо) Имом Ахмад омадааст, ки як шахси бисёрхудопараст аз паёмбар Мухаммад (САВ)  пурсидааст, ки ай паёмбар ба ман дар бораи Худованд бигу, ки у аз кадом кабила аст?. Пас хамон замон Парвардигор сураи «Ал Ихлос»-ро, нозил кардааст.

Хадисхои зиёд хастанд, ки оиди бузургии сураи 112-уми Куръон зикр мекунанд ва тибки он кайдхо ба мусалмонон маълум аст, ки агар шахсе Сураи Ихлосро 3-маротиба хонад пас ин кувваи ба аз 3-е як хиссаи Куръони мачидро хондан ба у хисобида мешавад.

Аксарияти шахсоне, ки ба мусулмон шудан кадам мегузоранд аз хондани сураи Ихлос огоз менамояд. Ин сабаби он нест, ки ин сураи кутоху осон дар ёд кардан аст, балки мантикаш дар баён ва эътироф кардани якккахудои мебошад.

Дар яке аз хадисхои расули Худо – Мухаммад (САВ) омадааст, ки хар касе ки Сураи ихлосро дусташ медорад, пас ба у алакай дар хамин дунё Бихишт тухфа карда мешавад.

Тирмизи зикр кардааст: Дар замони Паёмбар Мухаммад (САВ) як имоме дар кабилаи Бану Салом, зиндаги мекардааст ва у дар хар як ракати намозаш аввал сураи Ихлосро мехондаст ва баъдан дигар сурахоро. Мусалмонони дигар ба ин холат хайрон шуда аз у мепурсанд, ки чаро вай чунин мекунад. Дар чавоб Имом мегуяд ки ин сураро дусташ доред.

Ба чавоби Имом мусалмонон каноат накарда ба назди паёмбар Мухаммад (САВ) рафта аз ин холат баён мекунанд. Дар навбати худ Мухаммад (САВ) аз имом мепурсад, ки чаро чунин аст. Дар чавоб имом мегуяд, ки дусташ бояд дорем. Паёмбар пас аз шунидани ин чавоб ба имом хабари хушро гуфт. Яъне харкасе, ки сураи Ихлосро, дуст медорад пас рохаш ба суи Бихишт карор дорад.

СУРАИ «ИХЛОС»

Дар шахли матн (текст) – тарчума ба забони точики бо мазмунаш

Бис Миллохи Рахмонир Рахим Ба номи Худои бахшояндаи мехрубон!
Кулху Аллоху Ахад Бигу: «уст Худои якто
Аллоху-Самад Худое, ки дар хочат ба у ру оранд
Лям ялид ва лям юлад На зодааст ва на зода шуда
Ва лям якуллаху куфууан Ахад Ва на хеч кас хамтои уст!»

СУРАИ «ИХЛОС»

Аудио  (гирифтан – скачать)

Видео

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …