Главная / Илм / Сунбул чи гуна ба организ фоида дорад?

Сунбул чи гуна ба организ фоида дорад?

Сунбул  ( ба русс. Гиацинт)  — ин растаниест баргаш ба барги кашниз монанд, поя надорад. Тухмаш дар гирдогирди баргхои болигаш чой гирифтааст, ки аз спорахо иборат мебошад. Ин дар чохои намнок, дар санг ва шухсангхои тар меруяд. Банди баргаш ришта барин борик ва сиёхи баррок мебошад.

  Кувваташ то шаш мох боки мемонад.   Мизочаш муътадил ва андак моил ба гарми ва хушкист.

sunbul  Хислатхои шифобахши он: инро дар об чуш дода, он обро бинушанд, ахлоти сафро, савдо ва балгамро аз меъда ва рудахо ронда, бо исхол дафъ мекунад, инчунин ба иллатхои узвхои даруни сина ва шуш, дамкутахи, зик-ун-нафас ва зардпарвин даво мешавад; хайз ва пешобро чори мекунад, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад; зиёни саги девона газидаро дафъ мекунад.

  Оберо, ки сунбул дар он чушонида шуда бошад, дар бини кашанд, зукомро дафъ мекунад. Ин обро дар бини ва бар сар бирезанд, бастагии сурохи биниро мекушояд ва зукомро ба ибро меоварад.

  Сунбулро куфта гузошта банданд, дарди сареро, ки аз бисёр чамъ шудани моддахои сардмизоч ба амал омада бошад, шифо мебахшад. Вале пухтаи онро бо равган хамир карда гузошта банданд, ба чохои гирдак- гирдак муйрехтаи сар ва риш муй меруёнад ханозер (хукгардан), носурхо ва дубайлахои (курярахои ) гуногунро дору мешавад.

  Ин гиёхро дар дахан хоида, оби онро ба гараб (раги обрав) ва носури чашм бичаконанд ё хоидаи онро бар он чо гузошта банданд, шифо мебахшад.

  Онро пухта гузошта банданд, варам ва сахтихои хояхоро тахлил медихад, мулоим мекунад.

   Сунбули тарро куфта гузошта банданд, захмхои хабисаро (злокачественные язвы) шифо мебахшад; захри газидаи саги девонаро бархам медихад; ба чохои гирдак-гирдак муйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, хусусан ки тарашро ба чохои муйрехта сахт бимоланд, муй меруёнад.

  Сунбулро куфта, бо магзи сори гов даромехта бимоланд, барои дарди сар бехад фоида мебахшад.

  Оберо, ки дар он сунбул чушонида шуда бошад, бо хокистари гиёхи он даромехта, бо шароб ва асал якчо карда, сар ва муйро бо ин таркиб бишуянд, барои захмхои сар дармон мегардад.

  Гиёхи инро сухта, ба сар гузошта банданд, рехтани муйро манъ мекунад ва агар рехта бошад, аз нав меруёнад, сар сабусак дошта бошад, дафь мекунад. Агар сухтаи инро бипошанд, захмхои хабисаро хушк ва сихат месозад, инчунин захмхои хурандаро ба ибро меоварад.

  Лекин хурдани сунбул ба сипурз зарар дорад. Дар ин холат гули бунафшаро истеъмол намоянд, зиёнаш ислох меёбад.

  Микдори як бор хурдан аз сунбул дар як руз то 25 грамм аст. Ва агар оберо, ки ин гиёх чушонида шудааст, нушидани бошанд, аз он дар об то 70 грамм андозанд.

  Агар ёфтани сунбул душвор гардад, ба чойи ин барои беморихои шуш баробари вазни он гули бунафша ва нисфи вазни он решаи бепусти ширинбияро истеъмол фармоянд, равост.

  Яке аз хислатхои сунбул чунин аст, ки агар дар бадан тир даромада бошад, гиёхи тари инро куфта, аз чониби бароиши тир гузошта банданд, тирро кашида берун меоварад. Боз як хислати начибе дорад, ки инро куфта, ба нохунаки чашм бичаспонанд, онро сихат мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …