Шукр кардан бар неъматхо
Бидон хамчунон, ки ибодат кардани Хак таъоло бар банда вочиб аст, шукри неъматхои у низ бар бандагонаш вочиб аст.
Шукри неъмат он аст, ки ба Худованд оси нашави дар неъматхои вай. Яъне неъмати Хак таъолоро ба гайри ризои вай сарф накуни.
Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам фармуданд: – Чабраил алайхи-с-салом маро хабар дод, ки дар Бани Исроил обиде буд, панчсад сол Худоро ибодат карда. У бар сари кухе чой дошт, ки чахор тарафи он кух дарёи талх буд. Ба дуои он обид Худованди таъоло уро бад-он маком расонид ва дар он баланди чашмаи оби ширин аз барои он биёфариду бар канори чашма дарахти анор ва он дарахт ба кудрати Илохи хар руз як дона анор мегирифт. Обид хар шабонгох об аз он чашма мегирифт ва он анорро аз шохи дарахт гирифта, рузаашро мекушод ва хар вакте ки намоз мегузорид, дуо мекард: – Бор Худоё, дар вакти мурдан чони маро дар сачда бардор ва касеро фармон мадех, ки маро ба хок дафн кунад, то дар киёмат аз сачда бархезам.
Худои азза ва чалла дуои вайро кабул карду чони вайро дар сачда бардошт ва у хамчунон дар сачда аст, то киёмат. Пас Чабраил алайхи-с-салом гуфт: – Хак таъоло маро доно гардонид, бо он ки уро дар киёмат зинда гардонад ва фармон кунад Худои таъоло, ки бандаи ман ба бихишт дарои ба фазли ман.
Обид гуяд, ки ман ба мехнату ибодати худам ба бихишт медароям, на ба фазли ту.
Худованд ба малоика супориш дихад, ки бандаи манро хисобот гиред. Неъматхое, ки ман уро додам ва ба тоати панчсадсолае, ки уро ба назди ман аст.
Малоика хисоб кунад. Неъмати биноии чашм аз панчсадсола тоати вай зиёда ояд. Фармон ояд, ки эй банда, ба оташ дарои.
Чун фариштагон уро ба суи дузах кашанд, обид фарёд барорад, ки Худоё, ба фазли худ маро ба бихишт дохил кун.
Фармон расад, то обидро ба хисобгох оранд.
Он гох Худованди таъоло гуяд: – Бандаи ман, туро ки офарид, баъд аз он ки мавчуд набуди?
Банда гуяд: – Бор Худоё, ту офариди.
Гуяд: – Ин офаридан аз чониби ту буд ё аз рахмати ман?
Банда гуяд: – Худоё, аз рахмати ту.
Боз Худованд гуяд: – Typo бурдам бар сари кухи баланд, ки пайдо кард аз миёни оби талх оби хушу ширин ва хар шаб, ки руёнид аз он дарахт анори тоза, хол он ки дарахти анор дар як сол як бор мева медихад. Боз хости, ки чони туро дар сачда бардорам, хамчунон кардам, ки ту хости. Ин хамаро ки ато кард барои ту?
Банда гуяд: Худоё, тy ато карди.
Пас Худованд гуяд: – ба фазлу рахмати ман ба бихишт дарои.
Он гох обидро ба фазли Худованд ба бихишт дароранд.
Чабраил алайхи-с-салом фармуд: – Хамаи чизхо ба рахмати Худованд аст. Аз ин чихат аст, ки хазрати шайх Саъди гуфтааст, ки дар хар нафасе, ки инсон мекашад, ду неъмати Худованд мавчуд аст ва ба хар неъмате шукр вочиб аст. Яъне агар инсон нафас накашад, у зинда намемонад ва ё нафас кашаду нафасро берун набарорад, дар он сурат хам зинда намемонад.
Пас маълум шуд, ки дар омадану рафтани нафас ду неъмати бузург будааст.
Боз Саъдии бузург мегуяд, ки ба хар нафасе ду неъмат мавчуд бошад ва ба хар неъмате шукре вочиб бошад аз дасту забони ки мебарояд, ки шукри ин неъматхои илохиро ба чо орад, хеч кас наметавонад, ки аз ухдаи ин барояд.
Боз шайх Саъди мегуяд, ки барои банда хамон бех, ки аз 1 кутохи ва очизии худ узр ба даргохи Худо оварад. Набошад, он чунон ки хазрати Худованд лоик ва сазовори парастиш аст, хеч инсон наметавонад, ки онро ба чо оварад.
Илохи, мо мискинонро тавфики гузоридани шукр бар неъматхои худ арзони дори ва ба фазли худ моро ба бихишти анбарсиришт дохил гардони, омин.