Главная / Гуногун / Сухани табрикоти ба муносибати 23 май – Рузи чавонон

Сухани табрикоти ба муносибати 23 май – Рузи чавонон

Хамкасбони азиз! Чавонони гироми!

Шумо ва дар шахси шумо хамаи чавонони кишварро ба муносибати Рузи чавонон самимона шодбош гуфта, ба роятон тансихати, хонаободи ва дар фа ъолияти ояндаатон дар макомоти андоз дастовардхои беназирро хохонам.

1025165844Чавонон дар хама давру замон неруи пешбарандаи чомеа ба хисоб мераванд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулху вахдати милли Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон чунин таъкид кардаанд: “Имруз чавонони мо бо азму иродаи кави ва бо завки баланд илму донишхои муосирро азхуд намуда, дар сохахои гуногуни хаёти давлату чомеа ва ба хотири рушди киш вари махбубамон саъю талоши фаъолона доранд ва аз ин ру, имруз рушди сиёсиву иктисоди ва ичтимоиву фархангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи чавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”.

Фаъолияти мехнатии мову шумо ба яке аз сохахои мухимтарини хаёти мам лакат  гани гардонидани кисми даро мади бучет ва сахмгузори ба пешрафти иктисодиёту ичтимоиёти кишварамон равона шудааст ва ин амал аз хар яки мо, дар ичрои вазифахои ба зиммаамон гу зошташуда масъулияти баландро такозо менамояд.

Имруз макомоти андози мамлакат дар таъмини фаъолияти устувори низоми моли яи кишвар, каноатманд намудани ниёзхои ичтимои ва давлатдори накши бисёр мухим ва хатто халкунандаро мебозанд.
Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар самти ба кор чалб намудани кадрхои чавони балан дихтисос шароити мусоид ва имконияти бештар фарохам оварда, корхои муайяне ба анчом расонидааст. Бояд кайд кард, ки холо аз 1658 нафар кормандхизматчиёни давлатии макомоти андоз 486 нафар ё 29 фоизи онхоро чавонони то 30  сола ташкил медиханд.

Мехохам таъкид намоям, ки имрузхо макомоти андоз ба мутахас сисони сохибихтисоси сохаи андоз, до нандаи технологияхои иттилооти ва забонхои хоричи ниёз дорад. Дар соли
2019 бо максади шаффофияти кабул ва чобачогузории кадрхо, инчунин, мусоидат барои баландравии мансабии корман дон дар макомоти андоз, тибки тартиби мукарраршуда, дар 4 давр озмун гузаро нида шудаанд.

Дар озмунхо 864 довталаб иштирок на муданд, ки аз ин 284 нафарашон аз озмун гузашта, ба мансабхои холи ва мансаби нисбатан баландтари маъмурии хизмати давлати таъин карда шуданд. Бояд гуфт, ки 161 нафари онхоро чавонон ташкил медиханд.

Дар семохаи якуми соли 2020 дар 1 давр озмун гузаронида шуд, ки дар он 349 нафар довталаб иштирок намуданд, ва аз ин шумора 134 нафар аз озмун гузашта, ба мансабхои гуногун дар макомоти андоз таъин карда шуданд.

Рохбарияти Кумитаи андоз бо дарна зардошти махдудияти шумораи бастхои кори ва мурочиатхои сардорони макомоти худудии андоз оид ба норасоии кадрхо, инчунин, бо максади дастгири ва омода кунии кадрхои чавон тайи солхои охир кабули кормандони шартномавиро ба рох мондааст. Кабули кормандони шартномави тавассути озмун, асосан, аз хисоби чавонон амали карда шуда, маоши онхо аз хисоби маблагхои суратхисоби махсуси Кумитаи андоз ба рох монда мешавад.

Шумораи кормандони шартномавии макомоти андоз ба холати 1 майи соли
2020 102 нафарро ташкил медихад, ки аз он 8 нафар дар дастгохи марказии Кумитаи андоз ва 94 нафар дар макомоти худудии андоз фаъолият намуда истодаанд.

Дар давоми соли 2019 ва давраи сипа ригардидаи соли 2020 баъд аз омодагии пурра ва шиносои бо самтхои асосии фаъолияти макомоти андоз кормандони шартномавии дар макомот зиёда аз 6 мох фаъолият дошта, дар озмунхо фаъолона иштирок намуданд, ки 88 нафари онхо аз озмун гузашта, дар макомоти андоз ба мансабхои гуногун таъин карда шуданд.

Хотирнишон месозам, ки як зум ра чавонони Кумитаи андоз дар ичрои ухдадорихои мансаби ва риояи интизоми мехнати масъулияти баланд нишон дода, сазовори боварии рохбарият гардидаанд. Тибки хислатномахои рохбарони вохидхои сохтори кормандони чавон  Сайфиддинова Манижа, Рахматова Гулноза, Фозилов Шер вон, Мирмадов Хисрав, Касирзода Дило вар, Абдувализода Хазратулло, Каримзода Фазлиддин ва Чомии Абдурахмон дорои интизоми хуби мехнати буда, ухдадорихои мансабии худро софдилона ичро карда, истодаанд ва баъзеи онхо, аллакай, ба мансабхои баландтар низ таъин шудаанд.
Бо максади хавасмандгардонии кормандони макомоти андоз чихати софдилона ичро намудани ухдадорихои мансаби дар асоси хулосаи Комиссия “Дар бораи муайян намудани Нозири андози бехтарини соли 2019” 12 нафар корманди макомоти андоз хамчун нозири андози бехтарини соли 2019 хисобида шуданд, ки аз ин 6 нафар ё 50 фоизи онхоро чавонон ташкил медиханд. Кормандон Давлатов Точиддин, Одинаев Дилшод, Ободов Мухаммадрофеъ, Зоиров Назирчон, Неъ матзода Искандар ва Мирзомуддинов Кадриддин аз хамин чумлаанд.

Кумитаи андоз чихати баланд бар доштани эхсоси ватандориву ватандусти, хисси худшиносии милли ва зиракии сиё сии чавонон пайваста чорачуи менамояд. Дар ин раванд таъмини шаффофияти фаъолияти макомоти андоз ва пешгири на мудани зухуроти номатлуби коррупсиони барои тарбияи хисси ватандори дар миёни чавонон ва муносибати содикона ба давлатдории имруза мохияти хоса пайдо мекунад.
Бояд кайд намоям, ки дар дастгохи маркази ва макомоти худудии андоз барои фаъолияти самаранок шароити мусоиди кори фарохам оварда шуда, кормандон бо хучрахои кори ва технологияи хозиразамони иттилооти  компютеру сканерхо, факсхо ва дастгохи нусхабардори таъмин шудаанд.

Мехохам ёдрас шавам, ки дар ин ба робар, мутаассифона, баъзе аз чавонони макомоти андоз ба вайронкунии интизоми мехнати рох дода, ухдадорихои мансабии худро ба таври дахлдор ичро намекунанд ва барои баланд бардоштани сатхи дониши касби саъю кушиш наменамоянд. Холатхои аз тарафи баъзе кормандони чавон мунтазам ба чойи кори дер омадан низ ба назар мерасанд.

Хатто, ба амалхои номатлуби коррупсиони даст задани чавонон низ мушохида мегардад, ки ки ин амали онхо ба шаъну шарафи корманди макомоти андоз иснод меоварад.
Мехохам изхори бовари намоям, ки дар оянда чавонони мо хисси баланди масъулиятшиноси ва сатхи баланди касби нишон дода, ба амалхои номатлуб рох нахоханд дод.

Шуморо, бори дигар бо Рузи чавонон табрику тахният гуфта, бароятон саломатии бардавом, малакаи баланди касби ва бахту саодат орзу менамоям. Итминон дорам, ки шумо  чавонон, минбаъд низ бо хисси ватандусти ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва рушди иктисоди Ватан, хамчунин, таъмини сулху субот ва тахкими пояхои истиклолияти давлати сахми арзанда мегузоред.

Ид муборак!

Сухани табрикотии Раиси Кумитаи андози назди Хукумати
Чумхурии Точикистон Давлатзода Нусратулло Муким
ба муносибати 23 май – Рузи чавонон

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …