Конуни Чумхурии Точикистон
Дар бораи сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи
(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.2011, №7-8, мод.612; Конуни ЧТ аз 23.11.2015 с., № 1252)
Конуни мазкур асосхои хукуки, ташкили ва молиявии низоми сугуртаи хатмии пасандозхои шахсони вокеи, аз чумла тартиби таъсис ва фаъолияти Хазинаи сугуртаи пасандозхои шахсони вокеиро мукаррар карда, химояи хукук ва манфиатхои пасандоздорон ва тахкими боварии ахолиро ба низоми бонкии Чумхурии Точикистон таъмин менамояд.
БОБИ 1.
МУКАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– сугурта– муносибат оид ба химояи манфиатхои пасандоздорон аз хавфи муфлисшавии ташкилотхои карзи;
– холати сугуртави – бозхонди ичозатномаи ташкилоти карзи, бархамдихии мачбурии ташкилоти карзи тибки карори суд бе асосхои муфлисшави ё бо асосхои муфлисшави мутобики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи бархамдихии ташкилотхои карзи”, ки сабаби ба вучуд омадани ухдадории Хазинаи сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи оид ба чуброни пули сугурта ба пасандоздорони ташкилоти карзии муфлисшуда мегардад;
– ташкилотхои карзи – шахсони хукукие (бонкхо, ташкилотхои карзии гайрибонки, аз чумла ташкилотхои маблаггузории хурд), ки дар асоси ичозатномаи Бонки миллии Точикистон хама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар конун пешбинишударо ичро менамоянд;
– пасандоз– маблаге, ки бо шарти пардохти фоизи муайян хукуки истифодаи муваккатиаш ба ташкилоти карзи дода шудааст;
– пасандоздор– шахси вокеие, ки дар ташкилоти карзи пасандоз дорад;
– Хазинаи сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи (минбаъд – Хазина) – шахси хукукии гайритичорати, ки дорои тавозуни мустакил ва мухри мудаввар бо сабти номи худ ва акси Нишони давлатии Чумхурии Точикистон буда, хукуку манфиатхои конунии пасандоздоронро бо рохи пардохти чубронпулии сугурта химоя менамояд;
– пасандозхои сугурташуда – пасандозхое, ки тибки Конуни мазкур объекти хатмии сугурта мебошанд; (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1252)
– касри Хазина – маблаги нокифояи Хазина, ки барои чуброни пули сугуртаи пасандоздорон зарур аст;
– пардохтхо – хакки узвият, пардохтхои таквими ва иловаги, ки ташкилотхои карзи мутобики Конуни мазкур ба Хазина пардохт менамоянд;
– чубронпулии сугурта – маблаге, ки пасандоздор ба гирифтани он мутобики Конуни мазкур хангоми фаро расидани холати сугуртави хукук дорад.
Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипхои асосии сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи
Принсипхои асосии сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи инхо мебошанд:
– хатми будани узвият ба Хазина барои ташкилотхои карзие, ки хукуки чалби пасандозхои шахсони вокеиро доранд;
– шаффофияти сугурта кардани пасандозхои шахсони вокеи дар ташкилотхои карзи.
БОБИ 2.
ХАЗИНАИ СУГУРТАИ ПАСАНДОЗХОИ ШАХСОНИ ВОКЕИ
Моддаи 4. Макоми хукукии Хазина
- Хазина шахси хукукии гайритичорати буда, дорои тавозуни мустакилу мухр аст ва дар асоси шартномаи байни бонкхо ва Оинномаи вай, ки муассисони Хазина тасдик кардаанд, фаъолият мекунад.
- Махалли чойгиршавии Хазина шахри Душанбе мебошад.
- Хазина фаъолияти худро мутобики Конуни мазкур бе ичозатнома амали менамояд.
- Хуччати таъсисии Хазинаи сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи Оинномаи он буда, шартхояш пурра ва дар хачме, ки нисбати Конуни мазкур мухолифат накунад, амал мекунад.
- Хазина вориси хукукии Фонди кафолати амонатхои шахсони вокеи буда, мутобики Конуни мазкур хукуку ухдадорихо, молу мулк ва кафолатхои онро ба зимма мегирад.
- Мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба танзими бозори сургурта ва фаъолияти сугуртави ба фаъолияти Хазина татбик намегардад.
Моддаи 5. Максадхои Хазина
Максадхои Хазина инхоянд:
– химояи хукук ва манфиатхои конунии пасандоздорон бо рохи пардохти чубронпулии сугурта тибки Конуни мазкур;
– тахкими боварии ахоли ба низоми бонкии Чумхурии Точикистон.
Моддаи 6. Вазифахои Хазина
- Хазина барои ноил гардидан ба максадхои худ:
– чубронпулии сугуртаро сари вакт муайян ва ба пасандоздорон пардохт мекунад;
– фехристдори ташкилотхои карзии низоми сугуртаи пасандозхои шахсони вокеии аъзои Хазина мебошад.
– пардохтхои ташкилотхои карзиро арзёби мекунад;
– чамъовари ва бахисобгирии пардохтпулихоеро, ки аз ташкилотхои карзи гирифта шудаанд, инчунин мониторинги саривактии онхоро амали менамояд;
– маълумот, хисобот ва иттилоотеро, ки барои фаъолияти Хазина зарур аст, аз ташкилотхои карзи мегирад;
– бо максади андухти молу мулки Хазина маблагхои Хазинаро сармоягузори, идора ва чойгир мекунад;
– дар сурати касри Хазина барои гирифтани карз ба Хукумати Чумхурии Точикистон мурочиат менамояд;
– аз Бонки миллии Точикистон андешидани чорахои ислохнамои ва таъсиррасониро нисбат ба ташкилоти карзи хангоми риоя накардани Конуни мазкур дархост мекунад;
– хангоми зарурат ва дар доираи конун ба ташкилотхои карзи амрнома дода, ичрои онро талаб менамояд;
– бо максади нигахдории боварии низоми бонкии Чумхурии Точикистон ба воситаи таъмини кафолати пасандозхои шахсони вокеи ахли чомеаро хабардор менамояд;
– харочоти амалиётии Хазинаро чуброн мекунад;
– вазифаи хизматрасонии молиявиро анчом медихад;
– дигар вазифахоро, ки барои ноил гардидан ба максадхои Хазина заруранд, ичро мекунад.
- Хазина, аъзои Шурои нозирон, Раис, кормандони Хазина ва дигар шахсоне, ки тибки талаботи Конуни мазкур дар доираи ваколатхои худ амал мекунанд, барои хар гуна зарар ё талафоти расонидаашон хангоми ичро намудани ваколатхои худ масъул намебошанд.
Моддаи 7. Маблаги Хазина
- Маблаги Хазина аз пардохтхо, даромад аз сармоягузори, маблаги аз Хукумати Чумхурии Точикистон карз гирифташуда, маблаги барои конеъгардонии шикояти пасандоздорон гирифташуда, ки манфиатхои онхо мутобики Конуни мазкур ба Хазина вогузор шудаанд, инчунин аз дигар маблагхое иборат мебошад, ки конун манъ накардааст.
- Андозаи нихоии маблаги Хазина дар хачми хафт фоизи хамаи пасандозхои шахсони вокеи, ки дар ташкилотхои карзи мавчуд аст, мукаррар карда мешавад.
Моддаи 8. Муносибати Хазина бо давлат
Хазина аз руи ухдадорихои давлат ва давлат аз руи ухдадорихои Хазина чавобгар нестанд, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррароти дигаре пешбини нашуда бошад.
Моддаи 9. Суратхисобхои Хазина
- Хазина дар Бонки миллии Точикистон суратхисоб дорад ва дар он бояд маблаги Хазина, ки барои чубронпулии сугурта зарур аст, нигох дошта шавад.
- Бонки миллии Точикистон аз руи суратхисоби Хазина фоиз пардохт намекунад.
- Хазина дар Бонки миллии Точикистон барои воридшавии маблаг, харочоти чори ва дигар маблагхои Хазина суратхисоби алохида дорад.
Моддаи 10. Сармоягузории Хазина
Хазина метавонад танхо ба когазхои киматноки Хукумати Чумхурии Точикистон, когазхои киматноки Бонки миллии Точикистон, когазхои киматноки давлатхои хоричи ё бонкхои марказии (миллии) хоричии бонуфуз сармоягузори кунад.
Моддаи 11. Хисоботдихии Хазина
- Соли молиявии Хазина аз 1 январ огоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад.
- Хазина ба Шурои нозирони Хазина (минбаъд – Шурои нозирон) хисоботдиханда мебошад.
- Хисоботи солонаи Хазина барои соли молияви аз тарафи Раиси Хазина хар сол то 15 феврал ба Шурои нозирон пешниход гардида, он аз тарафи Шурои нозирон то 15 марти соли молиявии оянда тасдик карда мешавад.
- Маълумоти чамъбасти дар бораи хисоботи солонаи Хазина, хисоботи тавозуни ва хисобот дар бораи фоида ва зарар дар давоми cи рузи баъди аз тарафи Шурои нозирон тасдик гардидани он дар воситахои ахбори омма нашр мегардад.
- Хисоботи солонаи Хазина аз инхо иборат аст:
– хисобот дар бораи фаъолияти Хазина дар соли молияви;
– тавозуни мухосибавии Хазина;
– хисобот дар бораи ичрои харчнома;
– тахлили холати низоми сугуртаи пасандозхо;
– тахлили истифодаи маблаги Хазина;
– дар бораи фоида ва зарари Хазина;
– тавозуни воситахои гардони Хазина;
– нусхаи Фехристи ташкилотхои карзи, ки дар охири соли молияви узви Хазина буданд.
- Фаъолияти Хазина хар сол мавриди санчиши аудитории беруни карор мегирад.
- Хазина хар сол то 30 апрел хисоботи солона ва хулосаи аудитро ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход менамояд.
БОБИ 3.
УЗВИЯТИ ТАШКИЛОТХОИ КАРЗИ БА ХАЗИНА
Моддаи 12. Узвияти ташкилотхои карзи ба Хазина
- Хар як ташкилоти карзие, ки ичозатномаи Бонки миллии Точикистонро барои чалби пасандозхои шахсони вокеи дорад, узви Хазина мебошад.
- Хазина дар давоми се рузи кории баъди пардохти хакки узвият ташкилоти карзиро дар Фехристи ташкилотхои карзии низоми сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи дохил намуда, ба он тасдикномаи узвиятро медихад.
Моддаи 13. Фехристдории ташкилотхои карзии низоми сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи
- Фехристдории ташкилотхои карзии низоми сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи ба зиммаи Хазина буда, он хар семоха дар воситахои ахбори омма нашр карда мешавад.
- Хазина дар холатхои зерин ташкилоти карзиро аз Фехристи ташкилотхои карзии низоми сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи хорич карда, тасдикномаи узвиятро бозхонд менамояд:
– хангоми бозхонди ичозатномаи ташкилоти карзи барои анчом додани фаъолияти бонки ва ба пасандоздорон пурра чуброн кардани пули сугурта;
– хангоми бозхонди ичозатномаи ташкилоти карзи барои анчом додани фаъолияти бонки бинобар бархамдихии мачбурии ташкилоти карзи бидуни асосхои муфлисшави ва ба пасандоздорон пурра чуброн кардани пули сугурта;
– хангоми рози будани Бонки миллии Точикистон барои ихтиёран катъ намудани фаъолияти ташкилоти карзи ва пурра ичро гардидани ухдадорихои он дар назди пасандоздорон.
- Хазина дар давоми се рузи кори ба ташкилоти карзи дар бораи ба Фехристи низоми сугуртаи пасандозхои шахсони вокеи дохил ё аз он хорич кардан ба таври хатти хабар медихад.
Моддаи 14. Ухдадорихои ташкилотхои карзи
Ташкилоти карзии узви Хазина ухдадор аст:
– мувофики Конуни мазкур пардохтхоро супорад;
– бахисобгирии пасандозхои сугурташударо бо тартибе, ки Хазина мукаррар кардааст ва он ба ташкилоти карзи имконияти гирифтани маълумоти пурраро дар бораи пардохти чубронпулии сугурта медихад, ба анчом расонад;
– ба Хазина бо тартибе, ки барои ичрои вазифахояш мукаррар кардааст, хисобот ва маълумот пешниход намояд;
– оид ба дарачаи сугуртаи пасандозхо ва узвият ба Хазина дар чойхои намоёни бинои ташкилотхои карзи маълумот чойгир намояд;
– дар бораи ихтиёран катъ намудани фаъолияташ пасандоздоронро хабардор намояд;
– ба Хазина оид ба хар холате, ки барои ичрои шартхои пасандозхои сугурташуда имкон намедихад, фавран хабар дихад;
– хангоми ба вукуъ омадани холати сугуртави фавран ба Хазина дар бораи пасандозхо маълумоти пурра пешниход намояд;
– санадхои меъёрии хукукии Хазина (коидахо, дастурамалхо ва гайра)-ро риоя намояд.
БОБИ 4.
ПАРДОХТХО
Моддаи 15. Хакки узвият
Ташкилоти карзи дар давоми се рузи баъди гирифтани ичозатномаи Бонки миллии Точикистон ба андозаи 0,5 фоизи хадди акалли сармояи оинномави хакки бебозгашти узвиятро ба Хазина бо пули милли пардохт мекунад.
Моддаи 16. Пардохтхои таквими
- Ташкилоти карзи бояд хар семоха ба андозаи 0,25 фоизи бакияи миёнаи семохаи гузаштаи пасандозхои шахсони вокеии дар ташкилоти карзи мавчудбуда, ки сугурта мешаванд, ба истиснои пасандозхои шахсони вокеии дар моддаи 24 хамин Конун номбаршуда, бо пули милли пардохтхои таквимии бебозгаштро пардохт намояд. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1252)
- Ташкилоти карзи ба суратхисоби Хазина то бистуми мохи якуми пас аз семохаи анчомёфта пардохтхои таквимиро пардохт мекунад.
- Бакияи миёнаи харрузаи тавозунии пасандозхои сугурташуда барои семоха заминаи хисобкунии пардохтхои таквими ба хисоб меравад.
- Барои мукаррар кардани пардохтхои таквими аз руи пасандозхои сугурташуда бо асъори хоричи бакияи харрузаи тавозунии онхо бо пули милли аз руи курби расмии мукарраркардаи Бонки миллии Точикистон дар охири руз истифода мешавад.
- Хар як ташкилоти карзи ухдадор аст хар се мох, ба шарти дар ин муддат дар ташкилоти карзи чой доштани холати сугуртави, дар рузи ба вукуъ омадани холати сугурта пардохтхои таквимиро пардохт намояд.
Моддаи 17. Пардохтхои иловаги
- Ташкилотхои карзи, ба истиснои ташкилоти карзие, ки дар он холати сугуртави ба вукуъ омадааст, бо максади рафъи касри Хазина ба андозаи дукаратаи пардохтхои таквими ба Хазина пардохтхои иловагии якдафъаинаро месупоранд.
- Мухлати пардохтхои иловаги аз чониби Хазина мукаррар карда мешавад.
Моддаи 18. Маблаггузории касри Хазина
- Хангоми нарасидани маблаг Хазина хукук дорад барои чуброни касри он ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба гирифтани карз мурочиат намояд.
- Хукумати Чумхурии Точикистон дар асоси мурочиати Хазина барои чуброни касри маблаги он оид ба чудо намудани карз, аз чумла шартхои хисоби кардан ва баргардонидани карз карор кабул менамояд.
Моддаи 19. Бахисобгирии пардохтхо
Маблаги хакки узвият, маблаги пардохтхои таквими ва иловаги, ки ташкилотхои карзи ба Хазина пардохт менамоянд, ба харочоти амалиётии онхо ворид карда мешаванд.
Моддаи 20. Чавобгари барои насупоридани пардохтхо
- Ташкилоти карзи дар холати пурра ё сари вакт пардохт накардани пардохтхои таквими ё иловаги ухдадор аст иловатан барои хар як рузи таъхир ба андозаи як фоизи маблаги пардохтнашуда ба Хазина ноустуворона супорад.
- Раиси Хазина дар бораи руёнидани ноустуворона ба ташкилоти карзи огохинома ирсол менамояд.
- Хангоми аз чониби ташкилоти карзи дар мухлати се руз ичро накардани огохиномаи мазкур, Хазина хукук дорад дар бораи руёнидани пардохтпулихои дахлдор бо ариза ба суд мурочиат намояд.
БОБИ 5.
ПАСАНДОЗДОРОН ДАР НИЗОМИ СУГУРТАИ ПАСАНДОЗХО.
ОБЪЕКТИ СУГУРТАИ ПАСАНДОЗХО.
АНДОЗА ВА ТАРТИБИ ПАРДОХТИ ЧУБРОНПУЛИИ СУГУРТА АЗ РУИ ПАСАНДОЗХО.
(КЧТ аз 23.11.15 с., № 1252)
Моддаи 21. Хукуки пасандоздорон
Пасандоздорон хукук доранд:
– чубронпулии сугуртаро аз руи пасандозхо бо тартиби мукарраркардаи Конуни мазкур гиранд;
– тибки дархост аз ташкилоти карзи ва Хазина дар бораи узвият ба Хазина ва дар бораи дарачаи сугуртаи пасандозхо, ки Хазина барои пасандозхо мукаррар намудааст, маълумот дастрас намоянд;
– хангоми дар ташкилоти карзи ба вукуъ омадани холати сугуртави аз вай пардохти фаркияти байни маблаги пасандози ибтидои бо фоизхои то охири рузи холати сугуртави хисобшуда ва чубронпулии пардохтшудаи сугуртаро талаб намоянд.
Моддаи 211. Объекти хатмии сугурта
Ухдадорихои ташкилоти карзи оид ба баргардонидани пасандозхои дар суратхисобхои бонки гузоштаи шахсони вокеи бо пули милли ва асъори хоричи дар сурати бархамдихии мачбурии он, ки бо шартномахои пасандози бонки ва (ё) суратхисобхои бонкии кортхои пардохтии маош ва нафака ва ё дафтарчаи амонат тасдик шудаанд, объектхои хатмии сугуртакуни ба хисоб мераванд.
(КЧТ аз 23.11.15 с., № 1252)
Моддаи 22. Чуброни пули сугуртаи пасандозхо
- Хангоми ба вукуъ омадани холати сугуртави Хазина ба пасандоздор маблаги пасандозхои дар ташкилоти карзи сугурташударо чуброн менамояд. Андозаи чубронпулии пасандозхо на бештар аз 350 (сесаду панчох) нишондиханда барои хисобхо мебошад. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1252)
- Агар пасандоздор дар ташкилоти карзи якчанд суратхисоби пасандози дошта бошад, он гох сугуртапули дар асоси андозаи умумии маблаги дар суратхисобхои пасандози мавчудбуда чуброн карда, ин суратхисобхо хамчун як суратхисоби пасандози дониста мешаванд.
- Фоизи пасандозхо аз руи меъёри муайянкардаи Хазина хисоб карда, дар охири рузи фаро расидани холати сугуртави пардохт карда мешавад, вале дар хар сурат андозаи чубронпулии сугурта, аз чумла фоизхои пардохтшуда набояд аз махдудиятхое зиёд бошад, ки дар кисми 1 моддаи мазкур мукаррар шудааст. Агар холати сугуртави дар якчанд ташкилоти карзи фаро расад, ки дар онхо пасандоздор пасандоз дорад, он гох андозаи чубронпулии сугурта барои хар як ташкилоти карзи алохида хисоб карда мешавад.
- Пасандозхое, ки бо пули милли гузошта шудаанд, бо пули милли чуброн карда мешаванд.
- Пасандозхое, ки бо асъори хоричи гузошта шудаанд, аз руи курби расмии Бонки миллии Точикистон, ки дар рузи ба вукуъ омадани холати сугуртави мукаррар карда шудааст, бо пули милли чуброн карда мешаванд.
- Пасандозхое, ки дар суратхисоби муштараки ташкилоти карзи нигох дошта мешаванд, хамчун як пасандоз дониста мешаванд ва чубронпулии сугурта ба сохибони суратхисоби пасандоз бо хиссахои баробар ё хиссахое, ки байни онхо мувофика шудааст, пардохт карда мешавад.
- Агар сохиби суратхисоби муштараки пасандоз дар ташкилоти карзи хисоби дигари пасандоз дошта бошад, он гох маблаги хиссаи пасандоздори пасандози муштарак бо маблаги дигари хисоби пасандоз якчоя карда, хамчун як пасандоз дониста мешавад.
- Агар яке аз падару модар хукуки ихтиёрдори кардани пасандозхои суратхисоби кудаки ноболигро дошта, манфиати кудаки ноболиг дар созишномаи пасандоз бо ташкилоти карзи зикр шуда бошад, дар ин холат чубронпулии сугурта барои кудаки ноболиг дар асоси бовари ба падар ё модар пардохт карда мешавад. Ин пасандоз аз хар гуна дигар суратхисобе, ки кудаки ноболиг манфиатдори он мебошад, алохида чуброн карда мешавад.
- Агар васи ё парастор хукуки ихтиёрдории хисоби пасандозро дошта, манфиатдори хисоби пасандоз дар созишномаи пасандоз бо ташкилоти карзи нишон дода шуда бошад, он гох ин гуна шахс хукук дорад чубронпулии сугуртаро бо боваринома барои шахсе, ки манфиатдори хисоби пасандоз аст, гирад ва ин гуна пасандоз аз хар гуна хисоби дигаре, ки манфиатдор дорад, алохида чуброн карда мешавад.
- Маблаги суратхисобхои пасандози падару модар, васихо ва парасторон, ки дар кисмхои 8 ва 9 моддаи мазкур зикр шудаанд, аз маблаги суратхисобхои пасандозхое, ки ба онхо шахсан мансубанд, алохида чуброн карда мешаванд.
- Агар пасандоздор дар ташкилоти карзи дар натичаи муттахидшави, хамрохшави ё табдилёбии ду ё зиёда ташкилоти карзи беш аз як суратхисоби пасандоз дошта бошад, он гох маблаги хар як суратхисоби пасандоз хамчун як пасандоз дониста, то рузи пардохти пасандоз ё маблаги суратхисобхо, агар бошанд, бояд алохида чуброн карда шавад.
- Барои пасандозхои сугурташуда, ки аз руи шартхои онхо мухлати пардохт дар рузи ба вукуъ омадани холати сугуртави фаро нарасидааст, мухлати пардохт дар хамин руз фарорасида хисобида мешавад.
- Барои пардохти чубронпулии сугурта Хазина метавонад бо ташкилотхои карзи чихати хизматрасонии хазинави созишнома бандад.
- Шахсе, ки хукуки пасандоздорро барои пасандозхо баъди фаро расидани холати сугуртави сохиб шудааст, ба гирифтани чубронпули хукук надорад.
Моддаи 23. Холатхои конеъ нагардонидани талабот
Ба пасандоздор ё шахсе, ки тибки Конуни мазкур хукуки гирифтани чубронпулиро надорад ва ба Хазина маълумоти бардуруг ё нодурустро пешниход кардааст, маблаг чуброн карда намешавад.
Моддаи 24. Холатхои чуброн накардани пасандозхо
Хангоми ба вукуъ омадани холати сугуртави чубронпули аз руи пасандозхои зерини шахсони вокеи пардохт карда намешавад:
– пасандозхое, ки ба онхо ташкилоти карзи барои хисоби кардани карзхо бо пасандоздорон дар доираи маблаги карзи пасандоздор хукук дорад;
– пасандозхое, ки тахти гарав карор доранд;
– пасандозхое, ки бо рохи чиноят ба даст омадаанд ё пасандозхое, ки аз чониби суд хабс карда шудаанд;
– пасандозхое, ки аз руи хулосаи Бонки миллии Точикистон вазъи молиявии ташкилоти карзиро бад кардаанд;
– пасандозхои аъзои Шурои нозирон ва бевосита хешовандони онхо, аз чумла хамсар, падару модар, фарзандон ё шахсони сеюми ташкилоти карзие, ки бо он шартномаи пасандози бонки бастаанд ё аз номи онхо дар ташкилоти карзи пасандоз гузоштаанд;
– пасандозхои шарикони ширкати аудитори, ки ба сифати аудиторхои ташкилоти карзи дар соли таквими пештар аз таърихи фаро расидани холати сугуртави чалб шуда буданд;
– пасандозхои шахсони вокеи, ки беш аз панч фоизи сахмияхои ташкилоти карзиро бо гирифтани манфиат дар ихтиёр доранд;
– пасандозхое, ки дар филиалхои хоричии ташкилоти карзи чойгир карда шудаанд;
– пасандозхои баробар ба хар гуна маблаги карзи пардохтнашудаи пасандоздор дар назди ташкилоти карзи.
Моддаи 25. Коидахои умумии пардохти чубронпулии сугурта
- Пасандоздор ё намояндаи у хукук дорад барои гирифтани чубронпулии сугурта дар давоми як соли ба вукуъ омадани холати сугуртави бо тартиби мукаррарнамудаи Хазина ба вай мурочиат кунад.
- Хазина дар давоми панч рузи пас аз ба вукуъ омадани холати сугуртави ва баъди аз ташкилоти карзи гирифтани маълумоти пурра оид ба ухдадорихо дар назди пасандоздорон дар бораи чой, вакт ва тартиби кабули дархостхо барои пардохти чубронпулии сугуртаи пасандозхо дар воситахои ахбори омма эълон интишор намуда, нусхаи онро ба ташкилоти карзи ирсол менамояд.
- Бо дархости пасандоздор Хазина маълумотеро, ки дар кисми 2 моддаи мазкур зикр гардидааст, фавран ба вай пешниход менамояд.
- Хазина ба пасандоздор дар давоми панч рузи баъди гирифтани дархост барои пардохти чубронпулии сугурта, беруннависи Фехристи пасандоздорони ташкилоти карзиро бо нишон додани суратхисоби пасандоз, инчунин бакияи хисобхо ва фоизхои хисобшударо дар рузи ба вукуъ омадани холати сугуртави ва чубронпулии сугурта пешниход менамояд.
- Хазина чубронпулии сугуртаро дар давоми дах рузи баъди пешниходи беруннависи Фехристи пасандоздорон ба пасандоздор пардохт карда, дар ин бора ташкилоти карзиро хабардор мекунад.
- Агар Хазина дар давоми дах рузи баъди пешниходи беруннависи Фехристи пасандоздорон чубронпулии сугуртаро пардохт накунад, он гох Хазина барои маблаги пардохтнашуда аз руи меъёри бозтамвили Бонки миллии Точикистон то рузи пардохти чубронпули фоиз пардохт мекунад.
- Чубронпулии пасандозхо имкон дорад аз тарафи Хазина ё бонки хизматрасони вай дар асоси аризаи пасандоздор дар шакли накдина ва гайринакдина тавассути гузарондани маблаг ба хисоби нишондодаи пасандоздор дар ташкилоти карзи пардохт карда шавад.
Моддаи 26. Тамдиди мухлати пешниходи дархост барои гирифтани чубронпули
- Пасандоздор ё намояндаи у бо ариза, ки шаклашро Хазина мукаррар мекунад, барои тамдиди мухлати гирифтани чубронпулии сугурта ба Хазина мурочиат мекунад.
- Мутобики аризаи пасандоздор Хазина метавонад мухлати мурочиати пасандоздорро барои гирифтани чубронпулии сугурта дар холатхои зерин тамдид намояд:
– агар пасандоздор мубталои бемории чисмони ё рухи гашта, кобилияти сари вакт мурочиат карданро барои гирифтани чубронпулии сугурта надошта бошад;
– дар холатхои фавкулоддае, ки пасандоздор барои мурочиат кардан чихати гирифтани чубронпулии сугурта имкон надошта бошад.
Моддаи 27. Тартиби пардохти хаки дархостхо барои чубронпули баъди тамдиди мухлат
- Агар Хазина мухлатро тамдид карда бошад ва дар давоми мухлати тамдидшуда пасандоздор мутобики моддаи 26 Конуни мазкур бо аризаи пардохти чубронпули мурочиат кунад, он гох Хазина дар давоми панч рузи баъди тамдиди мухлат беруннависи Фехристи пасандоздорони ташкилоти карзиро бо нишон додани суратхисоби пасандоз ё суратхисоби пасандоздор бо фоизхои то рузи холати сугуртави чамъшуда ва чубронпулии сугурта ба пасандоздор пешниход мекунад.
- Пасандоздор баъди гирифтани дархости чубронпули мутобики мухлати тамдидшудаи дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда хукук дорад чубронпулиро дар асоси беруннависи Фехристи пасандоздорони ташкилоти карзи гирад.
3.Хазина чубронпулии сугуртаро ба пасандоздоре, ки дар кисми 1 моддаи мазкур зикр шудааст, дар давоми панч рузи баъди гирифтани дархост пардохт мекунад.
Моддаи 28. Ихтилофот дар мавриди чубронпулии сугурта
- Хангоми норози будан аз чубронпулии сугурта, пасандоздор метавонад мутобики моддаи 27 Конуни мазкур дар давоми си рузи баъди гирифтани беруннависи Фехристи пасандоздорони ташкилоти карзи маълумоти иловагиро чихати дастгирии аризааш барои чубронпули ба Хазина пешниход намояд.
- Хазина маълумоти иловагии мазкурро барои арзёби фавран ба ташкилоти карзи равон мекунад.
- Ташкилоти карзи дар давоми дах рузи баъди гирифтани маълумоти мазкури Хазина оид ба натичахои арзёби ба Хазина ба таври хатти хабар медихад ва Хазина пасандоздорро аз натичаи арзёби фавран хабардор мекунад.
- Дар сурати баъди чунин арзёби ба мувофика расидани пасандоздор ва ташкилоти карзи аз руи чубронпулии сугурта Хазина маблаги мувофикашудаи чубронпулии сугуртаро ба пасандоздор пардохт мекунад.
Моддаи 29. Шикоят аз руи карор дар бораи чубронпулии сугурта
- Агар байни пасандоздор ва ташкилоти карзи баъди арзёби, ки дар моддаи 28 Конуни мазкур зикр гардидааст, аз руи чубронпулии сугурта мувофика ба даст наояд, он гох пасандоздор метавонад барои баррасии андозаи пардохтпулии пешниходшаванда ба суд мурочиат намояд.
- Новобаста ба мукаррароти моддаи 28 Конуни мазкур пасандоздор, ки бо чубронпулии сугурта рози нашудааст, метавонад бевосита барои баррасии андозаи маблаги пардохти пешниходшаванда ба суд мурочиат намояд.
- Хазина чубронпулиро дар асоси карори суд ба пасандоздор фавран пардохт мекунад.
- Пасандоздор метавонад карори Хазинаро дар мухлате, ки дар давоми он аз Хазина чубронпули талаб кардан мумкин аст, мавриди шикоят карор дихад.
Моддаи 30. Пардохти чубронпулии сугурта
Хазина чубронпулии сугуртаро пардохт мекунад ё аз бонк-агенти (намояндаи) худ талаб мекунад, ки онро ба пасандоздор пардохт намояд ё бо супориши хаттии пасандоздор ба суратхисоби вай дар ташкилоти карзи гузаронад.
Моддаи 31. Вогузории хукуки пасандоздор ба Хазина
- Агар Хазина чубронпулии сугуртаро ба пасандоздор пардохт кунад, он гох хукуки талаби хамаи маблагхо ва манфиатхои пасандоздор баробар ба андозаи маблаги пардохтшуда ба Хазина вогузошта, он метавонад нисбат ба чунин талабот аз номи пасандоздор ё аз номи Хазина амалхои хукукиро ичро намояд.
- Талаботи бадастовардаи Хазина мутобики кисми 1 моддаи мазкур тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи бархамдихии ташкилотхои карзи” конеъ карда мешавад.
БОБИ 6.
ИДОРАКУНИИ ХАЗИНА
Моддаи 32. Идоракунии Хазина
Фаъолияти Хазинаро Раиси Хазина ва Шурои нозирони Хазина (минбаъд – Шурои нозирон) идора мекунанд.
Моддаи 33. Шурои нозирон
- Шурои нозирон барои назорати умумии фаъолияти Хазина масъул мебошад.
- Шурои нозирон аз хайати зерин иборат аст:
– Раиси Бонки миллии Точикистон – Раиси Шурои нозирон;
– муовини вазири молияи Чумхурии Точикистон;
– намояндаи Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон;
– Раиси Ассотсиатсияи бонкхои Точикистон;
– Раиси Хазина.
Моддаи 34. Чаласаи Шурои нозирон
- Чаласаи Шурои нозирон соле на камтар аз ду маротиба даъват карда мешавад. Чаласа аз тарафи Раиси Шурои нозирон ё на камтар аз се узви Шурои нозирон даъват карда мешавад.
- Чаласаи Шурои нозирон хангоми иштироки на кам аз чор аъзои он салохиятнок мебошад.
- Карорхои Шурои нозирон бо аксарияти овозхои аъзои дар чаласа хузурдоштаи он кабул карда мешаванд. Хангоми баробар будани овозхо овози раисикунандаи чаласа халкунанда мебошад.
- Раиси Шурои нозирон ё дар набудани раис узви Шурои нозирон, ки аз тарафи Шурои нозирон таъин шудааст, дар чаласаи Шурои нозирон раиси мекунад.
- Протоколи чаласаи Шурои нозирон аз тарафи раисикунанда имзо карда мешавад.
- Тартиби гузаронидани чаласахо бо Дастури Шурои нозирон мукаррар карда мешавад.
Моддаи 35. Ваколатхои Шурои нозирон
Шурои нозирон дорои ваколатхои зерин аст:
– муайян намудани самтхои асосии фаъолияти Хазина;
– тасдики сохтор ва бучети солонаи Хазина;
– ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Раиси Хазина, мукаррар намудани маоши вазифавии вай;
– барраси ва тасдики хисоботи солонаи Хазина;
– интихоб ва таъини аудитори беруни;
– кабули карор дар бораи аз Хукумати Чумхурии Точикистон гирифтани карзи молияви хангоми касри Хазина;
– ворид намудани тагйиру иловахо ба Оинномаи Хазина, ба шарте ки ин тагйирот хилофи конун набошанд;
– тасдик кардани Дастури Шурои нозирон;
– тасдик кардани сиёсати сармоягузории Хазина;
– тасдик кардани барномахо оид ба интишори маълумот барои оммаи васеъ дар бораи накши низоми сугуртаи пасандозхо чихати тахкими боварии ахоли ба низоми бонкии Чумхурии Точикистон;
– тасдик кардани шакли хисоботи ташкилотхои карзи-аъзои Хазина;
– тасдик кардани санадхои меъёри чихати ичрои вазифахои Хазина;
– мукаррар кардани сиёсати Хазина оид ба бархурди манфиатхо;
– кабули карор дар бораи кам кардан ё боздошти супоридани пардохтхои таквими хангоми пурра шудани андозаи нихоии маблаги Хазина;
– муайян кардани хусусият ва хачми вазифахои аудити дохилии Хазина ва тасдики натичахои аудит;
– таъини аудитори беруни барои гузаронидани санчиши махсус ва тасдики натичахои он;
– тасдики тавсияхои раиси Хазина оид ба интихоби бонк- агент барои пардохти пули сугурта;
– ичрои дигар ваколатхое, ки дар Конуни мазкур пешбини шудаанд.
Моддаи 36. Манъи вогузории ваколатхо
Дар анчом додани назорати умумии Хазина Шурои нозирон наметавонад ваколатхоеро, ки дар моддаи 35 Конуни мазкур пешбини шудаанд, ба Раиси Хазина вогузор намояд.
Моддаи 37. Раиси Хазина
- Раиси Хазина барои идоракунии фаъолияти чории Хазина ва ичрои карорхои Шурои нозирон масъул мебошад.
- Раиси Хазина ба мухлати панч сол аз чониби Шурои нозирон таъин мегардад. Як шахс ба вазифаи раиси Хазина бештар аз ду мухлат пай дар пай таъин шуда наметавонад.
- Раиси Хазина дорои ваколатхои зерин аст:
– аз номи Хазина амал намудан, намояндаги кардан аз манфиатхои Хазина;
– таксими ухдадорихои вазифавии кормандон;
– пешниходи сохтори Хазина барои тасдики Шурои нозирон;
– ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони Хазина ва мукаррар кардани маоши вазифавии онхо;
– пешниходи ахбор ба Шурои нозирон дар бораи вазъи молиявии Хазина;
– тахияи бучети солонаи Хазина ва пешниходи он ба Шурои нозирон;
– пешниходи тавсияхо ба Шурои нозирон чихати рушди низоми сугуртаи пасандозхо;
– тахияи хисоботи солонаи Хазина ва пешниходи он ба Шурои нозирон;
– пешниходи ахбор ба Бонки миллии Точикистон дар бораи аз тарафи ташкилотхои карзи риоя накардани Конуни мазкур ва дархост барои андешидани чорахои дахлдор;
– додани амрнома ва дастурхое, ки барои ташкилотхои карзи чихати ичрои Конуни мазкур заруранд;
– тахия ва ба Шурои нозирон пешниход кардани лоихаи санадхои меъёрии дохилии Хазина;
– тамдиди мухлате, ки дар давоми он пасандоздор метавонад барои чубронпули мурочиат намояд;
– интихоб кардан ва ба баррасии Шурои нозирон пешниход намудани ташкилоти карзи – намояндаи Хазина барои пардохти чубронпулии сугурта;
– тахия ва ба Шурои нозирон пешниход кардани сиёсати сармоягузори;
– тахия ва ба Шурои нозирон пешниход кардани барномахо оид ба интишори маълумот барои оммаи васеъ дар бораи накши низоми сугуртаи пасандозхо чихати тахкими боварии ахоли ба низоми бонкии Чумхурии Точикистон;
– тахия ва ба Шурои нозирон пешниход кардани лоихаи санадхои меъёрии дохилии Хазина;
– тахия ва ба Шурои нозирон пешниход кардани тавсияхо оид ба карзгирии Хазина хангоми касри Хазина;
– ичрои дигар ваколатхое, ки дар Конуни мазкур пешбини шудаанд.
- Раиси Хазина мумкин аст бинобар содир кардани амалхое, ки ба манфиат ё эътибори кории Хазина зарар расонидаанд, аз вазифа озод карда шавад.
Моддаи 38. Холатхое, ки таъини узви Шурои нозирон, Раиси Хазина ва муовинони уро истисно
менамоянд
Шахс хукук надорад узви Шурои нозирон, Раиси Хазина ё муовини у бошад, агар вай:
– шахрванди Чумхурии Точикистон набошад;
– ба талаботи тахассусии дар моддаи 39 Конуни мазкур мукарраршуда чавобгу набошад;
– доги суди дошта бошад;
– бо хешовандон ё хар гуна шахси дигаре, ки бо у хочагии умуми мебарад, манфиати бевосита ё бавоситаи тичорати дорад ва уро дар холати номувофик аз иштирок дар кабули карори Шурои нозирон ба худдори мачбур месозад;
– узви макомоти намояндаги ва конунгузор бошад;
-хизматчии давлати бошад, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи сархатхои дуюм ва сеюми кисми 2 моддаи 33 Конуни мазкур;
– аз вазифа бо ташаббуси маъмурият озод карда шуда бошад.
Моддаи 39. Талаботи тахассуси
Шахс ба сифати узви Шурои нозирон, Раиси Хазина ё муовинони у мувофик нест, агар вай:
– дар мурофиаи муфлисшави карздор бошад;
– аз тарафи макоми ваколатдор аз нигохи касби бесалохият эътироф гардида, аз давом додани фаъолияти касби барканор шуда бошад;
– аз тарафи суд барои назорат ё идоракунии ширкат номувофик дониста шуда бошад;
– тахсилоти олии иктисоди надошта ё дар ин соха камтар аз дах сол тачрибаи кори дошта бошад.
Моддаи 40. Чойхои холи
Дар холати тибки моддаи 39 Конуни мазкур ба талаботи тахассуси мувофик набудани узви Шурои нозирон ё ба истеъфо рафтани вай Раиси Шурои нозирон дар шакли хатти дар ин бора ба аъзои Шурои нозирон хабар медихад ва ба чойи холишуда аз тарафи макоми дахлдори таъинкунанда номзад тасдик карда мешавад.
БОБИ 7.
ХАМКОРИИ ХАЗИНА БО БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН
Моддаи 41. Хамкории Хазина ва Бонки миллии Точикистон
Бонки миллии Точикистон метавонад барои иштирок дар санчишхои ташкилоти карзи доир ба масъалахои марбут ба андоза ва сохтори ухдадорихо аз руи пасандозхо, пардохтхо ва дигар масъалахое, ки аз Конуни мазкур бармеоянд, Хазинаро чалб намояд ва хар гуна маълумотро аз он дар бораи пасандозхои сугурташудаи ташкилотхои карзи бо максади пешгирии вайронкунии Конуни мазкур талаб кунад.
Моддаи 42. Мубодилаи иттилоот
- Хазина дар бораи хама гуна тагйироте, ки ба Фехристи ташкилотхои карзи ва пардохтхо ворид мегардад, ба Бонки миллии Точикистон хабар медихад.
- Бонки миллии Точикистон ба Хазина иттилооти зеринро пешниход менамояд:
– оид ба додани ичозатнома ба ташкилоти карзи ва бозхонди он;
– дар бораи азнавташкилдихии ташкилоти карзи;
– дар бораи эхтимолияти ба вукуъ омадани холати сугуртави ё ба вукуъ омадани он.
- Бонки миллии Точикистон баъди гирифтани карори суд дар бораи муфлис эълон кардани ташкилоти карзи нусхаи карори мазкурро фавран ба Хазина ирсол менамояд.
- Хазина оид ба хар гуна вайронкунихои Конуни мазкур аз чониби ташкилоти карзие, ки узви Хазина мебошад, саривакт ба Бонки миллии Точикистон хабар дода, аз он андешидани чорахоро барои бартараф кардани камбудихо дархост менамояд.
- Намояндагони Хазина ва Бонки миллии Точикистон барои мубодилаи иттилооте, ки дар моддаи мазкур пешбини шудааст, мунтазам вохурихо мегузаронанд.
Моддаи 43. Махфияти иттилоот
- Аъзои Шурои нозирон, кормандони Хазина ва шахсоне, ки зери рохбарии онхо кор мекунанд ё аз чониби Хазина чалб карда мешаванд, бояд иттилоотро оид ба фаъолияти ташкилоти карзи, ки дар натичаи татбики хамин Конун дастрас мекунанд, махфи нигох доранд.
- Мукаррароти кисми 1 моддаи мазкур хангоми ифшо намудани иттилоот ба Бонки миллии Точикистон бо максади назорати ташкилотхои карзи татбик намегардад.
Моддаи 44. Масъулият аз руи андозхо
- Озод намудани Хазина аз андозбандии хар гуна фоидае, ки аз манбаъхои гуногун мегирад, аз чумла аз руи пардохтхои аз ташкилотхои карзи, аз даромади аз сармоягузори, карзхо ва дигар пардохтпулихои аз Хукумати Чумхурии Точикистон гирифташаванда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад.
- Пасандоздорон аз хар гуна масъулияти пардохти андоз аз руи хар гуна чубронпулихои сугурта ва дигар пардохтхое, ки аз тарафи Хазина ё аз номи он амали мегарданд, озод мебошанд.
БОБИ 8.
МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 45. Баррасии бахсхо
Ташкилоти карзи ё шахси вокеи метавонад аз руи карори Хазина ва дигар санадхои он дар давоми си рузи баъди гирифтан ба суд мурочиат намояд.
Моддаи 46.Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 47. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон
“Дар бораи кафолати амонатхои шахсони вокеи”
Конуни Чумхурии Точикистон аз 1 августи соли 2003 “Дар бораи кафолати амонатхои шахсони вокеи” (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2003, № 8, мод. 464) аз эътибор сокит дониста шавад.
Моддаи 48. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти
Чумхурии Точикистон Эмомали РАХМОН
ш. Душанбе, 2 августи соли 2011,
№ 758