Главная / Илм / Судоб дар Канзи Шифо (Китоб)

Судоб дар Канзи Шифо (Китоб)

????????????????????????????????????

Мизочи бустониаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст; мизочи тару тозаи он дар дарачаи дувум гарм ва хушк мебошад. Хислатхои шифобахши он: баъзе бузургворони тиб гуфтаанд, ки хурдани судоб аклро зиёда, вале маниро бадбу мегардонад, барои дарди гуш фоида дорад.

Ин хусусияти тарёки дорад. Агар бихуранд, гиреххои узвхои баданро мекушояд, бодхоро тахлил медихад, меъдаро кувват мебахшад, иштихои таомро бармеангезад, пешоб ва хайзро меронад, моддахои зиёдати ва нодаркори бисёрро аз бадан хорич мегардонад, вале маниро хушк мекунад, бачаи занони хомиларо аз шикам меафтонад, бохро (пушти камарро) катъ мекунад.

Агар инро бихуранд ва гузошта банданд, барои беморихои вобаста ба холати майна ва асаб, монанди: фолич, ларзак, чингак шудани аъзо аз бисёрии балгам, дардхои гуногуни бугумхо ва иркуннасо (радикулит) даво мешавад; инчунин барои беморихои узвхои даруни сина, зардпарвин, иллатхои сипурз ва кулинчи боди шифо мебахшад; ва хамин тавр бихуранд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад; бавосири кухна, беморихои макъад ва бачадонро дафъ мекунад.

Обашро бо асал чушонида, аз ин таркиб аз 50 то 75 грамм биёшоманд, хиккакро дафъ менамояд. Оби инро бо шибит бихуранд, дарди пахлу ва узвхои даруни синаро таскин медихад; барои зик-ун-нафас ва сурфаи кухна дармон мегардад, дарди рудахоро таскин медихад, варами гарми шуш, дарди бугумхо ва иркуннасоро даво мебошад, ларзи табхои сардмизочро басанда менамояд.

Инро дар равгани зайтун чушонида, он равганро бихуранд, кирмхои меъдаро мерезонад. Ва агар дар шароб то ними шароб бухор шуда рафтан бичушонанду баъд он шаробро бинушанд, истискои гуштиро дафъ мекунад. Инчунин инро бо анчир пухта, батакрор гузошта банданд, аз ин иллати истиско начот меёбанд. Агар бо намак пухта ё намак хуронида гузошта банданд, чашмро тез мекунад.

Баргашро бихоянд, буйи пиёз ва сирро аз дахан дур месозад. Камтареро аз барги он бихуранд хозима, яъне меъда, рудахо, чигар ва сипурзро кувват мебахшад, иштихо меоварад, оругро дафъ мекунад; агар инро бо анчир ва магзн чормагз бихуранд, захрхои хурдашуда ва захрхои чонварони дигарро аз бадан дафъ мекунад.

Хар руз аз барги он 3,5 грамм бихуранд, иллатхои фолич, ларзак ва чингак шудани аъзоро бархам медихад. Тухмашро бихуранд ва онро баъд аз чимоъ бардавом занхо аз таг бардоранд, хомила шуданро манъ мекунад. Хурдани тухмаш бар зидди хамаи намудхои захр тарёк мебошад.

Тухм ва баргашро батакрор бихуранд, бачаро аз шиками занхои хомила меафтонад, инчунин агар занхо аз таг бардоранд ё ба дудаш бидоранд, хамин тавр таъсир дорад. Инро бардавом бибуянд, чашмро заиф мегардонад, хамаи хисхои баданро суст ва дилро камкувват мекунад.

sudob-300x225Барги Судобро куфта гузошта банданд, дарди газидани гунда ва каждумро дафъ мекунад, инчунин барои газидани саги девона низ фоида дорад; агар инро занхо ба зери шикам банданд, намегузорад, ки онхо борнок шаванд. Усорааш, яъне оби гиёхи тару тозаи инро дар офтоб гафс гардонида, дар гуш чаконанд, садохои гуногуни даруни он ва гаронии ин узвро дафъ мекунад.

Судобро дар сирко чушонида, он сиркоро соф карда, дар бинии кудакон чаконанд, саръи (припадкаи) онхоро шифо мебахшад, хуни биниро хам манъ мекунад. Барги хушкашро куфта, батакрор ба воситаи найча дар сурохи бини пуф кунанд, хуни биниро банд менамояд.

Барги хушки онро куфта, бо равгани гулисурх, сирко ва ё бо шароб хамир сохта гузошта банданд, дарди сарро таскин медихад; бо мумравгани мурди даромехта гузошта банданд, барои доначахои дардноки бар пуст дамида дору мешавад; бо шибит ва асал хамир карда гузошта банданд, шукуфахои пустро дафъ мекунад.

Оби онро бо натрун (танакори армани) даромехта, бо он бишуянд, барои дафъ кардани доги сафеди пуст дармон мебошад ва навъхои гуногуни озахро хушк карда мерезонад.

Судобро дар об чушонида, бо он об нимгарм хукна (клизма) кунанд, кулинчро, ки варами рудахои гафс аст, дафъ мекунад. Ва судобро дар равгани зайтун пухта, бо он аз болои хичак, яъне ба зери ноф гармбанди кунанд, пешоби бандшударо равон мекунад.

Хислати шифобахшии усораи он монанди хусусиятхои баргаш мебошад. Инро бо оби арпабодиён ва асал даромехта, ба чашм бимоланд, сустии чашмро дафъ ва нури онро тез мекунад. Агар инро дар пусти анор гарм карда дар гуш чаконанд, дардашро таскин медихад. Усораи онро дар сирко, сафедоб (белила) хал карда бимоланд, чамра (карбункул)-ро, ки реши мухлик аст, даво мешавад, мурчагазакро хам дафъ мекунад ва решхои обдори сарро шифо мебахшад; бо асал даромехта бимоланд, дарди бугумхоро таскин медихад, инчунин ин таркибро дар бини бирезанд, саръи кудаконро шифо мебахшад.

Кавлхое мавчуданд, ки агар судобро бихуранд, барои иллати фолич, ларзак ва чингак шудани узвхо фоида дорад. Агар хар руз 3,5 грамми онро бихуранд, хиккак (хикичок)-ро ба ибро меоварад. Агар инро бихуранд ва ё бимоланд, барои газидани каждум, гунда, мор ва саги девона даво мебошад ва хамаи намуди захрхоро аз бадан дафъ мекунад, инчунин хомила шуданро манъ месозад. Баргашро бардавом бихуранд, чашмро хира мекунад, дарди сар меоварад, инчунин ба дарди нимсар гирифтор менамояд, моддахои фоиданоки бадан ва маниро месузонад.

Агар ин тавр зарар кунад, сиканчабин (сиркоасал) ва арпабодиён бихуранд, ислохи зарар менамояд. Микдори як бор хурдан аз судоб барои калонсолон дар як руз аз 10,5 то 14 грамм аст.

Ба чойи судоб кокути, наъноъ, пудина ва чамилакро бихуранд, равост. Тухмашро куфта, аз 3,5 то 7 грамми онро бо асал ва ё бо сиканчабин биёшоманд, саръ, кобус (дар хоб сиёхи пахш кардан)-ро дафъ мекунад. чашмро тез мегардонад, хиккаки бодиро бозмедорад, сардии меъда ва кулинчи бодиро шифо мебахшад, инчунин бар зидди аксари захрхо тарёк мегардад. Судобро дар об чушонида, он обро бинушанд, низ хамин таъсирро дорад.

Чун тухми онро дар равгани зайтун пухта, бо он хичакро аз ру гармбанди кунанд, пешоби бастаро равон мегардонад ва душвории шошиданро дафъ мекунад. Тухми судобро дар майхо дохил намоянд, онхоро хушбуй ва пуркувват мегардонад ва зарари онхоро дафъ мекунад, зуд аз бадан хорич мегардонад, лекин дар майна рутубат ва дар худи сар дард пайдо мекунад, сарро вазнин месозад.

Мизочи шилми судоби бустони багоят гарм ва хушк аст, аммо гармиаш назар ба хушкии он камтар мебошад. Ин барои реши чашм, тахлил додани ханозер, варамхои зери багал ва каши рон, инчунин барои доги пес даво мешавад. 0,5 грамми онро занхои хомила аз таг бардоранд, бачаи онхоро аз шикам меафтонад, хамрохаки (ёраки) бачаро зуд хорич мекунад ва хайзи бандгаштаро равон менамояд.

Аз судоб равган хам тайёр мекунанд ба ин рох. Як микдори онро бо чор микдори он об ва дах микдор равгани зайтун дар зарфе бо оташи мулоим мечушонанд, то он ки кисми оби тамоман бухор шуда раваду равган бимонад. Ин равгани судоб хисоб меёбад.

Инро бимоланд, нотавонии аъзо, сардии гурда ва бачадон, дарди пахлу ва камар, инчунин дарди бачадонро, ки аз хафа (бурма) шудани гулугохи он ходис шуда бошад, шифо мебахшад; бодхои гуногунро тахлил медихад ва ларзи табхоро дафъ мекунад. Агар 12,5 грамми онро дар хаммом бихуранд, ларзакро дафъ мекунад. 0,5 грамми онро дар гуш чаконанд, гаронии гушро ислох мекунад.

Агар бо ин равган нимгарм хукна кунанд, кулинчи боди ва моддиро сихат мебахшад ва агар инро занхои хомила аз таг бардоранд, бачаи онхо ва хамрохаки тифлро аз шикам меафтонад, хайзи бандшударо низ равон мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …