Главная / Илм / Шубрум (Шибрим)

Шубрум (Шибрим)

Шубрум (Шибрим)  — Ин гиёхро дар баъзе махалхо точикон говкушак меноманд ва ба гусфандон зарар надорад. Ин растани дар бустонхо ва киштзорхо низ меруяд. Пояаш рост, пашмакдор, гирехнок, баландиаш то дувуним вачаб, ба най монанди дорад, ширнок; баргаш мисли баргхои тархун ва санавбар аст; гулаш бунафш, тухмаш ба наск мемонад, вале моил ба сафедию зарди. Решааш гафс, пуршир ва хамчун даво кавитар аз тухми он аст, тухмаш кавитар аз баргаш. Бехтарин навъи он сурхранги сабуквазни нарми он аст. Бадтарин навъи он тираранг ва сахти он мебошад. Агар хангоми шикастани кисми заминии он чизхои риштамонанд дошта бошад, он захри каттол аст, набояд онро истеъмол фармуд. Ин гиёхро ба руси молочай меноманд.

Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва дар охири дарачаи дувум хушк аст. Ба кавли баъзехо, дар дарачаи севум гарм ва хушк аст. Вале мизочи шири он то дарачаи чорум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: ин гиёх яке аз захрхои кушанда ба хисоб меравад; вале моддахои балгам, савдо ва зардобро башиддат аз бадан меронад; хислати бандкунандаги низ дорад, дахани рагхоро мекушояд. ахлоти зиёдатиро аз чукури ва дурихои бадан ронда, ба воситаи пешоб дафъ мекунад. Барои меъдахои сард ва тармизоч мувофик ва форам мебошад; истискои оби, кулинч ва дарди бугумхоро шифо мебахшад.

shubrumАгар инро куфта гузошта банданд, шукуфаи пустро дафъ мекунад. Хурдани ин барои одамони гарммизоч ва касони нимчон, ба меъда, чигар ва бох зарар дорад, табхои тезро ба амал меоварад, иштихоро суст мегардонад ва маниро месузонад.

Микдори як бор хурдан дар як руз аз 0,1 то 0,5 грамм аст. Агар хар кас 4,5 грамми онро бихурад, кай мекунонад, гамгин месозад ва бехуш мекунаду хафа карда хатман мекушад. Агар ин хол руй дихад, маска ва равгани гов, инчунин шурбои гарм хурда баъд онро бихуранд.

Инчунин 2,25 грамм шири онро бихуранд, низ котил аст. Ислох карданаш ин тавр аст, ки се маротиба як шабонарузи дар шир тар карда ва хар мартаба шири нав истифода бурдан чоиз аст.

Агар худи шубрумро ба дарун истеъмол карданаш зарур афтад, барои шикастани тезии он бо давохои исхоловар, ки ислохкунандаи он аст, хамрох менамоянд, вале танхо худашро истеъмол намекунанд. Барои муоличаи кулинчи боди ва балгами бо саргини гург хаб сохта, баъд мехуранд, барои табобати варамхо, кушодани гиреххои узвхои бадан ва дафъ намудани истиско, балгам ва савдо дар оби косни, арпабодиён, сагангури соф кардашуда се шабонаруз тар карда, баъд дар соя хушконида, бо камтар сабир (алоэ), турбуд ё халила хаб сохта, истеъмол менамоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …