Моддаи 22-и Карори шахрсози. Субъектхои фаъолияти шахрсози
- Субъектхои фаъолияти шахрсози шахсони вокеи ва хукуки мебошанд.
2. Субъектхои фаъолияти шахрсози метавонанд ба хайси зерин баромад кунанд:
– фармоишгарон;
– тахиягарони хуччатхои шахрсози;
– пудратчиён;
– истифодабарандагони объектхои фаъолияти шахрсози.
3. Субъектхои фаъолияти шахрсози хукук доранд аз макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози оид ба тахия ва кабули карорхои вобаста ба банакшагирии дар пешистода, сохтмон ва тачдиди махалхои ахолинишин, низом ва худудхои онхо, ки кобилияти таъсир расониданро ба фаъолияти шахрсозии онхо дорад, иттилоот гиранд.
4. Субъектхои фаъолияти шахрсози вазифадоранд мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон китъахои замини ба онхо барои истифодаи таъиноти максаднок додашударо истифода баранд, инчунин ба объектхои мероси фарханги, манзарахои табии ва сунъи зарар нарасонанд, ба амале, ки мухити зистро вайрон мекунад, хукук ва манфиатхои конунии субъектхои дигари фаъолияти шахрсозиро халалдор менамояд, рох надиханд.