Главная / Гуногун / Шоли – ироати мазруии кадима

Шоли – ироати мазруии кадима

Шоли зироати хеле кадима буда, мансуби оилаи хушадорхо аст. Вай ба нами ва гарми эхтиёчи нихоят калон дорад. Хамаги 19 намуди шоли маълум аст, ки кисми зиёдашон растанихои худруй мебошанд. Аксари онхо дар минтакахои тропики пахн шудаанд.

Шолии мазруи растании яксола аст. Пояи (хаспояи) борики рост дорад. Аз 50 то 120 см кад мекашад. Барги шоли нештаршакл буда, гулхои дучинсааш дар хушагули чорубак чойгиранд.

Шоли растании худгардолудшаванда аст. Донаш аз берун бо чилди дурушт пушида шудааст ва 2-5 фоизи онро чанин ва 17- 22 фоизи вазнашро чилд ё парда ташкил медихад. Дар таркиби донаш (аз руи вазни хушкаш) 75 фоиз охар, 7 фоиз сафеда ва такрибан 0,5 фоиз равган дорад.

Шоли растании гармипарвар буда, тухмаш дар харорати +11°С неш зада, дар харорати +20 то 35°С гарми нагз нашъунамо мекунад. Инчунин, шоли ба об талаботи хеле калон дорад, хусусан, дар давраи хушабандиаш. Бинобар он, онро хамеша дар палхои обдор мекоранд. Чи тавре ки мутахассисони сохаи кишоварзи кайд мекунанд, барои нашъунамои хуби шоли намнокии хаво бояд 70— 80 фоиз бошад. Хусусан, шоли дар гилхокхои сохил (ба канорхои дарё наздик), ки намиро хуб нигох медоранд ва аз моддахои органики бой хастанд, нагз нашъунамо мекунад. Шибарзамин, регхок ва шурахок барои кишти шоли мувофик нестанд.

Солхои охир навъхои хушкитобовари шоли ба вучуд оварда шудаанд, ки дар талу теппахои камоб ба таври лалми кошта меша- ванд.

Шоли зироати дорои ахамияти калони гизои мебошад. Дар Хиндустон шолиро зироати “бакобахшандаи насли инсоният” меноманд. Зеро дар бисёр мамлакатхои китъаи Осиё шоли яке аз зироатхои асосии гизои ба хисоб меравад. Такрибан як миллиард нафар ахолии руи Замии биринчро хамчун масолехи асосии хуроки истифода мебаранд.

Майдонхои асосии кишти шоли бештар дар Хиндустон, Бирма, Хитой, Япония, Кориё ва дигар мамлакатхои Осиёи Чануби ва Шарки чойгиранд.

Шоли яке аз зироатхои кадимтарини сарзамини точикон низ ба хисоб рафта, онро хануз 2 — 3 хазор сол пеш аз милод дар катори дигар зироатхои фоиданок парвариш мекарданд.

Аз шоли биринч мегиранд ва аз он таомхои гуногуни лазиз мепазанд. Хусусан, дар байни мардуми Осиёи Миёна биринчи зудхазмшавандаи девзира хеле маъмул аст.

Дар микёси чахон навъхои зиёд ва гуногуни шоли ба вучуд оварда шудаанд, ки вобаста ба шароитхои гуногуни махал киштукор карда мешаванд. Дар Точикистон бештар навъхои УзРос-7-13, УзРОС-59, ВРОС-3716, Узбеки-5, Крос-358, навъхои махаллии ар- пашоли ва кирмизиро парвариш мекунанд.

Масохати шолизори чумхури сол аз сол меафзояд. Хосилнокии хар гектар шолизор ба хисоби миёна 32—34 сентнерро ташкил медихад. Вале дар баъзе хочагихои пешкадам то 60 — 70 сентнери хосил меруёнанд.

Нохияхои асосии шоликории чумхуриамон нохияхои Панчакент, Нов, Бобочон Гафуров, Исфара, Фархор, Колхозобод ва аксари нохияхои водии зархези Хисор ба хисоб мераванд. Дар минтакахои кухии чумхуриамон шоли кишт карда намешавад.

Вобаста ба шароити иклимии хар як нохия, шолиро аз аввалхои мохи апрел то нимаи дуюми мохи май кишт мекунанд. Меъёри тухми шолиро вобаста ба навъи шоли мутахассисон 160—170 кг (ба- рои шолии майдадон) ва 180-200 кг (барои шолии калондон) ба хар гектар замин мукаррар кардаанд.

Замини барои кишти шоли интихобкардашударо тирамох шуд- гор мекунанд, дар фасли бахор бошад, пеш аз кишт онро ба чуку- рии 18-20 см нарм карда, мола мекашанд. Баъди заминро нарм кардану хамвор намудан, пал мебардоранд. То пайдо шудани майсахо палро ба чукурии 8—10 см ва минбаъд ба чукурии 12—15 см бо об пур мекунанд. Ва ин сатхи обро то пухта расидани шолй нигох медоранд. Дар давраи нашъунамои шоли ба хар як гектар шолизор 100-150 кг нурихои фосфордор, 120-150 кг нурихои нит- рогендор ва 60—100 кг нурихои калийдор меандозанд.

Биринчро на танхо барои гизо, инчунин дар саноат ба таври васеъ истифода мебаранд. Масалан, аз биринчи майдаи он охар истехсол мекунанд. Чушоби охарро дар тиб барои табобати касалихои меъдаю руда, худи охарро бошад, барои тайёр кардани упо (пудра) истифода мебаранд. Аз пахоли шоли бошад, навъхои бех- тарини когаз, сабад, банд, каллапуши хасин ва гайра тайёр меку- нанд.

  1. Сохти гули шоли чи гуна аст?
  2. Дар таркиби тухми шоли кадом моддахо мавчуданд?
  3. Навъхои бештар маъмули шолиро номбар кунед.
  4. Шолиро бештар дар кадом мамлакатхои чахон парвариш мекунанд?
  5. Шоли дар хаёти инсон чи ахамият дорад?
  6. Барои коштани шоли кадом чорабинихоро гузарондан лозим аст?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …