Главная / Биология / Сохти тухми растанихои дупалла ва якпалла

Сохти тухми растанихои дупалла ва якпалла

Шиносоиро бо хаёти растани аз омузиши сохти тухм (дон) ва сабзиши он огоз мекунем.Мебинем, ки дони лубиё калон буда, агар як тарафи донаш барчаста бошад, тарафи дигари он фурухамида мебошад.

Руи дон бо пусти суфтаи чилодор ихота гардидааст. Пуст тухмро аз хушкшави ва дигар осебхо мухофизат мекунад. Пусти тухми лубиё сафед, кахваранги банур, хол-хол ё дигар хел мешавад. Дар тарафи фурухамидаи дони лубиё чок ё дарз (яъне изи думчаи тухм) намудор аст, ки тавассути он тухм ба мевапарда (гилофак) пайваст шудааст.

botanika-oo3

Агар аз дони лубиёи пешаки дар об таркардашуда пусташро чудо кунем, дар зери пуст чанин намоён мешавад. Чанин аз ду тухмпалла, решача, пояча ва мугчача иборат аст. Дар тухмпаллаи калон ва гафсшуда моддахои гизои захира мешаванд.

Решача, пояча ва мугчача дар байни ду тухмпалла чойгиранд. Андозаи онхо чунон хурд аст, ки онхоро факат бо пурбин дидан мумкин аст. Сохти дони нахуд, мушунг ва тухми дигар лубиёгихо низ чунин аст. Аммо дар баъзе дигар растанихо, турбкохак ва чаг- чаг (чачак) моддахои гизои на танхо дар тухмпалла, балки дар дигар чузъхои чанин-решача ва пояча ё поёнтар аз тухмпалла низ захира мешаванд .

Растанихои гулдореро, ки чанини онхо дорои ду тухмпаллаанд, растанихои дупалла меноманд. Масалан, зардолу, шафтолу, себ, сабзи, бодом, каду, офтобпараст (варточ), чинорак (чакамуг), булут ва хошхош (кукнор) аз чумлаи онхоанд.

Сохти тухми зироати галладона (гандум, чав, чавдор, чуворимак- ка ва гайрахо) дигар хел аст. Тухми гандумро, ки дон ё меваи хушк мехисобанд, дида мебароем. Дони дарозруяи гандумро мевапардаи зарди тиллоранг пушидааст. Мевапарда бо пусти дон чунон чафс еабзидааст, ки онхоро аз хам чудо кардан номумкин аст .

Агар дони гандумро ба дарози бурем, мебинем, ки кисми зиёди °н аз эндосперми ордмонанде иборат аст, ки хучайрахояш мод- Дахои гизоии захирави доранд.

Чанини дони гандум хеле хурд буда, онро факат бо ёрии пурбин дидан мумкин аст. Вай хам ба монанди чанини лубиё решача,

пояча ва мугчача дорад. Аммо тухмпаллааш якто аст. Вай ба пах- наки тунук монанд буда, ба эндосперм чафс чой гирифтааст ва дар он моддахои гизои захира намешаванд 20 . Дар вакти сабзиши дон моддахои гизои аз хучайрахои эндосперм тавассути тухмпалла ба чанин мегузаранд. Растанихоеро, ки чанини онхо як тухмпалла дорад, растанихои якпалла меноманд.

Дар тухми дигар растанихои якпалла хам, масалан, пиёз, зуфи обй ва гули ливондар (ландиш) эндосперм хаст. Аммо эндосперми онхо мисли эндосперми гандум ва галладонагихои дигар дар як тарафи он чойгир пабуда, балки чанинро пурра фаро гирифтааст 2:1 .

Хамин тавр, тухм пуст ва чанин дорад. Чанини растанихои ду- палла дорои ду тухмпалла буда, моддахои гизои одатан дар худи чанин (дар тухмпаллааш) захира мешаванд. Чанини растанихои якпалла факат як тухмпалла дорад, моддахои гизои одатан дар эндосперми тухм (дон) чойгиранд.

  1. Сохти дони лубиё чи гуна аст?
  2. Моддахои гизои дар кучои дони лубиё, турбкохак ва чинорак захира шудаанд?
  3. Кадом растанихоро растанихои дупалла меноманд?
  4. Сохти дони гандум чи тавр аст?
  5. Чанини растанихои якпалла чи хел сохт дорад?
  6. Тухми лубиё ба тухми гандум аз чи чихат монанд аст?
  7. Растанихои якпалла ва дупаллаи ба Шумо маълумро номбар кунед.

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …