Главная / Биология / Сохти хучайравии пахнаки барг

Сохти хучайравии пахнаки барг

Тавассути микроскоп шиносои ба сохти дохилии пахнаки барг имконият медихад, ки мавкеъ ва ахамияти онхоро дар хаёти растанихои сабз муайян кунем.

Мушохидахо нишон медиханд, ки пахнаки барг аз хучайрахои шаклу андозаашон гуногун иборат буда, сохти хучайрави дорад .

hujaРуй ва поёни барг бо пусти тунуку шаффоф пушида шудааст, ки хучайрахои онхо дар якчояги баргро аз хушкшави ва осеббини мухофизат мекунанд. Пуст яке аз намудхои бофтаи руйпуши растанихо ба хисоб меравад.

Дар байни хучайрахои берангу шаффофи пуст хучайрахои чуфт-чуфт чойгиршуда хастанд, ки дар ситоплазма- ашон пласгидхои сабз хлоропластхо мавчуд аст. Ба туфайли ин пластидхо (иигменги хлорофилл доранд) хучай- рахои барг ва инчунин худи барг ранги сабз дорад М. Дар байни хучайрахои чуфт-чуфт чойгиршуда сурохй ё рог дида мешавад, ки онро чавфи байнихучайрави меномаад. Бо воситаи роги байнихучайравй ба барг хаво дохил мешавадва инчунин раванди оббухоркуни амали мегардад. Ин рогхоро бо ибо- раи дигар масома низ меноманд.

Дар аксарияти растанихо масома факат дар пусти поёнии пахнаки барг дида мешавад. Дар баъзе растанихо, масалан, карам гар пусти руи баргаш низ масома мавчуд аст ё дар баъзе растанихои галладонаги, ки баргхои мутавози чойгиршуда доранд, масомахо дар хар ду тарафи барг дида мешаванд. Дар растанихое, ки баргашон дар сатхи руи об карор дорад (масалан, нилуфар) масоиа факат дар руи баргашон вомехурад. Дар растанихои дар дохили об зиндагикунанда умуман масома дида намешавад. Адади масома дар барг хеле зиёд аст. Масалан, 1 мм2-и барги офтобпараст 220 масома ва 1 мм2-и барги фарк бошад 550 масома дорад.

Дар зери пуст магзи барг чойгир буда, он аз бофтаи асоси иборат аст. Магзи барг одатан аз якчанд кабати хучайрахо иборат аст. Ду-се кабати хучайрахои он бевосита ба пусти руи барг пайваст аст. Хучайрахои ба якдигар зич чойгиршудаи он такрибан андозаи якхела дошта, шаклашон дарозруяи сутунмонанд мебошад. Дар хучайрахои ин кабатхо микдори хлоропластхо зиёд аст. Бофтаи асосии чунин шаклдоштаро бофтаи сутунмонанд мегуянд.

Хучайрахои хеле дарозруя чойгирифтаи деворашон гафс – лифхо ба барг мустахками ё устувори мебахшанд. Тавассути рагхо об ва моддахои маъдании дар он халшуда харакат мекунанд. Найчахои элакшакл баръакси рагхо аз хучайрахои дарози зинда иборатанд (хосил шудаанд). Девори кундаланги байни ин хучайрахои ба хам пайваст пури чуякчахои хурд-хурд буда, мисли элак метобанд. Бо найчахои элакшакл аз барг махлули моддахои органики (ки дар раванди фотосинтез хосил шудааст) чори мешавад.

Дар зери бофтаи сутунмонанд хучайрахои бештар гирда (мудавар) ё шаклашон номуайяни нисбат ба якдигар зич чойнагирифта мавчуданд. Микдори хлоропластхояшон нисбатан кам аст. Ин хучайрахо дар сарчамъи бофтаи ис фанчшаклро хосил мекунанд. Фазои байни хучайрахои бофтаи исфанч шаклро чавфи байнихучайрави ме номанд. Чавфи байнихучайрави аз хаво пур аст.

Агар пахнаки баргро ба таври кундаланги бурида (микропрепарат тайёр карда) дар зери микроскоп гу зорем, дар он бандчахои гузаронандаи барг 51 — рагбандихоро мебинем,

Пусти барг аз чи хел хучайрахо иборат аст ва онхо чи ахамият доранд?

  1. Роги байнихучайрави ё масома чй тавр хосил мешавад ва он кадом вазифаро дар барг ичро мекунад?
  2. Масомахо дар барги растанихои гуногун чи тавр чой гирифтаанд?
  3. Магзи барг аз чи хел хучайрахо иборат аст?
  4. Чавфи байнихучайрави чист?
  5. Бандчахои гузаронандаи барг чи хел рагбандихо доранд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …