Главная / Биология / Сохти чамоаи растанихо

Сохти чамоаи растанихо

Табакадории руизаминии чамоаи наботот. Намудхои растанихое, ки ба як чамоаи наботот дохиланд, шаклхои гуногуни хаёти доранд. Чунончи, дар чангалзор дарахту буттахо, растанихои яксола ва бисёрсолаи алафи меруянд. Намудхои гуногуни ба хар як чамоаи растанихо дохилшаванда дар шароитхои хархелаи равшани, намноки ва моддахои гизои (маъдани) нашъунамо доранд.

Кабатноки (табакадори) дар чангал
Кабатноки (табакадори) дар чангал

Дар чангалзор растанихои дарахти дар шароити аз хама хуб (аз руи равшани) чойгир мебошанд ва шохаю навдахояшонро ба чониби манбаи равшанй мувофикан равона мекунанд. Дарахтон дар чамоаи чангалзор табакаи болои ё табакаи якумро ба вучуд меоваранд. Дар табакаи якуми чангалзорхои пахнбарг бештар чунин растанихо — фарк, чормагз, чинор, заранг вомехуранд.

Дар зери онхо дар шароити нисбатан камравшани дарахтони кадпасти себ, дулона, губайро, малхам нашъунамо карда, табакаи дуюмро пайдо мекунанд. Инчунин, дар зери табакаи дарахти, растанихои буттаги месабзанд ва онхо табакаи сеюмро ташкил медиханд. Табакаи чорумро бошад, растанихои гулно- ки алафи ва набототи нимбуттаги ба вучуд овар- даанд. Дар зери растанихои баландкад, одатан хелхои набототи пасткади ба соя тобовар ё соядуст пахн шудаанд. Табакаи аз хама поёнии ба сатхи хок наздикро, яъне табакаи панчумро, асосан растанихои бегул ё спораовар, яъне ушнахо ва гулсангхо ташкил додаанд. Дар бешазор шиддати рушнои аз хар табака ба табакаи дигар кам мешавад. Бинобар он, дар та- бакаи поёни растанихои бештар сояпарвард месабзанд. Аз ин гуф- тахо чунин бармеояд, ки чамоаи наботот тасодуфан пайдо нашуда, вай тадричан дар давоми-хазорхо сол ташаккул ёфтааст. Аз ин ру, растанихои гуногуни чамоа барои хамрох сабзидан нисбат ба якдигар мувофикати комил пайдо кардаанд.

Дар сатхи руизаминии чангалхо хамеша бокимондахои растанихо, баргхои афтида (баргхои хазоншуда), шохаву навдахои хушк чамъ мешаванд. Ин чамъшудахоро фарши зери чангал меноманд. Дар ин мухит микдори зиёди микроорганизмхои сапрофити, хусусан бактерияхо ва занбуругхо, ки бокимондахои растанихои но- будшударо мепусонанд, мавчуданд. Дар натичаи фаъолияти хаётии ин микроорганизмхо моддахои гизоии истифодашуда аз сари нав ба хок бармегарданд ва таркиби он аз моддахои гизои гани мегардад.

Табакаи зеризамини дар чамоаи наботот. Решаи растанихо низ табаканок чойгиранд. Чун растанихои руизамини решаи дарахтон низ табакаи якуми зеризаминиро пайдо мекунанд. Онхо нисбат ба дигар растанихои хамшафаташон решаи шохаронда доранд, ки он ба каъри хок хеле чукур (хатто то обхои зеризамини) дохил мешавад. Системаи пуркудрати реша чаббидани микдори зиёди намакхои маъдании дар об халшударо таъмин месозад. Табакаи дуюми зеризаминиро решаи растанихои дарахтии пасткад ташкил медиханд. Табакаи сеюмро решаи растанихои буттаги, та- бакаи чорумро решаи растанихои гулдори алафи ва табакаи панчумро ризоидхои ушнахо ва гулсангхо ташкил медиханд. Хамин тавр, кабати зеризамини инъикоси (такрори) бараълои табакоти руизамини мебошад.

Тагйироти мавсими дар чамоаи наботот. Мураккабии таркиботи чамоаи наботот на танхо дар таксимшавии рас- танихо (дар фазо) ба табакахо зохир мегардад. Зеро растанихои гуногуни як чамоа тартибу (ритми) набзи якхелаи инкишофро надоранд. Аз ин ру, барои бемонеа дар як чамоаи наботот сабзидани растанихои гуногун, хархелагии мухлати инкишофашон низ имконият медихад. Бахорон, вакте ки дарахтону буттахо холо барг пайдо накардаанд, дар чангали растанихои пахнбарг равшании зиёди офтоб ба сатхи руи замин меафтад. Дар шароити мусоиди серрушнои ва хоки сернам (аз хисоби боришоти баамаломада) растанихои барвактгулкунандаи алафи ба сабзиш шуруъ мекунанд. Дар
байни растанихои гулкунандаи алафи – пиёзи коз, гули хавоборонак, чинорак (чакамуг), анчибар, гули наврузи, сиёхгуш, бойчечак ва гайра бартари доранд. Дар охирхои бахор ва авчи тобистон дар кабатхои поёнии чангал гулшукуфти боавчи растанихои алафи дигар дида намешавад. Гулшукуфти растанихои алафи, одаган, дар чойхои кушоди бедарахт ва ё дар канорхои чангал, ки рушноии офтоб ба он чо зиёдтар меафтад, ба чашм мерасад. Бо сабаби дар мухлатхои гуногун гул кардани намудхои хархелаи растанихо намуди зохирии чамоаи наботот тагйир ёфта меистад. Бинобар он, колини сабзу хушранги набототро дар чангалзор факат дар авва- ли бахор дидан мумкин. Намуди умумии чамоаи чангал дар тобистон аз хисоби шохаю навдахои сербарги дарахту буттахо ранги сабзро мегирад.

  1. Дар чамоаи набототи руизаминй кадом табакахо дида мешаванд?
  2. Кадом омилхо боиси табакахоро ба вучуд овардани наботот мегардад?
  3. Кадом табакахои зеризаминии чамоаи набототро медонед?
  4. Дар чамоаи наботот чи гуна тагйиротхои мавсимй фарк карда мешаванд?
  5. Кадом сабабхо боиси тагйирёбии намуди зохирии чамоаи наботот мегардад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …