Главная / Биология / Сохти берунии барг

Сохти берунии барг

Барг бо хамрохии пояю навдахо узвхои руизаминии растанихоро ташкил медихад. Дар барг се раванди барои растанихо нихоят мухим  фотосинтез (хосил шудани моддахои органики), мубодилаи газхо (гази карбонат ва оксиген) ва оббухоркуни мегузарад.

Агарчанде барги растанихои гуногун аз руи сохти берунаашон аз якдигар фарк кунанд хам, онхо аломатхои хосе низ доранд, ки монандии онхоро нишон медихад. Барги аксари растанихо ранги сабз дошта, аз ду кисм — думча ва пахнаки барг иборатанд. Думча баргро ба поя пайваст мекунад. Чунин баргхоро баргхои думчадор мегуянд. Баргхои думчадор дар себ, олуболу, заранг, чинор, чормагз, зардолу ва гайрахо дида мешаванд. Дар барги дигар растанихо, аз кабили гандум, сабр (алоэ), косни, загир думча дида намешавад. Барги онхо бо асоси пахнаки баргашон ба поя пайваст буда, онхоро баргхои нишаста меноманд.

bargho

Дар баргхои думчадори баъзе растанихо (масалан, настаран) дар асоси думча пешбаргхо инкишоф меёбанд 46 .

Аз руи шакли зохири- ашон баргхо гирдшакл, дилшакл, сузанмонанд, байзави (тухмшакл) ва гайра мешаванд. Канори пахнаки барг бошад, метавонад дандоншакл (дар себ), сузанмонанд (дар ларзонбед), аррашакл ё ин ки суфтаи яклухт (дар ёсуман) бошад.

Агар думчаи барг факат як пахнаки барг дошта бошад, онро барги содда меноманд. Дарахтони зардолу, сафедор, фарк, чинор, тус баргхои содда доранд .

Баргхои мураккаб бошанд аз якчанд пахнаки барг, ки бо думчахои кутох ба думчаи асоси пайвастанд, иборатанд. Чунин баргхо дар дарахти шунг (ясен), губайро, тамашк (шахтути фаранги, малина), шахтути замини ва акокиё дида мешаванд. Хар кадом пахнаки барги дар барги мураккаббуда аввало алохида-алохида мерезад ва сипас думчаи асосии барг меафтад.Дар баргхои сабз бо микдори зиёд бандчахои гузаронанда мавхчуданд, ки онхоро рагхо мегуянд.

Рагхо ба чуз гузарондани моддахои гизои боз ба барг мустахками медиханд.Агар рагхо дар барг нисбати якдигар мутавози чой гирифта бошанд, чунин тарзи рагрони рагронии мутавози номида мешавад. Рагронии мутавози бештар дар растанихои якпаллаги (гандум, чавдор, чав, чуворимакка, пиёз ва дигархо) дида мешавад .Дар баргхои калони зулф, гули барфак (ливондар) ва растании хонагии ахлгул (аспидистра) рагронии камоншакл ба чашм мерасад, ки ин шакли рагбанди низ хоси растанихои якпалла мебошад.Рагбандии туршакл барои растанихои дупалла хос мебошад.

Масалан, дар барги булут, зардолу, себ, бунафшаи серанга ва гайрахо рагхои барг чандин маротиба шоха ронда, шакли туршаклро мегиранд. Чунин махсусияти рагбанди нисбати растанихои якпалла ва дупалла на хама вакт мувофик меафтад. Масалан, дар растании зулф, ки ба дупаллахо тааллук дорад, рагбандии камоишакл ва дар барги растании якпалла — чашми зог бошад, рагбандии туршакл мушохида карда мешавад.

  • Барг чи гуна сохт дорад?
  • Баргхои содда аз мураккаб бо чи фарк мекунанд?
  • Дар барг рагхо кадом вазифаро ичро мекунанд?
  • Аз руи рагбандиашон растанихои якпалларо аз дупалла чи тавр фарк мекунанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …