Главная / Биология / Сохти анатомии гулсангхо

Сохти анатомии гулсангхо

Симбиоз. Роли гулсангхо дар табиат ва хочаги

Аз руи сохти анатомиашон гулсангхо ба ду гурух чудо мешаванд: гулсангхои гомеомери ва гетеромери. Дар гулсангхои сохташон гомеомери риштахои занбуруги ва обсабзхо аз руи чойгириашон мавкеи баробару якхела доранд. Яъне, онхо нисбати якдигар бартари надоранд. Дар ин холат хам риштаи занбуруг ва хам обсабз дар дохили лухобе, ки обсабзхо хорич мекунанд, чойгиранд. Чунин сохти анатомии гулсангхо аз чихати пайдоишашон нихоят кадима аст.

gulsang

Дар гулсангхои сохташон гетеромери, баръакс, мавкеи чойгирии риштахои занбуруг ва хучайрахои обсабз дар чисми (танаи) гулсангхо баробару якхела нестанд. Дар буриши анатомии чисми гулсанг дар аввал кабати боло дида мешавад, ки аз риштахои бо хам зич печидаи занбуруг иборат аст. Дар зери пустлохи болои кабати гонидиали ё минтакаи обсабзхо чойгир аст. Дар ин кабат риштахои парокандаи занбуруг ва микдори зиёди обсабзхо мавчуданд. Кабати сеюм “дилак” мебошад, ки танхо аз риштахои парокандаи занбуруг иборатанд. Дар зери ин кабат пустлохи поёни чойгир аст, ки он низ аз руи сохташ ба пустлохи болои монанд аст. Тавассути пустлохи поёни аз кабати “дилак” бандчаи риштахои занбуруги баромада, гулсангро ба мухити сукунаташ (санг, хок, пустлохи дарахт ва гайрахо) часпонда нигох медорад. Дар гулсангхои кафкмонанд .пустлохи поёни дида наме- шавад ва гулсанг ба туфайли риштахои занбуругии аз кабати “дилак” баромада ба мухити маскунаташ мечаспад ва худро нигох ме- дорад.

Чи тавре ки аллакай дар боло кайд гардид, чисми кабат-кабати гулсанг аз ду организм — занбуруг ва обсабз таркиб ёфтааст. Аз ин киёс чисми гулсанг аз риштахои бо хам печидаи занбуруг, ки дар байни онхо обсабзхои якхучайра ё сабзу кабудгоб чойгиранд, ташаккул ёфтааст.

Дар риштахои занбуруг баъзан пистонакхо (макакхо) пайдо шуда, ба даруни хучайраи обсабз дохил мешаванд. Риштахои занбуруги гулсанг об ва моддахои маъдании дар мухити сукунат халшударо мечаббанд, дар хучайраи обсабз бошад, дар натичаи фотосинтез (аз обе, ки занбуруг чаббидааст ва гази карбонати хаво) моддахои органики хосил мешаванд. Гулсанг организми автотрофи буда, аз моддахои органикие, ки худаш хосил кардааст, гизо мегирад. Хамин тавр, гулсанг организми тому бутун буда, аз ду орга- низм — занбуругу обсабз таркиб ёфтааст. Дар натичаи чунин хамзистии муфид, яъне, агар занбуруг обсабзро бо обу намакхои маъдани таъмин кунад, обсабз дар навбати худ занбуругро бо моддахои органикие, ки барои гизогирии он лозим аст, таьмин мекунад. Чунин тарзи хамзисти симбиоз номида мешавад.

Гулсангхо одатан оби борону барф, шабнам ва махлули моддахои гизоиро (маъданиро) бо тамоми сатхи баданашон чабби- да мегиранд. Манбаи асосии моддахои гизои барои гулсангхо, таркиботи сукунатчой ва ё чангу губори хаво (атмосфера), ки ба руи (болои) онхо тавассути боришот дастрас мегардад, мебошад.

Гулсангхо асосан бо рохи пайдо кардани спора, ки дар занбуругхо пайдо мешавад ё бо рохи ба хиссачахо чудо шудани кабатхояшон афзоиш мекунанд. Инчунин, аз гурухи хучайрахои махсуси аз занбуругу обсабз иборатбуда, ки дар дохили гулсанг пайдо мешавад, низ метавонанд афзоиш кунанд. Баъзан чисми гулсангхо аз фишори вазни сабзидаи худашон канда мешавад ва онхоро шамол ва селоб ба хар тараф мебарад. Ва онхо бо ин рох низ пахн мешаванд.

Гулсангхо организмхое мебошанд, ки метавонанд аввалин шуда дар марзу буми урёну бесамар пайдо шаванд ва нашъунамо кунанд. Чисми хушкидаи онхо ба порухок табдил меёбад ва дар он растанихои дигар нагз нашъунамо карда метавонанд. Гулсангхо инчунин кислотахои гуногуни органики хорич карда, чинсхои кухиро тадричаи вайрон мекунанд.

Баъзе намуди гулсангхо хосияти мухофизат кардани дарахтони бешазорхоро доранд. Мушохидахо нишон медиханд, ки танаи дарахти бо гулсанг фарогирифташуда аз таъсири занбуругхои касалиовар кам зарар мебинад.

Гулсангхо хуроки асосии хайвоноти минтакаи шимол ба хисоб мераванд. Онхо хусусан барои парвариши гавазнхо, ки дар хаёти мардуми шимол ахамияти калон доранд, мавкеи мухим доранд. Кариб 50 намуди гулсангхоро гавазнхо ва дигар хайвоноти дар минтакаи шимол зиндагикунанда истеъмол мекунанд. Баъзе намудхои гулсангхоро бузу гусфанд ва аспон низ ба сифати хурока истеъмол мекунанд.

Гулсангхо барои одамон низ хамчун манбаи хуроки хизмат мекунанд. Аз 20 000 намуди гулсангхои дар руи Замин меруидаги зиёда аз 65 намудаш ахамияти хуроки доранд.

Дар Точикистон 200 намуди гулсангхо маълум карда шудааст. Дар даштхои беоби Бешкенти Точикистон як намуди гулсанги хурданибоб меруяд, ки онро шамолхои сахт ба хар тараф гелонида мебарад.

Дар замонхои кадим, хусусан мардуми Мисри Кадим 2000 сол мукаддам, гулсангхоро ба сифати дорухои табобати истифода мебурданд.

Холо аз гулсангхо дорухои гуногун тайёр мекунанд ва онхоро барои табобати касалихои пуст, сухтаги, чарохатхои фасоддор, касалии сил ва гайра истифода мебаранд.

Баъзе дорухои аз гулсангхо тайёршударо барои аз касалихо мухофизат кардани зироатхои кишоварзи истифода мебаранд. Баъзе намудхои гулсанг аз моддахои хушбуй ва равганхои эфири бойанд ва онхоро дар саноати атриёт истифода мебаранд. Аз гулсангхо рангхои гуногун мегиранд ва дар саноати бофандаги барои ранг кардани матоъхои абрешими ва пашмин ба кор мебаранд. Дар саноати химия бошад, аз гулсангхо моддаи махсус (лакмус) хосил мекунанд.

  1. Аз руи сохти анатомиашон гулсангхоро ба кадом гуруххо чудо мекунанд?
  2. Гулсангхои сохташон гетеромери аз гулсангхои сохташон гомеомери бо чи фарк мекунанд?
  3. Афзоиши гулсангхо чи тавр ба амал меояд?
  4. Бохамзистии симбиозиро чи тавр маънидод кардан мумкин аст?
  5. Гулсангхо дар табиат ва хаёти одамон чи ахамият доранд?
  6. Дар Точикистон чанд намуди гулсангхо месабзанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …