Главная / Гуногун / Шохи маст – Хикоят

Шохи маст – Хикоят

Яке аз мулукро шунидам, ки шабе дар ишрат руз карда буд ва дар поёнии масти хаме гуфт:

Моро ба чахон хуштар аз ин як дам нест,
К-аз неку бад андешаву аз кас гам нест:

Дарвеше гурусна ва барахна ба сармо буруни дар хуфта буд ва дар бадеха гуфт:

Эй, он ки ба икболи ту дар олам нест,
Гирам, ки гамат нест, гамии мо хам нест?

Маликро хуш омад, суррае хазор динор аз равзан бурун дошт ва гуфт, ки доман бидор, эй дарвеш!
Гуфт:
– Доман аз кучо орам, ки чома надорам?!
Маликро бар холи заифи у риккат зиёдат шуд ва хилъате бар он мазид кард ва пешаш фиристод.
Дарвеш мар он накду чинсро ба андак замон бихурду парешон гардид ва боз омад.

Карор дар кафи озодагон нагирад мол,
На сабр дар дили ошик, на об дар гирбол.

Дар холате, ки маликро парвои у набуд, хол бигуфтанд. Бахам баромад ва руй аз у дархам кашид ва з-ин чо гуфтаанд:
«Асхоби фитнат ва хибратро аз хиддату саврати подшохон бархазар бояд будан, ки голиби химмати эшон ба муаззамоти умури мамлакат бошад ва тахамули издихоми авом накунад.

Харомаш бувад неъмати подшох,
Ки хангоми фурсат надорад нигох.
Мачоли сухан то набини зи пеш,
Ба бехуда гуфтан мабар кадри хеш.

Гуфт:
– Ин гадои шухи мубаззиро, ки чандон неъмат ба чандин муддат барандохт, биронед, ки хизона байтулмоли лукмаи масокин аст, на туъмаи ихвонишшаётин!

Аблахе, к-у рузи равшан шамъи кофури нихад,
Зуд бини, к-аш ба шаб равган набошад дар чарог.

Яке аз вузарои носех гуфт:
– Эй худованд, маслихатон бинам, ки чунин касонро вачх кафоф ва тафорук мачро доранд, то дар нафака исроф накунад. Аммо он чи фармуди аз зачру манъ, муносиби сирати арбоби химмат нест: якеро ба лутф умедвор гардонидан ва боз ба навмеди хаста кардан.

Ба руи худ дари таммаъ боз натвон кард,
Чу боз шуд, ба дурушти фароз натвон кард.

***
Кас набинад, ки ташнагони Хичоз
Ба сари оби шур гирд оянд.
Хар кучо чашмае бувад ширин,
Мардуму мургу мур гирд оянд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …