Главная / Гуногун / Соати Саъд (МАКОЛА)

Соати Саъд (МАКОЛА)

Ва инак, соати саъд фаро мерасад. Ва гурухи панчнафараи мо омодаи сафари шахри Кулоб мегардад. Сафари мо ба ин шахри бостони бо шарофати фарзанди баруманди миллат Мирзолатиф Рахимзода ба вукуъ пайваст. Ин марди матин зиндагиро бо хама талхиву ширини, бо хама сузу созаш дуст медошт. Ин аст, ки номи у хамчун як шахсияти бузурги маънави дар таърихи шахри Кулоб накш бастааст. Президенти Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон зимни яке аз гузоришхояшон фармудаанд: “Мо бояд аз таърих шула бардорем, на хокистар…”. Бархак, имруз ёд овардан аз инсонхои шариф, ки дар пешрафти фархангу маданияти кишвар сахми муносиби хешро гузоштаанд, амри таърих аст.

soatМо богоят шод хастем, ки Шоири халкии Точикистон, устод ва пири хирад Муъмин Каноат хамрохи мост. Хамсафари бо ин марди фозил, ки чехраи гарм, дили нарм ва инсондусте дорад фоли нек аст.

– Пир нест, тадбир нест!

Дар чашмони Зиё Рахмон шарораи шоди барк мезанад.

– Табъи дил гап зади. Охир, бузургон бесабаб нагуфтаанд:

“Бе пир марав, ки дар бимони,

Харчанд Сикандари замони!”

Пас аз зухр бо хидояти Шоири халкии Точикистон Рахмат Назри ду “экипаж” ба рох мебарояд. “Экипаж”-и дунафара: Шоирони халкии Точикистон, устод Муъмин Каноат ва Сафармухаммад Айюби пештар ба рох мебарояд. Онхо бояд аз нохияи Вахдат Мирзо Файзалиро бигиранд. “Экипаж”-и сенафара: Алии Мухаммадии Хуросони – номзади илми филология, мудири шуъбаи тахкик ва нашри осори адабии Институти шаркшиноси ва мероси хатии Академияи илмхои Точикистон, номзади илмхои тибб, шоир Зиё Рахмон ва банда пас аз як соат озими рох мегардем.

Хаво на гарм буду на салкин, ба кавле муътадил. Осмони бекарон батамом соф, бегубор. Дар бахри каб-кабуд ва нопайдоканори хуршеди оламоро хокими мекард. Ва нурхои заррини худро бедарег нисор менамуд. Гуё ба рохи мо зиё мерехт ва кушоиши ниятхои неки моро хохон буд. Шахр Душанбе хеле сермошин, серодам, сермагал, хуллас, ки пурчушу хуруш. Имконе хеч нест, ки сухбати ширине биорои. Аз ин ру хар кас гарки хаёлот ва андешахои худ буд.

Инак, шахри Вахдат хам паси сар шуда, мошин ба рохи Норак баромад.

Мошин хамон ба пеш медавид.

Таноби рох мекашид.

Ба рости ман ба Сафамухаммад Айюби ва Мирзо Файзали хасад мебурдам. Бале, хасад мебурдам, аз дилу чон хасад мебурдам. Аз он хасад мебурдам, ки аз чамоли дидори устод шод гашта, аз сухбати ширину гуворо ва панду хикматхои падаронааш лаззат мебаранд.

– Дар Норак истам, як пиёла чой мегиред? – ба мо ру меорад ронанда.

– Не, онхо моро дар баланди интизоранд, – мегуяд ёрдамчии ронанда. – Гуфтанд, ки дангича мехурем.

“Онхо”-ро фахмидам – “экипаж”-и якум , аммо дангичаро нафахмидам.

– Дангича? Ин чи хел хурок аст?

– Намедонед?

Ман бе хеч андешае чавоб додам, ки:

– На!

Ва бовари доштам, ки чавобам дуруст аст, зеро ин номро бори нахуст мешунидам.

– Расидем мебинед.

– Рост: “Шунидан кай бувад монанди дидан”.

Дар баланди капачае намоён шуд. Мошини мо дар назди он карор гирифт. Се дег руи дегдончахои санги меситод. Сохиби дегхо хеле хурсанд шуд. Пас аз ахволпурси гуфт, ки чи мефармоед. Гуфтам, ки ба ман дангичаро нишон бидех. Сарпуши деги миёнаро бардошт. Ман табассум карда гуфтам:

– Инро мо далда мегуем.

Чехраи Алии Мухаммадии Хуросони кушода шуд ва нимтабассум карду гуфт:

– Мо хам далда мегуем.

– Дар баъзе махалхо онро гандумкуча мегуянд.

– Дар бисёр кахвахонахои шахри Душанбе онро хаш мегуянд.

Драматурги чирадасту бехамто Сафармухаммад Айюби хамзамон ба сохиби дегхо фармон дод, ки дангичаро кашад. Шоирон Мирзо Файзали ва Зиё Рахмон намехохем гуфтанд. Аз чи бошад, ки ман хам он кадар хавасу иштихои хурдан надоштам.

– Не, хамаамон мехурем! – катъи гуфт Сафармухаммад Айюби. – Гап тамом, вассалом!

Сипас бо табассум афзуд:

– Охир, ин дору аст, дору!

Хуш гуфт, хак гуфт ва маро хам хаваси хурдан омад. Дигарон хам дигар неву нестон накарданд. Ман дар пахлуи устод Муъмин Каноат нишастам.

– Бо устод нишаста далда хурдан худ бахти бузург аст.

Сафармухаммад Айюби бо кошук косаи дангичаро кофт-кофту гуфт:

– О, гушт надорад-ку?

– Накоб намеёби, – гуфтанд устод Муъмин Каноат. – Гушташ об шудааст.

Бале, устод хак буданд. Аз чушидани зиёд гушт об шуда буд. Ин аз як чихат хуб буд, зеро на ба дандон ва на ба шикам зур намеомад.

Чи хуш аст сухбат кардан бо устодон дар огуши куххо!

Ва нохост чун барк фикре ба сарам мезанад: хаёти ин инсони поктинат ва самими киссаву достонзеб аст!

– Аз капааш маълум, ки он кадар даромад надорад, – гуфт Алии Мухаммадии Хуросони.

– Не-е, инхо доно, барои хок пошидан ба чашми нозирони андоз худро чунин бенаво нишон медиханд.

Мо косаро ним накарда, Сафармухаммад Айюби ба косаи дуюм часпид. Аз дили ман гузашт: “Кто как кушает, так и работает!”. Вокеан хам Сафармухаммад Айюби хеле сермахсул аст. Хама аз мехнаткаринии у ангушти хайрат мегазанд. Вай 120 асари драмави навиштааст, ки 51-тояш дар театрхои чумхури ба намоиш гузошта шудаанд. Ду драмааш дар фестивали “Парасту” Гран При гирифтааст. Шаштояш мукофоти аввалро дар озмунхои чумхурияви сохиб гаштааст. Холо у драмаи “Фочиаи шашмаком”-ро ба итмом расонидааст. Кобили зикр аст, ки у на танхо бо эчодиёташ, инчунин туфайли одамгарихояш обрую эътибори хосае дар байни мардум пайдо кардааст.

Баъди ним кардани косаи дуюм бо марок суол кард:

– Читу?

– Ачаб бамазза!

Дар лабони у табассуми шаккарине гул кард. Дар лабони устод Муъмин Каноат хам табассуми латифе гул мекунад.

Изхори шукру сипос намуда, бо дуои неки устод Муъмин Каноат ба рох афтодем.

Инак, боз рох. Рохи дуру дароз. Рохи хамвору нохамвор. Рохи нишебу боло. Рохи пургардиш. Рохи хатарнок. Ва мо лахзае оиди чун обу хаво зарур будани туннел сухбат мекунем. Дакика аз паси дакика медавид. Ва соат мегашт. Ба нохияи Дангара ворид гаштем.

– Оббо, аллакай алаф зард шудааст, – гамгинона гуфт Алии Мухаммадии Хуросони.

– Ха, имсол борон кам борид, – гуфтам ман.

– Не, борид, – эътирозомез гуфт Зиё Рахмон.

– Борид, – паст наомадам ман, – вале дер, дар вакташ не.

Дар чехраи хар сеямон гам соя андохт.

Мошин ба рохи навсохти хамвору беозор баромад. Гирду атроф басо тамошобоб буд. Хаёлоти моро ронанда халалддор кард.

– Ана инхо чокула. Бисёр хаким аст.

– Бошад?

– Не, вакташ гузашт. Агар мешуд, бачахо хатман сари рох мебароварданд.

– Чокула? – Алии Мухаммадии Хуросони ба бутахои чокула дуру дароз нигаристу сипас гуфт: – Мо инро шокула мегуем.

Зиё Рахмон хамзамон ба ман нигарист. Мазмун дар шумо чи мегуянд. Ман табассум кардам. Ва гуфтам:

– Мо хеч чиз намегуем.

– Барои чи? – бо хайрони ба ман ру овард Зиё Рахмон.

– Зеро ки дар мо чунин гиёх нест, – чавоб додам бо хасрат.

Нихоят рохи дусадкилометра кафо мемонад. Дарвозаи кулоб моро истикбол мегирад. Хар сеямон якбора ба он дида медузем.

– Зебо!

– Бохашамат!

– Симои шахр!

Хакко, ки рост аст!

Ва ин симои зебову бохашамат гуё мегуяд:

“Равоки манзари чашми ман ошёнаи туст,

Карам намову фуруд о, ки хона хонаи туст”.

Шахри Кулоб худро ба огуши гулу лола андохта, сарсабзихо дошт. Дар лабони хама табассум гул кард, табассуми самими, табассуми ифтихор. Ифтихор аз он, ки шахри Кулоб на танхо зебо шудааст, инчунин машхур хам гаштааст.

“Дид гардун партави хуршеду махтоби маро,

Чашни миллат гуфт дунё чашни Кулоби маро”.

Хангоми аз кучаи марказии шахр гузаштан рубоии Суруши Искодари ба ёдам омад:

“Ин кухназамин диёри хуни ноб аст,

Хамсояи шеду махзари махтоб аст.

Пас аз ду хазору хафсад соли вучуд

Шахре, ки чавонпир бувад, Кулоб аст”.

Раиси шахри Кулоб Хамид Абдуллоев гармтарин истикболро пеша кард.

– Эха, ана вохурию… устод? Ба чашмони худ бовар намекунам!

Онхо хамдигарро сахт ба огуш кашиданд.

– Хуш омадед, нури дида, точи сар!

Ман медонам, ки Хамид Абдуллоев марди замини, хоксор ва дорои сифатхои нек мебошад. Зеро дар Донишгохи техникии ба номи Мухаммад Осими панч сол бо хам тахсил кардем ва баъд солхои дароз дар як соха – мошинсози хамрох захмат кашидем. Аз вохури ва суханрони самимият, мехру мухаббат ва хоксории у хеле равшан зохир мегардад. Шоире дар ин маврид мегуяд:

“Хоксори зинати инсон бувад,

Кадри одам хам баланд аз он бувад”.

Аз шавк гуё ба куртааш намегунчид. Чашмонаш барк мезад. Аз шиддати шавк намедонист моро ба кучо шинонад. Пас аз он, ки чо ба чо шудем, табассуми ширин намуду бо фахр гуфт:

– Мо бо устод Муъмин Каноат дар як парта менишастем.

Чанд нафар дар хайрат монданд. Ман шарх додам, ки Хамид Абдуллоев ва устод Муъмин Каноат Депутати Шурои Олии СССР буданд. Ва ба раиси шахр ру овардам:

– Дируз тавассути телевизион кушодашавии басейнро тамошо кардем

– Ха, чанд нафар омада хохиш карданд, ки фаворахоро бандем, – шарх дод Хамид Абдуллоев. – Хайрон шудам. Охир фаворахо зеби шахр аст. Сабаб пурсидам. Гуфтанд, ки бачахо оббози мекунанд. Карор додем, ки басейн бисозем. Инак, дар як муддати кутох онро ба истифода додем.

Хама дар ин чо иззату икром ва мехрубонихои зиёде дидем. Сухбат гарм ва нарм буд.

Озори рохи дароз батамом бартараф шуд.

Мо ба ин марди начиб барои лутфу самимияташ изхори миннатдори карда, аз чо бархостем. Пеш аз он, ки бо мо хайрухуш кунад, китоби хеле хуб ороёфтаи Энсиклопедияи Кулобро ба мо тухфа намуд:

– Ин хотира аз мо.

Бале, у “ман” не, “мо” гуфт.

Чашмони устод Муъмин Каноат барк заданд. Устод китобро багоят дуст медоранд.

Раиси шахр то берун моро гусел кард. Ман ба у нигаристам ва дар дил гуфтам: “Хар ки об аз дами шамшер хурад, нушаш бод!”.

Мо дар шахри Кулоби кухан, вале навчавону сарсабзу хуррам бо рухи болида сайру гашт кардем. Бинохои бохашаматро, ки дар се-чор соли охир бо ташаббусу дастгирии Президенти кишвар, мухтарам Эмомали Рахмон бунёд ёфтаанд, бо шавк ва хаячони зиёд тамошо кардем. Дустони кадрдону гироми ва деринро дучор омадем. Ва то он чое, ки фурсат даст дод, бо афроди вокеи сухбате оростем.

Шукр, хазорон шукр!

Ин суханонро аз забони хама мешунидем.

Онхо бо эхсоси саршори мехр изхор мекарданд, ки аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, мухтарам Эмомали Рахмон миннатдор ва шукургузоранд. Онхо аз он меболиданд, ки Президенти кишвар хамеша тапиши набзи дили онхоро эхсос мекунад. ин аст, ки соле як бор ба Кулоб омада, садхо масъалаи ба халку миллат судмандро хал мекунанд. Соли 2004 бо мехрубонии падарона карзхои пешини газу барки ахолиро, ки зиёда аз 4 миллион сомониро ташкил медод, бахшид. Чашни 2700-солагии шахри Кулоб махз махсулу шарофати аклу заковати бузурги фархангии Президенти кишвар мебошад. Мардуми Кулоб некихои уро хеч гох фаромуш намекунанд ва бо кувваи дахчанд барои ободонии шахру кишвари хеш камар мебанданд.

Бинои мехмонхонаи “Хатлон” бо хашамати худ моро мафтун кард. Вокеан хам мехмонхона ба хусни шахр хусн зам мекард. Бо чашмони пур аз мехр биноро тамошо мекардем. Гуё аз тамошояш сери надоштем. Аз ин чехраи маъмури мехмонхона Шарофиддин Хочаев чун гули бахор шукуфт. Ва моро ба мехмонхона рахнамои намуд. Ба мо ду уток – дуюм ва хафтумро пешниход карданд. Мо дархол хафтумро интихоб кардем. Зеро ки хафт раками муборак аст. Ва хеле хосияти хуб дорад. Хамчунон ки хафт ганч, хафт Авранг, хафт ситора, хафт дарё, хафт руз ва хафт осмон, яъне Мох, Уторуд, Зухра, Хуршед, Миррих, Муштари ва Зухал. Кобили зикр аст, ки дохили мехмонхона хам бо технология ва масолехи чадид таъмир шуда буд, ки ин моро багоят шод гардонд. Вале набудани об табъамонро каме хира намуд.

– Холо мехмонхонаро пурра насупурдаанд.

Шарофиддин аз хичолат сар ба зер афканд. Суп-сурх шуд. То хичолат накашад, уро тасалло додам:

– Хеч гап не, як шаб сад шаб нест. Бехтараш дар бораи мехмонхона каме ба мо маълумот бидихед.

Аз накли у аёнамон шуд, ки мехмонхона аз панч ошёна иборат буда, дорои 116 чой мебошад. Инчунин ду апартамент ва чор люкс дорад.

Лахзае хомуш мондам, ру ба Зиё овардам, то шавку эхсоси уро ба тамом дарк бикунам. Вай бо кавоки гирифта хайрон-хайрон ба ман нигох мекард. Вай кахр кардаги барин даст афшонда тез либос иваз карду гуфт:

– Кулоб, яъне оби бисёр. Пас кани он об?

Хушбахтона раиси шахр Хамид Абдуллоев огох шуда, ин масъаларо тез хал намуд. Зиё Рахмон ба мутолиаи Энсиклопедияи Кулоб машгул шуд. Онро варак мезаду гур-гур мекард. Гур-гур мекарду варак мезад. Ман сабаб чуё шудам. Охи чукуре беихтиёр аз синааш бадар шуд. Ба худ печид, андеша кард ва нихоят гуфт:

– Маро ба Энсиклопедия ворид накардаанд.

Даме сукут кард ва боз гуфт:

– Не, ман шухратпараст нестам, вале…

– Алам мекунад, – сухани уро идома додам. – Ман мефахмам.

Вокеан, чаро у ба Энсиклопедия дохил нашудааст? Зодаи шахри Кулоб, номзади илмхои тибб, шоир, аъзои Иттифоки нависандагони Точикистон.

– Боз хам инсоф мебояд! – беихтиёр гуфтам ман.

– Хак асту рост, – гуфт у ва боз ба варак задани  Энсиклопедия шуруъ намуд.

Ман гох ба у ва гох ба энсиклопедия нигох карда, аз дилу чон мезавкидам.

– Наёфти?

– Ёфтам, – гуфт у. – Ана “ва дигарон”.

– Зик нашав. Охир, ана дар сарсухан навиштаанд, ки: “Табиист, ки чунин кори фарогир аз камбудиву нуксон ори буда наметавонад. Шояд ному насаб ва хизматхои шоиставу арзишманди бархе аз хамдиёрони мо бо сабабхои гуногун аз китоб берун монда бошад, ё хизмату корномахои бархе дигар аз хамватанон нопурраву номукаммал инъикос ёфта бошанд”.

Пеш аз шом мо бо писари бузурги Мирзолатиф Хочи Нозимчон ва фарзандони у вохурдем. Зиндагии Мирзолатиф ба фарзандон ва набераву аберахо таъсири амике гузошта. Хама чехракушод, кавирух ва гаюр.

– Муъмин Каноати! – бо хаячон нидо намуд Хочи Нозимчон ва устодро сахт ба огуш кашид.

Он бегох сухбати гарму нарм барогузор гардид. Сафармухаммад Айюби гуфт:

– Зиндагии Мирзолатиф Рахимзодаро метавон зиндагии андешахо, дарду гам, муаммохо, мушкилихо ном дод. Рохеро, ки у интихоб кард, рохи осон набуд. Сохиби кувваи бузурги маънави ки буд, онро сарбаландона тай кард.

Вай ошикона зиндаги кард, корхоеро ба сомон расонид, ки аз некию мехрубонию хайрхохи ба мардум иборат буд. Эчодхое кард, ки номи пуршарафи инсониро нигох дошт.

Вай марди хоксору фурутан, сухандону махфилоро, дурандешу хайрхох, дастгир ва мураббии эчодкорон буд. Шеъри у чавхари худро дорад. Таъсири у ба хамаи шоирони минтака эхсос мешавад.

Марги Мирзолатиф Рахимзода талафи бузург буд. Ин аст, ки дусташ Сомеъ Одиназода, ки низ аз чабри сиёси азият кашида, бо дарду алам чунин суруда:

“Дарего, андалеби боги ирфон

Бо сад оху фигон аз ин чахон рафт.

Ба васли дуст восил гашт охир,

Ба фирдавси барин у човидон рафт”.

Дусти дигараш шоири сохибдили маорифпарвар Мусо Гуломи хам бо андухи гарон менависад:

“Водарего, аз чахон рафт ахтари тобони мо,

Шоири ширинзабону хамдами чонони мо.

Чашми мо кай сер буд аз гармии дидори у,

Водарего, рафт дилхун булбули хушхони мо”.

Субх дамида, шахри кадима лахза ба лахза бедор мешуд ва худро ба огуши гарми зиндаги меандохт. Мо хама ба он хамрох гаштем. Хуршед аз паси куххо чехраи дилкаши худро намудор карда, ба мо гуё рузи нек, барори кор мехост. Нурхои офтоб аз кабати барги дарахтон гузашта, дар рохрав бози мекарданд.

Макбараи Хазрати Амирчонро зиёрат намудем. Макбараи ин донишманд ва орифи чахонгард, ки дар маркази шахри Кулоб чойгир аст, зиёратгохи мардуми чумхури ва кишвархои хамсоя мебошад. Имруз хам одам бисёр буд. Чун устод Муъмин Каноатро медиданд, гуё, ки хамин хозир ягон чизи гаронбахои худро пайдо карда бошанд, басе шодмон мешуданд. Ва хандону шодикунон ба зиёраташ меомаданд. Ва бо эхтиром “Салом устод!” мегуфтанд. Ман аз ин багоят шод мегаштам. Зеро ин башорат аз вахдати хакики медод.

Ха-а, вахдати хакики!

Инак, махфили адабиро Котиби масъули бахши вилояти Хатлонии Иттифоки нависандагони Точикистон, Шоири халкии Точикистон Хакназар Гоиб хусни огоз бахшида, риштаи суханро ба раиси шахри Кулоб Хамид Абдуллоев медихад. Хамид Абдуллоев сухани ифтитохии худро хеле кутох ва муъчаз баён медорад. Сипас сухан ба Алии Мухамаммадии Хуросони дода мешавад. У дар мавзуъи “Рузгор ва мероси адабии Мирзолатиф Рахимзода” маъруза мекунад. Лозим ба ёдоварист, ки хар кучое ки мерафтем Алии Мухамаммадии Хуросониро хамчун Мирзолатифшинос муаррифи мекарданд. Ва ин хакикат буд. Бале, чои тахсин ва сипос аст, ки чихати шинохт ва муаррифии Мирзолатиф Рахимзода Алии Мухаммадии Хуросони захмати хеле зиёдеро ба харч додааст. Мусаллам аст, тахкики осори шоир кори осон набуд. Вале олим аз ин нахаросид ва бо мухаббат ва дарки масъулият ашъори гуногунжанру гуногунмавзуи шоирро ба хуруфи кирилли баргардонда, ба онхо хаёт ва харакату неру бахшидааст. Мухаккик шоирро “Гавхарафшон” номида китобашро бо номи “Соати саъд” бори аввал ба пешгохи мардум такдим намуд. Ва мардум аз гановати тахайюлот ва хунари эчодкории Мирзолатиф Рахимзода вокиф гардиданд. Шоир ба энсиклопедияи Кулоб хам бо навиштаи Алии Мухаммадии Хуросони ворид гардидааст.

Хангоми суханронии Алии Мухаммадии Хуросони ба чехрахои ахли толор назар карда, дидам, ки онхо хеле бодиккат гуш мекунанд. Бешак, мехоханд дар бораи Мирзолатиф Рахимзода хар чи бештар маълумот дошта бошанд. Ва ман бисёр афсус мехурдам, ки ин маъруза пештар дар рузномахои вилояти чоп нашуд, то ки мардум ба он шинос шаванд.

Шоири писандида ва омузгори варзида, устоди зиндаёд Мирзолатиф Рахимзода бо ашъори дилошуб ва гуфтори маргуби худ дар миёни мардуми суханпарвари Кулоб махбубияти бисёр ва шухрати сазовор дорад. У соли 1902 дар дехаи Сари Намаки дехшурои Йоли нохияи Дашти Чум дар хонаводаи дехкони сохибмаърифат ба дунё омадааст.

Сараввал тахти сарпарастии волидайн аз устодони дехот сабак гирифтааст. Сипас дар мадрасаи Домулло Насими Порвори тахсилро идома медихад. Баъди дах соли илмомузи дар дехаи Геши нохияи Муъминобод назди Домулло Бароти хаттот хушнависиро машк мекунад.

Баробари баркароршавии Хокимияти Шурави то соли 1928 котиби Кумитаи инкилоби, котиб ва баъдтар раиси ситоди нохиявии таксимоти галлаву озукавори буд. Соли 1928 курси донишафзоии маорифи шахри Душанберо ба итмом расонида, солхои 1929-1931 дар дехахои Афтовзамин ва Чуск бо барномаи хуруфи лотини дарс мегуяд. Солхои 1931-1937 мудирии мактабхои дехахои Шовон ва Сангунели нохияи Дашти Чумро ба ухда дошт. Солхои таъкиботи сиёсии истолини у барои донишманди ва худогохии миллии хеш ба тухмати нотавонбинон гирифтор мешавад ва солхои 1938-1948 азобу шиканчаи хабси дахсоларо дар махкамаи Соликомск (хозира Пермь) аз сар мегузаронад. Соли 1956 Президиуми Шурои Олии собик Иттиходи Шурави бо карори худ бегунохии уро собит мегардонад.

Мирзолатиф Рахимзода аз соли 1949 то вопасин нафаси худ дар мактаби хамагонии ба номи Ворошилови шахри Кулоб ба тарбияи насли наврас машгул буд. У соли 1967 чахонро падруд гуфтааст.

Ин марди ватандуст дар хар шароите ки набуд пешкадам, сарбаланд ва баобру бимондааст. Зеро истеъдод дошт ва онро хеч нафаре аз у рабуда наметавонист. Адиби сохибдилу сохибназар як умр бо истеъдоди модарзоди худ шеърхои инсонпарваронаву ошикона сурудааст.

Мирзолатиф Рахимзода хамеша ба илму дониш ва хираду ахлоки хамида такя мекардааст. Ин аст, ки мефармояд:

“Илм аст, калиди бахти инсон бошад,

Илм аст, чароги рохи кайхон бошад.

Аз илм хама азиз гардад ба чахон,

Доим дили мо зи илм рахшон бошад!”.

Алии Мухамаммадии Хуросони комилан сахех фармуда: “…шеър барои Мирзолатиф Рахимзода воситаест, салохест дар рохи расидан ба хадафхои нек ва даст ёфтан ба орзухои баланди ичтимоъиву умумиинсони”.

Сухан ба устод Муъмин Каноат дода мешавад. Ахли сухбат баробар чапак мезананд.

Чи лахзаи ачоибу чи лахзаи хаячоновар!

Гумон кардам, ки кухе ба души устод афтода ва ин кухро бояд бардошт. Дарк намудам, ки ин кух кухи эхтиром ва масъулият аст. Эхтиром ва масъулияти сухан.

Толорро хомушии томе хукмфармо гашт. Вучуди хама ба тамом гушу хуш гашт. Ва суханони пурмагз, пурмаънии уро бо шавку завки зиёду хаячон гуш мекарданд. Суханонаш кутох, дилхох, бурро ва гуё буданд. Суханро канда-канда ва санчидаву баркашида мегуфтанд. Ва мисрахои устод ба парвоз омада, замину замони зехни маро фаро мегирад:

“Суханро вазну тамкини замин бояд,

Суханро кудрати чонофарин бояд”.

Аз каломи устод гуё шеър мерехт. Хар сухани у чун дарёхои хурушони кухистон чушида мавч мезаданд. Аз онхо буи хаёт, накхату нашъи зиндаги эхсос мешуданд.

Хар сухани устод ба дилхо тухми мухаббат мекошт. Ба дидахо нури маърифат мерехт.

Вай бо салобат, бо хусну малохат, бо мантики суханонаш хозиронро тасхир карда буд.

Хама суяш гарм ва нарм чашми мухаббат духта, кафкуби карданд. Чи хуш, ки ин лахза дар катори хаводорони илму адаб аз тахти дил хай кафкубихо кардам.

Зихи, устоди сухан!

Инак, риштаи сухан дар дасти Шоири халкии Точикистон Сафармухаммад Айюби. Шоир шеъри ба ёди Мирзолатиф Рахимзода бахшидаашро кироат мекунад. Шеъро аз умки дил ва пуртаъсир мехонд.

“Дар хоб туро дидам, бедор туро дидам,

Сад бор назар кардам, хар бор туро дидам.

Кардам чу киёси ту, бар чумла сухангуён,

Шахбайти туро хондам, шахкор туро дидам.

Бо шеър садо кардам, даъвои вафо кардам,

Аммо зи вафодори саршор туро дидам.

Гам кард ба чонам ху, бар шери ту кардам ру,

Шеъри ту зи гамхо буд, гамхор туро дидам.

Хар лахзаи умратро мардона сипар карди,

Дар пешгахи мардон, боор туро дидам.

Чону дили мо чун кух, бигрифт нидо аз ту,

Дар акси садо бо кух, гуфтор туро дидам.

Кам гашт ба чашмам нур, аммо ту нарафти дур,

Чун пири хирадмандон солор туро дидам.

Мизои Латифи ту, лутфи ту хушоянд аст,

Як асри парешон рафт, подор туро дидам.

Дар хоб туро дидам, бедор туро дидам,

Сад бор назар кардам, хар бор туро дидам”.

Мирзо Файзали – ин шоири озодалибос, шух, зиндадил ва хазлу базлагуй шеъри “Ватандори”-ро кироат намуд:

“Ватандори сухан андар сухан нест,

Ба сина мушт бо гавго задан нест.

Ватандори ба сидк асту ба имон,

Ба шуру шангу бахси “мову ман” нест.

“Ватан!”-акси садои набзи калб аст,

Магу, пайванд агар бо чону тан нест.

Шавад чо мехри он бо шири модар,

Каломе бехтар аз “Модар-Ватан” нест.

Зи сангу хоку хораш рохате хаст,

Ба мулки гайр дар богу чаман нест.

“Ватан!” гуфтан, шакар бар ком бурдан,

Дигар шахде гуворо дар дахан нест.

Ватан обод созад ахли окил,

Ривочаш з-аксари бе илму фан нест.

Худоё, харфи сониро бубахшой,

Ки он худ омада, чурме зи ман нест:

Ба боги чаннатат фориг набошам,

Агар хоки Ватан атри кафан нест”.

Уро нагузоштанд, ки биравад. Хохиш карданд, ки накизае бихонад. Ва у накизаи “Ману устод”-ро кироат кард:

“Манам шогирд, устодам Аюби,

Ба монанди “Валет”-у “Туз”-и буби.

Насихат карда, мегуяд ба ман у:

“Бади харгиз нагирад чои хуби”.

Ману устод карда кисаруби,

Бинушидем дар кунче ба хуби.

Ба ман тачрибаашро гуфт устод:

“Давои дарди сар оши ба луби”.

Хамуши хар кучо аз ман-мани бех,

Муросо кардан аз кашталкани бех.

Чунин як фикри бикре дорад устод:

“Бародар, дусти аз душмани бех”.

Риштаи суханро ба дасти камина доданд.

– Устоди бузург, Одамшуаро фармудаанд:

“Хеч шоди нест андар ин чахон,

Бартар аз дидори руи дустон”.

Аз ободии шахр ва дидори Шумо дилхои мо гул-гул шукуфт. Шумо хушбахтед, ки дар давлати сохибистиклол дониш меомузед ва ояндаи давлати мо дар дасти шумост. Латифае накл намудам:

“Марде ба хонааш хурсанд омада, гуфт:

– Холо ман чавон будаам.

Занаш хандид:

– Ки гуфт?

Мард гуфт:

– Охир, дар автобус касе ба ман чой надод…”.

Ин латифаро шаш-хафт сол пеш навишта будам. Шукри Худо ки имруз вазъит тамоман дигар аст. Ба фарханги бузургу ба бунёди иншоотхои фарханги ру овардани Президенти кишвар, мутарам Эмомали Рахмон баракати хираду маърифатро ба мо ва ояндагон мерасонад. Эхёи рохи таърихии абрешим, дар мисоли рохи бузурги Кулоб-Бадахшон-Кулма-Карокурум моро ба чахон мепайвандад. Ин рох аз дили Бадахшон, аз дили Хатлон, аз дили Вахдат, аз дили Душанбе, аз дили Зарафшон мегузарад ва гуё риштаи зарринест, ки дилхои моро ба хам мепайвандад. Ва ин лахза мисрахои шеъри “Мавчи бародари”-и устод Муъмин Каноат ба ёд меояд:

“Бародарам,

Бародари ба чону дил баробарам!”.

Ва ман орзу дорам, ки хама бародари ба чону дил баробар бошем. Ба хамаи шумо хонаи обод ва дар ин хона нури зиё, сидку сафо ва ишку вафоро таманно дорам.

Шоир Зиё Рахмон бо хаячон сухан мегуфт. Зеро бори нахуст дар зодгохаш, дар назди хамдиёронаш сухан мегуфт. Ин суханрони гуё имтихоне буд барояш.

“Номи туву шухрати ту дар ёди ман аст,

Аз хуни ту дар замирам эчоди ман аст.

Аз наклу ривояти падар медонам,

Мирзои Латиф пири авлоди ман аст”.

Шоирон Нурали Аюби, Лутфи Хомуш, Рачабали Назар, Билоли шеърхои тозаи худро кироат карданд. Фарзандон ва наберахои хофизи халк Махмуд Султон, сарояндаи мумтоз Муродмард, фарзанди хофизи халк Шакури – Фахриддин Шукуров, набераи Мирзолатиф Бозорали Иброхимов бо сурудхои худ табъи хозиронро шод намуданд. Набераю аберахои Мирзолатиф шеърхои уро кироат намуданд. Аз сарояндаи шеърхои шоир Курбон Зардаков ёдовар шуда, фонограмаи у “Рост бигуям гули хандон туи” шунавонида шуд.

Сафари дурузаамон ба шахри бостонии Кулоб рузхои ачиб, пур аз таассурот ва фаромушношудани буданд. Кисса кутох, мо ба мардумони шеъру шоирдусти ин диёр бо дили кашол хайрухуш кардем. Кабл аз ру овардан ба Душанбе, раиси шахри Кулоб Хамид Абдуллоев изхор дошт, ки устод Муъмин Каноат танхо фарзанди Дарвоз нест. Устод фарзанди тамоми кишварамон мебошад. Ва мо ният дорем, ки мохи августи соли равон 75-солагии устодро дар шахри Кулоб чашн бигирем. Ин бузургдошти адабиёт ва фарханги кишварамон мебошад.

Тамоми тули рохи дусадкилометра пеши назарамон симои Мирзолатиф Рахимзода чилва мекард. Муъчиби ифтихор аст, ки миллати мо чун Мирзолатиф  Рахимзода фарзандон дорад. Ва ин махфили адабию хунарие, ки ба муносибати 105-умин солгарди ин шоири маъруф ва махбуби мардум баргузор гардид, басо амри савоб мебошад. Чунон, ки шоири зиндаёд Лоик Шерали мефармояд:

“Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвохи гузаштагони худ шод кунед”.

Чунин кадрдони равзанае мекушояд ва аз ин равзана нуре ба чилва омада, аклхоро партав медихад. Ва он ба баланд гардидани хисси ифтихори милли, ватанпарвариву ватандусти, тахкими худогохиву худшиносии милли, вахдати милли ва ривочи минбаъдаи эхтироми арзишхои маънави мусоидат мекунад. Ва ин хама тавлидгари неруи иттиход ва хамбастаги мебошад. Бо ин неру метавон хама гуна орзуву омолро чомаи амал пушонд. Ва Хоча Хофиз бархак гуфта: “Оре, ба иттифок чахон метавон гирифт!”

Оре, иттифок неруест бузург!

31 майи соли 2007

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …