Главная / Биология / Скелети одам

Скелети одам

Пайвастшавии устухонхо. Дар бадани одам зиёда аз 220 устухон мавчуд аст. Хамаи онхо байни худ пайвастанд. Пайвастшавии устухонхо гуногунанд. Баъзеашон ба воситаи дандонахо бехаракат пайваст мешаванд (устухонхои косаи сар), дигар устухонхо бо якдигар ба таври мутахаррик ё ниммутахаррик пайваст мешаванд. Пайвастшавии мутахаррики устухонхо, масалан, устухонхои рон, зону, оринчро банд меноманд.

Устухонхои бугум ба пойхо хеле мустахкам пайваст шудаанд. Болои бугумро гилофи бугум пушонидааст. Вай дорои моеъи бугум аст, ки ба магзчаи бугум ёри расонида, соишхуриро кам мекунад. Пайвастагихои ниммутахаррики устухонро, ки дорои кабати тагоякианд, нимбугумхо меноманд. Устухони (скелети) сар. Косахонаи сар аз холигии косаи сар ва кисми абруй иборат буда, зиёда аз 20 устухонро дар бар мегирад.

skeleti-odam-768x533

Холигии косаи сар аз панч устухони суфтаи байни хам бехаракат пайвастшуда иборат буда, чуякхои махсусро хосил мекунанд. Ба инхо устухони пешони – чакка (як чуфт), фарки сар ва акиби сар (расми 22) дохил мешаванд.
Дар устухони чакка сурохии берунии гуш чойгир шудааст. Дар сатхи поёни устухони акиби сар сурохии калоне мавчуд аст, Ки ба воситаи он холигии косахонаи сар ба канали сутунмухра пайваст мешавад.

Устухонхои асосии косахонаи сар бисёр сурохихои хурд доранд ва тавассути онхо асабхои косахонаю магз, инчунин рагхои хунгард мегузаранд. Кисми абруй аз 15 устухон иборат аст.
Калонтарин устухони ин кисм – устухонхои чог мебошанд. Устухони чоги поён ягона устухони харакаткунандаи косахонаи сар ба хисоб меравад. Дар хар ду чог дандонхо ба тарики раддави чойгиранд.

Устухони бадан. Асоси устухони баданро устухони сутунмухра ташкил медихад, ки аз 33-34 мухра иборат буда, ба 5 кисм таксим мешавад:

1) мухрахои гардан (7);
2) кафаси сина (12); 3) миён (5);

Хар як мухра аз тана ва чанд шоха иборат аст. Мухрахо болои хам чойгир шуда, ба тагоякхо бе харакат ба хам пайвастанд (расми 23). Дар холигии канали сутунмухра хароммагз чойгир аст.
Устухони скелети кафаси сина аз 12 чуфт кабурга ва устухони сари сина (туш) иборат аст. Ба хар кадом мухраи сина 1 чуфт кабурга пайваст мешавад. Ин пайвастшави имкон медихад, ки онхо мавкеашонро тагйир диханд: дар вакти нафаскаши болою хангоми нафасбарори поён мешаванд. Скелети дастхо. Кулфаку шона скелети чанбари китфро ташкил медиханд. Ба он скелети холиси дастхо ба таври мутахаррик пайваст аст. Вай аз устухонхои бозу, оринч, соид (банди даст), пешкафи даст, кафи даст ва панчахо иборат аст.

Устухонхои дасту пой ба таври мутахаррик пайванданд. Дасту пой аз як чой ба чои дигар харакат кардани одамро таъмин намуда, чун системаи мураккаби фишангхо амал мекунанд.
Скелети пойхо. Устухонхои пахни кос аз акиб бо устухони чорбанд ва аз пеш бо хамдигар пайваст шуда, холигии косро ташкил медиханд. Аз ду тарафи кисми поёни устухони кос
чукурихое мавчуданд, ки барои пайвастшавии устухони рон хизмат мекунанд. Скелети пой аз устухони дарозтарин – устухони рон, сок, пошнаи пой, кафи пой ва панчахои пой иборат аст.
Хусусияти скелети одам ба ростгарди ва фаъолияти мехнатии у вобаста аст. Аз сабаби он ки одам бо комати рост рох мегардад, бинобар хамин сутунмухрааш нагз инкишоф ёфтааст. Хусусан ин дар сутунмухраи одамони миёнсол ва калонсол баръало аён аст.

Дар он хамихое мавчуданд, ки дар вакти харакатхои бошиддату тез ин хамихо таконхурии баданро пружинавор нарм месозанд. Сутунмухраи хайвонхо аз сабаби ба таври горизонтали (бо чорпой) рох гаштан ин гуна хамихоро надоранд. Дигаргуншавии кафаси синаи одам назар ба хайвонхо хубтар мушохида мешаванд. Яъне, кафаси синаи одам ба ду тараф васеъ мешавад. Дар хайвонхо кафаси сина, баръакс, аз ду тараф фишурда мебошад.
Яке аз мухимтарин нишонахои хоси скелети одам сохти устухони дасти у мебошад, ки узви мехнат гардидааст. Устухони ангуштхо мутахаррик ва серхаракатанд, хусусан ангушти калони одам тамоми амалиётхои мураккабро ичро карда метавонад.

Вобаста ба холати вертикали (амудии) бадани одам чанбари пой хеле васеъ ва гирд мебошад. Ин васеи барои узвхои таносул ва холигии шикам хамчун такягох хизмат мекунад. Вобаста аз чинс васеии холигии кос гуногун мешавад. Масалан, коси мардон хачман хурд ва дароз аст. Коси занхо баръакс, васеъ ва кутох мешавад. Устухони калони пойи одам аз устухони дасташ гафстару бакувваттар аст, чунки тамоми вазнинии баданро онхо мебардоранд. Пошнаи пойи одам хангоми рохгарди, давидану чахидан таконро нарм мекунад.

Дар скелети сари одам кисми косахонаи сар аз абруй калонтар мебошад, зеро дар он магзи сар чойгир аст. Дар хайвонхо, хусусан маймунхои одамшакл холигии косахонаи сар назар ба абруй хурдтар мебошад, чунки магзи сари онхо он кадар калон нест.

Саволхо

1. Кадом тарзи пайвастшавии устухонхоро медонед?
2. Скелети одам аз кадом кисмхои асоси иборат аст?
3. Сутунмухра дар кафаси сина чи ахамият дорад ва сохташ чи гуна аст?
4. Скелети дасту пойхо аз кадом кисмхо ва устухонхо иборат аст?
5. Косахонаи сар аз кадом кисмхо иборат аст?
6. Скелети одам аз скелети хайвонхои ширхур чи фарк дорад?
7. Чандирии кашишхурии сутунмухра чи ахамият дорад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …